Skip to main content

Имрӯз, 16-уми сентябри соли равон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат" дар Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардид.

Дар ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, ректори донишгоҳи мазкур ва дигар меҳмонону шахсони расмӣ, инчунин довталабон иштирок намуданд. Муовини раиси вилоят ва дигар иштирокдорон вобаста ба ҳадафи ташкили озмун, ҷоизаҳо, таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф ва дастгириҳои раиси вилояти Хатлон ёдовар шуданд.

Ба иттилои масъулини Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилояти Хатлон аз санаи 16-ум то 21-уми сентябри соли 2024 даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки аз рӯйи номинатсияи математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва ихтироъкориву навоварӣ аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят довталабон ширкат варзида, беҳтаринҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат мегиранд. Имрӯз бошад аз шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Данғара, Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёда аз 300 нафар довталаб ширкат намуда, донишу маҳорати худро санҷиданд.

Аъзои ҳакамони озмун вобаста ба номинатсияҳо аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таъйин гардида, рафти баргузории озмунро зери назорати ҷиддӣ қарор дода истодаанд. Довталабонро аз рӯйи талабот баҳогузорӣ мекунанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода дар ҷаласа таъкид намуд,ки ба шаффофияти озмун ва роҳхат гирифтани довталабони арзанда диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Комиссияи назоратӣ ҳамарӯза фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба таъмини шаффофият дар баҳогузорӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Ҳадафи аслӣ пешниҳод шудани довталабони арзанда ва ғолибият дар сатҳи ҷумҳурӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раёсати маорифи вилояти Хатлон