Skip to main content

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

654Аввали солҳои 90-уми қарни гузашта, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 15 давлати нав худро мустақил эълон намуданд. Тоҷикистон низ дар баробари дигар кишварҳо Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва 9 сентябри соли 1991 дар таърихи миллати тоҷик “Рӯзи истиқлолияти давлатӣ” сабт гардид. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузошт. То баргузор гаштани иҷлосияи тақдирсоз, миллати тоҷик дар гирдоби ҷанги дохилӣ аз бесарусомонӣ азият мекашид. Аз бесарусомонӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар фарзандони ин миллат нобуд гашта, миллат пароканда шуда, ҳазорҳо хонаҳо ва иншоотҳои иҷтимоӣ аз байн рафта буд. Аз фаъолият боз мондани коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва нобуд гаштани заминҳои кишт, аз фалаҷ гаштани иқтисодиёти кишвар шаҳодат медод. Соли 1991 сатҳи камбизоатӣ беш 80 % - ро ташкил медод, ки ин масъала мардуми кишварро дар ташвиш гузошта буд. Маҳз дар ҳамин марҳилаи рушди таърихӣ ба халқи тоҷик яке аз фарзандони фарзонаи миллат муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон тақдим мегардад, ки миллати тоҷикро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ наҷот дода, барои бунёди давлати деморативу ҳуқуқбунёд, дунявиву иҷтимоӣ роҳ пеш мегиранд.

Яке аз ҳадафҳои асосии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди барқарор намудани сулҳу субот, ин масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди шуғли аҳолӣ буд. Бо ин мақсад Пешвои миллат як қатор қарорҳо қабул намуданд, ки боиси коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ замина гузоштанд. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 83 % дар соли 1999 то ба 21,2% дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қарор дорад. Дар замони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноилшуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол то сол қавитар мегардад.

Боиси хушнудист, ки Сарвари давлат дар ҳар вохӯриашон ба аҳли зиёи кишвар ба рушди илму маориф аҳамияти хоса дода, дар баромадашон санаи 18 марти соли 2020 қайд намуданд, ки “Дар даврони соҳибистиқлолӣ маорифпарварӣ яке аз самтҳои меҳварии давлатдории мо буда, рушди илму маориф омӯзиши техника ва технологияҳои нав, тақвияти неруҳои зеҳнӣ ва ташаккули забони илм дар мақоми авлавиятдор қарор дорад. Дар ин раванд мо ҷойгоҳу манзалат ва дар айни замон, масулияти олимону донишмандон, аҳли зиёи эҷодкорро дар ҷомеа давра ба давра баланд бардоштем. Ҳамчунин, як силсила барнома ва лоиҳаҳои илмиро бо дарназардошти манфиатҳои давлатдории миллӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода, барои пешрафти илму маориф заминаи мусоид фароҳам овардем”.

Набояд фаромуш сохт, ки дар чунин вазъияти мушкил, тақдири миллатро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимаи худ гирифта, савганди худро дар назди халқи меҳан сарбаландона иҷро намуданд.

Дар яке аз Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷихати таъмини пояяҳои моддиву техникии муассисаҳои илмӣ, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳо, инчунин тайёр намудани кадрҳои илмӣ аз ҳисоби ҷавонони болаёқат чораҳои мушаххас меандешад”.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Пешвои муаззами миллат, таъмини сулҳу субот ва баргардонидани гурезагонро ба Ватан ҳадафи асосии худ дониста, саломатии аҳли кишварро боигарии давлат ҳисобида, барои ноил гаштан ба ин мақсад талош варзиданд.

