Ба истиқболи 33-умин солгарди
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолмаънии ҳаёт ва омили таъминкунандаи саодати рӯзгори инсоният аст. Дар ҳама давру замон одамият Истиқлолро шарти асосии бунёди ҷомеаи солим ва рушдёфта донистаанд. Аз ин рӯ, Истиқлол инъикосгари ҳаёти орому осудаву осоиштаву боамни давлату миллат ба ҳисоб меравад.
Дар марҳалаи давлатдории навини тоҷикон дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди милливу давлатӣ буда, рушди ҳамаҷониба ва устувори давлат ба ин падидаибузург пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҷониби дигар, мафҳумҳоиИстиқлол, Сулҳ, Ваҳдат ва субот ба ҳамдигар тавъам буда, заминагузори давлати нави соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон маҳсуб меёбанд.
Мусаллам аст, ки раванди бунёд, бадастоварӣ ва истиқрори Истиқлолу Сулҳу Ваҳдат ва дар ин марҳала ҳифзу буми Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоятбузургу бориз аст. Яъне, шукуҳу ҷалоли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ин неъмати созанда ва дастоварди пурарзиш нақши хоссаи худро гузоштаанд.
Дар идомаи фаъолияти пурсамар ва пурмаҳсул, бахусус талошҳои пайваставу ҳамешагии Пешвои миллат дар Тоҷикистон суботу ҳамгироии миллӣ барқарор гашта, фазои субот, амнияти миллӣ ва ваҳдату якдилӣ устувор гардид, ки ин пеш аз ҳама самараи ҷасорату матонати сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамагуна имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷиҳати амалигардонӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар фароҳам оварда шудаанд, ки чунин барномарезиҳои стратегӣ омили таъминкунандаи рушди устувори Тоҷикистон маънидод мегарданд.
Дар замони Истиқлол таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва рушди маънавиёту рушди зеҳнияти илмиву техникии онҳо аз ҷониби Пешвои миллат равона гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии илмии насли ҷавон хеле тадбирҷӯиҳои саривақӣ ва стратегияву барномаҳои муҳимму зарурӣ ба вуҷуд омаданд. Зеро яке аз воситаҳои асосии рушди давлат ин рӯй овардан ба илму маориф ва дар ин замина тарбияи мутахассисони варзида, бомаҳорат, забондон ва донишманду ватандӯст аст.
Агар нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, месазад, ки дар ин хусус як силсила таҳқиқоти бузургро анҷом дод.
Яке аз омилҳои таҳкимбахш ва муаррификунандаи давлату миллат ин роҳандозии сиёсати муваффақонаи хориҷӣ ва роҳ ёфтан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин масир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти Истиқлоли давлатӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад, ки ин ҳама натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Эътироф гардидани давлати мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо аксари кишварҳои дуру наздик, узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардидан, пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва даҳҳо муваффақиятҳои дигар дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳама бозгӯифаъолияти пурсамари мактаби дипломатияи муваффақиПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шинохти ҷаҳонии давлати миллии тоҷиконмусоидат намудаанд.
Ҳамин тариқ, марҳалаи дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистони азиз, ба фаъолияти созандаву бунёдкорона ва афкори созандаву ободиоварандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои хирадсолор ормони ҳазорсолаимиллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлати миллии тоҷиконро эҳё намуданд, ки ин бузургтарин саодат, баландтарин иқбол ва беҳтарин хушбахтӣ барои миллати тоҷик мебошад.
Ардамеҳр Ашуров - номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
News
Таҷлили тантанавии ҷашни Наврӯз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ
Бо фарорасии баҳори нозанин ва эҳёи табиат, санаи 4-уми апрели соли 2026 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт тамоми кормандонро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба кормандон ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар фаъолияташон муваффақиятҳои некро таманно намуд.
Бояд гуфт, ки устодон ва кормандони Институт дар ҷашни наврӯзӣ фаъолона иштирок намуданд ва дар он фазои идонаву рӯҳияи баланди миллӣ ҳукмфармо гардид.
Барномаи фарҳангӣ аз намоиши анъанаҳои миллӣ, сурудҳои дилнишин ва рақсу бозӣ иборат буд. Ҳамзамон, дастархони наврӯзӣ бо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ороста гардида, меҳмонон аз он баҳравар шуданд.
Роҳбарияти Институт ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯз табрик намуда, ба ҳамаи онҳо саломатӣ, саодатмандӣ ва дастовардҳои навро таманно намуд.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.
Имрӯз, 2 апрел дар толори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир ба фаъолияти илмии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Файзиев Абдулҳақ Раҷабович семинари илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Саҳми Файзиев Абдулҳақ дар рушди илми геологияи тоҷик» баргузор гардид.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии иброз дошт, ки имрӯзҳо давлату ҳукумати кишвар ба омӯзишу ошкор намудани канданиҳои фоиданоки сарзаминамон диққати махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи геологияро яке аз самтҳои афзалиятноки пешбурди иқтисоди кишвар медонанд. Зеро дар стратегияву барномаҳои давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуктаҳо возеҳ дарҷ гардидаанд. Аз ҷумла, Барномаи давлатии рушди соҳаи геология барои солҳои 2021-2030 аз ҷониби Ҳукумат қабул гардидааст ва иҷрои ҳар як банди ин барнома имрӯз аз шумо – геологони тоҷик вобастагии комил дорад.
Таъкид гардид, ки саҳми Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ҳамчун як фарди ватандӯст дар кашфи конҳо ва сарватҳои табиӣ хеле бузург аст. Мавсуф тайи солҳои тӯлонии фаъолияти пурсамари худ чандин конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла конҳои флюорити Тунихарв, Азрек ва Саркори Шарифро кашф намудаанд. Дар асарҳои илмии худ олими забардасти тоҷик А.Р. Файзиев бори нахуст нишон доданд, ки на танҳо Тоҷикистони Марказӣ, балки Помир ҳам минтақаи муҳими маъдани флюорит мебошад. Устод А.Р. Файзиев нахустин шуда дар Тоҷикистон намуди нави падидаҳои маъданиро, хосса металлҳо ва элементҳои нодир – карбонатитҳоро тавсиф карданд, ки дар онҳо захираҳои бузурги ин намуди унсурҳо мавҷуд аст.
Зикр гардид, ки асарҳои сершумори чопшудаи Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ба соҳаи минералогия, термобарогеокимиё ва шароити пайдоиши конҳои оҳан, тилло, нуқра, сурб, руҳ, оникси мармарӣ, аметист, барит ва ғайра бахшида шудаанд. Профессор Файзиев А.Р. нахустин шуда дар массивҳои ишқории Дункелдик (Помири Шарқӣ) ва Дараи Пиёз (Тоҷикистони Марказӣ) карбонатитҳоро кашф ва муфассал омӯхтаанд. Дар кони Дункелдик захираҳои азими флюориту элементҳои нодир ва дар мавзеи Дараи Пиёз пайдоишоти нави карбонатиро бори нахуст устод А.Р. Файзиев бо ҳамроҳии шогирдонашон ошкор кардаанд. Ба карбонатитҳо хелҳои гуногуни унсурҳо, аз қабили элементҳои нодир ва радиоактивӣ, ниобий, тантал, сиркон ва металлҳои ранга хосанд.
Гуфта шуд, ки ин олими соҳаи геология дар самти омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ низ саҳми беандоза бузург гузоштаанд. То лаҳзаҳои вопасини ҳаёти худ профессор Файзиев А.Р. ба арсаи илму истеҳсолот 22 номзади илм ва 2 доктори илмҳои геология ва минералогияро тарбия намуданд.
Қайд шуд, ки профессор Файзиев Абдулҳақ дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок дошта, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекарданд. Ӯ узви Ассотсиатсияи кристаллографҳои Аврупо, раиси бахши тоҷикистонии Иттиҳодияи термобарогеокимиёшиносонии Осиё, Уқёнуси Ором ва кишварҳои ИДМ, узви зеркомиссияи Осиёи Марказии Комиссияи иктишофии минералогӣ ва харитакашии кишварҳои ИДМ, узви Комиссияи давлатии ҷоизаи ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, узви комиссияи методии Ҷамъияти умумирусиягии минералогӣ ва Шурои петрографии Осиёи Миёна буданд.
Дар идома директори Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Сафарализода Носир, намояндаи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири энергетика ва захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш, ҳамчунин дигар олимону муҳаққиқони соҳаи геология баромад намуда, дар бораи аҳамияти фаъолияти илмии Файзиев Абдулҳақ Раҷабович, саҳми ӯ дар таҳқиқи конҳо ва рушди соҳаи геология дар Тоҷикистон суханронӣ карданд. Ҳамзамон иштирокдорони семинар таъкид намуданд, ки дастовардҳои профессор Файзиев на танҳо барои илми геология, балки барои рушди иқтисоди миллӣ ва омӯзиши сарватҳои табиӣ хеле муҳим мебошанд.
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ МАРКАЗИ МОНИТОРИНГИ СЕЙСМИКӢ ДАР ИНСТИТУТИ ГЕОЛОГИЯ, СОХТМОНИ БА ЗАМИНҶУНБӢ ТОБОВАР ВА СЕЙСМОЛОГИЯИ АМИТ
Имрӯз, 2 апрел дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар олимону меҳмонон Маркази мониторинги сейсмикӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ба истифода дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пеш аз ҳама ба роҳ мондани мониторинги шабонарӯзии сейсмикӣ мебошад, ки сабт ва коркарди ҳамаи ҳодисаҳои сейсмикиро дар Тоҷикистон дар реҷаи вақти воқеӣ (real-time) дар бар мегирад, инчунин муайян кардани координатаҳои манбаи заминларза (эпитсентр), чуқурӣ ва магнитудаи он бо истифода аз годографҳои маҳаллӣ, ташкил ва пешбурди пойгоҳи додаҳои сейсмикӣ барои таҳқиқоти илмии оянда ва омӯзишу тайёр намудани кадрҳои ҷавони техникӣ ва илмиро таъмин мекунад.
Зикр гардид, ки дар айни замон дар Маркази мониторинги сейсмикӣ ду навъи стансияҳои сейсмикӣ барои сабти заминларзаҳо ва муайян намудани параметрҳои онҳо истифода мешаванд. Аз ҷумла, стансияҳои рақамии васеъдиапазони сейсмикӣ барои сабти пайваста ва дақиқи доираи васеи ларзишҳои сейсмикӣ (аз заминларзаҳои дур то микроларзишҳо) пешбинӣ гардида, маълумоти бадастомада барои муайян ва баҳогузории режими сейсмикии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, омӯзиши сохтори геологии Замин, фаъолиятнокии шикастҳои тектоникӣ ва гузаронидани таҳқиқоти муҳандисию геологӣ истифода бурда мешавад.
Ҳамзамон, таҷҳизот барои сабти ларзишҳои шадиди сейсмикӣ (акселерометрҳо) имконият медиҳад, ки ларзишҳои сахти замин ва вибратсияи сохтмонҳо ҳангоми заминларза ба таври миқдорӣ ба қайд гирифта шаванд. Ин таҷҳизот суръат ва тезшавии мавҷҳои сейсмикиро дар замин сабт намуда, барои баҳодиҳии хатари сейсмикӣ, таҳлили рафтори биноҳо, тарҳрезии иншооти ба заминларза устувор ва инчунин огоҳсозии бармаҳал аз офатҳои табиӣ, аз ҷумла фурӯравии инфрасохтор ва лағжиши кӯҳпораҳо, истифода мегардад.
Ёдовар мешавем, ки иқдоми Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Маркази мониторинги сейсмикӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология дар таърихи 75-солаи Академия бори аввал буда, қадами муҳим дар самти таҳкими инфрасохтори илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди соҳаи сейсмология дар кишвар маҳсуб меёбад. Ин иқдом барои баланд бардоштани сатҳи омӯзишу таҳқиқоти равандҳои сейсмикӣ, таъмини амнияти сейсмикӣ ва омодагии муассир ба ҳолатҳои фавқулода заминаи мусоид фароҳам меорад.
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ИНСТИТУТИ МАТЕМАТИКАИ БА НОМИ АКАДЕМИК А. ҶӮРАЕВИ АМИТ
Санаи 2-уми апрели соли 2026 дар Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Чорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ва пурғановатарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ буда, рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пирӯзии некиву рӯшноӣ бар бадиву торикӣ мебошад. Мавсуф зикр намуданд, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз дар арсаи ҷаҳон ҳамчун рамзи сулҳ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии мардумон пазируфта шудааст.
Сипас, директори Институти математикаи ба номи академик А. Ҷӯраеви АМИТ, н.и.ф.м. Раҳимзода Алишер Орзу суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Наврӯз ҷашни покизагӣ, дӯстӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ буда, мардумро ба ваҳдат, созандагӣ ва ободкорӣ ҳидоят менамояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кормандони соҳаи илм низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа дар рушди кишвар ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар ин айём табиат эҳё гардида, замин қабои сабз ба бар мекунад ва инсон бо рӯҳияи нав ба зиндагӣ қадам мегузорад. Наврӯз бо суннатҳои неки миллӣ, аз ҷумла оростани хони «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», пухтани суманак, баргузории бозиҳои миллӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангӣ, шукӯҳи хоса дорад.
Ҳамзамон, саҳни Институт бо шиору овезаҳои наврӯзӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, атласу адрасбофӣ, асбобҳои мусиқии миллӣ ва оростани дастархони наврӯзӣ, аз ҷумла «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин», зебу зинат дода шуда, ба маърази тамошобинон гузошта шуд.Дар чорабинии идона олимону кормандон ва меҳмонон фаъолона иштирок намуда, барномаи фарҳангӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор кормандони фаъол ва меҳмонони гиромӣ барои саҳми арзанда дар ташкил ва баргузории чорабинии наврӯзӣ, иштироки фаъолона ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Институт сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон ба ҳамаи иштирокчиён барои саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ баён гардид.
Имрӯз, 1 апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Ба ин муносибат дар саҳни бинои Раёсати Академия барномаи фарҳангиву идона баргузор гардида, кормандону олимони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо рӯҳияи баланди идона иштирок намуданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бори дигар тамоми олимону кормандонро ба ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният хонда иброз дошт, ки таҷлили бошукӯҳи ҷашни Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ касб намудани он дар баробари эҳёи арзишҳои дигари моддию маънавии мо - тоҷикон аз ибтикороти наҷиб ва сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои муаррифии шоистаи давлату миллати мо дар арсаи ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ва пуршукуҳтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар халқҳои ориёитабор ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн таърихи бисёр қадимӣ дошта, ба андешаи муҳаққиқон, беш аз панҷ-шаш ҳазор солро дар бар мегирад. Калимаи «Наврӯз» аз ду вожа — «нав» ва «рӯз» таркиб ёфта, маънои «рӯзи нав», «оғози нав» ва «саршавии зиндагии тоза»-ро ифода мекунад. Наврӯз ҳамеша бо фарорасии фасли баҳор ва баробар шудани шабу рӯз таҷлил мегардад. Дар ин айём табиат аз хоби зимистон бедор мешавад, дарахтон сабз мегарданд, гулҳо мешукуфанд ва зиндагии нав оғоз меёбад. Аз ҳамин сабаб Наврӯз барои мардум рамзи эҳё, навсозӣ, умед ва шодӣ ба фардои зиндагӣ мебошад.
Қайд гардид, ки таърихи пайдоиши Наврӯз ба давраҳои хеле қадим, ба замони тамаддуни ориёӣ мансуб дониста мешавад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ва асотири қадимӣ иброз мегардад, ки Наврӯз ҳанӯз дар замони подшоҳи афсонавӣ Ҷамшед таҷлил карда мешуд. Мувофиқи ривоятҳо, Ҷамшед, пас аз он ки бар сармо ва торикӣ пирӯз шуд, рӯзи навро ҳамчун оғози соли нав эълон намуд ва мардум он рӯзро бо шодию нишот ҷашн гирифтанд. Аз ҳамон вақт ин рӯз ҳамчун рӯзи мубораку фархунда ва рамзи табиат дар байни мардум машҳур гардид.
Гуфта шуд, ки бисёр донишмандон ва таърихнигорон бар ин назаранд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни мардумӣ, балки як ҷузъи муҳими фарҳанги бостонии халқҳои Шарқ мебошад. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла дар замони ҳукмронии Ҳахоманишиён ва Сосониён Наврӯз бо тантанаҳои бузург баргузор мегардид. Подшоҳон дар ин рӯз маросими бошукуҳ баргузор мекарданд, ба мардум туҳфаҳо медоданд ва мардум низ бо шодию хурсандӣ ҳамдигарро табрик мегуфтанд.
Зикр гардид, ки дар осори бисёр донишмандон ва шоирону адибони машҳури ҷаҳон низ дар бораи Наврӯз маълумоти ҷолиб ба назар мерасад. Масалан, донишманди бузурги Шарқ Абӯрайҳони Берунӣ дар китобҳои худ дар бораи пайдоиш ва анъанаҳои Наврӯз маълумоти арзишманд додааст. Ҳамчунин шоири бузурги тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ дар асари машҳури «Шоҳнома» аз Наврӯз ҳамчун ҷашни фархунда ва рамзи пирӯзии нур бар торикӣ ёд кардааст. Ҳамчунин шоир ва ситорашиноси машҳур Умари Хайём низ дар «Наврӯзнома»-и худ ба аҳамияти ин ҷашн ишора намуда, Наврӯзро рамзи оғози зиндагии нав ва зебоии табиат медонад.
Қайд шуд, ки яке аз анъанаҳои муҳими Наврӯз пухтани суманак мебошад. Суманак аз гандуми сабзонида тайёр карда мешавад ва рамзи фаровонию баракату фаровонии зиндагӣ мебошад. Пухтани суманак одатан шабонарӯзӣ баргузор мегардад. Дар ин маросим занону духтарон ҷамъ омада, бо сурудхонӣ ва шодию нишот ин хӯроки рамзиро мепазанд. Ин оин яке аз суннатҳои зебои фарҳанги тоҷикон ба ҳисоб меравад ва то имрӯз дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст. Дар баробари суманак оростани дастархони наврӯзӣ низ аз анъанаҳои қадима ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин хони наврӯзӣ бо таомҳои идонаи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» ва ашёи рӯзгор оро дода мешавад. Ҳар яке аз ин таомҳо ва ашё ба худ рамзи муайян дошта, ифодагари файзу баракати зиндагӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки бо маҳорати баланд, иродаи қавӣ ва рӯҳияи варзишӣ баромад намуданд, бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ мегарданд. Ҳамзамон, ду нафар аз фаъолон барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо нишони “Аълочии маориф” ва Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида мешаванд.
Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд.
Имрӯз, 1 апрел ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз дар саҳни бинои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҷониби олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия хони «Наврӯзӣ» бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ, иборат аз ҳафтсину ҳафтшин ороста шуд.
Зимни боздид роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимону кормандон аз хони наврӯзии муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ боздид намуда, бо тарзи оростани дастархонҳо, суннатҳои наврӯзӣ ва намунаҳои ҳунару фарҳанги миллӣ, ки аз ҷониби ҳар як муассиса муаррифӣ гардиданд, аз наздик шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагии мардумон мақоми вижа дошта, дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам арҷу эҳтироми бештар пайдо намудааст.
Қайд гардид, ки оростани хони наврӯзӣ яке аз анъанаҳои қадимии мардуми тоҷик ба шумор рафта, он рамзи фаровонӣ, покизагӣ, некӣ ва оғози соли нави кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Дар ин росто, кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академия бо эҳтиром ба мероси фарҳангии ниёгон ва суннатҳои миллии халқи тоҷик дастархонҳои наврӯзиро бо маҳорати хоса ва тарзи хоси миллӣ оро дода, таомҳои анъанавӣ, шириниҳо ва маҳсулоти гуногуни рамзиро пешкаш намуданд.
Чорабинӣ дар фазои гарму самимӣ ва руҳияи баланди идона баргузор гардида, бори дигар аз эҳтирому арҷгузории олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги ғанӣ ва суннатҳои неки халқи тоҷик шаҳодат дод. Ин гуна ташаббусҳо дар баробари таҳкими худшиносии миллӣ, инчунин ба муаррифии суннатҳои қадимаи наврӯзӣ ва ҳифзу тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.