Дар асри 21, технологияҳои рақамӣ (Digital Technology) ва зеҳни сунъӣ (Artificial Intelligence) ба воситаи муҳими таъмини амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (ХБРЯ) табдил ёфтаанд. Технологияҳои мазкур бо қобилияти таҳлилии зуд, пешгӯии хатарҳо ва автоматикунонии равандҳо ба ҳифзи амнияти миллӣ, саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мусоидат мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз кишварҳои фаъол дар татбиқи сиёсати инноватсионӣ аст, истифодаи технологияҳои мазкур дар соҳаи амнияти ХБРЯ аҳамияти хоса дорад. Дар ин ҷода, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ва қабули қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» A/79/L.94 аз 25 июли 2025 нақши муҳимро мебозад.
Технологияҳои рақамӣ, аз қабили сенсорҳои интеллектуалӣ, таҳлили маълумоти калон ва блокчейн, дар идора ва пешгирии хатарҳои ХБРЯ нақши хос дорад. Сенсорҳои интеллектуалии муосир имкон медиҳанд, ки сатҳи радиатсияро дар вақти воқеӣ назорат карда ва аз паҳншавии радионуклидҳо дар боду ҳаво маълумоти пешакӣ ва дақиқ диҳанд, ҳамзамон ба саломатии инсон ва ҳифзи экологии кишвар сари вақт мусоидат намояд.
Системаи таҳлилии маълумот бошад, дар муддати кӯтоҳ маълумотҳои калонро ҷамъоварӣ ва таҳлил карда, ба қабули қарорҳои фаврӣ мусоидат мекунад. Таҳлили маълумотҳо метавонад, ки пешгуи аз паҳншавии бемориҳои сироятиро таъмин намоянд ва аз таҳдиди биологӣ нигоҳ доранд.
Раванди блокчейн барои сабт ва нигоҳдории бехатарӣ маълумот дар соҳаи амнияти ХБРЯ истифода мешавад. Технологияи мазкур шаффофият ва пешгирии дастрасии ғайриқонунии маълумотро таъмин менамояд. Масалан, блокчейн метавонад барои пайгирии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ дар занҷираи таъмини маълумот ва таърихи пайдоиши онҳо истифода гардад ва дар пешгирии ғайриқонунии истифодаи маводҳои хатарноки ядроӣ ва радиоактивӣ мусоидат намояд.
Ҳамин тариқ, зеҳни сунъӣ бо қобилияти худкорсозӣ, пешгӯии хатарҳо ва таҳлили мураккаб дар таъмини амнияти ХБРЯ саҳми беназир дорад. Технологияи мазкур на танҳо самаранокиро баланд мебардорад, балки хатарҳоро бо дақиқии баланди маълумотҳо муайян мекунад.
Зеҳни сунъӣ дар муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ низ нақши муҳим дорад. Масалан, системаи ба монанди Darktrace, таҳдидҳои кибериро дар вақти воқеӣ ошкор карда, онҳоро пеш аз расонидани зарари ҷиддӣ манъ мекунад.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» пешниҳод намуд, ки 25 июли соли 2025 бо иттифоқи оро қабул гардид. Қатъномаи мазкур аҳамияти зеҳни сунъиро дар таъмини рушди устувор, аз ҷумла дар соҳаи амнияти ХБРЯ, таъкид мекунад. Ташаббуси мазкур на танҳо дар сатҳи минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари пешсаф дар истифодаи технологияҳои нав муаррифӣ менамояд. Инчунин, қатъномаи мазкур барои густариш додани ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ба монанди Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА, IAEA) ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ, барои татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи ядроӣ ва радиатсионӣ мусоидат менамояд.
Барои истифодаи пурсамари технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос нақши муҳимро мебозад.
Истифодаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар амнияти ХБРЯ айни замон ба якчанд мушкилиҳо рӯ ба рӯ аст ва муҳимтарини онҳо чунинанд:
- шумораи мутахассисони таҷрибадори соҳаи амнияти киберӣ ва зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон маҳдуд аст.
- ҷорӣ кардани технологияҳои нав ба сармоягузории зиёд ниёз дорад.
- системаҳои рақамӣ ба ҳамлаҳои киберӣ осебпазиранд.
