Skip to main content
Илм – бузургтарин васила барои пойдории ҷомеа, солимии ҳаёт ва асоси ҳифзи оромии ҷамъият мебошад, ки рушду тараққиёт аз он вобастагӣ дорад. Бе илм наметавон худро ҳамчун шахсият эътироф кард ва ё фарзандони худро дуруст ба камол расонд. Инсоне, ки илм надорад аз роҳи омӯзишу ақлу хирад бехабар аст, ба мисоли як дарахти бесамаре, ки вуҷуд дорад аммо аз он самаре нест. Инсони бо илм дар ҳама давру замон соҳиби фазлу каромот буда, номи ӯ ҳазорсолаҳо дар саҳифаҳои таърих сабт мегардад.

Таърих шоҳид аст, ки миллат ва давлате, ки ба илм ва олимон эҳтиром қоил ҳастанд он миллат ва давлат ба музаффариятҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва дар умум ба пешравиҳои ҳаёт расидаанд. Аммо миллат ва давлате, ки аз канори илму олимон гузар карда ва ба онҳо эҳтиром қоил нестанд ба вартаи нобудшавӣ рӯ ба рӯ гардидаанд. Аз инҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон муҳимтарин ҳадафҳои худро ҷиҳати баланд бардоштани маданияти иҷтимоии мардум, мақоми илм ва фарҳанг ба хусус рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ равона намудааст.

Аз оғози солҳои 1991, ки барои мардуми тоҷик ибтидои бунёди давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад ва солҳои 1992-1997 бо вуҷуди кашмакашиҳои дохилии кишвар, ки тавасути хоҷагони хориҷи роҳандозӣ шуда буд нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин мақсади наҷиб бо вуҷуди вазъи мураккаби иқтисодию сиёсии кишвар дар он замон тадбирҳои таъхирнопазир андешида ҷавононро барои аз худ намудани донишҳои соҳавӣ ҳидоят менамуданд. Дар баробари ба эътидол даровардани вазъияти мураккаби сиёсии ҷомеа Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштанд. Зеро медонистанд, ки бе пешрафти илму техника, илмҳои муосир ва кадрҳои баландихтисос мамлакатро дар қатори давлатҳои мутараққии ҷаҳон баровардан мушкил аст, зеро пешбаранди асосии мамлакат ҷавонони босаводу болаёқат, хусусан дар соҳаи фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ мебошанд.

Илм – сипаре аст, ки ҷомеъаро аз ҷаҳолату хурофот, наслро аз нодонию беморӣ ва ҳаётро аз нобудшавии ҳодисаҳои нохуши табиат ҳифз менамояд. Аз ин рӯ, илм болотар аз нодонист, зеро ки ҷомеаро аз нобудӣ ҳифз намуда инсонро аз ҷаҳолат ба сӯи рӯшноӣ ҳидоят менамояд. Тоҷикон, ки ҳазорсолаҳо пеш ба ҷаҳониён омӯзиши хату фарҳанг, санъати сухану фалсафа ва бахусус риёзиёту тибро меомузониданд. Миллати моро лозим аст, ки имрӯз низ офарандаи сухан, илму дониши замонавӣ ва андешаҳои нав бошанд.

Пас аз рушди илму фарҳанг ва донишҳои гуманитарӣ дар давоми 19- соли соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон ҷиҳати руй овардани наврасону ҷавонон ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ - риёзӣ ва ҳамчунин техникаву технагогияҳои замонавӣ аз соли 2010 иқдомҳои наверо пеша гирифтанд. Эълон гардидани соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ», қабул гардидани «Барномаи давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ барои солҳои 2016-2020» далели равшане аст, ки дар заминаи амалигардонии ин иқдомҳои наҷиб ҷиҳати рушди илмҳои дақиқ дар ҷомеа заминаи хуберо фароҳам овард. Дар ин росто наврасону ҷавонони мо аз моҳият ва манфиатҳои илмҳои дақиқ бохабар шуда дар натиҷа шавқу рағбаташон дар ин самт афзун гардид. Қобили зикр аст, ки дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвавар то соли 20210 – довталабон дар риштаҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ хело кам ба назар мерасид, аммо пас аз таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт ҷавонони мо рӯ ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ оварданд. Таҷриба нишон дод, ки бо мурури замон дар тамоми муассисаҳои олии кишвар ихтисосҳо ва шуъбаҳои нави илмҳои табиатшиносӣ кушода шуданд. Муҷҷаҳазгардонидании тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва олии кишвар бо кабинетҳои фаннӣ ва таъмини онҳо бо дастгоҳҳои муосири илмӣ-таҳқиқотӣ далели гуфтаҳои болост.

Дар ҳақиқат илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба инсон имконият медиҳанд, ки соҳибистеъдод гардад, хубу бади ҳаётро омӯзад ва дар ҷомеъа навгониҳои илмиро ба миён оварад. Омӯхтани илмҳои дақиқ аз ҷониби наврасону ҷавонони мо василае аст, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат ба кишварҳои аз лиҳози теникаву технологияҳои замонавӣ пешрафта ва ихтироъкор ҳамқадам бошад. Аз инҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26-уми декабри соли 2019 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ «Бистсолаи рушди омӯзиш ва фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040»-ро пешниҳод намуданд. Ин иқдоми дигарест барои густариш ёфтани илмҳои дақиқ дар миёни наврасону ҷавонон. Дар ин замина ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин иқдоми таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди аҳли маориф ва ҳар як шаҳрванди кишвар вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки иҷрои онҳо дар пешрафти саноаткунонии босуръати ҷомеъа ва рушди рақамикунонии иқтисодиёт дар соҳаҳои гуногуни кишвар заминаи хуберо фароҳам меорад.

Ҷиҳати ҳавасмандкунонии насли наврас ва ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон пешниҳод намуданд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор карда шуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънави қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Ин ҳавасманкунонии роҳбарияти Олии кишвар аст, ки мо тай солҳои охир шоҳиди иштирок ва ғолибиятҳои пай дар пай хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар дар бисёр олимпиадаҳои байналмилалӣ ба хусус аз фанҳои дақиқ ҳастем.

Моҳи марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо олимони кишвар иброз доштанд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияхои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташакули чахонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Аз ин рӯ, мо бояд рушди илмҳои муосир, махсусан дақиқро ба мадди аввал гузорем, зеро дар назди мо боз як вазифаи бузург, яъне ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар қарор дорад.

Хулоса, мо ки имрӯз дар арафаи ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” қарор дорем ҳаминро зикр намудан лозим аст, ки тамоми кӯшишу талошҳои Ҳукумати кишвар ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои густариш додан ба омӯзишӣ фанҳои дақиқ дар кишвар мебошад. Имрӯз ҳамаи мо аҳли илму маорифи кишварро лозим аст, то ки дар ҷавоб ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ба ҷавонону наврасони миллат сабаб ва фоидаи омӯзиши фанҳои дақиқро омӯзонем.

Раҳимзода Алишер н.и.ф-м., – директори Инистути математикаи ба номи А. Ҷӯураеви АМИТ.