Чун анъана Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни сол доир ба самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвари азизамон паёми худро иброз медоранд ва моро ба сӯйи фардои неку рушан роҳнамоӣ мекунанд ва ба қавли Иқболи Лоҳурӣ “ҳар имрӯзи ту аз фардо паём аст”. Дар паём масоили калидии иқтисодиёту иҷтимоиёту сиёсат, маорифу тандурустию фарҳанги кишвар ва дурнамои он ироа гардида, дар канори он масъалаи муҳимме чун масъалаи духтарону занон, ки ба солимиву побарҷоии хонавода ва ҷомеа иртибот дорад, низ таваҷҷуҳи вижа шудааст.
Сарвари давлат суханро нахуст аз ҷойгоҳи зан оғоз карданд: “Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад”. Аз таърихи ғании тоҷикон пайдост, ки зан дар аҳди бостон корҳои хона ва хонаводаро идора мекард ва аз неруи шигифтангезе бархурдор буд. Дар ҷомеаи модарсолор ба неруи қудрат, ҷавҳари ҳаёт ва устурагуна будани ӯ қоил шуда, ӯро ба мақоми эзадӣ боло бурда буданд ва эзадбонуи обҳои ҷаҳон, илоҳаи ҳосилхезӣ ва борварӣ – Аноҳито, ки ҳамчун намод парастиш мешуд, гувоҳи ин гуфтаҳост. Занони мо дар умури зиндагӣ канори мардҳо корҳои гуногунро ба мисли корҳои сафолгарӣ, бофандагӣ, кишоварзию мевачинӣ, домпарварӣ иҷро мекарданд ва ин ҳама аз вазоифи хонадории занон маҳсуб мешуд. Дар фарҳанги асрҳои миёна мақоми зан, ҳуқуқи хонаводагии зан фалсафаи хосе дошта, бар пояи расму анъанаҳо ва шариат бунёд ёфта буд. Дар даврони нав рӯйдоди муҳимме, ки ба мақоми иҷтимоии зани тоҷик ва рӯзгори суннатии ӯ тағйироти куллӣ ворид кард, ин аст, ки акнун тамоми масоили марбут ба занон аз масоили умури хонаводагӣ то таҳсилу кору фаъолият дар сатҳи давлатӣ дар мадди назари давлат қарор дошт.
Хушбахтона ин анъана то кунун идома дорад ва дар ин маврид дар Паём омадааст, ки “мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст”. Дар даврони Истиқлол таваҷҷуҳи сарвари давлат ва ҳукумат ба қадру манзалати занон дар ҷомеа ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардида, пайҳам қонунҳои мутааддид ва барномаҳои зиёд ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» (аз 3 декабри соли 1999, №5); Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010» (аз 6 августи соли 2001, №391); Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар се марҳила (барои солҳои 2007-2016; солҳои 2017-2022 ва солҳои 2023-2030); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» (аз 19 июли соли 2022, №1890); Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила (солҳои 2011-2020 ва солҳои 2021-2030).
Натиҷаи ин ҳама кӯшишу талошҳо ва роҳандозии қонунҳо чунин шуд, ки имрӯз сафи бонувони мутахассис дар соҳаҳои мухталифи кишвар афзудааст. Аз ҷумла “25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил додааст”. Чунонки мебинем, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро мекунанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муассир ва пурранг дошта бошанд.
Пас аз пош хурдани шуравӣ ва солҳои аввали Истиқлол бархе аз занҳо аз рӯйи зарурат ва таъминоти маишии хонавода ба соҳибкории хурд – тиҷорат ва кашидани борхалтаҳои молу колои хурд аз хориҷ машғул шуданд. Қисми боқимондаи бонувон ба муасиссаҳои буҷавии кишвар рӯй оварда, мардҳо ба сектори соҳибкории хурду бузург худро заданд. Аз он замон то имрӯз теъдоди занони соҳибкор ба маротиб зиёд шуд ва имрӯз неруи тавоноро дар бозори меҳнати кишвар ташкил медиҳад. Дар ин бора дар Паём омадааст: “Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”.
Гузашта аз ин, “дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд”. Маҳз дониш ва истиқлоли фикриву иқтисодӣ доштани занони тоҷик боис шуд, то эътимод ба нафсашон боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа омода ва бо иқтидор бошад, зеро зани босавод як хонаводаро босавод мекунад.
Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан дар ҷомеа метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд. Дар воқеъ хонаводаи солим рукни муқаддаси ҷомеа аст. Сарвари давлат бо бовару эътимод ба занон рӯй оварда, дар Паём қайд карданд: “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Насли солим дар домани модари солим тарбия меёбад, аз ин рӯ ташаккули тамоми аносири ҳувиятсози миллӣ – забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, донишу ҷаҳонбинӣ дар кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ба зиммаи модарон аст. Занон сангинтарин масъулият – тарбияи хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд ва “мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем”, - мегӯянд Пешвои миллат. Ҳарчанд тоҷикон дар тули таърих пайваста дучори фишору таъқибҳо буданд, аммо ҳувияти миллии худро то имрӯз ҳифз кардаанд. Таърихи башар арсаи омӯзишу ибрат буда, ҳар кӣ майли аз он омӯхтан надорад, ниёзмандиҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Унсурҳои ҳувиятсози мо тоҷикон – забону фарҳанг, дину ойину расму русум, реша дар умқи таърих дорад ва ҳайфу дареғ аст, агар мо масири нодурустро интихоб кунем. Заволи аносири ҳувияти миллӣ ногузир ба заволи миллат во медорад ва инро бояд зан-модари тоҷик хуб дарк кунад. Масъулият ва дифоъ аз унсурҳои миллӣ, пеш аз ҳама, бар дӯши модарон аст, “зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд”.
Хоҳарон ва модарони сарбаланди сарзаминам, сазовори эътимоди Президенти кишвар ва ҷомеаи Тоҷикистон будан чизе фаротар аз пазириши масъулият аст ва бо меҳру самимияту садоқат ба Ватан мо метавонем ба ин бовару эътимод шоиставу сазовор бошем.
Фарангис Шарифзода - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