Skip to main content

Гули Лоларо мо ҳамчун гули «Аруси сол», «Маликаи табиат» ва «Зеби табиат» мешиносем, ки дар байни дигар гулҳои худрӯи баҳорӣ ва сабзаҳои навраста ҳар фасли баҳор, махсусан дар моҳи апрел ба шукуфтан шурӯъ мекунад. Дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту саҳро, чаману гулгашт ва боғу боғчаҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову ҳаловатбахш менамояд. Фалсафаи ин гули худрӯи табии зебову ҳассос дар он аст, ки ӯ нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо ва на тоқати бодҳои тундро дорад. Табиати гули «Аруси сол» Лола ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дӯст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сӯзон душмани ҷон аст. Гули Лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрӯй мебошад ва ӯ ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад ва то ҳастияш бо тамоми атрофиёнаш дар ваҳдату осоиштагӣ умри кутоҳи хешро ба сар мебарад. Мо инсонҳо бояд лаҷоми нафси хешро ба даст гирифта, аз ин падидаҳои табиат панду дарси ибрат бигирем. Аз ин ҷо, ин гули латифу нозуку меҳрубон дар фасли сол ду-се моҳе рӯи қолинҳои сабзи табиат бо дигар гулҳои худрӯ рангомезиву ҷавлон намуда, дар дили кас шодиву сурур, шодобӣ ва ишқу муҳаббатро нисбати табиату ватани хеш бедор намуда, ҳамчун як рамзе дар вуҷуди инсон ҳисси меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарвариро боз ҳам қавитар менамояд. Инсон чи қадар дӯст медорад, ки дар айёми шукуфои ин гули «Аруси сол» ба дашту саҳро ва боғу сабзазорҳои пургул баромада, аз зебоии табиат лаззат барад. Махсусан сурхии гули Лола ва ранги сабзи сабзаҳои худрӯ бо ҳам омезиш ёфта, хеле бо ҳам месозанд ва як бӯю зебоии хосеро ба машому дидаи кас мерасонанд. Вале мутаассифона, умри ин гули зебои табиат бо андак гармову вазидани бод барои сол ба поён мерасад. Гули Лола бо унвони машҳуртарин гули худру дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш таъбиру тасвир ва киноя карданд: лолаи доғдор, лолапуш, лоларух, лолазор, лолагун, лоласор, ҷом, қадаҳ, соғар ва ғайра таъбир шудааст:

Бихандад Лола ба саҳро,

Ба сони чеҳраи Лайло.

Бигиряд абр бар гардун,

Ба сони дидаи Маҷнун.

Ин мисраҳо аз тарафи сардафтари адабиёти классикии тоҷик устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ ҳанӯз дар асри X дар васфи гули Лола ва иртиботи он ба табиату инсон бо забони ширину шево суруда шудааст. Ҳамчунин Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и хеш дар бораи Лола ва табиати айёми наврӯзӣ чунин сатрҳоро зам-зама намудааст:

Чун абр ба Наврӯз рухи Лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун азми дуруст.

К-ин сабза имрӯз тамошогаҳи мост,

Фардо ҳама аз хоки мо бархоҳад руст.

Дар ҷои дигар омадааст:

Аз ҳасрати лаби ширин ҳанӯз мебинем,

Ки Лола медамад аз хоки турбати Фарҳод.

