Имрӯз, 26 январ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳсилот ва омӯзиш, ҳамчунин таҷрибаҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ табодули афкор намуданд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва дигар мушкилотҳои глобалиро муҳокима намуда, оид ба гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои стратегӣ дар ин самт табодули афкор намуданд.
Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар самти энергияи сабз, технологияҳои геотермалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар ин бахш мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот ҷонибҳо ба омода намудани мутахассисон дар самтҳои энергияи барқароршаванда ва технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти махсус доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон, ба аҳамияти тақвияти робитаҳои илмӣ ва ҳамкориҳои стратегӣ таъкид намуд. Ҳамзамон, ӯ истифодаи энергияи сабз ва нақши ҳамкориҳои байналмилалиро дар ҳалли мушкилотҳои глобалӣ махсусан муҳим арзёбӣ кард.
Инчунин, ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Ёшикава Ёшифуми ба дастовардҳои академия дар рушди илм ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими экологии Тоҷикистон баҳои баланд дод ва омодагии JICA-ро барои дастгирии лоиҳаҳои нав, таҳқиқотҳои муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои энергияи сабз ва технологияҳои геотермалӣ эълон кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва рушди соҳаҳои илмӣ ва энергетикии Тоҷикистон дар оянда таъкид намуданд.
Хидматҳои арзишманди шоири тавоно ва ватансаро Камол Насрулло дар рушди адабиёти муосири тоҷик ва фаъолияти ибратбахши ҷамъиятии ӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои адабпарвару фарҳангдӯсти миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони баланди Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии адабии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, ордени «Шараф» ва даҳҳо ҷоизаҳои адабӣ қадршиносӣ шудааст.
Дар ин радиф дар маҳфили адабӣ- эҷодӣ, ки моҳи декабри соли гузашта ба ифтихори 75- солагии ӯ дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев баргузор шуда буд, ба шоир бо дастури мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаи нав тӯҳфа шуда буд.
Санаи 7 май дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар манзили наваш, ки дар қабати дуюми бинои нави баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Навободи шаҳр ҷойгир аст, мулоқот намуда, ба ӯ ҳуҷҷати соҳибмулкии онро супориданд.
Манзили нави шоир аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо ҳама ҷиҳози рӯзгор таъмин карда шудааст.
Дар сӯҳбати гарму самимӣ Камол Насрулло ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд сидқан изҳори сипос намуд.
Имрӯз, 8 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 81- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Рӯзи Ғалаба – рамзи шуҷоат ва қаҳрамонӣ” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, ҳамзамон доир ба шуҷоату далерии қаҳрамононаи мардуми тоҷик дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори андеша намуд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии муқадимавии хеш иброз дошт, ки дар таърихи миллати тоҷик Рӯзи ғалаба ҳамин гуна як рӯйдоди хотирмону мондагор аст. Таъкид гардид, ки гиромидошти хотираи иштирокчиён ва қурбониёни ҷанг, арҷгузорӣ ба хизматҳои собиқадорон ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи имрӯза маҳсуб меёбад.
Гуфта шуд, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд ва фарзандони шуҷоатманди диёри азизамон маҳсуб меёбад. Бояд ёдрас шуд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ мудҳиштарин ва даҳшатноктарин ҷанг дар таърихи башарият буда, 1418 шабонарӯз идома кардааст ва зиёда аз 28 миллион мардуми бегуноҳи Иттиҳоди Шуравиро ба коми худ кашидааст.
Зикр гардид, ки баробари қаҳрамонии ҷанговарони тоҷик мо ба корнамоии мардуми Тоҷикистон дар ақибгоҳ низ бояд арҷгузор бошем. Марду зан ва пиру барно шабу рӯз фидокорона меҳнат карда, барои ёрӣ ба ҷабҳа сару либос, меваи хушк ва дигар чизҳои заруриро мефиристоданд. Зиндагӣ барои онҳо дар ин солҳои мудҳиши ҷанг аз ҷабҳа ҳам душвортар буд, хурду хӯрок ва либос намерасид, аммо иродаи қавӣ доштанду барои ғалаба мардонавор меҳнат мекарданд. Маҳз ҳамин устуворию меҳнатдӯстии онҳо буд, ки халқи шуравӣ дар ин ҷанги мудҳиш ғалаба кард.
