Санаи 17 июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе, таҳти раёсати муовини якуми Раиси ҳизб, Абдуҷаббор Азизӣ маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Дар маҷлис мутобиқи рӯзномаи тасдиқшуда ду масъала мавриди муҳокима ва баррасии аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, қарор дода шуд.
Аз руи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ баҳри баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, ки аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд» муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ маъруза намуд. Мавсуф иброз дошт, ки соли равон барои аъзо ва ҷонибдорони ҳизб соли хотирмон хоҳад буд, зеро имсол чорабиниии муҳим, 30 - солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро якҷоя таҷлил намуда мешавад..
Таъкид гардид, ки тули 30 сол зери роҳбарии Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурпечутобро тай намуда, имрӯз ба як нерӯи қудратманду тавоно табдил ёфтааст ва саҳми он дар ҳама самтҳо ва паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаи мо бузургу барҷаста аст.
Муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни маърӯза баён намуданд, ки ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии сокинони кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, аз ҷумлаи ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрузаи рушди давлатдории миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, яке аз иқдомҳои назарраси ташкилотҳои ҳизбӣ дар солҳои охир, тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст.
Дар маърӯза боисрор таъкид шуд, ки худшиносии миллӣ инъикосгари хусусиятҳои руҳиву равонии афроди ҷомеа, шинохти мақом ва нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ пеш аз ҳама дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ яктану якҷон будан аст.
Талошҳои фарҳангсолоронаи Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташакул ёбад. Тайи ин давра дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва ташаккули рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузошта шуд.
Зимни музокира вобаста ба масъалаи муҳокимашаванда чанд нафар аъзои Кумитаи Иҷроияи ва дигар фаъолони ҳизб аз ҷумла, омӯзгори Гимназияи №74 - и шаҳри Душанбе - Шоева Дилбар, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» - Холиқзода Абдураҳим, Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳасанзода Гулнора, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон - Хушвахтзода Қобилҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд - Пӯлотова Мунзифа, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон - Низом Қосим, табиби Муассисаи давлатии Кумаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияи Рашт - Ҳайтова Меҳрафрӯз, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор - Ҳабибзод Изатулло андешаронӣ намуда, барои тақвият бахшидани худшиносии миллӣ ва пешгирӣ аз зуҳуроти манфии иҷтимоӣ таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён карданд.
Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома, “Дар бораи даъвати Анҷумани 15 – уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” қарор қабул гардид, ки Анҷумани 15 - уми ҲХДТ моҳи декабри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Мутобиқи қарори қабулгардида, меъёри намояндагӣ дар Анҷуман аз 320 нафар аъзо, як нафар муқаррар шуд.
Дар робита ба ин таъкид гардид, ки омодагиро ба Анҷумани навбатии ҳизб тақвият бахшида, ба рушди маърифати сиёсиву ҳуқуқии мардум эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, тадбирҳоеро амалӣ намоем, ки ҳадафрас ва натиҷабахш бошанд.
Дар ин маврид қабули сифатноки аъзои ҳизбро ба роҳ монда, нимаи дуюми соли равон дар асоси муқаррароти Оинномаи ҳизб баргузории конфронсҳои ҳисоботиву интихоботии кумитаҳои иҷроияи ҳизбро дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти назорат қарор дода, аз ҳисоби шахсиятҳои фаъолу собитқадам ва обрӯманди маҳаллу минтақаҳо интихоб гардидани аъзои нави кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро таъмин намоянд. Ҳамчунин Кумитаи Иҷроияи Марказӣ барои таҳияи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2025 - 2030 аз ҳисоби аъзои фаъоли ҳизб, олимону коршиносони варзидаи самту соҳаҳои мухталиф гурӯҳи корӣ созмон дода, то нимаи моҳи октябри соли равон лоиҳаи онро ба Роҳбарияти ҳизб пешниҳод намояд.