Гули Лола дар фарҳанги тоҷикон бо номи «Аруси сол» машҳур аст, вале дар замони муосир баробари пешрафти диду фаҳм ва муҳаббат нисбати табиату зебоиҳои он метавон онро «Маликаи гулҳои табиат» номид, ки дорои навъҳои зиёде аз 100 то 150 гуна аст. Ҷою макони аслии Лолаи худрӯ мувофиқи маълумоти сарчашмаву расонаҳои интернетӣ Осиёи Марказӣ дониста мешавад. Ин гули нарму латифи худрӯи айёми баҳорӣ бештар дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, Самарқанду Бухоро, Туркия, Сурия, дар соҳилҳои баҳрҳои Арал, Хазар, Сиёҳ ва ҳамчунин Юнону Италия, Ҳоланду Испания, Африка мерӯяд. Аммо дар байни кишварҳои Шарқи форсу тоҷик ва туркзабон Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Озорбойҷон гули Лола нуфузу арзиши зиёде дорад. Мувофиқи маълумоти муҳаққиқони гули Лола Амана Ҳонда ва Э. Попов…дар Эрон 19 хел аз шаклҳои гули Лола рӯида мешавад. Аз нуқтаи назари гиёҳшиносӣ Лола ба ду гуруҳи калон – парваришӣ ва худрӯ тақсим мешавад. Баргҳои Лолаи худрӯ нозуку ҳассос ва зуд осебпазиру ранҷуршаванда аст. Аммо гулҳои Лолаи парваришшуда бузург ва гулбаргҳои нисбатан бақуввати тобовару пуртоқат дорад. Ҷоми ин гулҳои парваришӣ калонтар ва аз ҷиҳати рангомезӣ ғанитаранд. Лолаҳо ба таври умумӣ ба чор табақаи куллӣ тақсим мешаванд: а) лолаҳои зуд гулдиҳанда, ки ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои зудрӯяндаи такпар, нисбатан қадкутоҳ буда, 15-45 сантиметр баландӣ дорад. 2. Лолаҳои зудрӯяндаи серпар, ки бештар аз шаш гулбарг дорад; б) лолаҳои миёнрас, ки онҳо низ аз ду гуруҳ иборатанд: 1. Лолаҳои пирӯзӣ, ки аз ҷиҳати навъу аъдод бузургтарин гуруҳи гулҳои Лола мебошанд; 2. Лолаҳои дурагаи Дарвин - баландии ин гул ҳудуди 50-70 сантиметр аст; в) лолаҳои деррас - ба ҳафт гуруҳ тақсим шудааст: 1.Лолаҳои дерраси такпар, ки баръакси гуруҳи зудраси такпар гиёҳи қадбаланд аст, ки ҳудудан 45-75 сантиметр аст; 2. Гули лолаи савсанӣ, ки шакли ҷоммонанд дорад; 3. Гули ҳошиядор, ки дар лабаҳои гулбаргҳояш буридагиҳои зиёди начандон ба назаррас дорад; 4. Гули лолаи сабзи баҳорӣ – шакли нимпушида дорад ва гулбаргҳояш пурра сабзранг аст бо ҳошияе аз дигар ранг ё хатчаҳое аз ранги сабз дар қисмати миёнии гулбаргҳои он рангҳои дигар дида мешавад; 5. Гули Лолаи Рембранд – шикастагии рангӣ ва рах-рах будани рангҳо дар онҳо дида мешавад; 6. Гули Тутӣ- лабаҳои гулбаргҳояш тоб хурдагӣ ва ба Тутӣ монанди дорад; 7. Гули дерраси пурпар шаклҳои махсус дошта, ба се қисмат ҷудо мешаванд: 1. Лолаҳои нилуфари обӣ, ки ба лолаҳои худрӯ монандӣ доранд; 2. Лолаҳои импературии дурага; 3. Лолаҳои шинелқирмизи дурага.

Аз соли 1981 тақсимбандии гулҳои Лола тавассути Анҷумани салтанатии пиёз (реша)-и Лолаи Ҳоландӣ шурӯъ шуд ва лолаҳо бар асоси шакли гиёҳ ва шаклу замони кушода шудани гул ба 15 гурӯҳ тақсим шудаанд. Дар замони ҳозир аз лиҳози тавлид ва содирот решаву гулу шохаҳои Лолаи Ҳоландӣ ҷойгоҳи аввал дар байни кишварҳои ҷаҳон дорад.

