Воқеан ҳам дар шароити соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими рукнҳои давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқуъ пайваста, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат, бо назардошти манфиатҳои миллӣ муайян шудаанд. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар дастовардҳо дар сиёсати хориҷии худ ба комёбиҳои назаррас ноил гардад. Тавре маълум аст, Пешвои миллат дар давроне ба ҳайси сарвари сиёсӣ фаъолиятро оғоз намуд, ки Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба нооромиҳои сиёсӣ рӯбарӯ гардида буд. Аз вазъи дохилии кишвар қувваҳои манфиатдори хориҷӣ истифода намуда, дар кишварамон оташи ҷанги таҳмилиро фурӯзон намуданд. Нахустин комёбии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин буд, ки тавонист дар Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун чеҳраи сиёсӣ бо як шуҷоату мардумсолорӣ худро муаррифӣ намуд. Далели ин садҳо барқияҳое мебошанд, ки ба иҷлосия ва садову симо меомаданду қариб як хел шурӯъ мешуданд: «Аз суханронии аввалини Шумо дар дили мо шуълаи умед фурӯзон гашт...».
Албатта, дар нутқи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олӣ ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат дида мешуд ва чунин хусусиятҳояш ба сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар сухани худашон содиқ монда, барои хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ миёни мардуми кишвар комёб гарданд. Дар чунин шароит мебоист сиёсати хориҷии Тоҷикистон муҳтавои амалгаро ва воқеъбинона дошта бошад ва ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии мамлакат мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкориҳо бо ҳама кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Маҳз бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёна ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи љањонӣ мавқеи худро пайдо карда, ба ҳайси як субекти муносибатҳои байналмилалӣ шинохта шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари давлат бо кишварҳои зиёди ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор карда, муносибатҳои шарикиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ роҳандозӣ намуда, рушди ҳамкориҳоро дар ин самт идома медиҳад. Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони ҳамкории исломӣ, инчунин, бо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байналмилаливу минтақавӣ ба роҳ мондааст.
Тавре ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати «дарҳои кушода», сулҳхоҳона ва беғараз буда, зимни татбиқи он, Тоҷикистон омодааст бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик робитаҳои дӯстона ва эътирофи манфиатҳои тарафайнро дар асоси эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд густариш диҳад».
Қайд намудан зарур аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирию пуштибонӣ ёфтани ташаббусҳо ва пешниҳодоти Тоҷикистон, бахусус, дар ҳалли масъалаҳои обу энергетика, пиряхҳо, сулҳу субот, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз байн бурдани мушкилоти Афғонистон ва ғайра баёнгари мавқеи фаъоли Тоҷикистон мебошад. Ин ҳама аз имиҷи байналмилалии Тоҷикистон дар низоми ҷаҳонӣ ва обрӯи баланди Президенти кишвар дар арсаи сиёсии олам шаҳодат медиҳад.
Маҳз бо кӯшишу талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи «дипломатияи об» ба рӯзномаи байналмилалии масъалаҳои ҳалталаб ба таври доимӣ дохил гардид. Ҳуқуқи истифодаи об ҳамчун сарвати табиӣ ва ҳифзи он дар сатҳи зарурӣ масъалаи глобалие буд, ки маҳз тавассути Роҳбари давлати мо ба сатҳи масоили байналмилалӣ бароварда шуд. Албатта, манфиат аз он на танњо барои миллат, балки барои кулли инсоният аст. Бинобар ин, ҷонибдорӣ ёфтани ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли масъалаи об дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз он шаҳодат медиҳад, ки масъалаи об дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Аз ҷумла, ташаббуси нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 - Соли оби тоза аз ҷониби 148 кишвари ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, ин кишварҳоро дар ҳалли як масъалаи пураҳамият гирди ҳам овард.
Воқеан, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои об муҳим ва саривақтӣ маҳсуб мегарданд. Зеро тибқи маълумотҳои созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо дарназардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд.
Маҳз глобалӣ будани мушкилоти оби нушокї дар сайёра боиси он гардид, ки СММ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” дастгирӣ намуда, 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдорро қабул кард. Дар баробари ин, соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро ки муаллифаш Тоҷикистон аст, қайд намуд.
Тазаккур бояд дод, ки пешниҳоди дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” - ро 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ тавассути Қатънома эълон кард. Қайд кардан ба марид аст, ки бахшида ба оғози расмии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», рӯзи 22 марти соли 2018 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии сатҳи баланд доир гардид, ки Пешвои миллат низ ба ҳайси роҳбари кишвари ташаббускори масоили об дар он иштирок ва суханронӣ намуданд. Яке аз ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маърӯза дар чорабинии мазкур «эҷоди майдони васеъ барои густариши таҷрибаи андӯхта ва ҳамкориҳо дар соҳаи об» баён намуданд. Албатта, ташаббусҳои мазкур саривақтӣ мебошанд. Зеро раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табиии вобаста ба об ва ғайраҳо, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фавриро талаб мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ташаббуси панљуми Тољикистон ин соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва ҳамасола 25 март рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардид. Дар асоси Қатъномаи СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфт. Қатъномаи номбурда аҳаммияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор қайд намудааст. Инчунин дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси қоҳиши густурдаи криосфера шудааст, ки дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкуҳҳо кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст.