Дар кори маҷлис бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои ҳамаи масъалаҳои муҳокимашаванда қарорҳои дахлдор қабул гардида, ташкилотҳои ҳизбӣ муваззаф гардиданд, ки масъалаи ватандустӣ ва худшиносии миллиро дар фаъолияти худ афзалият бахшида, барои пешгирӣ аз таасубу хурофот, гароиш ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ созанд. Ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста таҳким бахшида, ба он муваффақ гарданд, ки дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нақши шоиста дошта бошанд.
Ба масъалаҳои таъмини амнияти кишвар ва муборизаи беамон ба зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, таасубу хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ эътибори ҳамешагӣ дода, корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи нақшаҳо вобаста ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30 - солагии Ҳизби Халқии Демокоратии Тоҷикистон ва 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намоянд.
Бо итминон иброз гардид, ки ташкилотҳои ҳизбӣ фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, рисолати худро дар фаъолияти минбаъда низ, дар татбиқи ғояҳои созандаи низоми давлатдории миллӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушаххас гардидаанд, бо самимияти хосса анҷом хоҳанд дод.
Дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло иштирок намуд.
Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
БОЗДИДИ РАИСИ МАҶЛИСИ БУЗУРГИ МИЛЛИИ ТУРКИЯ АЗ МАМНУЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲИСОР
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия, профессор, доктор Нуман Куртулмуш, ки бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, шоми 1 декабри соли равон ба шаҳри Ҳисор ташриф овард.
Меҳмононро дар Регистони Қалъаи Ҳисор раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор ва Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пазироӣ карда, ба шаҳри Ҳисор хайрамақдам гуфтанд.
Ҳамчунин, дар остонаи даромадгоҳи қалъа сокинони шаҳр меҳмонони олиқадрро тибқи таомули аҷдодӣ бо нону намак ва таҳти садои сурнаю карнай, хуш истиқбол гирифта, масъулони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор онҳоро бо Арк, Қасри Ҳоким, Аскархона, растаи дӯконҳои ҳунарҳои мардумӣ, Осорхонаи таърихии Мамнуъгоҳ ва таърихи гузаштаву имрӯзаи Ҳисори бостон шинос намуданд.
Имрӯз, 1 декабр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо роҳбари Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен ва бо ҳамоҳангсози лоиҳаҳо оид ба Осиёи Марказӣ Ашраф Алиқулов мулоқот намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи раванди таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар доираи Барномаи минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуда, зарурати таҳияи механизмҳои муассири ҳамоҳангсозӣ миёни муассисаҳои илмии кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалиро таъкид намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои илмӣ ва истифодаи қобилият ва донишҳои зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори минтақавӣ мебошад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт таъкид намуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст дар самтҳои афзалиятноки илмӣ — аз ҷумла илмҳои табиӣ, энергетика, экология, технологияҳои иттилоотӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим — ҳамкориҳои худро тақвият бахшад. Қайд гардид, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба баланд бардоштани иқтидори илмӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба ва рушди инфрасохтори илмии кишвар мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи мулоқот Андре Алгермиссен роҳбари барномаи минтақавӣ, аз ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Барномаи минтақавӣ омода аст дар доираи салоҳиятҳои худ аз ташаббусҳои нави илмӣ-инноватсионӣ, ташкили барномаҳои омӯзишӣ, рушди иқтидори кадрӣ ва вусъати шабакаҳои илмии минтақавӣ дастгирии ҳамаҷониба намояд. Зикр гардид, ки робитаҳои пурсамари илмӣ метавонад ба таҳкими суботу амнияти минтақа ва такмили механизмҳои идоракунии захираҳои табиӣ таъсири мусбат расонад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аҳамияти рушди дипломатияи илмиро таъкид намуда, омодагии худро барои таҳияи нақшаҳои мушаххаси ҳамкорӣ, баргузории конфронсҳо ва семинарҳои муштарак, ва густариши робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ изҳор карданд.
Санаи 28 ноябри соли равон дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дастгирии ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” ва ташкилоти байналмилаии НАБУ-и Олмон озмуни “Парандаи сол - 2026” баргузор гардид, ки дар он олимон ва коршиносон аз муассисаҳои илмии АМИТ ва дигар муассисаҳои марбутаи кишвар, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ташкилоҳои ҷамъиятӣ ва дӯстдорони табиат ширкат варзиданд.
Кори озмунро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.К. оғоз бахшида, иброз намуд, ки озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ нест. Ин барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад, ки олимон, хонандагон ва ҳамаи нафарони табиатдӯстро дар атрофи ғояи ҳифзи муҳити зист муттаҳид месозад. Ба шарофати ин озмун бисёриҳо дар бораи парандаҳо бештар медонанд ва ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат мекунанд.
Рӯнамои намудҳои парандагоне, ки барои интихоби - «Парандаи сол - 2026» пешниҳод карда шуданд, аз ҷониби ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ - Талбонов Х.М. манзур карда шуд.
Узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов А.С. оид ба баргузории озмун дар солҳои қаблӣ ва парандагони интихобшуда ибрози андеша намуда, қайд намуд, ки интихоби парандаи сол, одатан, тасодуфӣ нест: паррандаи сол метавонад ё намуди нодиру ниёзманд ба ҳифз бошад, ё баръакс - намуди маъмулӣ, вале барои табиат муҳим ва ба ҳама шинос. Дар Тоҷикистон дар тӯли солҳо парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилолӣ тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо «парандаи сол» интихоб шудаанд.
Гузаронидани озмун ба мардум кӯмак мекунад, ки муносибати эҳтиромонаро нисбат ба табиат пайдо кунанд, зебоӣ ва арзиши ҳатто намудҳои маъмултарини парандаҳоро эҳсос намоянд ва нақши онҳоро дар экосистема дарк кунанд.
Дар муҳокимарониҳо академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон - Комилзода Д., рӯзноманигори варзида - Маҷид Салим, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ – Саидов К.Х. ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳоди Ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Тоҷикистон” - Раҳимов Н. баромад намуда оид ба намудҳои барои парандаи сол пешниҳодшуда ибрози андеша намуданд
.
Сипас озмуни «Парандаи сол - 2026» тариқи овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, натиҷаи озмун аз ҷониби Комиссияи баҳисобгирӣ ироа гардида, дар натиҷа аз 10 номинатсияи парандагони пешниҳодшуда бо овозҳои бештар кабки биёбонӣ (ё чил, кабки зирак) ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.
КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ «МАТЕМАТИКА ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР» БАХШИДА БА 85-СОЛАГИИ ПРОФЕССОР СОБИРОВ ТЕМУР САФАРОВИЧ
Имрӯз, 28 ноябр дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии «Математика дар ҷаҳони муосир» бо иштироки зиёда аз 100 олими муҳаққиқ аз Тоҷикистон, Россия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Конфронси мазкур ба 85-солагии донишманди барҷаста, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Собиров Темур Сафарович бахшида шуд.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Амонзода Илҳом Темур, ҳусни оғоз бахшида, иштирокдорони ҳамоишро аз номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, хайрамақдам гуфт. Таъкид гардид, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои илмӣ қадами муҳим дар тақвияти фазои илмию тадқиқотӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии дастовардҳои олимони тоҷик дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.
Дар идома саҳми профессор Темур Собировро дар ташаккули мактаби математикӣ ва рушди илмҳои дақиқ махсус таъкид карданд. Зикр гардид, ки фаъолияти илмӣ, корҳои тадқиқотии арзишманд, дастгирии ҷавонони истеъдодманд ва саҳми ӯ дар муаррифии математикаи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи созандаи ин донишманди барҷастаро боз ҳам устувор гардонидааст.
Сипас, директори Институти математика, Рахимзода А. О., дар суханронии худ аҳамияти илмӣ ва байналмилалии ҳамоишро баланд арзёбӣ намуда, зикр кард, ки баргузории чунин конфронсҳо барои густариши робитаҳои илмӣ, табодули таҷрибаи арзанда ва таҳкими ҳамкориҳои мутақобилаи илмии миёни кишварҳои дӯсту ҳамкор аҳамияти хоса доранд. Таъкид гардид, ки конфронс на танҳо минбари муҳими муаррифии дастовардҳои нави илмии олимон мебошад, балки барои шиносоии мутахассисон бо равандҳои муосири рушди математика дар сатҳи ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрами назариявию амалӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо заминаи арзишманд фароҳам меорад.
Дар қисмати асосии конфронс 11 маърӯзаи илмӣ пешниҳод гардид, ки ҳар яке ба масъалаҳои муҳими назариявӣ ва амалии математика бахшида шуда буд. Маърӯзаҳои пешниҳодшуда самтҳои гуногуни илми муосири математикаро дар бар гирифта, ба ширкаткунандагон имкони ошноӣ бо равандҳои нави рушди илм, натиҷаҳои пажӯҳишҳои охирин ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои мураккаби илмиро фароҳам оварданд.
Дар анҷоми рӯзи аввал меҳмонон ва намояндагони муассисаҳои илмии хориҷӣ аз сатҳи баланди ташкили ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми назарраси Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар рушди илмҳои дақиқ баланд арзёбӣ карданд. Онҳо таъкид намуданд, ки баргузории чунин конфронсҳои байналмилалӣ барои муаррифии дастовардҳои илмии муҳаққиқони тоҷик, тавсеаи ҳамкориҳои муштараки илмӣ ва таҳкими робитаҳои судманд миёни олимони кишварҳои гуногун аҳамияти хоса дорад.
Бояд гуфт, ки конфронси мазкур дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади таҳкими пояҳои илмӣ-технологӣ, густариши тадқиқоти муосир, такмили сифати таълим ва боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои илмӣ-педагогӣ роҳандозӣ шудааст, баргузор гардид.
Ин иқдоми муҳим имконият фароҳам меорад, то олимон, омӯзгорон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳа дастовардҳои илмӣ, таҷрибаҳои таълимӣ, равишҳои инноватсионӣ ва мушкилоти мавҷударо баррасӣ намуда, роҳҳои нави рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзиро дар муҳити илму маорифи кишвар муайян созанд.
ҲАМОИШИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ “ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР ҚАРИНАИ ТАЪРИХНИГОРИИ МУОСИР: ДАВРАИ ҚАДИМ, АСРҲОИ МИЁНА ВА НАВ”
28 ноябри соли 2025 дар толори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Маҳфили навбатӣ ба 55- умин солгарди фаъолияти илмию пажуҳишии сарходими илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониш доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов таҳти унвони “Таърихи халқи тоҷик дар қаринаи таърихнигории муосир: давраи қадим, асрҳои миёна ва нав” бахшида шуд.
Ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён дар сухани ифтитоҳии хеш қайд намуд, ки фаъолияти илмии доктори илмҳои таърих, профессор Абдуқаҳҳор Саидов яке аз саҳифаҳои равшан ва пурбори таърихнигории тоҷик мебошад. Саҳми устод дар омӯзиш ва таҳқиқи таърихнигории таърихи халқи тоҷик ва пешрафти илми таърихнигории миллӣ хеле назаррас буда, китобу мақолаҳои илмиашон дар дохил ва берун аз кишвар мавриди эътирофи мутахассисон ва дӯстдорони таърих гардидаанд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки устод Саидов Абдуқаҳҳор муаллиф ва ҳаммуаллифи 26 рисолаи илмӣ, китоби дарсӣ, дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ буда, зиёда аз 150 мақолаи илмии ӯ дар дохил ва хориҷи кишвар дар маҷмуаву маҷаллаҳои илмӣ чоп шудаанд. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои калони илмии ӯ доир ба таърихи Фарѓона соли 2011 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо забони англисӣ нашр гардидааст. Дар бисёр симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Узбекистон, Туркманистон, Эрон, Хитой, Ҳиндустон, Кореяи Ҷанубӣ ва мамолики дигар баргузор гардидаанд, ширкат варзида, суханронӣ намудаааст. Бобҳои чаҳорум ва панҷуми ҷилди сеюми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2013) ва боби дуюми ҷилди чоруми «Таърихи халқи тоҷик» (Душанбе, 2010) ба қалами ӯ тааллуқ доранд.
Дар кори ин ҳамоиши илмию назариявӣ донишмандони собиқадор ва пажуҳишгарони ҷавон дар мавзуҳои гуногун суханронӣ намуданд.
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ ГАРМХОНАИ ПАРВАРИШИ ЛИМОН ВА ДИГАР МЕВАҲОИ СУБТРОПИКӢ ДАР ЗАМИНҲОИ ТАҶРИБАВИИ ИНСТИТУТИ БОТАНИКАИ АМИТ
Имрӯз, 25 ноябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз гармхонаи парвариши лимон ва дигар меваҳои субтропикӣ дар заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар қитъаи заминҳои таҷрибавии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо дарназардошти бунёди боғи коллексионии растаниҳои субтропикӣ, бунёди боғи модарӣ ва дар оянда зиёд намудани ниҳолҳои навъҳои мандарин, афлесун, ба ниҳолҳои бо тарзи қаламча парваришёфтаи лимӯи Мейер, пандероза, грепфрут, лайм, авакадо, манго, фейхоа, чайота (бодиринги мексикоӣ), маракуя, мамордика, папая (дарахти харбуза) ва зайтун таҷрибаҳои омӯзишӣ гузошта шуданд ва бо мақсади баланд бардоштани маҳсулнокии зироатҳои мазкур ва ба истеҳсолот пешниҳод намудани тавсияҳои асосҳои илмӣ дошта омӯзиши онҳо ба роҳ монда шудааст.
Таъкид гардид, ки дар минтақаи таҷрибавӣ бо мақсади омӯзиши маҳсулнокии дарахтони себи қадкӯтоҳ дар боғҳои интенсивӣ, ниҳолҳои себҳои дар тагпайвандҳои қадкӯтоҳ пайвандшуда, дар китъаи таҷрибавии институт шинонида шуданд ва мушоҳидаҳои фенологӣ ва таҳиқотҳои илмӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар қитъаи таҷрибавӣ барои дар оянда ба роҳ мондани парвариши меваи кивӣ дар шароити Тоҷикистон, навъҳои гуногуни растании кивӣ шинонида шуд, ки парвариш ва усулҳои афзоиши он омӯхта шуда истоданд
Зимни боздид гуфта шуд, ки рустаниҳои ситрусӣ гурӯҳи калони дарахтони мевадори ҳамешасабзро ташкил дода, ба ҷинси ситрус (Citrus) мансубанд, ки мутааллиқ ба зероилаи норинҷиҳо (Aurantioideae) ва оилаи судобиҳо (Rutaceae) мебошанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рустаниҳои ситрусиро дар хандақҳо ва лимухонаҳо аз солҳои сиюми асри 20 мепарваранд. Барои ин хоса шароити иқлими вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Ҳисор, водии Кофарниҳони Поён, водии дарёи Панҷ, водии дарёҳои Сурхоб, Яхсу, водиҳои Данғараю Ёвон ва навоҳии тобеи марказ мувофиқ аст.
Ҳамзамон зикр гардид, ки чайот-бодириги мексикоӣ (Sechium edule L.) растании бисёрсола буда, дорои танаи хазанда мебошад. Меваи чайот аз замонҳои қадим хӯроки ҳиндуёни Амрико мансуб мешуд. Чайотро бори аввал ба Тоҷикистон соли кормандони илмии Институти ботаника, физиология генетикаи растании АМИТ аз кишвари Краснодари Русия оварда, мавриди тадқиқот қарор дода буданд. Ҳамчунин тарзи афзоиши чайот, агротехникаи парвариш ва сифати ҳосили ба аст оварда ҳамаҷониба таҳқиқ карда шудаистодаст. Таркиби меваи чайот аз равған, протеин қанд, оҳар, каротин, моддаҳои минералӣ, калий, магний, оҳан, фосфор, витаминҳо С, В1, В2, РР ва инчунин протеин 19-аминокислотаҳо ки 8-и онҳо ивазнашаванда мавҷуд мебошад.
Гуфта шуд, ки маракуйя-marakuya меваи тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда (печанда) масуб аст. Гули рангини зебои диққатҷалбкунанда мебошад. Мевааш дорӯзрӯя буда, то 8-10см андоза дорад. Меваи маракуйя аз шакли берунааш онқадар диққатҷалбкунанда набошад ҳам, дохили мевааш зарди базеб ва хуштаъм аст. Маракуйя бо сабаби таркиби бойи биохимиявӣ доштанаш, аҳамияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Меваи маракуйя аз 25-40 фоиз шарбат дорад. Дар таркиби шарбати меваи маракуйя правитамини А, витаминҳои С, В2, В3, В6, В9, микроэлементҳои К, Fe, Mg, P, ва 73% об, 22% ангиштоб, 2% сафеда, 0,7% ҷарбҳо дида мешаванд.
Инчунин, момордика (мomordica)- растании тропикӣ буда, ба гурӯҳи растаниҳои хазанда, яъне печанда сабзанда мансуб аст. Парвариши момордика дар қитъаи таҷрибавии Институти ботаника, физиологи ва гентикаи растании АМИТ омӯзиши нахустин дар шароити Тоҷикистон мебошад. Дар як сол то 2,5-3м қад мекашад ва худи ҳамон сол ҳосил медиҳад. Мевааш то 10-15 см месабзад. Момордика аз сабаби таркиби биохимиявии бой доштанаш, амияти ғизоӣ ва шифоии хуб дорад. Барои табобати бемориҳои гепертонӣ, геморрой, захми меъда, диабет, лейкомия, паст намудани холестерини хун, баланд брдоштани иммунитет, кам кардани ваз ва ғайра истифода мегардад.
ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БА ҲАЙСИ НОИБИ ПРЕЗИДЕНТ ВА АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ОСИЁ ИНТИХОБ ГАРДИД
Дар ҷараёни Анҷумани умумии аввалини Академияи илмҳои Осиё (AASc), ки дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ба ҳайси ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид.
Маврид ба зикр аст, ки ин интихоби таърихӣ шаҳодати эътирофи ҷаҳонӣ ба саҳми шоиста ва нуфузи олимони тоҷик дар пешрафти илм ва тадқиқотҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Ҳамчунин, ин иқдом нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар фазои илмии Осиё ва ҷаҳон ҳамчун кишвари дорои дараҷаи баланди илмӣ ва олимони соҳибмаърифат эътироф мешавад.
Интихоби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар мақоми роҳбарикунанда дар Академияи илмҳои Осиё имконият медиҳад, ки ҳамкориҳои илмӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои Осиё, инчунин барномаҳои муштараки тадқиқотӣ ва таҳқиқотҳои стратегии илмӣ густариш ёбанд.
Ёдовар мешавем, ки Анҷумани умумӣ бо иштироки 121 вакил аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла: Чин, Русия (бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тотористон, Ҷумҳурии Чечен, Ҷумҳурии Доғистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон); Ҳиндустон, Ҷопон, Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Покистон, инчунин кишварҳои ғайриосиёӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Юнон, Молдова ва Беларус баргузор гардид. Дар он 97 вакил дар интихобот иштирок карда, ба ҳайси роҳбарони Академия ва аъзои комил ва вобаста интихоб шуданд.
Бояд гуфт, ки ин интихобот барои рушди фазои ягонаи илмӣ ва ҳамгироии донишмандони Осиё аҳамияти беназир дошта, эътирофи саҳми Тоҷикистон ва олимони он дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Академияи илмҳои Осиё ягона муассисаи илмие мебошад, ки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои ҳамгироии донишмандони Осиё, рушди тадқиқотҳои илмӣ ва густариши ҳамкориҳои стратегӣ байни кишварҳои қитъаи Осиё таъсис ёфта, тамоми муассисаҳои илмии минтақаро ба ҳам овардааст.
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ 24.11.2025
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.
Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.
Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.
Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.
Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.
Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.
Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем:
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.
Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.
Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.
Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.
Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.
Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.
Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.
Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.
Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.
Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.
Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.
Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.
Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!