Вожаи ваҳдат мазмуни васеъ дошта, бо истиқлолият ва озодӣ ҳамбастагӣ дорад. Вақте ки ваҳдат мегӯем, пеши назарамон якдилӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ягонагӣ ва иттиҳод падид меоянд. Вале ин иттиҳоду ҳамбастагӣ ба осонӣ насиби халқи тамаддунофару сулҳпарвари тоҷик нагаштааст.
Баъди пароканда гардидани ҳокимияти шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, зеро ҳодисаҳои нангин, ба мисли тафриқаандозӣ, маҳалгароӣ ва майдоншиниҳо оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд.
Низоъҳои мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ҳазорон нафар кӯдакону наврасонро ятим гардониданд. Ҷойе, ки тиру туфанг садо баланд мекунанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон хомӯш мешаванд ва аз ин лиҳоз мардум маҷбур буданд, ки манзилҳои худро тарк намуда, дар бисёр кишварҳо гуреза шаванд.
Хушбахтона, дар чунин вазъияти басо сангин моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар ин иҷлосияи таърихӣ вакилони мардумӣ Асосгузри сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуданд.
Вахдат ва сулхи умумибашарии Точикистон ҷонибдории мамлакатхои ҳамзамони берунмарзи мавқеу мақоми онро дар микёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотхои олам гардидааст. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танхо бо рохи вахдат,якдигарфахмии истиқлоли кишварро мухофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Танхо дар сурати вахдат душворихо ва монеахо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба бехбуди меорад, кишвари азизамон ба шохрохи пешрафту тараккиёт рӯ меорад. Ба ақидаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Рахмон «Ҳар касе, ки нихоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ хаст, ки хамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он бахравард гардид, мо ҳаргис роҳ намедихем, ки дигар теша ба решаи он рассад».
Он дарахте, ки Президентамон ба сулху вахдат ташбеҳ додаанд, имрӯзхо мевахои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онхо мо, точикон фахр мекунем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати сохибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохмони роххои нави дохилию берунӣ ва ба хоричӣ кишвар баромадани точиконро ба миён гузошт. Роҳи оҳани Кургонтеппа - Кулоб сохмони шохрохи Вахдат ба мамлакатхои Осиё, ба сӯи укёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин ахвол боиси эхёи арзишхои миллии роҳи бузурги Абрешим гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷахон мепайвандад.
Ҳақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоиии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯсти ҳукумфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷихати сиёсӣ ва ҳам аз ҷихати фарҳангӣ пеш меравад.
Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои миллат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Рахмон миллати парешон сарчамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист , ваҳдату сулҳ падидор аст.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст 27 сол қабл, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашҳо хотима гузоштанд. Таҳлили вазъи ҷаҳони муосир, махсусан он кишварҳое, ки ба моҷароҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардидаанд, имрӯз бори дигар моро ҳушдор месозад, ки ба бозии қудратҳои мушаххаси хориҷӣ дода нашавем ва баҳри расидан ба ҳадафҳои олӣ муттаҳид бошем. Вазъи кишварҳои Шарқи Наздик собит менамянд, ки набудани ваҳдати миллӣ боиси дар ҳоли хатар мондани пояҳои истиқлоли давлатӣ ва зиндагии мардум мегардад.
Ҷанги таҳмилии солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон, ки зарари зиёди ҷонию моддӣ ба бор овард, барои имрӯзи миллат бояд дарси ибрат бошад. Тоҷикистони нав ба истиқлолрасида аз боиси таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯйи хориҷӣ ва ба бозии дасти он гирифтор шудани баъзе аз фарзандони нохалафи дохил ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва ҳастии миллати тоҷик зери хавфу хатари зиёд қарор гирифт. Дар ҷомеа се гурӯҳи ба ҳам зид ташаккул ёфт. Якум – онҳое, ки ҳукуматро ба даст доштанду аз боиси ноҳудабароии онҳо тамоми мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида буд. Дуюм – онҳое, ки бо сарпарастии молиявии қудратҳои хориҷӣ мехостанд тавассути ҷанг ба ҳукумат соҳиб шаванд. Сеюм – онҳое, ки дар хориҷи кишвар интизори ғалабаи қувваҳои мухолифин буданд ва ба мухолифин дасти ёрӣ дароз мекарданд. Аз боиси хиёнати хоинони ватанфӯруш садҳо ҳазор аҳолии кишвар рӯ ба муҳоҷирати иҷборӣ оварданд. Дар натиҷаи ин ҷанги таҳмилӣ садҳо модари тоҷик фавтиду садҳо фарзандони наврас ятим монданд. Оилаҳои зиёд хароб шуданду ба нестӣ рафтанд. Дар чунин як давраи бисёр мураккаб барои миллату давлат бо мақсади ба ҳам овардани миллат Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ даъват карда шуд, ки дар рӯзи чоруми иҷлосия бахти миллати тоҷик омад карду ба ҳайси раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардид. Бо ташаббуси Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди Иҷлосия як қатор санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ қабул гардид, ки заминаи ба ҳам овардани ҷомеаро гузошт. Дар заминаи сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то соли 1997 дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Ашқобод, Исломобод, Кобул, Хостеҳ дар ҳашт давра гуфтушунид миёни ҳукумати ва аъзои мухолифин баргузор гардид. Ҳамин тавр, 27 –уми июни соли 1997 “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ба имзо расид.
Имзои созишномаи сулҳ кафолати мондагории истиқлоли давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллиро таҳким бахшид. Дар заминаи созишномаи сулҳ дар кишвар боварӣ, сулҳ, субот, ягонагӣ, рушди бомаром тантана намуд. Ҳамчунин ҳукумат ва ҷомеаи кишвар дар роҳи амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ, ки дар меҳвари он зиндагии босубот ва шоиста қарор дорад талош намудаистодаанд. То имрӯз дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат корҳои зиёди мондагор дар амал татбиқ карда шуд. Имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳити босубот бо боварӣ ва эътимоди хосса дар самтҳои мухталиф кору фаъолият намуда, дар роҳи баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии ҷомеа талош дорад. Акнун ҳифзи истиқлоли давлатӣ дар заминаи ягонагӣ, якдилӣ ва ваҳдати ҷомеаи Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Амалӣ намудани ин рисолат шарафи бузургест дар назди миллати тамаддунофари тоҷик.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Маҳз, бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Заминаи асосии Ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, ин хиради азалии худи мардуми худогоҳи ватанпарвар ва саъю талошҳои Сардори давлати навини тоҷикон буд, ки моро ба ин рӯзҳои фараҳу хушу хуррам расонд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо дар баробари истиқлолият неъмати бебаҳо ва муқаддас аст. Ҳар як тоҷики ватанпарвар бояд, ифтихор аз он дошта бошад, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, тамаддунофар ва созандаю бунёдкор мебошад. Таърих ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷикро дар масири таърих ҳамчун миллати куҳанбунёд, бонангу номус, бохираду адолатхоҳ, бунёдкору заҳматкаш, дорои хиради азалӣ дошта, эҳтирому эътироф менамоянд.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, рушди илму фарҳанг, ободии давлату миллат ва зиндагии шоистаи мардум таъмин аст. Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба сӯйи фардои дурахшон аст.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба кулли мардуми шарафманди Точикистон муборак бод!
Рахмонов Р.О. - муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