Бо вуҷуди ин, дурнамои рушд умедбахш аст. Сиёсати давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, ки ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шудаанд, ба татбиқи технологияҳои нав мусоидат хоҳад кард ва ташаббусҳои Тоҷикистон, аз ҷумла қатъномаи таърихии СММ, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат қабул гардид, аҳамияти ин технологияҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид менамояд.
Манучеҳр ШОКИРОВ – Мудири шуъбаи амнияти киберӣ, кафолатҳо, омодагӣ ва вокуниш ба садамаҳои ХБРЯ-и Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Олимҷон АЗИЗОВ – Мудири шуъбаи менеҷмент, Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеаи Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ
Адабиёт:
1. Сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. www.president.tj/
2. Сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ. www.mfa.tj/
3. Сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. www.amit.tj/
4. Сомонаи расмии Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ. www.cbrn.tj/
5. “Истифодаи зеҳни сунъӣ дар фаъолияти илмӣ: Абзорҳо ва равишҳои нав”. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, 2024. www.tajmedun.tj
6. “Нақши муҳим ва муассири технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ”. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2023. www.iutet.tj
7. “Зеҳни сунъӣ ва нақши он дар замони муосир”. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2023. www.mmf.tnu.tj
8. “Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид”. АМИТ «Ховар», 2025. www.khovar.tj
9. IAEA. “Nuclear Security and Digital Technologies”. www.iaea.org

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Барасии ду масъала дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ
5 декабр ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд.
Дар ҷаласа ду масъала: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор ва номгузорӣ намудани он мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, аз натиҷаи он ба Шӯрои Маҷлиси миллӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардид.
БОЗДИДИ РАИСИ МАҶЛИСИ БУЗУРГИ МИЛЛИИ ТУРКИЯ АЗ МАМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲИСОР
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, шоми 1 декабри соли равон ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Меҳмононро дар Регистони Қалъаи Ҳисор раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Ҳамчунин, дар остонаи даромадгоҳи қалъа сокинони шаҳр меҳмонони олиқадрро тибқи таомули аҷдодӣ бо нону намак ва таҳти садои сурнаю карнай, хуш истиқбол гирифта, масъулони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор онҳоро бо Арк, Қасри Ҳоким, Аскархона, растаи дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии Мамнуъгоҳ ва таърихи гузаштаву имрӯзаи Ҳисори бостон шинос намуданд.
Имрӯз, 1 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен ва бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳо оид ба Осиёи Марказӣ Ашраф Алиқулов мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи раванди таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар доираи Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳияи механизмҳои муассири ҳамоҳангсозӣ миёни муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои илмӣ ва истифодаи қобилият ва донишҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори минтақавӣ мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст дар самтҳои афзалиятноки илмӣ — аз ҷумла илмҳои табиӣ, энергетика, экология, технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим — ҳамкориҳои худро тақвият бахшад. Қайд гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба баланд бардоштани иқтидори илмӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва рушди инфрасохтори илмии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот Андре Алгермиссен роҳбари барномаи минтақавӣ, аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Барномаи минтақавӣ омода аст дар доираи салоҳиятҳои худ аз ташаббусҳои нави илмӣ-инноватсионӣ, ташкили барномаҳои омӯзишӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва вусъати шабакаҳои илмии минтақавӣ дастгирии ҳамаҷониба намояд. Зикр гардид, ки робитаҳои пурсамари илмӣ метавонад ба таҳкими суботу амнияти минтақа ва такмили механизмҳои идоракунии захираҳои табиӣ таъсири мусбат расонад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти рушди дипломатияи илмиро таъкид намуда, омодагии худро барои таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои муштарак, ва густариши робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ изҳор карданд.
Санаи 28 ноябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” ва ташкилоти байналмилаии НАБУ-и Олмон озмуни “Парандаи сол - 2026” баргузор гардид, ки дар он олимон ва коршиносон аз муассисаҳои илмии АМИТ ва дигар муассисаҳои марбутаи кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ташкилоҳои ҷамъиятӣ ва дӯстдорони табиат ширкат варзиданд.
Кори озмунро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.К. оғоз бахшида, иброз намуд, ки озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ нест. Ин барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад, ки олимон, хонандагон ва ҳамаи нафарони табиатдӯстро дар атрофи ғояи ҳифзи муҳити зист муттаҳид месозад. Ба шарофати ин озмун бисёриҳо дар бораи парандаҳо бештар медонанд ва ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат мекунанд.