Ҳамзамон, бо баробари баланд бардоштани сатҳи некӯаҳолии мардум ба саломатии мардуми кишвар низ аҳамияти хоса дода, дар давоми 33 соли Истиқлолияти давлатӣ якчанд муассисаҳои тиббӣ бунёд гардид, ки калонтарини он Муассисаи давлатии бисёрсоҳаи тиббии “Истиқлол” мебошад, ки дар масоҳати 11 гектар, бо харҷи беш аз 750 млн. сомонӣ бо озмоишгоҳҳои муосири замонавӣ таҷҳизонида шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар мушовира бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкии мамлакат қайд намуданд, ки таҷдиди низоми идоракунӣ талаб мекунад, ки дар рафти таҳияи лоиҳаҳои буҷети давлатӣ ва назорат аз болои қисмҳои даромад ва хароҷот технологияҳои рақамӣ ҷорӣ карда шавад. Дар худи ҳамин мушовира таъмини самаранокии иттилоотӣ ва рақамикунонии идоракунии бахшҳои иқтисод ҳамчун масъалаҳои муҳимтарине муайян карда шуданд, ки аз ҳалли онҳо самаранокии идоракунии иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла тиб низ вобаста мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаҳои ҳифзи саломатии миллат низ афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ ба шумор рафта, дар ҷумҳурӣ як қатор консепсияю барономаҳо қабул шудаанд. Онҳо заминаҳои рушди соҳаи тандурустии дар даврони соҳибистиқлолии кишвар гузошта, соҳаи тандурустиро ба яке аз соҳаҳои пешқадами замонавӣ табдил дод. Дар ин самт рақамикунонии соҳаи тандурустӣ нақши муҳимро бозид. Дар асри иқтисоди рақамӣ технологияҳо на танҳо меҳнати кормандони тибро осон гардонид, балки сифати хизматрасониро баланд бардошта, ба такмили ташкил ва идоракунии таъминоти иттилоотии низоми тандурустӣ мусоидат намуд.

Маҳз самараи истиқлолияти давлатӣ буд, ки фаъолияти муассисаҳои табобатию пешгирикунанда беҳтар гашта, ихтисоси касбии кормандони зинаи миёна ва олӣ баланд бардошта шуд. Истиқлолияти давлатӣ ба олимони тоҷик имкон дод, ки дар рушди илм нақши бузург бозида, барои пешрафти он ва ворид намудани усулҳои нави ташхисию-табобатӣ бо истифода аз технологияи муосир дар тибби амалӣ саҳм гузоранд.

Ҳамин тавр, соҳаи иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, ба рушди он аҳамияти хоса дода мешавад. Маҳз рушди соҳаи шуғли аҳолӣ, маориф, тандурустӣ имкон дод, ки имрӯз аҳолии кишвар дар давлати иҷтимоӣ зиндаги ба сар бурда, аз дастовардҳои истиқлоли кишвар баҳраманд мебошанд. Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи иҷтимоиёти кишвар беназир буда, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ гардонидаанд.

Нематова Парвина – номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти Омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

«Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд. Гузашта аз ин, истиқлол мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст».

Эмомалӣ Раҳмон

323Тоҷикистон ҳамчун субъекти сиёсӣ мустақлият ва истиқлоли худро баъд аз таназзули Иттиҳоди Шуравӣ ба даст овард. Раванди фарорасии истиқлоли давлатӣ ва худро ҷумҳурии мустақилу субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналхалқӣ эълон намудани Тоҷикистон аз рӯи расмият ба дигар ҷумҳуриҳои тозаистиқлол шабоҳат дошта бошад ҳам, ҷараёни минбаъдаи он дигаргуниҳои ҷиддӣ, махсусан муқовимату ихтилофҳои шадиди иҷтимоӣ ва ниҳоят ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба бор овард. Дар чунин марҳалаи ҳассос ва тақдирсоз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлоли давлатии Тоҷикистон расман эълон шуд. Ин яке аз воқеаи бузургтарин дар таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик буд, зеро имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили миллӣ баъди садсолаҳо аз нав фароҳам омад.

Рушди маънавиёти миллат ва пойдориву шукуфоии давлат пас аз имзо шудани санади «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» хеле вусъат ёфт ва дар зеҳну шуури мардум арзишҳои миллӣ ҷои хоссаро ишғол карданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ миллати тоҷик имкон пайдо кард, ки бо таърихи кӯҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавад, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, онро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллии мардум ва тақвияти пояҳои давлати соҳибистиқлол истифода намояд.

Муҳимтарин чораҳои дар амал татбиқ намудаи Ҳукумати Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлол ин тарҳрезӣ намудани ҳадафҳои стратегии давлат ба хотири рушди устувор ва зиндагии шоистаи мардум ба шумор меравад. Ҳамин буд, ки аз охири солҳои 90-ум сар карда ба хотири мустаҳкам намудани истиқлоли давлатӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ роҳи ислоҳотҳои иқтисодию иҷтимоӣ пеш гирифта шуд. Устувории истиқлоли давлату миллати тоҷик пеш аз ҳама аз амалӣ гардидани ана ҳамин ҳадафҳои стратегӣ вобастагии зиёд дошт. Аз бунбасти комуникатсионӣ баровардани кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат ин ҳама аз ташаббусҳои саривақтии Тоҷикистон дар роҳи рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 33 сол се ҳадаф қариб амалӣ гардида, ҳадафи чаҳорум бо як суръати хосса дар роҳи амалишавӣ қарор дорад.