Ҳамин тариқ, дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули Лола ҳамчун гули «Ороиши соли нав», «Аруси сол» «Маликаи гулҳои табиат» ва ҳоло бо номи «Лола – ифодакунандаи чеҳраи Лайло» дар айёми баҳорӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон намудан зарур аст, ки гирду атрофи кучаву хиёбонҳо, гулгашту боғчаҳо ва боғу чаманзорҳои навободи шаҳри Душанбе ҳар сол дар айёми баҳор то тобистон бо лолаҳои ранго-ранг бо як санъату фарҳанги воло оро дода мешавад. Зебоиву таровати он ба шаҳр як нури биҳиштӣ эҷод мекунад, ки дар ин ҷо хизмати Раиси шаҳрамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ниҳоят бузург аст. Он кас бо заҳматҳову истеъдодҳои баланду бомаърифатонаи фарҳангии хеш тамоми фаслҳои солро мувофиқ бо ҳарорату бардошти онҳо аз табиат сабзу хуррам ва бо рангомезии гулҳо пурнақшу нигор мекунанд, ки мо шаҳрвандон аз Он кас сипосгузорӣ мекунем.

Аз фурсат истифода намуда, аз шаҳрвандандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба меҳнату заҳматҳои модарону хоҳарон ва бародарони хеш, ки дар кишту кошти гулзору чаманзорҳо ва ободии шаҳр ширкат меварзанд, эҳтиромро ба ҷо биоранд ва рӯи гулгаштҳо, ки неъмат аст по нагузоранд, дигар пасмондаҳои даҳону чизҳои нозаруриро напартоянд. Зеро ки неъмати Худо танҳо нону об нест, балки ҳамаи табиат ва сохту созҳо неъмати ӯст. Махсусан гули Лола, ки мавзӯи баҳси мақолаи ҳозир аст, ниҳоят табиати нозук дораду зуд осебпазир аст ва бо андак беэҳтиромиву беэҳтиёти ӯ аз байн меравад. Умедворем, ки хонандаҳои азиз аз ин хоҳишҳои мо дилгир нашаванд ва ҳамчун як шаҳрванди бомаърифату бохиради табиатдӯст нисбати ободиву ҳифзи табиати сарзамини хеш амал кунанд.

Чунонки дар боло гуфтем гули Лола бо унвони машҳуртарин гули худрӯ дар фарҳангу адаби тоҷику форс нуфуз ёфта, ки бисёре аз мутафаккирону шоирон рӯи гули Лола шиносоӣ доштанд ва онро дар ашъори хеш дар шароиту лаҳзаҳои гуногун таъбиру тасвир ва киноя карданд: Лолаи доғдор, Лолапуш, Лоларух, Лолазор, Лолагун, Лоласор, ҳамчунин мафҳумҳои ирфонии паймона, ҷом, соғар, қадаҳ ва ғайра мавриди истифода мешуд. Ҳамчунин гули Лоларо дар лаҳзаҳои гуногуни пешомади зиндагӣ ба таври рамзӣ барои баёни ҳолатҳои рӯҳӣ-қалбӣ ва андешаҳои ахлоқӣ-иҷтимоии хеш истифода намудаанд. Аз он ҷумла Соиби Табрезӣ фармудаанд:

Мотаму сури ҷаҳон ба якдигар омехтааст,

Софу дурди ин чаман чун Лола як паймона.

Бисёр мутафаккирону шоирон барои обу ранг додан ва зебоии сухан гули Лоларо образ додаанд. Чунончи Сайидо навиштааст:

Эй шамъ, бар сари мани гирён хуш омадӣ,

Чашми чароғи шоми ғарибон хуш омадӣ!

Чун барги Лола доғи маро тоза сохтӣ,

Эй шохи гул ба сайри гулистон хуш омадӣ!