Рӯнамои намудҳои парандагоне, ки барои интихоби - «Парандаи сол - 2026» пешниҳод карда шуданд, аз ҷониби ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ - Талбонов Х.М. манзур карда шуд.
Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов А.С. оид ба баргузории озмун дар солҳои қаблӣ ва парандагони интихобшуда ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки интихоби парандаи сол, одатан, тасодуфӣ нест: паррандаи сол метавонад ё намуди нодиру ниёзманд ба ҳифз бошад, ё баръакс - намуди маъмулӣ, вале барои табиат муҳим ва ба ҳама шинос. Дар Тоҷикистон дар тӯли солҳо парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилолӣ тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо «парандаи сол» интихоб шудаанд.
Гузаронидани озмун ба мардум кӯмак мекунад, ки муносибати эҳтиромонаро нисбат ба табиат пайдо кунанд, зебоӣ ва арзиши ҳатто намудҳои маъмултарини парандаҳоро эҳсос намоянд ва нақши онҳоро дар экосистема дарк кунанд.
Дар муҳокимарониҳо академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон - Комилзода Д., рӯзноманигори варзида - Маҷид Салим, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ – Саидов К.Х. ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” - Раҳимов Н. баромад намуда оид ба намудҳои барои парандаи сол пешниҳодшуда ибрози андеша намуданд
.
Сипас озмуни «Парандаи сол - 2026» тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, натиҷаи озмун аз ҷониби Комиссияи баҳисобгирӣ ироа гардида, дар натиҷа аз 10 номинатсияи парандагони пешниҳодшуда бо овозҳои бештар кабки биёбонӣ (ё чил, кабки зирак) ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.
КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ «МАТЕМАТИКА ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР» БАХШИДА БА 85-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР СОБИРОВ ТЕМУР САФАРОВИЧ
Имрӯз, 28 ноябр дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир» бо иштироки зиёда аз 100 олими муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Конфронси мазкур ба 85-солагии донишманди барҷаста, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Собиров Темур Сафарович бахшида шуд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур, ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони ҳамоишро аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ қадами муҳим дар тақвияти фазои илмию тадқиқотӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.
Дар идома саҳми профессор Темур Собировро дар ташаккули мактаби математикӣ ва рушди илмҳои дақиқ махсус таъкид карданд. Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ, корҳои тадқиқотии арзишманд, дастгирии ҷавонони истеъдодманд ва саҳми ӯ дар муаррифии математикаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи созандаи ин донишманди барҷастаро боз ҳам устувор гардонидааст.
Сипас, директори Институти математика, Рахимзода А. О., дар суханронии худ аҳамияти илмӣ ва байналмилалии ҳамоишро баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷрибаи арзанда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи илмии миёни кишварҳои дӯсту ҳамкор аҳамияти хоса доранд. Таъкид гардид, ки конфронс на танҳо минбари муҳими муаррифии дастовардҳои нави илмии олимон мебошад, балки барои шиносоии мутахассисон бо равандҳои муосири рушди математика дар сатҳи ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами назариявию амалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо заминаи арзишманд фароҳам меорад.
Дар қисмати асосии конфронс 11 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид, ки ҳар яке ба масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалии математика бахшида шуда буд. Маърӯзаҳои пешниҳодшуда самтҳои гуногуни илми муосири математикаро дар бар гирифта, ба ширкаткунандагон имкони ошноӣ бо равандҳои нави рушди илм, натиҷаҳои пажӯҳишҳои охирин ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби илмиро фароҳам оварданд.
Дар анҷоми рӯзи аввал меҳмонон ва намояндагони муассисаҳои илмии хориҷӣ аз сатҳи баланди ташкили ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми назарраси Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди илмҳои дақиқ баланд арзёбӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик, тавсеаи ҳамкориҳои муштараки илмӣ ва таҳкими робитаҳои судманд миёни олимони кишварҳои гуногун аҳамияти хоса дорад.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таҳкими пояҳои илмӣ-технологӣ, густариши тадқиқоти муосир, такмили сифати таълим ва боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои илмӣ-педагогӣ роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Ин иқдоми муҳим имконият фароҳам меорад, то олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа дастовардҳои илмӣ, таҷрибаҳои таълимӣ, равишҳои инноватсионӣ ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, роҳҳои нави рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар муҳити илму маорифи кишвар муайян созанд.
ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ “ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҚАРИНАИ ТАЪРИХНИГОРИИ МУОСИР: ДАВРАИ ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА ВА НАВ”
28 ноябри соли 2025 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 55- умин солгарди фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов таҳти унвони “Таърихи халқи тоҷик дар қаринаи таърихнигории муосир: давраи қадим, асрҳои миёна ва нав” бахшида шуд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки фаъолияти илмии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори таърихнигории тоҷик мебошад. Саҳми устод дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихнигории таърихи халқи тоҷик ва пешрафти илми таърихнигории миллӣ хеле назаррас буда, китобу мақолаҳои илмиашон дар дохил ва берун аз кишвар мавриди эътирофи мутахассисон ва дӯстдорони таърих гардидаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки устод Саидов Абдуқаҳҳор муаллиф ва ҳаммуаллифи 26 рисолаи илмӣ, китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ буда, зиёда аз 150 мақолаи илмии ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар дар маҷмуаву маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои калони илмии ӯ доир ба таърихи Фарѓона соли 2011 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо забони англисӣ нашр гардидааст. Дар бисёр симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва мамолики дигар баргузор гардидаанд, ширкат варзида, суханронӣ намудаааст. Бобҳои чаҳорум ва панҷуми ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2013) ва боби дуюми ҷилди чоруми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2010) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Дар кори ин ҳамоиши илмию назариявӣ донишмандони собиқадор ва пажуҳишгарони ҷавон дар мавзуҳои гуногун суханронӣ намуданд.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ ГАРМХОНАИ ПАРВАРИШИ ЛИМОН ВА ДИГАР МЕВАҲОИ СУБТРОПИКӢ ДАР ЗАМИНҲОИ ТАҶРИБАВИИ ИНСТИТУТИ БОТАНИКАИ АМИТ
Имрӯз, 25 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи парвариши лимон ва дигар меваҳои субтропикӣ дар заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар қитъаи заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дарназардошти бунёди боғи коллексионии растаниҳои субтропикӣ, бунёди боғи модарӣ ва дар оянда зиёд намудани ниҳолҳои навъҳои мандарин, афлесун, ба ниҳолҳои бо тарзи қаламча парваришёфтаи лимӯи Мейер, пандероза, грепфрут, лайм, авакадо, манго, фейхоа, чайота (бодиринги мексикоӣ), маракуя, мамордика, папая (дарахти харбуза) ва зайтун таҷрибаҳои омӯзишӣ гузошта шуданд ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои мазкур ва ба истеҳсолот пешниҳод намудани тавсияҳои асосҳои илмӣ дошта омӯзиши онҳо ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар минтақаи таҷрибавӣ бо мақсади омӯзиши маҳсулнокии дарахтони себи қадкӯтоҳ дар боғҳои интенсивӣ, ниҳолҳои себҳои дар тагпайвандҳои қадкӯтоҳ пайвандшуда, дар китъаи таҷрибавии институт шинонида шуданд ва мушоҳидаҳои фенологӣ ва таҳиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар қитъаи таҷрибавӣ барои дар оянда ба роҳ мондани парвариши меваи кивӣ дар шароити Тоҷикистон, навъҳои гуногуни растании кивӣ шинонида шуд, ки парвариш ва усулҳои афзоиши он омӯхта шуда истоданд
Зимни боздид гуфта шуд, ки рустаниҳои ситрусӣ гурӯҳи калони дарахтони мевадори ҳамешасабзро ташкил дода, ба ҷинси ситрус (Citrus) мансубанд, ки мутааллиқ ба зероилаи норинҷиҳо (Aurantioideae) ва оилаи судобиҳо (Rutaceae) мебошанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рустаниҳои ситрусиро дар хандақҳо ва лимухонаҳо аз солҳои сиюми асри 20 мепарваранд. Барои ин хоса шароити иқлими вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Ҳисор, водии Кофарниҳони Поён, водии дарёи Панҷ, водии дарёҳои Сурхоб, Яхсу, водиҳои Данғараю Ёвон ва навоҳии тобеи марказ мувофиқ аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки чайот-бодириги мексикоӣ (Sechium edule L.) растании бисёрсола буда, дорои танаи хазанда мебошад. Меваи чайот аз замонҳои қадим хӯроки ҳиндуёни Амрико мансуб мешуд. Чайотро бори аввал ба Тоҷикистон соли кормандони илмии Институти ботаника, физиология генетикаи растании АМИТ аз кишвари Краснодари Русия оварда, мавриди тадқиқот қарор дода буданд. Ҳамчунин тарзи афзоиши чайот, агротехникаи парвариш ва сифати ҳосили ба аст оварда ҳамаҷониба таҳқиқ карда шудаистодаст. Таркиби меваи чайот аз равған, протеин қанд, оҳар, каротин, моддаҳои минералӣ, калий, магний, оҳан, фосфор, витаминҳо С, В1, В2, РР ва инчунин протеин 19-аминокислотаҳо ки 8-и онҳо ивазнашаванда мавҷуд мебошад.
