Skip to main content

12Ибтидои солҳои 90-уми асри XX буҳрони шадиди сиёсӣ иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чунин як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шуравиро куллан фалаҷ сохта ба пошхӯрӣ расонид. Дар паҳнои он ҷумҳуриҳои иттифоқӣ соҳибис­тиқлолии худро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори понздаҳ ҷумҳуриҳои дигар 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо оғоз ёфт. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, ба онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор гардид. Эълони истиқлолият заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқиро барои шомил шудан ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ фароҳам сохт. Аммо раванди давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва ҷаҳонишавии ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистонро дере нагузашта буҳрони шадиди сиёсӣ фаро гирифт ва кишвари моро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ кашид.

Дар кӯтоҳтарин фурсат ҳазорҳо нафар хонабардӯш, фирорӣ ва кушта шуданд. Хатари парокандашавии давлат ва миллат ба миён омад. Сохторҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ пурра фалаҷ ва корношоям гардиданд. Қаҳтиву гуруснагӣ ва харобкориҳои пай дар ҳам мардумро ба тарки манзилу макони аҷдодӣ маҷбур месохт.

Дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шурои Олӣ баъди муҳокимаи гузориши Раиси Шурои Олӣ оид ба вазъи сиёсии кишвар масъалаи интихоби Раиси нави Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуд. Ба мақоми Раиси Шурои Олӣ номзадии вакили халқ, Раиси вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи нави такдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада, барои халқ дар шароити ҳассос фаъолияти пурмаҳсулро бар дӯш гирифта тавонад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун вакили халқ ҳамеша бо ҳақталошӣ, ростгӯӣ, серталабӣ нисбат ба худ ва дигарон дар Шурои Олӣ нақши назаррас мебозид ва интихоби ӯ ба мақоми олии давлат натиҷаи мантиқии фаъолияти худи ӯ буд.

Ба гардунҳо расид аз номуродиҳо нидои мо,

Магар бишниду оҳу нолаи моро Худои мо.

Ва ё кофӣ шуморид он қадар дода ҷазои мо,

Чӣ ҷои баҳс, он рафт бар мо шуд сазои мо.

Ризои ӯст, дорам итминон, баҳри давои мо,

Шуда Эмомалӣ Раҳмон зи лутфаш раҳнамои мо.

Варо дар анҷуманҳо дидаам, ҳуснирасо дорад,

Қади боло, фари шоҳона, чашми пурзиё дорад.

Ҷамолаш партави нуру зиёи кибриё дорад,

Сухан гӯяд, чу марҳам захми дилҳоро даво дорад,

Фараҳбахти накуи халқи худро муддао дорад,

Худодод аст ӯ, дар чеҳрааш нури Худо дорад.

Ҳамаи қонуну қарорҳое, ки дар Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд, ҳамчун иқдомоти пайгиронаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович имкон доданд, ки мамлакат ба сӯи пойдорӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ қадам гузошта, мардум ба бунёдкорию созандагӣ машғул шаванд. Дар иҷлосия ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист оташи ҷанги хонумонсӯзи дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадиро таъсис диҳад, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад. Дар яке аз муроҷиатномаҳои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар иҷрои вазифаҳои зеринро дар мадди аввал гузошта буд:

дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон барқарор намудани ҳокимият ва мақомоти идоракунӣ ва таъмини кори пурмасъулияти онҳо; барқарор намудани сохтори мақомоти амалкунандаи муҳофизати ҳуқуқ дар маҳалҳо ва барои онҳо дар иҷрои вазифаҳои худ фароҳам овардани шароити мусоид; таъсис додани Артиши миллӣ, пузӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатамонро таъмин намоем, артишро созмон дода, милиса, Кумитаи амнияти миллӣ, дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем, зеро давлате, ки худашро муҳофизат ва ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандонашро таъмин кардан наметавонад, арзише надорад ва дер намепояд.

Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ, Сарвари давлат ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуд ва барои мустаҳкам намудани сарҳад чораҳои мушаххас андешид. Раёсати Шурои Олӣ ва Шӯрои Вазирон бо дар назардошти беҳбудӣ бахшидан ба зиндагии аҳолии ҷомеа як силсила қарору фармонҳо қабул карданд. Авфи умумӣ, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмини мардум бо маводи ғизоӣ, пеш аз ҳама орду равған, зиёд намудани музди меҳнат, мустаҳкам шудани муносибатҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки ҳаллу фасли худро меёфтанд. Ҳукуматҳои маҳалӣ, ки дар бисёр ноҳияҳо аз байн рафта буданд, аз сари нав барқарор гардида ба фаъолият оғоз карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузашт.

Ба ин марди Худо аз ҷону дил шукрона бояд кард,

Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард:

Ҳама вақт эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

Ба роҳи сулҳ рафта, зиндагӣ аҳлона бояд кард.

Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

Ватан обод бо ин роҳбари фарзона бояд кард.

Дар таърихи давлатдорӣ ва раванди даврон ашхосе ба ҳайси роҳбари маънавӣ шинохта мешаванд, ки дар якҷошавии қишрҳси иҷтимоӣ ва минтақаҳои мухталифи дохили кишвари муайян саҳмгузоранд. Зимнан метавон президенти ИМА Авраам Линколнро ном гирифт, ки дар ҳамоҳангии ҷанубу шимоли кишвари худ мавқеи беандоза бузургро аз худ боқӣ гузошта, дар пайвастшавии ин манотиқи калон чун сарвари воҳид шинохта мешавад. Ё худ Маҳатма Ганди дар Ҳиндустон, Муҳаммадалии Ҷиноҳ дар Покистон, Мустафо Камол Отатурк дар Туркия ва дигарон, ки барои ҳамватанони хеш чун пешвои сиёсии мамлакат эътироф шудаанд.

Парокандагии сиёсӣ ва ба минтақаҳо ҷудошавии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта ниёз ба шахсияте ва сиёсатмадоре дошт, ки оқилона моро аз чунин вартаи фалокатбору парокандагии сиёсӣ наҷот диҳад ва минбаъд ояндаи ин мамлакатро барои ҷаҳониён муаррифӣ кунад. Чунин шахсияти ватандӯсту сиёсатмадор дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ҳувайдо гашт. Гарчанде, ки он айём ҳеҷ гурӯҳи сиёсие тасаввур намекард, ки Раиси Шурои Олии ҳамонвақта муҳтарам Эмомалӣ Рахмон вазифа ва ваколатҳое, ки дар иҷлосияи мазкур ба дӯш шрифта буд, дар кӯтоҳтарин муҳлат дар амал роҳандозй хоҳад кард.

Рақибони сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон лаҳзаҳое, ки дар хориҷи кишвар қарор гирифтанд, аз ҷониби аҷнабиҳо маблағгузорӣ мешуданд ва ҳадафҳои сиёсии онҳо бо мақсадҳои геополитикии кишварҳои гуногун ҳамоҳанг буданд ва аз замони тазоҳуроти соли 1991 дар шаҳри Душанбе то замони табаддулоти ҳарбии Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 онҳо чун зархариди аҷнабиён ба фаъолияти эмиссарӣ машғул буданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари ҳамсоя-Афғонистон давоми роҳбариаш ба хун оғӯшта сафар карда, дар мамлакати ҷангзада бо Раиси ҷумҳури он доктор Бурҳониддини Раббонӣ ва лашкаркаши шуҷоъ-шери Панҷшер, вазири дифоъи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот анҷом дода, зимнан масоили гурезаҳоеро, ки бо таъсири ҷанги таҳмилӣ дар он ҷо хору залилу дур аз Ватан заҳри ғарибӣ мечашиданд, аз хонаю дар, зану фарзанд ва хоки Ватан бенасиб буданд, мавриди баррасӣ қарор дод. Вохӯриҳои дуру дароз ва дар кишварҳои гуногун барпошуда оқибат ба имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 анҷом пазируфт, ки он бузургтарин дастоварди миллии тоҷикон таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва имрӯзҳо ҷаҳониён ин таҷрибаро мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор додаанд.

Пешвои миллати мо рисолати бас бузургеро дар охирҳои садаи сипаришуда анҷом дод, ки ба арзи вуҷуд доштан ё надоштани мамлакатамон дахолат дошт ва бидуни муболиға дар сахфаи таърихи замони истиқлолиятамон бояд бо ҳуруфи заррин дарҷ гардад.

Аз ин хотир, ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо хидматҳои ҷавонмардонаи ӯро пос дошта, минбаъд ба чунин парокандагӣ имкони зуҳур карданро ҳатто дар хаёли инсонҳо роҳ надодан аст.

Воқеан, Пешвои миллат муттаҳидсози миллати пароканда, меъмори сулҳу Ваҳдат, чунки ҳамаи моро маҳз ӯ бо дар назардошти сиёсати хирадмандонаву ватандӯстонааш ба ҳам овардааст.

Ватанро ҳамдаму ҷонем бо Эмомалӣ Раҳмон,

Ба тахти шуҳрату шонем бо Эмомалӣ Раҳмон.

Ширин Қурбонова, муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар АМИТ, доктори илми таърих