Skip to main content

Тулуи субҳи хуршедии мо аз шаҳри Роғон аст,
Дар ин ҷо корзори азми инсон аст.
Қиёми марду зан бошад,
Набарди тан ба тан бошад.
Намоишгоҳи азму орзуву ақли инсон аст.
Суруши нуру имон аст!

Дар ин майдон чу Рустам корзори хуб бояд кард
Ва ин деви сафеди нафсро саркӯб бояд кард.
Ба гурзи оҳанӣ харсангҳоро пора месозем,
Аз ин харсангҳои пора кӯҳи хора месозем!
Ҳамин гардуни гардонро чунин расму чунин роҳ аст:
Яке дар зери чоҳу дигаре дар қуллаи моҳ аст.

Замоне ин даман ҷавлонгаҳи гургу шағолон буд,
Сукути маҳзи ин водӣ суқути насли инсон буд.
Яке омад, садо зад: Тарҳи нав манзур месозем,
Дар ин водӣ барои халқ “Кохи нур” месозем!

Ҷаҳон ошуфта шуд...
Шоҳо, магӯ: дунё амон бошад,
Чунин ҳарфе чу эъломи нави ҷанги ҷаҳон бошад!

Садо печид дар гардун, ки, эй парвардаи ҳомун!
Матарсед, азми мо мустаҳкаму қатъист,
Агар сармоя кам бошад,
Дили бедори мо кофист!

Ва “Кохи нур” рӯзе, бегумон, бунёд хоҳад шуд,
Ба дасту ҳиммати мо ин Ватан обод хоҳад шуд.

Чӣ асрорест печида,
Ки асрори ҷаҳон пайваста мармуз аст,
Гушудан рози кайҳон аз барои халқ Наврӯз аст,
Вале асрори Роғон дар таҳи хок аст,
Аз ин чаҳ ҳамчу Юсуф роҳи тоҷик сӯйи афлок аст.
Замин пок аст,
Замини покро монанди модар ишқу идрок аст!

Дар ин ҷо кӯҳ бо куҳ мешавад пайванд,
Дар ин ҷо чор унсур ёру хешованд.
Аз ин ҳамбастагӣ қад мекашад сарбанд
Ба сони қуллаи Алванд!

Дар ин ҷо, аз дили ҳар санг як авранг мерӯяд,
Зи сангистони Роғон решаи фарҳанг мерӯяд.
Чи фарҳанге, ки аз нур аст ҳар аъзову пайвандаш,
Набуду нест монандаш.

Ман аз Роғон чӣ гӯям,
Қиссаву афсона бисёр аст.
Дар ин афсонаи ширини мо эъҷозу асрор аст.
Чунон роҳи Сироту маънии борикро монад,
Гузаштан аз хати он ҳиммати тоҷикро монад.

Зиҳӣ, хоке ки хуршед андар ӯ мастур хоҳад шуд,
Аз ин хоки сияҳ рӯзе ҷаҳон пурнур хоҳад шуд!

Беҳрӯзи Забеҳулло