Гуфта шуд, ки маракуйя-marakuya меваи тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда (печанда) масуб аст. Гули рангини зебои диққатҷалбкунанда мебошад. Мевааш дорӯзрӯя буда, то 8-10см андоза дорад. Меваи маракуйя аз шакли берунааш онқадар диққатҷалбкунанда набошад ҳам, дохили мевааш зарди базеб ва хуштаъм аст. Маракуйя бо сабаби таркиби бойи биохимиявӣ доштанаш, аҳамияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Меваи маракуйя аз 25-40 фоиз шарбат дорад. Дар таркиби шарбати меваи маракуйя правитамини А, витаминҳои С, В2, В3, В6, В9, микроэлементҳои К, Fe, Mg, P, ва 73% об, 22% ангиштоб, 2% сафеда, 0,7% ҷарбҳо дида мешаванд.
Инчунин, момордика (мomordica)- растании тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда, яъне печанда сабзанда мансуб аст. Парвариши момордика дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиологи ва гентикаи растании АМИТ омӯзиши нахустин дар шароити Тоҷикистон мебошад. Дар як сол то 2,5-3м қад мекашад ва худи ҳамон сол ҳосил медиҳад. Мевааш то 10-15 см месабзад. Момордика аз сабаби таркиби биохимиявии бой доштанаш, амияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Барои табобати бемориҳои гепертонӣ, геморрой, захми меъда, диабет, лейкомия, паст намудани холестерини хун, баланд брдоштани иммунитет, кам кардани ваз ва ғайра истифода мегардад.
ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАЙСИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТ ВА АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ОСИЁ ИНТИХОБ ГАРДИД
Дар ҷараёни Анҷумани умумии аввалини Академияи илмҳои Осиё (AASc), ки дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ин интихоби таърихӣ шаҳодати эътирофи ҷаҳонӣ ба саҳми шоиста ва нуфузи олимони тоҷик дар пешрафти илм ва тадқиқотҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фазои илмии Осиё ва ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои дараҷаи баланди илмӣ ва олимони соҳибмаърифат эътироф мешавад.
Интихоби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мақоми роҳбарикунанда дар Академияи илмҳои Осиё имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиё, инчунин барномаҳои муштараки тадқиқотӣ ва таҳқиқотҳои стратегии илмӣ густариш ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Анҷумани умумӣ бо иштироки 121 вакил аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла: Чин, Русия (бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тотористон, Ҷумҳурии Чечен, Ҷумҳурии Доғистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон); Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Покистон, инчунин кишварҳои ғайриосиёӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Юнон, Молдова ва Беларус баргузор гардид. Дар он 97 вакил дар интихобот иштирок карда, ба ҳайси роҳбарони Академия ва аъзои комил ва вобаста интихоб шуданд.
Бояд гуфт, ки ин интихобот барои рушди фазои ягонаи илмӣ ва ҳамгироии донишмандони Осиё аҳамияти беназир дошта, эътирофи саҳми Тоҷикистон ва олимони он дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Академияи илмҳои Осиё ягона муассисаи илмие мебошад, ки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳамгироии донишмандони Осиё, рушди тадқиқотҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё таъсис ёфта, тамоми муассисаҳои илмии минтақаро ба ҳам овардааст.