Аз ин лиҳоз, боиси ифтихор аст, ки дар таърихи 13 августи соли 2024, зимни баргузории Иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) қатъномаи ҷадиде таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» қабул гардид. Даҳсолаи мазкур ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст.
Бо қабул гардидани ин қатънома бо мақсади пешбурди ҳамкориҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ тавассути баргузории тадқиқоту мониторинги илмии алоқаманд ва инчунин, талошҳои рушди устувор дар доираи сохтору захираҳои мавҷуда ва саҳмҳои ихтиёрӣ барои ҳалли масоили марбут бакоҳишёбӣ (деградатсияи) пиряхҳо ва тағйирот дар криосфера эълон гардиданд.
Тавре маълум аст, 23 сентябри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҳамоиши оянда иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ пешниҳод намуданд, ки тавассути қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қабул карда шавад. Ин аст, ки кишвари мо бо эҷоди мактаби сулҳу салоҳу созандагӣ мақом ва манзалат пайдо карда, ба яке аз амнтарин кишвар табдил ёфт. Иқдоми мазкур бори дигар аз сулҳофару ваҳдатпарвар будани миллати тоҷик гувоҳӣ дода, беҳтарин муждае барои тамоми башарият хоҳад буд. Зеро сулҳу субот ва оромишу осоиштагӣ асоси пешрафт, зиндагии арзанда, рушди босуботи ҷомеа ва волотарин арзишҳои инсоният маҳсуб мешаванд.
Дарвоқеъ, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалии олам талошҳои пайдарпайи эъмори сулҳи тоҷикон ва сипари боътимоди миллат, Пешвои маҳбубу муаззамамон ниҳоят бузург ва саривақтӣ буданду ҳастанд. Ногуфта намонад, ки ки 6 ноябри соли 2025 зимни иҷлоси 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони “Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ” қабул гардид. Қатънома аҳаммияти таърихӣ ва маънавии “Устувонаи Куруш” - ро ҳамчун яке аз нахустин санадҳои башардӯстона, ки арзишҳои озодии виҷдон, эҳтиром ба гуногунрангии фарҳангӣ ва ҳамзистии осоиштаро тарғиб менамояд, таъкид месозад.
Бояд зикр намуд, ки ташаббуси мазкур тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ" ироа гардида буд, пешбарӣ шуд. Аз ин рӯ, қабул гардидани санади зикршуда ба таҳкими арзишҳои умумибашарӣ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ миёни тамаддунҳо ва мусоидат ба рушди муколамаи фарҳангҳо дар доираи ЮНЕСКО саҳми арзанда мегузорад. Қатъномаи мазкур бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон пешниҳод гардида, аз ҷониби кишварҳои аъзои созмон ҷонибдорӣ ёфт.
Ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои умумибашарӣ сабаби афзудани эътибори байналмилалии Тоҷикистон гардид. Нияту мароми миллати ватандӯсту истиқлолхоҳи мо ин аст, ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам дар роҳи мавқегирии манфиатҳои миллӣ дар сиёсати хориҷии худ ба мувафаққиятҳои бузург ноил гардад.
Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, «имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардида, эътибор пайдо кардааст. Ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, мо тавонистем бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои нек ва ҳамкориҳои судманди гуногунҷанбаро дар соҳаҳои мухталиф ба роҳ монда, тақвият бахшем. Мо минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав барорем».
Ҳамин тариқ, аз таҳлили равандҳои сиёсӣ маълум аст, имиҷи байналмилалии Тоҷикистон бештар бо ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об, иқлим ва фарҳанг шинохта мешавад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва иқдомҳои ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба як кишвари ташаббускори глобалӣ табдил додааст. Тољикистон тавассути дипломатия ва ҳамкориҳои илмӣ эътибори худро дар арсаи ҷаҳонӣ тақвият медиҳад. Пеш аз ҳама, саҳми Пешвои миллат дар ташаккули имиҷи байналмилалии Тоҷикистон аз сулҳоварӣ, ташаббусҳои глобалӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ иборат аст. Ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳҷӯ, ташаббускор ва дорои мероси фарҳангии бой шинохта мешавад. Аз ин лиҳоз, ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат оид ба ҳалли масоили обу иқлим, масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳимоя аз дини мубини ислом ва ғайра аз мавқеи башардӯстонаи кишвари мо дарак медиҳад ва боиси рушди имиҷи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Мавзунаи Сайдамир – магистранти АМИТ
