Skip to main content

Тамоми шаб мижа таҳ нашуд. Сафар намудан ба дунёи хеш, варақгардон намудани хотироти кӯҳану навин, ба ёд овардани ҳама буду нобуд кори осон нест. Ҳама гӯё хобу хаёле буд.

Варақи сафеди болои миз ҳамоно сафед буд…

* * *

Ғиёсиддин умри пурбаракати худро сарфи илм намуд. Ин роҳест басо пурпечутоб ва мушкил. Шабҳои бедорхобӣ дар ҳаёти ӯ хеле зиёд буданд. Касби духтурӣ ҳаминро талаб мекунад, олими ин касб будан бошад машаққати дучанд дорад. Барои онҳое, ки дар ин роҳ рафтаанд, ҳамаи инро хуб медонанд. Замоне бо тақдири инсон ҳамтақдир будан кори осон нест. Ҳангоми муқаррар намудани табобату беҳ намудани ҳолати бемор духтур гӯё худ бемор мешаваду шифо меёбад. Дар ҳаёти Ғиёсиддин ин ҳолатҳо басо зиёд буданд...

Узвҳои гвориш, махсусан ҷигар дар бадани инсон нозуктарин ба шумор мераванд, ки тамоми ҳастии инсон ба фаъолияти хуби онҳо вобаста аст. Нашавад, ки ҳангоми ташхис табиб ба хатогии андаке роҳ диҳад?

Буданд ҳолатҳое , ки ӯ пеши бемору беморие оҷиз мемонд, аллакай дард аз дард гузашта буд ва дигар дорую дармон манфиате надошт. Бемории ҷигар бемории нозук аст, одамизод худ намефаҳмад, ки ҷигараш тамом шудааст. Ин дардест, ки дард надорад. Ва ҳамин аст, ки танҳо дар рӯзҳои охир пайи духтур медаванду илоҷи беморӣ меҷӯянд. Вале...

Ҳамин ҳолат Ғиёсиддин маъюс мешавад, гӯё аз касби пеша карда норизо аст. Азоби дарунӣ дилашро мефишорад, наход, ки...

Ӯ борҳо ба худ ин саволро дода ва андеша намуда, ки чаро маҳз ӯ дар соҳаи илм таҳқиқоти ҷигарро мавриди омӯзиш қарор дод ва баъдтар тамоми фаъолияти илмии худро ба он бахшид.

... Вале ӯ дигар буд ва роҳи пешгирифтааш кушоиши асрорест, ки то ба имрӯз кам нафарон ба он даст задаанд. Пайваста аз худ талаб кардан, омӯзиши шабонарӯзӣ, сафарҳои пай дар пай ба момолики дуру наздик, вохӯрӣ бо олимони бузургу сари як нукта раду бадал намудан бо онҳо, навиштани маводҳои илмӣ самараи худро доданд. У нишон дода тавонист, ки олими тоҷик низ дар ин соҳа бартарии худро дорад ва метавонад дар байни дигарон бо кори кардаи худ макому мартабае соҳиб гардад. Он чанд намуди бемории ҷигар, ки пештар табибони кишвар дар табобати он оҷизӣ мекашиданд, аллакай роҳҳои табобати худро пайдо кардаанд. Ҳамин аст, ки Ғиёсиддин пайваста пеш рафт ва баробари ӯ илми тибби тоҷик низ то ба ҷое расид.

… Соли 1998 дар Австрия Конгресси умумиҷаҳонӣ баргузор гардид. ки барои академик Ғ.Мироҷов басо хотирмон буд. Дар ин форуми ҷаҳонӣ 2600 нафар олимону мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа ҷамъ омада буданд, ки проблемаҳои муҳими соҳаи гастроэнтерологияро муҳокима менамуданд. Таклиф шудан ба ин форум ва суханронӣ намудани Ғиёсиддин бо маърӯзаи илмӣ ин худ аллакай маънии шинохтани илми тибби тоҷикро дошт. Дар даромадгоҳи конгресс дар қатори парчами 180 мамлакати ҷаҳон парчами кишвари Тоҷикистон низ партарафшонӣ дошт...

Баъди ҳамоиш мудири кафедра ва директори Клиникаи пропедевтикии касалиҳои дарунӣ ва маркази гастроэнтерологӣ ва гепатологии Донишгоҳи тибби Москва ба номи И.М. Сеченов, Саргастроэнтерологи Вазорати тандурустии Русия, Президенти Ассосиатсияи гастроэнтерологҳои Русия, Академик Т. Ивашкин баҳои беҳтаринро дод.

-Ман дар симои академикон Ҳ.Ҳ. Мансуров ва Ғ.Қ. Мироҷов олимони бузурги ҷаҳониро мебинам ва бо итминони комил мегӯям, ки илми гастроэнтерология пеш меравад ва ояндаи дурахшон дорад.

Ғиёсиддин инро ҳам медонад, ки кори илмӣ бояд дар амал истифодаи худро ёбад. Имрӯз ӯ аз он хурсанд аст, ки чандин кори илмиаш на танҳо дар кишвар, балки дар мамоликидигар аз тарафи табибон мавриди истифода қарор гирифтааст. То ба имрӯз ӯ муаллифи зиёда аз 16 рисола ва 400 мақолаи илмию тадқиқотӣ мебошад...

... Мегӯянд, ки оина тарафи дигаре ҳам дорад, ки акси инсонро танҳо дар замири худи инсон иишон медиҳад. Назари ӯ ба ҳамин оина афтид. Акнун дар акс Ғиёсиддини ҷавон не, марде намудор буд, ки нигоҳи дигар дошт ва дар, мӯйҳои сар сефедӣ афтида, 80 –соли умр паси сар шуда. Марде менигарист, ки зиндаги ба ӯ сабақҳои зиёде додаву пайроҳаи сафарашро бо пастию баландии зиёд пур намуда. Ҳама замон ӯ дар ин пайроҳа талош дошт, талоши корҳои нокарда...

Харитаи сафарҳои Ғиёсиддин басо доманадор аст ва гӯшаю канори мухталифи ҷаҳонро дар бар мегирад. Тайи фаъолияти пурсамараш дар кори 30 анҷуману конфронсҳо, симпозиуму семинарҳо ширкат варзида, маърӯзаҳои илмӣ намудааст. Шаҳрҳои собиқ Шӯравӣ: Маскав (1981), Санкт- Петербург (1972-1978), Тбилисӣ (1981), Литва (1982), Тошканд (1983), Рига (1986) ва шаҳрҳою мамолики хориҷ- Рим(1999), Берлин (1988), Вена (1998), София (1989), Баден (с.1996), Полша (2000), Шотландия (2001), Индонезия (2001), Туркия (2007), Кения (с.2009) аз ҷумлаи онҳо ба шумор мераванд. Ҳар сафару ҳар баромад ба худ навгоние дошт ва ёде аз вохӯрию баҳсҳои илмӣ бо олимон дар ёд мондааст.

Гоҳо ӯро хумори кӯдакӣ мегирад. Хонаи похсагини деҳаву гирди дастурхони камнони солҳои баъдиҷангӣ ва чеҳраи кушодаи модар ба ёд меояд. Бо ҳама буду набудаш беҳтарин лаҳзаҳои зиндагӣ буданд. Лаҳзаҳое буданд, ки ӯ ғами дигар надошт.

Баъдтар имтиҳони Зиндагӣ сар шуд...

Соли 1962 Ғиёсиддин синфи ёздаҳи мактаби миёнаро хатм намуд. Ният дошт Маскав рафта таҳсили илм кунад, аммо шароити оилавӣ имкон намедод. Ғиёсиддин аз ин ҳолат бисёр ошуфтаю ғамгин гашт, аммо ба ҷуз бародараш Аброриддин пуштибон ва шахси ғамхору дилсӯз надошт. Ба зиммаи бародараш Аброриддин, ки аллакай оиладор ва соҳиби 8 фарзанд шуда буд, бо маблағ таъмин намудани сафари дури бародараш вазнинӣ мекард. Бо вуҷуди ин ӯ розӣ шуд, ки Ғиёсиддин ба Душанбе рафта, дар донишкадаи тиббӣ таҳсил кунад….

Соли сеюми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Ғиёсиддин Мироҷов дар мавзӯи «Усулҳои муайян намудани норасоии гурдаҳо дар натиҷаи илтиҳоби давомноки онҳо» бо роҳбарии олими маъруф, профессор В.И. Зайтсева ба тадқиқоти илмӣ шуруъ намуд. Мақолаҳои илмии навиштаи ӯ дар дар маводи илмии донишгоҳ чоп мешуданд.

Олими маъруф Ҳамид Ҳусенович Мансуров, ки ҳамон солҳо дар донишгоҳ аз фанни «Табобати госпиталӣ» лексия мехонд ба кори илмии донишҷуи курси панҷум Ғ. Мироҷов шинос шуд. Аввалин вохӯрӣ ва суҳбат низ дар ҳамин сол рух дод.

Тақдир ӯро бо ин олими маъруф рӯ ба рӯ намуд. Олим дар симои ин ҷавони деҳотӣ донишҷӯи нафари ташнаи илмро дарёфт намуд ва ӯро ба Пажуҳишгоҳи гастроэнтерология ба кор даъват намуд. Шогирду устод паҳлуи ҳам солҳои зиёд дар ин даргоҳи илм кору фаъолияти илмӣ намуданд.

Академик Ғ.Қ.Мироҷов тайи солҳои зиёд аст, ки пайваста болои гепатитҳои B.C.D. тадқиқоти илмӣ мебарад. Ӯ маротибҳои зиёд болои ин мавзуъ дар конфронсу анҷуманҳо баромад намуда, диққати олимони ҷаҳонро ба ин проблемаи рӯз ҷалб намудааст. Беҳуда вируси гепатити «С»-ро «марги меҳрубон» номгузорӣ нанамудаанд, зеро ин вирус ҷигари инсонро аз кор мебарораду худи ӯ ғофил мемонад.

Омӯзиши клиникӣ-морфологии ҷараёни гепатити музмини С нишон дод, ки бисёри вақт беморӣ бе аломат ё афзоиши миёнаи ферментҳо ва нишондодҳои баланди стрессӣ - оксидӣ сурат мегирад.

Проблемаи асосии гепатология омӯзиши минбаъдаи вирус боқӣ мемонад. Аз рӯи нишондоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ шумораи гирифторони HBsAg қариб 350 млн. ва гирифторони НС\/ 70 vлн. нафарро дар ҷаҳон ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон низ шумори зиёди беморони мазкур дида мешавад, ки роҳи пешгирӣ, ташхис ва табобати онҳо пеши олимон вазифаҳои зиёдеро мегузорад. Ҳарчанд нисбат ба солҳои пеш пешравиҳои назаррас ҷой доранд, вале ҳануз корҳо зиёданд.

Барои пешгӯии саривақтии гепатитҳои вирусӣ, махсусан, намудҳои музмини онҳо бояд системаи амиқ ташкил карда шавад, ба монанди тестикунонии хун ва назорати диспансерӣ аз болои нафарононе, ки вируси ғайрифаъол доранд. То ҳануз механизмҳои асосии инкишофи гепатитҳои музмин ва сиррози ҷигар дуруст муайян нашудаанд, то ҳол маълумотҳои аниқ доир ба муносибати вирус-системаи иммунӣ-гепатосит ба даст наомадааст.

Доруҳои зиддивирусии таҳия шуда, ки дар табобати гепатити вирусӣ истифода мешуданд, аз сабаби қимати гарон доштанашон барои қисми зиёди аҳолӣ дастнорасанд. Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки дар ин соҳа ҷустуҷӯҳои нав ба роҳ монда шуда, дорувориҳои зиддивирусӣ ва иммунологии нави барои ҳама дастрас пайдо шавад, воситаҳои фаъоли биологӣ, ки дар растаниҳои Тоҷикистон дида мешаванд, манфиатовар аст. Ҷустуҷӯҳои дорувории таъсирбахш гувоҳи онанд, ки дар ояндаи наздик имконияти дар асоси маҳсулоти маҳаллӣ тайёр намудани дорувориҳо бар зидди вируси гепатит ба даст меояд.

Ҳар сол дар кишвари Русия «Ҳафтаи гастроэнтерологҳо» гузаронида мешавад, ки олимону мутахассисони кишварҳои мухталиф масъалаҳои бахшида ба бемории узвҳои ҳозимаро баррасӣ менамоянд. Дар байни ҷамоҳири Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки ҳар сол олими тоҷик, академик Ғ.Қ.Мироҷов ба ин форум даъват мегардад. Маърӯзаҳои ӯ доир ба бемориҳои проблемавии соҳа доимо аз тарафи олимон хуб қабул гардида, баҳои баланд мегиранд.

Давоми солҳои охир дар соҳаи гастроэнтерология дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд, ки ин пеш аз ҳама омӯзиш ва табобати бемориҳои асидвобастаи қисми болои узвҳои ҳозима мебошад. Гарчанде дар солҳои охир шумораи беморони захми меъдаю рудаи 12-ангушта кам шуда бошад ҳам, аммо бемории рефлюкси маъдаю сурхруда рӯ ба афзоиш дорад.

Имрӯз вақти он расида, ки ҳарчи бештар ба масъалаҳои истифодаи технологияи ҳозиразамон (нанотехнология), ташхиси молекулавию генетикӣ дар омӯзиши бемориҳои меъда, ғадуди зери меъда, ҷигар ва рудаҳо бояд рӯ овард. Омӯзиши штаммҳои гуногуни Хеликобактерияи пилорӣ, шумораи вирусҳои В, С ва Д ва намудҳои генетики онҳо имкон медиҳад, ки он доруи муқаррарнамуда ба таври таҳқиқшуда мавриди истифода қарор гирад.

Дар навбати дигар пеши гастроэнтерологҳо ҳалли мушкилоти бемориҳои илтиҳоби рӯдаҳо, вайроншавии ҳаракати онҳо, миқдор ва таркиби микробҳо дар рӯдаҳо меистад, ки олим Ғ. Мироҷов шабу рӯз сари он таҳқиқот мебарад.

Ғ.Мироҷов пас аз сафари тулони лаҳзае таваққуф намуда боз андешаи роҳи рафта мекунад. Оё пайроҳаи интихобкарда ҳамвор баромад, он ба шоҳроҳ пайваст шуд. Заҳматҳои кашида кулвори сафарро пур намуданд. Андешаи роҳу андешаи зиндагӣ ...

Ӯ соли 1966 ба ҳайси лаборант ба Пажӯҳишгоҳи гастро- энтерологии кишвар ба кор омад. Аз он рӯз солҳои зиёд гузашт ва фаъолияти корӣ низ ӯро ба куҷоҳое набурд, таҳсил дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи тибби рақами 1 ш. Москва, ҳимояи рисолаи номзадӣ таҳти роҳбарии академик В.В.Серов (с. 1971), корманди калони илмии шуъбаи морфологияи пажӯҳишгоҳ, муовини директор оид ба илм (с.1972), ҳимояи рисолаи докторӣ дар шаҳри Москва (с.1981), узви вобастаи АИ ҶТ (с.1991), мудири шуъбаи биология ва тибби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2001-2005), сардори Раёсати илм ва муассисаҳои илмии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1995-2000), директори Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии кишвар (с.2000), узви пайвастаи АИ ҶГ (с.2001) ва Президенти Академияи илмҳои тибби назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с.2009-2011).

… Ҳамаи ин гӯё хобу хаёле буд, 58 соли умр сарфи ин роҳ шуд ва ин олими маъруф имрӯз ба синни 80 расид.

Шукр, ки тайи ин солҳо мавқеи худро ёфту соҳиби манзалату мартаба шуд. Писараке, ки аз як деҳаи хурди ноҳияи Рашт ба берун баромад, номбардори илми тибби ҷаҳонӣ гардид, ба дараҷаи академикӣ расид. Имрӯз дар даҳҳо кишвар номи ӯро мегиранду аз рӯи корҳои илмии ӯ кор мебаранд . Пас, ҳамаи ин барои як мард басанда нест?!

* * *

Ё...

Ғиёсиддин паҳлу гашт. Шаббодаи саҳарӣ аз тирезаи кушода бӯи рӯзи навро меовард. Аввалин нурҳои офтоб аз оғози рӯзи нав дарак медоданд.

Варақи сафед гӯё ба забон меомад...

С.Авезов, доктори илмҳои тиб, профессор Ш.Карим, рӯзноманигор