Skip to main content

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскваи Федератсияи Русия ва вохӯрии ӯ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки рӯзҳои 16-17 марти соли 2025 баргузор шуд, як рӯйдоди муҳим дар роҳи мустаҳкам кардани шарикии стратегии ду давлат буд. Ин сафари расмӣ нишон дод, ки ҳар ду ҷониб ба тавсеаи равобит аҳамияти зиёд медиҳанд. Гуфтушунидҳо дар Қасри Бузурги Кремл дар ду шакл – маҳдуд ва васеъ бо ширкати ҳайатҳо – доир гардиданд. Мақсади асосии онҳо азхуд кардани имконоти нав дар муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, амният ва суботи минтақавӣ буд. Дар ин раванд ба қабули як қатор санадҳои муҳим диққати ҷиддӣ дода шуд, ки дастовардҳои асосии сафарро фароҳам намуданд.

Дар ҷараёни сафар роҳбарон бо истифода аз видеоконференсия ба оғози сохтмони Маркази байналмилалии таълимии кӯдакони болаёқат дар Душанбе ва бинои нави Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский иҷозат доданд, ки ин рамзи талош барои густариши равобити фарҳангӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи маориф аст. Ҳамзамон созишномаи ҷудогона оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фарҳанг ба имзо расид, ки саҳмгузории молиявии муштарак ва барномаҳои мубодилаи фарҳангиро дар назар дорад.

Яке аз масъалаҳои муҳими баррасишуда "Барномаи шарикии стратегӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар соҳаи ҳарбӣ барои солҳои 2026-2030" ва "Нақшаи амалии он барои солҳои 2026-2028" буд. Ин санад барои ташкили тамринҳои низомии муштарак дар чаҳорчӯби СААД, муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистон бо техникаи пешрафтаи росиягӣ, таълими кадрҳои низомии тоҷик дар марказҳои таълимии Русия ва ҳамкории мутахассисон барои омодагии таълимии бевосита дар Тоҷикистон, инчунин муборизаи якҷоя бо хатарҳои терроризм ва қочоқи маводи мухаддир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон роҳи фарохро боз менамояд. Ин барнома барои нигоҳдории субот дар Осиёи Марказӣ нақши муҳим хоҳад дошт.

Масъалаҳои хислаташон фаврӣ, аз қабили вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва лозим будани ҳамоҳангӣ дар муқовимат бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, мавриди гуфтугӯ қарор гирифтанд. Роҳбарон зарурати идомаи ҳамкориро дар созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СААД ва СҲШ, таъкид намуданд. Дар байни санадҳои муҳим "Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар барқарорсозии заминҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи истихроҷи уран ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ зарар дидаанд" ба тасвиб расид. Ин созишнома барои бартараф кардани оқибатҳои экологӣ дар минтақаҳои осебдида равона шудааст ва Русияро муваззаф мекунад, ки технология ва захираҳо барои барқарорсозии заминҳо пешниҳод намояд, ки ин барои беҳтар кардани вазъи экологӣ ва ҳифзи саломатии мардум дар манотиқи наздимарзӣ аҳамият дорад.

"Созишнома миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат" низ имзо гардид, ки роҳро барои рушди истеҳсолот, ҷалби сармоя ва интиқоли технологияҳои навин боз мекунад, то Тоҷикистон тавонад иқтидори саноатии худро боло барад.

"Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси Парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки ба имзо расид, барои бунёди корхонаҳои муштарак, густариши содирот ва ҷалби сармояи хориҷӣмусоидат мекунад ва метавонад ба пешрафти иқтисоди Тоҷикистон такони нав бахшад.

"Ёддошти тафоҳум миёни Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки марказии Федератсияи Русия, Вазорати молияи Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ" қабул шуд, ки барои шаҳрвандон, бахусус муҳоҷирон ва хонаводаҳояшон, барномаҳои таълимӣ ва мубодилаи таҷрибаро фароҳам меорад.

"Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияи оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ" низ тасвиб гардид, ки рақамикунонии идоракунӣ ва хизматрасониро бо истифода аз дастовардҳои технологии Русия тезонида, ба модернизатсияи Тоҷикистон кумак мерасонад.

