Skip to main content

19 декабри соли равон экспертони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг пас аз таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот намояндагони Агентии мазкур натиҷаи таҳлилу баррасии фаъолияти илмии муассисаҳои илмӣ – таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дода, бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ мебошад.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ки омода кардани кадрҳои илмиро тавассути барномаҳои таҳсилотӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантураи PhD амалӣ менамонд, дар таҷрибаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР) камназир буда, ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳо имконият медиҳад, то дар оянда ба ҳайси эксперт дар аккредитатсияи муассисаҳои ҷумҳурӣ ва минтақа иштирок ва ба фаъолияти илмии онҳо баҳогузорӣ намоянд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз доштанд, ки аккредитатсияи мазкур роҳи хатмкунандагону унвонҷӯёни муассисаҳои илмии АМИТ-ро ба хориҷи кишвар кушода намуда, қадами устуворест дар қабули муҳаққиқони хориҷӣ ба ҳайси магистрант, докторант, аспирант ва унвонҷӯй дар муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо. Дипломҳои хатм ва дараҷаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давлатҳои эътирофнамудаи НААР ба расмият шинохтаю эътироф мешаванд. Навгонӣ ва дастоварди хеле муҳим дар самти муаррифии илми ватанӣ хоҳад шуд.