Дар идомаи конфронс олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш аз қаҳрамониҳои падарону бобоёнамон дар Ғалаба бар фашизм ёдовар гардида, қаҳарамонию ҷасурӣ ва далерии онҳоро васф намуданд.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ РАФТИ ТАҶДИДУ БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ ВА ИФТИТОҲИ КОРГОҲИ НАВ ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар корхонаи муштараки истеҳсоли қалъагии “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” баъди танаффуси зиёд бо дастгириии Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ҳоло корҳои омодагӣ барои ба кор андохтани он идома дорад.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти корҳои барқарорсозии коргоҳи нав боздид намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳоло корҳо ҷиҳати ба кор омода намудану санҷиши техникии таҷҳизоту механизмҳо, бунёди сехи нав ва азнавсозии манбаъи истихроҷи маъдан дар мавзеъи Мушистон идома дорад ва дар навбати аввал 150 нафар ба кор фаро гирифта мешаванд.
Дар идомаи сафари корӣ бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли шифер, ки бо сармоягузории соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳудуди деҳоти Сӯҷина бунёд шуда, бо назардошти талаботи бозор дар як баст то 1500 дона шифер истеҳсол карда метавонад, шинос шуда, дар паҳлӯи он ба фаъолияти коргоҳи коркарди қуму шағали бинокории ҶДММ “Салмон- бинокор” оғоз бахшида шуд. Ин ҷо дар як баст то 120 тонна қуми бинокорӣ истеҳсол намуда, 10 нафар ба кор фаро гирифта шудаанд.
Зимни шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истихроҷ ва коркарди маъдани сурб дар ҳудуди деҳоти Моғиён аз ҷониби ҶДММ “Канзи диёр” гуфта шуд, ки ин ҷо ҳоло корҳо ҷиҳати омода намудани инфрасохтори коргоҳ- роҳ то мавзеъи истихроҷи маъдан, хобгоҳ, кашидани хати барқ ва омӯхтани захираи маъдан идома дошта, бо ба кор даромадани он дар навбати аввал то 1000 нафар бо кор фаро гирифта мешаванд.
Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба шаҳри Парҷакент сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари корӣ Президенти Академияи миллии илмҳо ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ, ки илова ба нақшаи омодагӣ ба 35- солагии истиқлоли давлатӣ бунёд мешаванд, аз ҷумла дар деҳаи Рӯзи Обноки деҳоти Ёрӣ бо рафти сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 116, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинони деҳа бунёд мешавад дидан намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нав аз 12 синфхона иборат буда, барои фарогирии 600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар идомаи сафари корӣ ҳамчунин рафти бунёди Майдони Парчам ва толори варзиш дар деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ, ки бо саҳмгузории ҷавонони деҳа сохта мешавад, мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода,ин иқдоми онҳо шоиста арзёбӣ шуд.
Зимни сафар дар деҳаи Ғезани поёни деҳоти Моғиён ба бинои нави МТМУ № 45 санги асос гузошта, аз рафти бунёди бинои МТМУ № 23 дар деҳаи Ғезани боло дидан карда шуд.
ВОХУРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ, ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи амали татбиқи ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар Кохи фарҳанги шаҳр ба номи Олим Бобоев бо намояндагони ҷавонони шаҳр вохурӣ намуд.
Дар ин мулоқот раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳовиддинови АМИ Нозим Маҳмадизода, директори Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ, Рустам Ҳайдарзода, директори Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИ Носир Сафарализода ва директори осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди АМИ Абдураҳмон Пӯлодов иштирок доштанд.
Дар вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳо ва ҳайати ҳамроҳонаш таваҷҷӯҳи ҷавононро ба дигаргуниҳои азиме,ки дар даврони истиқлол дар мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд, тақвияти раванди ободкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, нуктаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон, хатари гароиш ба хурофот ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоъӣ,имкониятҳое, ки барои донишандӯзӣ барои ҷавонон дар кишвар муҳайё шудааст, ҷалб намуданд.
