Skip to main content
Илм муаррифкунанда, шуъладиҳанда ва гармкунандаи бозори ирфони ҷаҳон аст!

Ҳар як давлатро миллаташ бо илму дониш ва заковату фаҳмиши хеш ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бузургону гузаштагони миллати тоҷик ҳанӯз аз замонҳои қадим тоҷику тоҷикистониро миёни мардуми дунё бо донишу заковати хеш шиносонида буданд. Бузургии миллати тоҷик аст, ки фарзандони фарзонааш ба монанди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ иби Сино, Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Эмомалӣ Раҳмон, Мирзо Турсунзода, дар арсаи ҷаҳонӣ бо илму донишу маҳорати худ тавонистанд, ки илму донишу халқияти худро муаррифӣ намоянд. Олимону академикон ҳамчун давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагони хеш буда, бо ин мақсад имрӯз (16.04.2023) дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик чорабинии татанавӣ баргузор гардид.

Аҳли Раёсати академия нахуст барои пос доштани хотири аҳли илму адаб барои гулгузорӣ дар оромгоҳи бузургон: Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, ва дигарон сафарбар гардиданд. Пас аз маросими гулгузорӣ дар толори Раёсати академия бо иштироки академикону олимон чорабинии тантанавии илмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор шуд, ки нахуст Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо сухани муқадимавии хеш аҳли илмро муборакбод намуда, зикр дошт, ки воқеан, илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босубботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок ва заминавии ҷомеа дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёду мондагор дар амал татбиқ гардида истодааст ва оид ба пешравиҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар суханронӣ намуд.

Ҳамзамон намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувватзода Сайдулло, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ, Раиси Комиссияи олии аттестатсионии (КОА) назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, намояндаи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илмро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик муборакбод намуда, аз дастовардҳои илми тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти илм ёдовар шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ олимону академиконе, ки солҳои тулонӣ дар рушди илми тоҷик заҳмат кашидаанд, бо ҷоизаву ифтихорномаҳои роҳбарияти академия, ва олимони ҷавон бо дипломҳои номзадиву докторӣ қадршиносӣ гардиданд.

Хурсандибахш аст, ки дар арафаи ҷашни касбии олимони ватанӣ сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷавобгӯ ба талаботи замона аз нав сохта шуда, минбаъд сомонаи мазкур бо нишонии www.amit.tj фаъолияти пурсамар намуда, барои муаррифии илми тоҷик дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.