"Созишнома миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Кирови Федератсияи Русия оид ба татбиқи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва хориҷӣ дар соҳаи тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва гуманитарӣ" низ ба имзо расид, ки равобити байниминтақавиро миёни вилояти Хатлон ва вилояти Киров мустаҳкам карда, барои тавсеаи ҳамкорӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои муштарак шароит фароҳам меоварад.

Ин сафари расмӣ бо тасвиби санадҳои дуҷониба ба анҷом расид, ки нишондиҳандаи омодагии ҳар ду тараф барои густариши ҳамкорӣ ва таъмини рушди дарозмуддати он аст. Ин санадҳо на танҳо амнияти минтақавиро таҳким медиҳанд, балки ба пешрафти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ҳам мусоидат мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин аз ҷараёни фаъоли муносибатҳо изҳори хушнудӣ карданд, ки ин баёнгари алоқамандии муштарак ба сулҳу субот ва рушди устувор аст.

Робитаҳои Тоҷикистон ва Русия аз 8 апрели соли 1992, пас аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ, оғоз ёфта, дар тӯли беш аз се даҳсола аз марҳалаи мутобиқшавии пасошӯравӣ то шарикии устувори стратегӣ роҳ тайнамудаанд. Баъд аз фурӯпошии ИҶШС Тоҷикистон дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ(1992–1997) қарор дошт ва Русия бо интиқоли марзбонон ба марзи Тоҷикистону Афғонистон дар таъмини амният саҳми муҳим гузошт. "Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии мутақобила" соли 1993 имзо шуда, асоси ҳуқуқии ҳамкориҳоро муқаррар кард. Соли 1999 бо имзои "Аҳдномаи ҳамкории стратегӣ" мавқеи Русия ҳамчун шарики калидии Тоҷикистон дар бахши низомӣ мустаҳкам гашт ва ин давра бо истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ бо кумаки Маскав хотирмон гашт. Соли 2004 созишномаи ҷойгиркунии пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон ба имзо расид ва соли 2005 Русия назорати марзро ба Тоҷикистон супурд, вале ҳузури худро дар минтақа ҳифз кард.

Русия ба яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт Муҳоҷирати меҳнатӣ бошад ба иқтисоди ҷумҳурӣ таъсири мусбати калон расонд, зеро интиқоли пулӣ дар солҳои пешрафташ то48%-и ММД-ро ташкил медоданд (масалан, дар соли 2012). Дар солҳои 2021–2023 "Созишномаи таъминоти нафақа" ва оғози низоми пардохтҳои зуд барои муҳоҷирон имкониятҳои нав фароҳам оварданд. Бунёди панҷ мактаби русзабон ва баргузории «Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон» дар соли 2023 робитаҳои фарҳангию гуманитариро таҳким бахшид.

Дар тӯли 33 сол ҳаҷми тиҷорат аз сатҳи ночиз то ба ҳадде боло рафт, ки ҳиссаи Русия тақрибан 25%-и тиҷорати хориҷии Тоҷикистонро фаро мегирад. Ҳамкориҳои низомӣ аз кумаки мустақим ба сатҳи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла муҷаҳҳазсозии артиш ва муқовимат бо хатарҳои фаромиллӣ, гузаштанд.

Бо вуҷуди ин, мушкилот ҳамчунон вуҷуд доранд. Вобастагии зиёд ба муҳоҷират як нуқтаи осебпазир аст. Ба шарофати сафари марти соли 2025 равобит ба марҳалаи шарикии стратегӣ расид, ки дар он Русия ҳамчун кафили амният ва шарики тавонои иқтисодӣ нақш пайдо кард ва Тоҷикистон ҳамчун ҳампаймони муҳим дар Осиёи Марказӣ баромад хоҳад намуд.

Ин сафар аҳамияти ҳаллу фасли дурусти масъалаҳои амният, иқтисод, экологӣ ва ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитариро бори дигар собит кард ва равандҳои аз соли1992 оғозёфтаро такон дод. Дар ин муддат муносибатҳо аз марҳалаи дастгирӣ дар давраи бӯҳронӣ ба шарикии густурда ва муассир табдил ёфтанд, ки ин омил қодир ба ҳалли мушкилоти имрӯза аст. Санадҳои дар сафар тасвибшуда марҳилаи тозаи рушдро муқаррар карда, нияти ҳар ду ҷониб барои таҳкими равобита тасдиқ намуданд ва барои бартараф кардани баъзе мушкилот асоси устувор гузоштанд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад -муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.