Аз ҷавонон даъват шуд, ки пайравони асили Пешвои миллат будани худро бо мавқеъи фаъоли ҷамъиятӣ, аз бар намудани касбу дониш,дӯст доштани Ватан, ҳимояи манофеи миллӣ ва давлатӣ бо кору амали шоиста собит намоянд.
ВОХУРИИ НАМОЯНДАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРӢ, ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО БО ҶАВОНОНИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи амали татбиқи ҳадафҳои “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ” эълон шудани соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар Кохи фарҳанги шаҳр ба номи Олим Бобоев бо намояндагони ҷавонони шаҳр вохурӣ намуд.
Дар ин мулоқот раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, директори Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳовиддинови АМИ Нозим Маҳмадизода, директори Пажӯҳишгоҳи омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИ, Рустам Ҳайдарзода, директори Пажӯҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИ Носир Сафарализода ва директори осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди АМИ Абдураҳмон Пӯлодов иштирок доштанд.
Дар вохурӣ Президенти Академияи миллии илмҳо ва ҳайати ҳамроҳонаш таваҷҷӯҳи ҷавононро ба дигаргуниҳои азиме,ки дар даврони истиқлол дар мамлакат бо роҳнамоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ пайвастанд, тақвияти раванди ободкорию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатӣ дар кишвар, аз ҷумла шаҳри Панҷакент, нуктаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон, хатари гароиш ба хурофот ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоъӣ,имкониятҳое, ки барои донишандӯзӣ барои ҷавонон дар кишвар муҳайё шудааст, ҷалб намуданд.
Аз ҷавонон даъват шуд, ки пайравони асили Пешвои миллат будани худро бо мавқеъи фаъоли ҷамъиятӣ, аз бар намудани касбу дониш,дӯст доштани Ватан, ҳимояи манофеи миллӣ ва давлатӣ бо кору амали шоиста собит намоянд.
#Конфронс. ХУТТАЛИ ҚАДИМ ДАР КОНТИНУИТЕТИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ТАШАККУЛИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ХАЛҚИ ТОҶИК
Имрӯз, 7 май дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмии «Хуттали қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» баргузор гардид. Дар конфронс маҷмуаи илмии «Хуттали Қадим дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ташаккули ҳувияти миллии халқи тоҷик» рӯнамоӣ гардид.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки таъриху тамаддуни Хуттали Қадим ҳамчун бахши муҳими мероси фарҳангиву маънавии миллати тоҷик дар ташаккули ҳувияти миллӣ, густариши равобити фарҳангӣ ва таҳкими худшиносии таърихии ҷомеа нақши муассир дорад.
Қайд гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи осори таърихиву фарҳангии ин минтақа барои муаррифии саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ аҳаммияти вижа касб менамояд.
Зикр карда шуд, ки маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҳифз, таҳқиқ ва муаррифии мероси таърихиву фарҳангии халқи тоҷик дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати фарҳангии давлат қарор гирифта, барои рушди илми таърихшиносӣ ва бостоншиносӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Таъкид гардид, ки маҷмуа аз муқаддима ва 7 қисми асосӣ иборат буда, як таҳқиқи фарогир ва муназзами илмӣ дар омӯзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни Хуттал ба ҳисоб меравад. Он бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва дастгирии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба табъ расидааст. Мураттиб ва муҳаррири масъули маҷмуа номзади илмҳои таърих Шарифзода Абдувалӣ мебошад.
Дар маҷмуаи мазкур масъалаҳои бостоншиносӣ, антропология, давлатдорӣ, равандҳои сиёсию иқтисодӣ, забон ва катибашиносӣ, фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, топонимӣ, санъат ва анъанаҳои мусиқӣ, инчунин сиккашиносӣ ва муомилоти пулӣ инъикос ёфтаанд.
