ТАШРИФИ ОЛИМОНИ ҚАЗОҚИСТОН БА ИНСТИТУТИ БОТАНИКА ФИЗИОЛОГИЯ ВА ГЕНЕТИКАИ РАСТАНИИ АМИТ
Санаи 20.08.2024 ҷиҳати ҳамкориҳои судманд миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон бо олимон ва намояндагони Институтҳои тадқиқотии соҳаи илмҳои биологӣ вохӯри баргузор гардид. Меҳмонони олиқадрро Садорат ва аҳли коллективи Институт пазируфтан.
Дар рафти сӯҳбат мудирони озмоишгоҳҳои Институт меҳмононро бо самтҳои асосии фаъолияти худ шинос намуданд. Ҷонибҳо баҳри беҳбуд бахшидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни Институтҳои самти биологию кишоварзӣ ду ҷониб ҳамкориҳои судмандро ба нақша гирифтанд. Инчунин меҳмонон аз баъзаи моддию техникӣ Озмоишгоҳи бехатарии биологи Институт ва аз озмоишгоҳи нав кушодашудаи биотехнологӣ дидан намуданд. Баъд аз нисфирӯзи бошад аз гербарни фонди Институтро низ диданд намуданд.
ОЛИМОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО ВАЗИФАДОРАНД, КИ ДАР ИҶРОИ СЕ ҲАДАФИ СТРАТЕГИИ ДАВЛАТ – ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ, РАҲОӢ АЗ БУНБАСТИ КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ҲИФЗИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРИИ МАМЛАКАТ НАҚШИ ФАЪОЛОНА ДОШТА БОШАНД.
Categories
Наворҳои видеоӣ
Имрӯз (01.10.2024) дар Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ Ҷаласаи васеъи коллективи Институт бо иштироки ноиби Президенти АМИТ, д.и.т, профессор Амонзода И.Т., ва котиби шӯъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеи коллективӣ масъалаи ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласаро директори Институт д.и.т., профессор Сафаров А.М. оғоз бахшида, меҳмононро хайрамақдам намуд. Сипас ҳисоботи 9 моҳаи Институтро муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ д.и.х. Раҳмонов Р.О. ба ҳозирини толор маъруза намуд.
Баъд аз баромади муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи АМИТ ноиби Президенти АМИТ, д.и.т, профессор Амонзода И.Т. аз вазъи иҷроиши нақшаҳои инфиродӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва вазъи нашри мақолаҳо ҷиҳати муаррифии илми кимиёи тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ бо пурсишу суолоти мутобиқ ба тақозои замон ва аз маблағҳое, ки барои иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ сарф шуда, инчунин камбудиву дастовардҳои Институт суханронӣ карда, баҳри боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан ба маъмурияти Институт ва кормандони он супоришҳои мушахас ироа намуданд.
Имрӯз (01.10.2024) сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ бо довталабони зинаи магистратура суҳбату вохурӣ анҷом дод. Бояд гуфт, ки қабули магистрантони курси якум дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба охир расида, имрӯз имтиҳонҳои тахассусии онҳо баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъулин довталабонро ба оиннома ва талаботҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки дар академия олимону муҳақиқони барҷаста ба фаъолияти илмӣ машғул мебошанд.
Дар ин росто ҳар як довталабе, ки барои дар зинаи магистратура таҳсил намудан меояд, ҳатман зери роҳбарии ин олимони соҳа ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешавад. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаи илмие, мебошад, ки дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳимро мебозад.
Имрӯз (01.10.2024) дар маҷлисгоҳи Институти астрофизикаи АМИТ бо иштироки ноиби Презтденти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ, д.и.т. профессор Амонзода Илҳом Темур ва котиби илмии Шуъбаи мазкур д.и.т., профессор Ғафоров А.А. ҳисоботи нӯҳмоҳаи кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ шунида шуд.
Бояд қайд намуд, ки маҷлиси мазкурро директори Институт н.и.ф.-м. Бӯризода А.М. ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба Институт хайрамақдам намуд. Баъдан ҷиҳати баррасии ҳисоботи нӯҳмоҳа баромад, ироа намуд. Дар ҳисоботи мазкур натиҷаҳои назарраси илмӣ – таҳқиқотӣ, илмӣ –ташкилӣ, омода намудани мутахассисони илмӣ, таблиғи донишҳои астрономӣ, ҳамкориҳои илмӣ бо муассисаҳои дохилию хориҷӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон роҳбарони зерсохторҳои Институт низ доир ба масъала баромад намуда оид ба корҳои анҷомдодаи худ маълумот манзур намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишвар, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси илмӣ дар Институт корҳои назаррас анҷом дода шуда истодааст. Таҳти роҳбарии Узви вобастаи АМИТ, д.и.ф.-м. Қоҳирова Г.И. ду нафар ва таҳти роҳбарии н.и.ф.-м. Нарзиев М. як нафар рисолаҳои илмӣ омода намуда истодаанд.