Маъно ва мафҳуми Лола. Лола ба туркӣ «Тулипо» ном бурда мешавад, ки то ба Аврупо расидааст ва дар он ҷо ҳам ин ном машҳур аст, вале худи туркҳо дар замони ҳозир монанди мардуми тоҷику форс ин гулро Лола меноманд. Номи «гули Лола» аз калимаи лол, ё лаъл аз забони санскрит ба маънои «қирмиз» гирифта шудааст. Лолаҳо дар байни гулбаргҳояшон доғи сиёҳ доранд, ки ин рамзи доғи ишқро дорад.

Лола пурпарчам аст, баргҳои он дорои буридагии амиқ ва камаш се қисмат, ё се баргча дорад. Ҳамаи гулҳои лолаи худрӯ дорои се гулбарг ва се косабарги рангин ба шакли гулбаргҳо ҳастанд. Хонаводаи навъҳои ранги гули Лола то дараҷае аст, ки метавон гуфт, ки қариб тамоми рангҳоро дороанд. Аз ин ҷо, гули Лола дар замони ҳозир дорандаи чунин рангҳо мебошад: сурх, сафед, норанҷӣ, суратӣ, суратии бунафшаранг, бунафшаӣ, сабз, кабуд, сиёҳ, қаҳваӣ, қаҳваранг, зард ва рангҳои омехта мебошанд. Ҳамаи ин гулбаргҳои рангӣ хатчаҳои сиёҳ доранд. Се номбурди гули Лола – шақоиқ, шақоиқи нуъмонӣ ва лоларо медонем, ки онҳо дар айни замон гиёҳони мутафовут ҳастанд. Ин се гул ҳамроҳ бо доғҳои сиёҳ, ки дар маркази гулашон ҳастанд, ба якдигар хеле шабоҳат доранд. Вале бояд гуфт, ки як донистани шақоиқ ва лола хатост, зеро номи илмии шақоиқ анемоне аст ва шақоиқи нуъмонӣ – номи илмиаш папеверсез мебошад.[1] (Аммо дар асл ҳамаи ин гулҳо аз як хонавода ба ҳисоб мераванд). Лолаи маъмулӣ бошад баргҳои нозуки зудранҷ ва зуд аз байн раванда дорад, аммо баргҳои гулҳои шақоиқҳо пурқувваттар ва пурбардошттар буда, умрашон дарозтар мебошад.

Маҳал ва макони гулҳои Лолаи худрӯ қариб дар ҳама ҷои Тоҷикистон, махсусан дашту теппа ва боғу чаманҳои Ҳисор, Шаҳринав, Файзобод, Данғара, Фахробод, Ховар, шаҳру рустоҳои ноҳияи Хатлон, Истаравшан, Исфара, қисматҳои куҳии Деваштич, теппаву доманаҳои Куҳистони Мастчоҳу Айнӣ, Ваҳдат, Норак, Ёвон, Ванҷу Дарвоз, Вахё, Рашт, аз куҳҳои Помир то Тияншон ва ғайраҳо воқеъ аст.

Дар Ванҷ дар совети қишлоқи Водхуд дар деҳаи Узбай мавзеи бо номи «Лолазор» воқеъ аст, ки мувофиқи гуфтаи муҳаққиқи озодандеши таърихи фалсафа Комил Бекзода, он маҳал аз зебоии худ касро ба ҳайрат меандозанд. Ҳамчунин дар ноҳияи Роштқалъа (Қалъаи сурх)-и Бадахшони боло тақрибан моҳи апрел лолаҳои куҳистон чун арусаки сол қомат меафрозанд. Ба ҷуз ин дар ҳамин Роштқалъа маҳаллае бо номи Тусиён аст, ки макони лолаҳои ранго-ранг мебошад.

Бояд гуфт, ки яке аз маҳаллаҳои Файзобод, қаблан як дашту теппаи пурсабзаву пургули Лолаи худрӯи қоматбаланд буд, ки бо номи «Лолагӣ» машҳур аст, ки қисмати зиёде аз он маҳалро ба ҷои гули Лола одамон бо хонаҳои истиқоматиашон ишғол намудаанд. Аммо бо вуҷуди ин аз роҳи мошингард, ки рад шудӣ дашту теппаҳои махмалини лолаҳо дили инсонро ба ваҷд оварда, вуҷуди шахсро як ҳисси меҳру муҳаббат нисбати табиати сарзамини Ватан фаро мегирад. Фалсафаи зебоиҳои табиат дар он аст, ки вай бо бӯи атру тароватҳои табии хеш ба рӯҳу дили инсон дар ҳар як фасли сол умеди зиндагии наву тоза ба тоза мебахшад.