Навгонии асосии маҷмуа аз он иборат аст, ки бори нахуст дар таърихнигории Тоҷикистон, Хуттал дар заминаи мафҳуми континуитет ҳамчун як раванди давомдори таърихӣ ва тамаддунӣ таҳлил шудааст. Ин равиши методологӣ имкон медиҳад, ки равандҳои антропологӣ, институтсионалӣ, фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар як низоми ягона ва бо мантиқи дохилии худ фаҳмида шавад.
Сохтори маҷмуа бо такя ба принсипи пайдарҳамии таърихӣ ва ҳамоҳангии мавзӯӣ тарҳрезӣ гардида, мақолаҳо дар асоси мантиқи илмӣ ва тартиби солшуморӣ ҷобаҷо карда шудаанд, ки ин ба дарки таърих ҳамчун раванди муттасил мусоидат менамояд.
Дар умум, натиҷаҳои таҳқиқоти пешниҳодшуда нишон медиҳанд, ки Хуттал ҳамчун яке аз ҳавзаҳои муҳимми таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ дар ташаккули равандҳои тамаддунӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик нақши барҷаста дорад.
Қобили зикр, ки дар таҳияи маҷмуа, дар қатори олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳамчунин устодон ва муҳаққиқони як қатор муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ, Донишгоҳи давлатии молияву иқтисоди Тоҷикистон, Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайнери Тоҷикистон, инчунин Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ (шаҳри Панҷакент), ҳамчунин намояндагони муассисаҳои илмии Федератсияи Россия ва ҶИА иштирок намудаанд.
Дар идомаи конфронс академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ва дигар олимону муҳаққиқон дар маърӯзаҳои хеш доир ба таърихи ташаккул ва рушди Хуттали Қадим, ҷойгоҳи он дар континуитети таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ, нақши мероси таърихиву фарҳангӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ, инчунин масъалаҳои марбут ба омӯзиш, ҳифз ва муаррифии ёдгориҳои бостонии минтақа ибрози назар намуданд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки таҳқиқи ҳамаҷонибаи таъриху тамаддуни Хутталон барои эҳёи хотираи таърихӣ, рушди худшиносии миллӣ ва муаррифии арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Имрӯз, 6 май дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ибтикори Марказии илмии Хатлони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти Боғи ботаникии Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Нақши муассисаҳои ботаникӣ дар ҳифзи гуногунии биологӣ» баргузор гардид.
Дар кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки дар шароити тағйирёбии иқлим ва афзоиши таъсири омилҳои антропогенӣ ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ, ба яке аз масъалаҳои калидии илми муосир табдил ёфтааст.
Қайд гардид, ки муассисаҳои ботаникӣ ҳамчун марказҳои муҳими илмӣ-назаравӣ ва таҷрибавӣ дар самти омӯзиш, ҳифз, барқарорсозӣ ва ғанисозии олами наботот нақши арзанда доранд.Таъкид гардид, ки Боғҳои ботаникӣ на танҳо ҳамчун пойгоҳи илмӣ, балки ҳамчун марказҳои маърифатӣ ва таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати экологии ҷомеа хизмат менамоянд. Дар ин замина, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои муосир ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба корҳои илмӣ аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб меёбанд.
Зикр гардид, ки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва густариши фаъолияти муассисаҳои илмӣ заминаҳои мусоид фароҳам овардааст.
Дар идома узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саидов Абдусаттор ва дигар олимону муҳаққиқон дар суханрониҳои хеш ба масъалаҳои муҳими рушди илмҳои ботаникӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки омӯзиши амиқи захираҳои флористӣ, муайянсозии навъҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин таҳияи механизмҳои муассири ҳифзи онҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои илмӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, иштирокчиён таъкид карданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати иқлим зарурати таҳкими корҳои таҳқиқотӣ, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар самти ҳифзи муҳити зист беш аз пеш меафзояд. Дар ин замина, густариши ҳамкориҳои илмӣ бо марказҳои бонуфузи байналмилалӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак ҷиҳати нигоҳдории экосистемаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