Пас аз баррасии ҳисобот аз ҷониби ноиби Презтденти АМИТ, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ, д.и.т. профессор Амонзода И.Т. суханрони намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои муфид ироа карда супоришои мушахас доданд
Имрӯз (01.10.2024) дар толори Шурои олимони Институт дар асоси Нақшаи чорабиниҳои илмии Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ барои соли 2024 ва гиромидошти Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ходимони илмии муассиса дар мавзӯи «Забон - ҳастии миллат» семинари илмӣ баргузор гардид, ки дар он ходими калони илмии шуъбаи таҳқиқоти институтсионалӣШарафидинова Гулчеҳра Ёдгоровна баромад намуданд.
Зикр карда шуд, ки имрӯз забони давлатӣ дар кишвари мо ҳамчун омили ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф гардидааст. Маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз забони тоҷикӣмавриди ғамхориву пуштибонии ҳаматарафаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.
Воқеан, Пешвои миллат, чун вориси бонангу баномус оид ба рушди забони давлатӣ пайгирона талош меварзад ва ҳамеша таъкид мекунад, ки худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ аз муҳаббат ба забони модарӣ шурӯъ мешавад.
Мусалам аст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи илмӣ дар баробари пешбурди сиёсати илмии кишвар дар омода намудани кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои магистратура, докторантура ва аспирантура нақши бориз дорад. Имрӯз қабули имтиҳонҳои тахассусӣ барои докторантони PhD дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Имрӯз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъи Шурои олимони Институт бо иштироки ноиби Президенти Академия миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т., ва котиби шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникӣ, д.и.т., профессор Ғафоров А.А. баргузор гардид.
Дар рузномаи ҷаласаи шӯро як масъала - ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти илмӣ ва илмию ташкилии Институт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаро директори Институт, д.и.ф.м., Зарифзода А.Қ. оғоз бахшида, ҳамаи меҳмононро хушомадед гуфта, ҳисоботи 9 моҳаи Институтро қироъат намуданд.
Сипас, ноиби Президенти Академия милли илмҳои Тоҷикистон, д.и.т, профессор Амонзода И.Т. аз камбудиҳою дастовардҳо суханронӣ карда, баҳри боз ҳам ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан ба маъмурияти Институт ва кормандони он супоришҳои мушахас доданд.
Дар охир профессор Амонзода И.Т. пешниҳод намуданд, ки ҳисоботи нуҳмоҳаи фаъолияти илмии Институт қаноатбахш ҳисобида шавад. Ҷаласаи Шурои олимон қарор бароварда, ҳисоботи наъолияти илмии Институтро қаноатбахш арзёбӣ намуд
МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗУИ " ТАРҶУМАИ АСАРҲОИ АДИБОНИ ҲИНДУ ПОКИСТОН ЧУН ВОСИТАИ ИНКИШОФИ РОБИТАҲОИ ФАРҲАНГӢ"
01 октябри соли равон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон чун воситаи инкишофи робитаҳои фарҳангӣ» баргузор гардид.
Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда, оид ба масъалаҳои инкишофи робитаҳои фарҳангӣ дар мисоли тарҷумаи асарҳои бадеии Ҳиндустону Тоҷикистон суханронӣ намуд. Рустам Ҳайдарзода қайд намуданд,ки"фаъолияти тарҷумонӣ,хусусан тарҷумаи осори илмӣ ва адабии кишварҳои Осие ва Аврупо дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ ва таҳкими дипломатияи фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард."
Сипас, сарходими илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, д.и.ф.,профессор Раҷабов Ҳабибулло дар мавзӯи «Тарҷумаи асарҳои адибони Ҳинду Покистон чун воситаи инкишофи робитаҳои фарҳангӣ» суханронӣ намуданд.
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ (ШАҲРӢ)- И ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ"
Тавре огоҳӣ дорем чанд ҳафтаи охир дар тамоми шаҳру вилоят ва навоҳии ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" давом ёфт. Дар озмуни мазкур хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, кормандони касбу кори гуногун иштирок намуда, аз номинатсияҳои гуногун малака ва маҳорати хешро нишон доданд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" бо мақсади дар амал татбиқ намудани "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф" таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Илм фурӯғи маърифат" дар сатҳи баланд ва бо шаффофият ҷамъбаст гардид.
Имрӯз (28.09.2024) дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сараёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, намояндагони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ҳавасмандгардонии ғолибони даври (шаҳрӣ)- и озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифт” баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври шаҳрӣ муайян шуда, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо диплом ва мукофотпулиҳо қадршиносӣ гардиданд. Ва барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳамзамон омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон барои иштирок дар озмун кӯшиш ба харҷ додаанд, бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадршиносӣ гардиданд. Инчунин як зумра аз мутасаддиёне, ки дар рафти баргузории озмун саҳми хешро гузоштаанд, бо ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.