Ҳамчунин, баробари ба даст овардани истиқлол ҳукумати навташкил роҳи ислоҳоти сиёсӣ, яъне сохтори давлатдориро пеш гирифт. Яке аз муваффақиятҳои бузург дар ин самт тарҳрезӣ ва ба таври райпурсиии умумихалқиӣ қабул кардани Конститутсия буд, ки роҳи ояндаи давлати нав ба истиқлолраисдаро ба таври мушаххас муайян мекунад. Маҳз кабули Конститусия заминаи асосии аз бӯҳрони сиёсӣ баровардани мамлакат ва истиқрори сулҳу субот гардид. Қонуни асосии нав муайян кард, ки Тоҷикистон роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷомеаи шаҳрвандиро пеш гирифтааст. Ин санади тақдирсоз дурнамои рушди ҷомеаро дар тамоми самтҳо муайян кард.

То имрӯз дар заминаи истиқлол қабули як қатор сандаҳои тақдирсози миллӣ боварӣ ва эътимоди кишварҳои ҷаҳон ба Тоҷикистон зиёд гардид. Ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардида бо зиёда аз 180 давлати ҷаҳон муносибат ба роҳ мондааст. Дар тайи 33 – соли истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон бо зиёда аз 70 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкориҳои судманро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ эътироф гардидааст.

Ташаббусҳои ҷониби Тоҷикиктсон дар роҳи муборизаи самаранок бар зидди терроризм ва экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва махсусан, ба оби тоза таъмин намудани сокинони сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш қабул гардид. Маҳз баромаду ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, махсусан СММ кишвари моро дар сатҳи ҷаҳонӣ чун субъекти мустақил ва ташаббускор муаррифӣ ва маъмул гардонид. Имрӯзрисолати ҳар як узви ҷомеаи соҳибистиқлол пеш ҳама арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан бо тамоми ҳастӣ махсуб меёбад. Бояд гуфт, ки истиқлоли миллат дар заминаи хирад ва ваҳдати миллӣ устувор мегардад, аз ин рӯ якдилии миллат ва якпорчагии Ватан бояд шиори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

Абдулмуминзода Гесуҷон Насимљон - корманди Маркази рушди инноватсионии илм ва техналогияњои нави АМИТ

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати мутамаддини тоҷик буда, тақдири худро бо дасти хеш навишта, мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол қабл 9-уми сентябри соли 1991 мустақилияти комилро ба даст овард ва бо ҳамин васила саҳифаи наверо дар ҳаёти миллати тоҷик оғоз намудааст.

323Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд: «Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандустона заҳмат мекашанд ва дар зарфи солҳои сипаришудаи истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардаҳои бесобиқа ноил гардиданд».

Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту суботи ҷомеа, оромии сиёсиву иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум бо мушкилотумонеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид.

Яъне агар барои аксари ҷумҳуриҳои собиқ давлати абарқудрати ягона истиқлолият нисбатан ба осонӣ муяссар гардида бошад, барои Тоҷикистони мо расидан ба ин неъмати бебаҳо ниҳоят гарон афтод. Бархӯрди манфиатҳои доираҳои гуногуни дохиливу хориҷӣ, ки асосан аз беруни кишвар идора карда мешуданд, оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд.

Бояд таъкид кард, ки истиқлолият муқаддастарин неъмат аст, ки мо бояд онро чун гаҳвараки чашм нигоҳдорему арҷгузорем.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили рукнҳои давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Албатта, барои пешбурди ин ҷараёни созанда ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти ниёгони худ сабақ омӯзем, аз таҷрибаи ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳидоят ва сафарбар намоем. Мусаллам аст, ки таърихи қадима, фарҳанги бою рангоранг, забон ва адабиёти пурғановати миллӣ, хештаншиносиву худогоҳӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва дигар муқаддасот асоси ҳастӣ ва бақои миллат буда, ҳар як миллати воҳид маҳз тавассути ҳамин арзишҳо ба тамаддун ва таърихи башарӣ ворид мешавад.

Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.

Мо – наслҳои имрӯзаи таҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро ба души хеш гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ ва ваҳдат нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамун созем. Аз ин рӯ, бояд шукргузор аз он бошем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азизу маҳбуб ва ободу зебоеро ато намудааст ва он шабеҳи биҳишт аст. Инчунин мо ҷавононро зарур аст, ки пайрави Пешвои худ бошем, сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои худро дастгирӣнамоем ва зиракии сиёсиро аз даст надода, якҷоя ҳар як ҳаракати номатлубро пешгирӣ карда, барои пешрафти Ватани азизамон саҳми худро гузорем.

Убайдулло М.О.- ходими калони илмии Маркази инноватсионии биология ва тиб

323

Ба истиқболи33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлоли сиёсӣ ва фазои озоду мусоиди он дар баробари дигар имкониятҳо ба пажӯҳиши таърихи пурҳаводиси тоҷикон роҳи фароху муҳити созгорро баҳри рӯ овардан ба ғояҳо ва арзишҳои миллӣ, оину суннатҳои аҷдодӣ, эҳёи низоми давлатдории миллӣ ва пайдо шудани назари боз ҳам жарфтар ба таъриху тамаддуни тоҷикон муҳайё намуд. Маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ манфиатҳо ва ҳадафҳои миллӣ дар сиёсати давлат мақоми асосӣ ва меҳварӣ пайдо намуда, татбиқи он ба муҳимтарин равандҳои сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ мубаддал гашт. Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба миён омадани воқеияти нави сиёсию иҷтимоӣ пеш аз ҳама дар шуур ва худшиносии ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён овард.

Истиқлоли сиёсӣ аз бошукуҳтарин дастоварди давлатдории навини тоҷикон маҳсуб ёфта, дар сарнавишти миллати куҳанбунёди тоҷик тағйироти куллӣ ба вуҷуд овард ва оғози марҳилаи сифатан нави таърихӣ гардид. Ин падидаи беназир дар назди мардуми Тоҷикистон иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди рукнҳои давлатдории муосирро ба миён гузошт. Дар тӯли сиву се сол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати заҳматҳоисофдилона ва содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату талошҳои ҷавонмардони шуҷоъу далер дар таъмини рушди самтҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат ба натиҷаҳои намоён ноил гардид.

Тоҷикистон дар давоми сиву се соли Истиқлоли давлатӣбо суботи сиёсӣ ва рушду созандагиаш ба як давлати аз дидгоҳи амният ба куллӣтаъмингашта табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешасабз якдилона кӯшиш ба харҷмедиҳанд. Дар тӯли ин солҳо Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Президенти кишвар муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.

Истиқлоли сиёсӣбеҳтарин неъмати воло дар ҳаёти халқи тоҷик, намунаи беҳтарини кафили пешрафти давлату миллат ва рамзи некнажодии гузаштагон ва имрӯзиён, омили солимии андешаи миллати барҷаставу куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳилаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти ин миллат, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳуввияти миллӣва муҳимтар аз ҳама нишонаи возеҳи ҳастии миллат ва бақои давлат ба шумор меравад.

Маҳз дар марҳилаи Истиқлоли сиёсӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣва сиёсӣноил гардид. Месазад, ки ин дастовардҳоро ҳар як сокини ба ору номуси кишвар тарғибу ташвиқнамуд ва решаҳову пояҳои Истиқлоли сиёсии хешро боз ҳам мустаҳакам кард. Ҳодисаи охире, ки маҳз ба Истиқлоли сиёсӣва давлатии мо вобаста аст ин ба истифода додани бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинои нави Парлумони Тоҷикистон мебошад, ки шояд дар минтақаи Осиёи Миёна шабеҳи он дигар набошад. Ин иншооти маъмурӣва сиёсӣметавонад Истиқлоли сиёсӣва давлатии моро боз ҳам мустаҳкам намояд.

Барои давлатдории миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама симои ин давлат ва ин миллати тамаддунофарро ба ҷаҳониён шиносонид. Ба воситаи рамзҳои давлатӣва ба воситаи аъзо шудан ба Созмони Милали Муттаҳид аз 02 марти соли 1993 ва муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷой гирифт ва субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ гардид, ки ин ҳама ташаббусҳову ҷоннисориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ЭмомалӣРаҳмон ва дигар шахсиятҳои содиқи Ватан буд, ки дар ин роҳ меҳнати ҳалол карданд, пофишорӣ карданд, кашфиёти илмӣкарданд, асарҳои илмӣнавиштанд ва Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ намуданд.