Агар нигоҳе ба таърихи гули Лола андозем, нақши гули Лола дар қадимтарин осори бостонӣ низ ба назар мерасад. Нақши Лола дар муҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудааст, қадимии онҳо беш аз 20 аср пеш аз мелодиро ташкил медиҳанд. Дар асрҳои дуюм ва сеюми пеш аз мелод низ нақши гули Лола бо як даста гули Лола ба даври сар ва ба рӯи сикаҳо тасвир ёфтааст. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули Лола дар зарфҳои нуқрагин, муҳрҳо ба се гулбарг ба тасвир кашида шудааст. Аммо дар осори аз сосониҳо боқӣ монда дар асрҳои 5-6 мелодӣ теъдоди гулбаргҳои нақши Лола ба 5 адад афзоиш ёфтааст, ки тасвири он дар тоқи бузург гули Лолаи бо панҷ гулбарг кандакорӣ шудааст.[2]

Дар замони ислом низ ишқу алоқа ба гули Лола дар кишварҳои Эрон, Мовароуннаҳру Хуросон ба назар мерасад, ки намоёнгари он ин осори мутафаккирону шоирони асрмиёнагӣ мебошад. Дар ин бора дар боло намуна аз осори классикони тоҷик оварда шуд. Замони подшоҳии Аҳмади сеюм (1703-1730) дар императури Усмонӣ ба номи «асри Лола» маъруф аст ва дар ҳамин давра таваҷҷуҳ ба гули Лола дар Туркия боло мегирад.

Дар ҳоли ҳозир ҳазорон навъи Лола бо рангҳои мутафовут вуҷуд дорад. Дарозии қади Лолаи худрӯ бештар аз 20 сонтиметр мебошад ва аз нигоҳи зоҳирӣ ҷоми гули Лола ба қисматҳо тақсим мешавад: такпари финҷоншакл; пурпари қадаҳшакл; ҷомшакл; ҳошиядор; гулбарги баланду борики нозук; ситораӣ ва ғ.

Муҳити зисти гули Лола: гули Лола нисбатан ба салқинӣ тобовар мебошад. Беҳтарин ҳарорати ҳаво барои решадиҳии ин гул 9 дараҷа, барои рушд 15-18 дараҷа гармӣ аст. Аммо гули Лола ба муҳити ниҳоят гарм тобовар нест. Лола гули нозуку ҳассос буда, дар ҷойҳои офтобии дур аз чангу хок ва бод мерӯяд ва ҳосилхез аст.

Навъҳои қадимии Лола аз таркиби ду навъ: Лолаи боғчаӣ ва Лолаи арманӣ гирифта шудаанд. Хонадони лолаҳои ҷадидтар се навъанд: Лолаи шинелқирмизӣ; Лолаи импературӣ ва Лолаи нилобӣ.

Ҳадаф аз навиштани ин мақола ин аст, ки табиат бо тамоми афзору унсурҳояш узви ҷудонашавандаи инсон аст ва аз ҳамин ҷиҳат масъалаи асосии фалсафаи ҳаёт – ин таносуби инсон, табиат ва кайҳони боло аст. Бинобар ин мо наметавонем қисмате аз ҳастии худро надида гирем ва по рӯи он гузорем. Аз ин ҷо, табиат ва неъматҳои онро мо баяд чун гавҳараки чашми хеш ҳимоят ва ҳифз кунем….

Муродова Тоҷинисо – номзади илмҳои фалсафа, дотсент ходими пешбари илмии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон