
ТАШРИФИ ДАБИРОНИ КУЛЛИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД БА ТОҶИКИСТОН ҲАМЧУН РАМЗИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХИ КУҲАНИ АҶДОДОНИ ТОҶИКОН
Дар тӯли таърихи худ Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро на танҳо бо фарҳанги беназир ва ёдгориҳои таърихии худ, балки бо намунаи ҳаллу фасли мушкилотҳои глобалӣ низ ҷалб кардааст, ки ин ҳама дар сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд. Маҳз дар давроне, ки Пешвои миллат роҳбарии кишвари азизи мо – Тоҷикистонро бо як масъулияти баланд бар душ гирифтаанд, таърих ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи роҳбари кишвар қарор гирифта, мероси фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмиллаӣ мақом ва ҷойгоҳи махсусро пайдо кард. Ин гуфтаҳоро бузургдоши як қатор чорабиниҳои аҳамияти таърихидошта, аз ҷумла ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999), 1150 - солаги асосгузои адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (соли 2008), ҷашнҳои 2500 - солагии шаҳри бостонии Истаравшан, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоби бостонї, 3000 – солагии Ҳисори Шодмон (соли 2015), 1310 – солагии Имом Абуҳанифа, 1000 – солагии иншои «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ (5.09.1994), 680 – солагии олим ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 1995), 5500-солаги Саразми бостон (соли 2020), 2500-солагии ёдгории камназири Тахти Сангин (соли 2023) ва монанди инҳо тасдиқ менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки ба ифтихори 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи аввалин осорхонаи хусусияти миллидошта, яъне Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Иститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз муҳимтарин иқдомҳои Пешвои муаззами миллат дар самти ҷамъоварӣ, ҳифз ва муаррифи меросӣ фарҳангии гузатаи аҷдодӣ буда, барои имрўзу фардои кишвар хизмат хоҳад кард. Чунин ташаббусҳову иқдомоти Сарвари давлат буд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таъриху фарҳанги асили аҷдодӣ афзуда, шахсиятҳои баруманди сиёсӣ, роҳбарони ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, ба хусус, Созмони Милали Муттаҳид аз Тоҷикистони соҳибистиқлол борҳо дидан намуда, аз мероси гаронбаҳои гузаштагони ин сарзамин ғизои маънавӣ гирифтаанд.
Сафари дабирони кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун рамзи эътирофу эҳтироми давлати навини мо ва арзишҳои фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷикон мебошад. Дар ин матлаб сафарҳои се дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид – Кофи Аннан, Пан Ги Мун ва Антониу Гутерриш ва аҳамияти онҳо барои Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
Бояд иброз дошт, ки ҳар як сафари расмии намояндагони ин ё он давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ба рамзи эътироф ва эҳтиром ба таърихи қадим ва мероси фарҳангии мардуми тоҷик табдил ёфтааст.
Сафари Кофи Аннан. 22 октябри соли 2002 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ташриф овард ва ҳамчун арзи эҳтиром ба гузатаи бою рангини халқи тоҷик дар китоби таасуроти меҳмонони осорхона хотироти худро дарҷ намудааст. Ин сафари ӯ як рӯйдоди муҳим дар таърихи равобити байналмилалии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид гардид. Дар суханрониҳои худ Кофи Аннан борҳо саҳми беназири Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли осоиштаи низоъҳо таъкид мекард. Ва ин иқтибос аз гуфтаҳои эшон «Президенти Тоҷикистон намунаи шоистаи аз шаклҳои хушунатомези ҳалли низоъҳои дохилӣ даст кашиданро нишон дод.» (22 июни соли 1999). Ё, «Тоҷикистон барои бисёр кишварҳои дигар дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ сабақи беназир дод. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи эҷоди сулҳ мебошад» (26 июни соли 2000). Инчунин, дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намуда буд ки: «Таҷрибаи сулҳи тоҷикон сазовори он аст, ки ҳаматарафа омӯхта шавад».
6 апрели соли 2010 бошад, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун зимни сафар ба кишвари азизи мо – Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ташриф овард. Дар суханрониҳои худ ӯ эҳтироми хоссаашро ба роҳбарияти кишвар ва талошҳои эшон дар дастгирии ташаббусҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳор менамуд.
