Skip to main content

Имрӯз (26.09.2024) дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осие ва Аврупои АМИТ Шӯрои олимони институт баргузор гашт, ки дар он ҳисоботи фаъолияти 9 моҳаи илмӣ таҳқиқотии муассиса баррасӣ гашт.

Директори Институт Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ба кори Шӯрои олимон ҳусни оғоз бахшид. Қайд гардид, ки дар нуҳмоҳаи сипаригашта аз ҷониби кормандони илмии доимии Институт 289 корҳои илмӣ, аз ҷумла, 5 монография, 3 дастури таълимӣ, 7 китоб, 274 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз онҳо 44 мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшаванда, 31 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, 12 мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар (Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия) нашр шуданд.

Инчунин, 187 мақолаҳои оммавӣ ва публисистӣ оид ба масъалаҳои мубрам ва таҳқиқоти имлӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва сомонаҳои гуногун нашр шуданд, Дар охир оид ба масъалаҳо ҷорӣ қарорҳои мушаххас қабул гардид.