Skip to main content

Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

12312Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат қарор гирифт, ки ин ғамхории роҳбарияти мамлакатро нисбат ба ҷавонон нишон медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 қайд намуда буданд, ки: “Ҳукумати мамлакат масъалаҳоеро, ки ба сиёсати давлатии ҷавонон алоқаманд мебошад, дар маркази диққати худ қарор медиҳад ва барои дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор менамоем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.”

Яке аз омилҳои асосии рушди ҳар кишваро дар қатори дигар арзишҳо захираҳои инсонӣ, аз ҷумла ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин имкон медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми рушди ҷомеа арзёбӣ карда шавад.

Дар шароити имрӯзаи давлатдорӣ саҳми ҷавонони кишвар дар тамоми соҳаҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ хело калон мебошад. Вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳояшон бо ҷавонон қайд карданд, ки: “Дар симои ҳар яки шумо ман имрӯз олимону ҳунармандону санъаткорон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон, тоҷирону соҳибкорон, вазирону роҳбарони ояндаро мебинам. Зеро ҳар кадоми шумо дар ояндаи наздик мартабаи худро дар ҷомеа пайдо карда, ба ҷойи бародарони калонсол бори миллат ва бори давлатдории моро ба дӯши худ мегиред”. Ин суханони Пешвои миллат тамоми ҷавонони кишварро руҳбаланд намуда, масъулияти онҳоро барои ояндаи давлату ҷомеа зиёд кард.

Ҳамагон шоҳиди онем, ки имрӯзҳо маҳз бо ташаббус ва дастгириҳои ҳаматарфаи Роҳбарияти олии мамлакат ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мавқеи худро ёфтаанд. Дар ин самт Пешвои миллат ба ҷавонон муроҷиат намуда, чунин қайд карданд: “Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки фазои сиёсии он ва низоми муносибатҳои байналмилалӣ бошиддат тағйир меёбад, аз ҳар фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус ҷавононро месазад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, нерӯи ҷисмониву зеҳнии худро беш аз пеш ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон равона созанд”.

Воқеан, зиракии сиёсии аҳли ҷомеа бахусус ҷавонон - ҷавҳари асосии нерӯи давлатдорию давлатсозӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Дар навбати худ дар ҷаҳони зудтағирёбандаи имрӯза дар роҳи давлатдорию давлатсозӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ ва мушкилотҳои дигар аст. Ин ҳама монеаҳоро танҳо бо доштани сатҳи баланди зиракии сиёсии ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеа сипарӣ карда метавонем.

Хулоса, сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали бадаст овардани истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз такмил ёфта истодааст ва Ҳукумати кишвар баҳри фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси меҳанпарастии ҷавонон, тақвият бахшидани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии онҳо дар замони ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ, паст кардани бегонапарастӣ миёни ҷавонон, ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи диёр, таҳкими робитаҳои дӯстона, ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи комил ва муқаддас доштани арзишҳои миллӣ, ташаккули идрок, зеҳн, малака ва савияи дониши наврасону ҷавонон баҳри ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқат ва соҳибилму маърифат тамоми нерӯи худро равона намудааст.

Имрӯз ҷавонони саодатманди миллат, пеш аз ҳама, бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунанд ва аз ташаббусҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонон ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо бағоят миннатдор ҳастанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо ҷавононро мебояд, ки барои омӯзиши илму дониши муосир кӯшиш намуда, саҳми худро дар роҳи беҳбудӣ бахшидани ҳаёти ҷомеа ва рушди устувории кишвари азиз ба маротиб афзоем. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид медоранд: “Шумо ҷавонон умеду орзуи мо, татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки насли калонсол ва ормонҳои ҳазорсолаи миллати қадимаи тоҷик мебошед ва вазифадоред, ки ин масъулияти бузургро содиқонаву сарбаландона иҷро намоед”.

Бо назардошти андешаҳои зикргардида, набояд фаромӯш созем, ки имрӯз амнияту субот, пойдории давлат, таҳкими истиқлолият ва ҳастии миллат аз ҳар яки мо ва бахусус аз ҷавонони шуҷоъ, дурандеш ва худогоҳ вобастагии қавӣ дорад.

Содиқова Зарангез Абдувалиевна – ходими илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