Ҷаноби Пан Ги Мун борҳо дар баромадҳои хеш нисбат ба Пешвои миллат иброз дошта буд, ки: «Шумо роҳбари давлате ҳастед, ки ман ба он эҳтироми хосса дорам. Шумо ташаббусҳои шахсии ман, инчунин Созмони Милали Муттаҳидро ҳамеша дастгирӣ менамоед.» Инчунин, «Иштироки Шумо (дар ҷаласаҳои СММ) ҳамчун роҳбари ташаббускор ва ҷонибдори ибтикорҳои СММ ба ҳалли масъалаҳои баррасишаванда мусоидат хоҳад намуд» (Сентябри соли 2009).
Сафари Антониу Гутерриш. 5 июли соли 2024 дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмони олиқадрро дар даромадгоҳи осорхона муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насреддин ва президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт пешвоз гирифтанд ва аз ҷониби директори осорхона барои ҷаноби Антониу Гутерриш ва ҳайати ҳамроҳашон дар бораи сарзамини куҳани тоҷикон ва ёдгориҳои таърихии маҳфуз дар ҳудуди Тоҷикистон як сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид аз боздиди худ розӣ шуда, дар дафтари меҳмонон таассурот ва миннатдории худро сабт намуд. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт барои хотира ба меҳмони олиқадр китобе туҳфа намуд.
Ҳамин тавр, аз замони таъсиси Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистони назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (осорхона 7.09.2001) се нафар дабирони кулли СММ ташриф овардаанд, ки боиси ифтихор буда, аз эҳтироми хосаи дабирони кулли СММ ба гузаштаи бою рангини халқи тоҷик шаҳодад медиҳад.
Дар фарҷоми ин матлаб, қайд кардан ба маврида аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамкориҳои байнифарҳангӣ чунин сафарҳо нақши муҳим доранд. Онҳо дар ҳифз ва тарғиби мероси таърихӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни миллатҳо ва барангехтани таваҷҷуҳ ба омӯзиши тамаддунҳои қадима мусоидат мекунанд. Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназири таърихӣ ва фарҳанги бойи худ ҳамеша як нуқтаи муҳим дар харитаи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Ҳамин тавр, сафарҳои дабирони кулли Созмони Милали Муттаҳид ба Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон аз аҳамияти хосаи мероси фарҳангии кишвари мо дар таърихи башарӣ, равобити байналмилалӣ ва эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз талошҳои Тоҷикистон дар ҳифзи сулҳу субот, эътирофи Истиқлолияти комили кишвари азизи мо гувоҳӣ медиҳад. Ин сафарҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарғиби табодули фарҳангӣ мусоидат намуда, инчунин рамзи эҳтиром ба таърихи бой ва фарҳанги мардуми тоҷик мебошанд.
Пӯлотов Абдураҳмон, - директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ДАСТГОҲҲОИ НАВИ ДОРУСОЗӢ ДАР АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 22 сентябр дар заминаи муассисаи илмию таҳқиқотии “Маркази инноватсионии Хитою Тоҷикистон оид ба маҳсулоти табиӣ” Академияи миллии миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳайати олимону кормандон сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ, ки аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон истеҳсол карда мешаванд мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳҳои насбкардашуда бевосита бо дастуру ҳидоятҳои илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон ва бо кӯмаки Муассиси тарафи Хитоии Марказ Институти Техникии Физика ва Химияи Шинҷони Академияи илмҳои Хитой бо маблағи 1,5 миллион сомонӣ ҳамчун маблағи бебозгашт оварда шудаанд.
Дар марказ зиёда аз 20 адад дастгоҳҳои наву замонавии элаки ларзон (барои бехтан ва ба фраксияҳо ҷудо намудани дилхоҳ мавод), майдакунак (барои майда намудани маводҳои фаъоли биологӣ), ғурушасози хушк (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), ғурушасози намнок (барои тайёр намудани ғурушаҳо ва омода намудани шаклҳои гуногуни маводи доруворӣ аз онҳо), омехтакунак (барои омехта намудани якчанд маводи фаъоли фарматсевтӣ), ҷевони хушккунии ҳавокаш (барои хушк намудани экстрактҳо), 3D – омехтакунак (барои омехта намудани ду ва зиёда ингредентҳои душворомехташаванда), дастгоҳи қурссозӣ (барои истеҳсоли қурс (таблетка)), дастгоҳи ғилофаксозӣ (барои истеҳсоли ғилофакҳо (капсула)), дастгоҳи халтачаҳои доруворӣ (барои бандубасти растаниҳои шифогӣ дар халтачаҳо), дастгоҳи бандубасти қурс (барои борҷомасозии қурсҳо), дастгоҳи руйпушкунии қурсҳо (барои руйпӯшкунии қурсҳо тавассути моеъҳои руйпушкунанда), экстрактор универсалӣ (барои истихроҷи маводи фаъоли биологӣ аз таркиби растаниҳо), ҷевони хушккунии экстрактҳо (барои хушк намудани ҷабидаҳои гиёҳӣ), дастгоҳи шарбатсозӣ (барои истеҳсоли шарбатҳои табобатӣ), дастгоҳ барои суфткунонии қурсҳо (барои тоза намудани қурсҳо аз заррачаҳо), тестер барои ҳалшавандагии курсҳо, тестер барои муайянсозии устуворӣ ва диаметри қурсҳо, тестер барои муайянсозии вазн ва андозаи қурсҳо муҷаҳаз гардонида шуданд.
Мақсади асосии насби дастгоҳҳои нави дорусозӣ аз он иборат мебошад, ки дар асоси растаниҳои омухташуда таҳия ва технологияи маводҳои доруворӣ ба роҳ монда шавад. Бояд гуфт, ки олимони марказ алакай дастгоҳҳои мазкуро ба кор андохта аз растаниҳои шифобахши флораи Тоҷикистон маводҳои доруворӣ истеҳсол намудаанд, ки натиҷааш ба ҳайати роҳбарият ва олимону кормандон муаррифӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар як муддати кутоҳ бо кӯшишу заҳматҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар заминаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 32 адад озмоишгоҳҳои наву замонавӣ бо техникаву технологияҳои муосир мавриди истифода қарор дода шуд, ки маҳз барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқон мусоидат менамояд.
Таъсиси ин сехи хурди истеҳсоли маводҳои доруворӣ яке аз он иқдомҳое аст, ки дар пайрави аз сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон аз ҷониби роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки таъсисёбии маркази муштарак дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Рахмон оиди коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ сарчашма мегирад.
Имрӯз, 22 сентябр дар толори Институти кимиёи ба номи В.И Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.
Дар машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт он дастуру супоришҳое, ки дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ба вогузоштанд саҳми олимон расониданд.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш зарурати ҷоннок намудани корҳои назоратӣ аз болои истифодаи оқилонаи захираҳои табииро таъкид намуда, барои беҳтарсозии корҳо дар ин самт ба олимону кормандони соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш пешниҳод намуд, ки назорати ифлосшавии ҳаво, об ва хок бо истифода аз технологияҳои муосир тақвият дода шавад. Инчунин, ба масъулини соҳа аз ҷумла Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки олимон дар ин самт корҳои худро ҷоннок намуда, барои санҷиши ифлосшавии ҳаво, об ва хок дар ҳолати омодагӣ қарор дошта бошанд.
Зимни суханронӣ дар мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омӯзиш ва нигоҳубини бабри барфӣ ва гусфанди Марко поло таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои ҷоннок намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар ин самт ба олимони соҳа дастурҳои мушаххас доданд.
Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мавҷудияти ҳайвонотҳои нодире, ки дар табиати Тоҷикистон аз ҷумла бабри барфӣ ва гусфанди Марко поло зиндагӣ мекунанд барои муарррифии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми машварат президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз олимони кишвар даъват ба амал оварданд, ки ин дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ намуда барои амалисозии онҳо тамоми кушишҳоро ба харҷ диҳанд.
РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШРИ “РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ – ДАСТПАРВАРИ МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Имрӯз, 18 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби тозанашри «Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт чоп гардидааст, рӯнамоӣ гардид. Ба рӯнамоии китоби мазкур ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш изҳор дошт, ки ба ифтихори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби тозанашр бо номи “Рустами Эмомалӣ – дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо услуби хосса рӯйи чоп омад ва боиси сарфарозии ҳайати олимони кишвар аст, ки рӯнамои китоби мавриди назар дар боргоҳи илму маърифати тоҷик-Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор мегардад. Басо рамзист, ки рунамои китоби мазкур ба тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷиҷикстон рост омадааст, ки ба ин муносибат яко яки Шумо ҳозирини арҷмандро табрику таҳният мегӯем.
Таъкид гардид, ки китоби “Рустами Эмомалӣ - дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” бо сифати баланд чоп шуда, фарогири мақолаҳои 18 нафар чеҳраҳои маъруфи кишвар мебошад. Китоб аз 280 саҳифа иборат буда, нигоштаҳои он бо 3 забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ таълиф шудаанд. Муаллифони мақолаҳо дар сохторҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ ва илмию фарҳангӣ фаъолият менамоянд, ки нигоштаҳои хешро дар асоси санаду далел таълиф намуда, раванди меҳнату кӯшишњои созандагиву бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро инъикос намудаанд. Китоб бо аксаҳо оро ёфтааст, ки аксҳои дар китоб ҷойдода муҳтавои нигоштаҳоро таҳкиму тақвият мебахшанд.
Гуфта шуд, ки бо 3 забон нашр шудани китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани дастовардҳои 8 соли охири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба пойтахти кишвар мусоидат менамояд.
Китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” маҷмуи мақолаҳои олимону зиёиён ва ходимони давлатию сиёсии кишварро ҷиҳати муаррифии хизматҳои мондагори шаҳрдори ҷавон-муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвар ва идомабахши мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бар гирифтааст.
Воқеан, мактаби давлатдории Пешвои миллат ба ҳайси бузургтарин мактаби сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ эътироф шуда, ин мактаб ба таҳкими сулҳу субот, амнияту осоиштагӣ дар сартосари мамлакат, рушди тамоми инфрасохтори кишвар замина гузошта, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар як муддати кутоҳ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун як ҷумҳурии сарсабзу хуррам, бо суръат рушдкунанда ва муҳимтар аз ҳама ба як кишвари ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ табдил дод. Ин мактаби бузурги сиёсӣ дар ташаккул ва рушду инкишоф ёфтани шахсиятҳои ворастаи сиёсӣ ва тарбияи нерӯи зеҳнию ақлонии кишвар мунтазам мусоидат намуда, дар худ як қатор чеҳраҳои сиёсиро ба камол расонидааст. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ-шаҳрдори ҷавони кишварро метавон бешак аз зумраи беҳтарин дастпарварони асили ин мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат номид, ки тули фаъолияти хеш ба ҳайси шарҳрдори кишвар шаҳри Душанберо ба беҳтарин маркази маъмурии кишвар, давоми фаъолияти хеш ба ҳайси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон нишон додани ташаббуси байналмилалӣ дар соҳаи мазкур ва ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Палатаи болоии парломуни кишвар-Маҷлиси Миллиро ба яке аз ниҳодҳои асосии ташаббускор дар низоми қонунгузории кишвар табдил дод.
Дар ин росто лозим ба ёдоварист, ки маҳз завқи баланди кордонӣ, эҷодкорӣ, андӯхтани таҷрибаи кишварҳои мутамаддин, маҳорати шоистаи роҳбарӣ, ишқи ҳақиқӣ ба Ватан, нигоҳи шаҳрофар ва иқдоми бузурги бунёдкориву созандагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчун дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат буд, ки дар пойтахти кишвар раванди ободиву навсозиҳо нисбат ба 10-солаи қалб рушд намояд. Пешрафти босуръати соҳаҳои гуногун дар шаҳри Душанбе ба рӯйдоди муқаррарӣ табдил ёфтааст ва натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии солҳои охир пойтахтро бо солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса кардан имконнопазир мебошад.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон зимни суханронии хеш изҳор дошт, ки чопи китоби “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва рӯнамоии он дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ин гувоҳӣ аз эҳтироми беандоза гузоштани олимону муҳаққиқон ба заҳмату талошҳои созандаи шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад. Таъкид гардид, ки дар китоби мазкур фаъолияти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути таҳияи мақолаҳои гуногун таҷассум ёфтааст, ки ин фаъолият намунаи ибрат аст. Муаллифон зимни таҳияи мақолаҳои хеш дар асоси далелу санад ҳақиқати ин иддаоро дар китоби мазкур исбот кардаанд. Китоби тозанашр дабистони муқаддасест, ки ҷавонони имрӯзу фардо аз он сабақи зиндагӣ, дарси хештаншиносиву ватандорӣ ва созандагиву бунёдкориро меомӯзанд.
Сипас, узви вобастаи АМИТ Муҳаммад Абдураҳмон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷурахон Зоир Маҷидзода, доктори илмҳои таърих Насрулло Убайдулло Каримзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон, доктори илмҳои фалсафа Ҳайдарзода Рустам дар маърузаҳои хеш доир ба чопи китоби тозанашри “Рустами Эмомалӣ-дастпарвари мактаби давлатдории Пешвои миллат” ва фаъолияти пурсамари шаҳрдори ҷавон муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷом Мирзоамини Мирсаидзода барои талошу заҳматҳои анҷомдодааш дар мураттабгардонии китоби мазкур бо Ифтихорномаи Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қадршиносӣ гардонида шуд.
САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ГЕНДЕРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ
17 сентябри соли равон зимни вохурии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо занону бонувони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон курси омӯзишии “Зан – сарвар” ҷамбаст гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар суханронии хеш қайд намуданд, ки таи солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тавонист, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намояд. Ҳукумати кишвар бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хоскор карда баромад.
Таъкид гардид, ки имрӯзҳо маҳз бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар муҳим арзёби мегардад. Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ нақши занонро дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта, маҳз барои таҳсил ва фаъолияти онҳо дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам овардааст.
Боиси зикри хос аст, ки дар заминаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои занон ва бонувон фаъолият менамояд, ки занону бонувон дар ҳар давру замон бо масъулияти баланди ватанпарастӣ дар пешрафти соҳаи илми кишвар ва баланд бардошатни нуфузу эътибори кишвари Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард. Бо ҳамин мақсад бо ташаббуси президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар байни занону бонувони академия курси омӯзишии “Зан сарвар” таъсис дода шуда буд.
Шурӯъ аз лаҳзаи фаъолият дар ин курс аз тамоми ниҳодҳои илмӣ бонувон иштирок намуда, аз суҳбат бо бонувоне, ки дар ҳаёти сиёсии кишвар нақши устувор гузоштаанд баҳравар гардиданд. Сипас дар анҷоми вохурӣ зумрае аз занону бонувон бо Шаҳодатномаи хатми курси мазкур қадршиносӣ гардид.
15 сентябри соли 2025 Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, муҳтарам Нурланбек Тургунбек уулу, бо ҳайати ҳамроҳаш дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бинои Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.
Роҳбарияти КВД «Шаҳри ҳушманд» ташрифи меҳмононро гарму самимӣ истиқбол намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносиб барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дуҷониба арзёбӣ карданд.
Ҳайати меҳмонон нахуст аз бинои корхона дидан намуда, бо фаъолияти корхона ва имкониятҳои технологӣ ва инфрасохтории КВД «Шаҳри ҳушманд» шинос гардиданд.
Мақсади асосии вохӯрӣ табодули таҷриба дар самти ташкили «шаҳрҳои ҳушманд» ва татбиқи ҳалли пешрафтаи технологияҳои иттилоотӣ дар муҳити шаҳрӣ арзёбӣ гардид.
Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати барқарорсозии робитаҳои шарикӣ миёни муассисаҳои соҳавии ду кишвар изҳор намуда, пешрафти назарраси шаҳри Душанбе дар самти рушди рақамиро таъкид карданд.
Вохӯрӣ дар фазои созанда ва самарабахш баргузор гардида, бо нияти густариши ҳамкориҳои минбаъда ба анҷом расид.
Паёми Душанбе
Имрӯз, 13 сентябр дар толори Маркази илмии Хуҷанди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати 34- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсяи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик” баргузор гардид.
Ба кори конфронс президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҳусни оғоз бахшида, дар сухани ифтитоҳии хеш бори дигар иштирокдорони конфронсро бо эҳсоси садоқат ва муҳаббати бепоён ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи ду озмоишгоҳи наву замонавӣ, самимона ва содиқона табрику таҳният намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад. Ин вобаста ба он аст, ки баъди давлати Сомониён танҳо таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон фароҳам сохт, ки ормону орзуҳои деринаи тоҷикон амалӣ гашта, роҳи аз нав бунёд сохтани давлатдории миллии навин пеш гирифта шавад.
Заминаҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ барои кишвару миллати тамаддунофари мо, барои мардуми соҳиби таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи тоҷик гуногун буданд. Аммо, чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, маҳз ормони қариб ҳазорсолаи халқи мо барои аз нав бадастории соҳибистиқлолӣ моро ба ин бузургтарин неъмати давлатдорӣ расонид, зеро “Решаҳои Истиқлоли мо ба умқи таърихи пурифтихори халқамон мерасанд!».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми Тоҷикистон на танҳо ба дарки маънои соҳибихтиёрию истиқлолият расид, балки Рӯзи истиқлолиятро дар баробари ҷашнҳои бузурги миллии қадимаамон, чун Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва амсоли он арҷгузорӣ намуда, имрӯз ҳамасола 9 сентябр дар тамоми гӯшаву канори Ватани азизамон бо як шукуҳу шаҳомати хосса хурду бузург, зану мард онро ҷашн мегиранд.
Ин нишонаи он аст, ки соҳибихтиёрӣ, яъне ба дасти худ гирифтани зимоми давлатдорӣ аз ҷониби миллати унвонӣ – тоҷикон, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун танзими мустақилонаи ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии тамоми сокинони кишвар новобаста аз баромади этникияшон дар Тоҷикистон мояи ифтихори ҳар як шаҳрванд буда, онҳо ҳамчун шаклҳои олии зуҳури озодӣ, ки барои инсон бузургтарин неъмати табиӣ ба ҳисоб меравад, қадрдонӣ карда мешаванд.
Зикр гардид, ки фароҳам овардани шароити корӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои наву замонавӣ яке аз дастовардҳои арзишманди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки маҳз имрӯз бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида истодаанд.
Имрӯз, 12 сентябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо намояндаи Вазорати тандурустии Федератсияи Русия Мамедов Меҳман Ниёзиевич мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт меҳмонро бо хушнудӣ истиқбол намуда, дар робита ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтӣ маълумоти муфассал дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо барои дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, гузаронидани озмоишҳои муштарак бо олимони Шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фармасевтии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти кардиология ба мувофиқа омаданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо зимни суханронии хеш ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ дар самти омода кардани кадрҳои илмӣ тавассути табодули академӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Инчунин, ҷонибҳо барои баргузорӣ ва иштирок дар симпозиюми байналмилалӣ бахшида ба 1045 – солагии олими бузурги тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, изҳори андеша намуданд.
Имрӯз, 12 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ “Хирад”- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҳфили навбатӣ китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт», ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз ҷониби мураттибон профессор Суфизода Шодимуҳаммад ва академик Муҳаммадюсуф Имомзода омода гардидааст, рӯнамоӣ гардид.
Дар оғози маҳфил президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт иброз дошт, ки устод Садриддин Айнӣ аз чеҳраҳои калидии таърихи навини тоҷикон буда, саҳми ӯ дар истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллӣ қобили таваҷҷуҳ аст. Воқеан, ба унвони бунёдгузори адабиёти навини тоҷик ва нахустин президенти Академияи милллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷумлаи пешоҳангоне ба шумор меравад, ки равишҳои мухталифро дар пажӯҳишҳои илмӣ ҳамаҷонибаву мукаммал ба роҳ монда, заминаҳои ташаккули илми муосири тоҷикро фароҳам оварданд.
Умуман, таъсири амиқе, ки устод Садриддин Айнӣ ба ҷаҳони маънавӣ ва маърифати мардум дошт, то ба имрӯз пояндаву арзишманд аст. Ба таъбири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «устод Айнӣ тимсоли зиёии пешқадаме мебошад, ки тамоми умр фаъолияти серҷабҳаашро сарфи хизмат ба миллати хеш кардааст».
Таъкид гардид, ки китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» библиографияи осори мутафаккири бузург, Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва адабиёт доир ба ӯро фаро гирифтааст. Асари мазкур як таҳқиқоти муҳим ва муфассалест, ки ба таҳлили мероси адабии Садриддин Айнӣ ва пажуҳишҳое, ки дар бораи ӯ анҷом дода шудаанд, бахшида шудааст. Феҳристи мазкур ҳамчун як манбаи боэътимод ва роҳнамои арзишманд барои муҳаққиқон ва ҳаводорони фарҳангу адабиёт пешкаш мегардад.
Дар идомаи маҳфил ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф, директори Китобхонаи марказии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Индира Ганди Шодимуҳаммади Сӯфизода, шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким суханронӣ намуда, бори дигар аз хизматҳои таърихии устод Садриддин Айнӣ дар рушди забон ва адабиёти муосири тоҷик ёдовар гардиданд.