Ба хотири ба даст овардани ваҳдату ягонагии миллату кишвар, таҳким ва рушди худшиносию ҳувияти миллӣ ва ҳифзи Истиқлоли комили давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати давлатдории худ таваҷҷуҳ ба сабақҳои таърих, оину суннатҳои волои давлатдорию фарҳангии аҷдодиро гузошта, арҷгузорӣ, ҳифз ва истифодаи ҳамаҷонибаи ин хазинаи бузурги арзишмандро дар эъмор ва таҳкими давлатдории навини миллӣпайваста ҳидоят менамоянд.

Раванди нав, ки яке аз муҳимтариндастоварди замони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣкарда мешавад, ин вусъати комил пайдо намудани таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихист. Дар ин раванд метавон аз ҷашнҳои пуршукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ҳар яке бо як шукӯҳи хосса доир гашта, дар худшиносии миллии ҷомеаи кишвар нақши муассире гузоштанд, ёдовар шуд. Ба муносибати таҷлили ин ҷашнҳову санаҳои таърихӣ баробари корҳои ободову созандагӣ, марказҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, рисолаву асарҳои зиёди илмӣ, барномаву гузоришҳои телевизионӣ, радио ва интернетӣ ба тасвиб расиданд.

Падидаи наҷиби дигаре, ки дар даҳаи сеюми давлатдории миллӣбо шарофати Истиқлоли сиёсӣ рӯйи кор омадааст, ин таҳаввулот дар сиёсати давлатии ҷавонон мебошад. Дар ин раванд бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар маснади роҳбарӣ ҳидоят намудани ҷавонон таҳаввулоти назаррас мушоҳида мешавад, ки ин аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат дарак медиҳад.

Инъикоси дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои сатҳи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифии дастовардҳои беназир дар кӯтоҳтарин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, ҳадафҳои миллӣ ва стратегии ҷумҳурии мустақил ва роҳу воситаи татбиқи он, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, яке аз вазифаҳои муҳимми ҳар як фарди ватандӯсти кишвар мебошанд.

Сиву се солагии Истиқлоли сиёсӣ ва давлатии Тоҷикистон ба ҳама тоҷикони рӯйи олам мубораку фархунда бод!

ЗИЁЕВ СУБҲИДДИН НАСРИЕВИЧ, - номзади илмҳои филология, мудири шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи милли илмҳои Тоҷикистон

Истиқлолият муқаддастарин ва неъмати гарон, рамзи хушбахтӣ ва ҳуввияти миллат, ватандӯстӣ, шаъну шараф, нишонаи устуворист ва умри дароз доштани давлат.

Эмомалӣ Раҳмон

9-уми сентябр дар Тоҷикистон 33-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Оғози марҳалаи муосири таърихи Тоҷикистон бо раванди парокандагии ИҶШС, вайрон шудани таносуби қувваҳо дар ҷумҳурӣ алоқаманд аст. 24-уми августи соли 1990 дар авҷи муқовиматҳои сиёсӣ дар ҷаласаи дуюми Шурои Олии ҷумҳурӣ, даъвати 12-ум Эъломия дар бораи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Дар эъломия ҶШС Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили сермиллат эълон шудааст. Соҳибихтиёрии давлатии ҶШС Тоҷикистон, гуфта мешавад дар он, дар ягонагӣ ва бартарии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми қаламрави ҶШС Тоҷикистон ва мустақилият дар муносибатҳои хориҷӣ ифода меёбад. Эълон карда шуд, ки ҶШС Тоҷикистон дар қаламрави худ ҳама масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро мустақилона ҳал мекунад, ба истиснои он масъалаҳое, ки Тоҷикистон ихтиёран ба салоҳияти ИҶШС мегузарад. Ҷумҳурият ҳуқуқи аз ИҶШС озод шуданро бо тартиби мукаррарнамудаи шартномаи иттифоқӣ ва қонунгузорӣ дар асоси он нигоҳ доштааст.

9-уми сентябри соли 1991 Шурои Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатӣ Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон кард. Дар Эъломияи истиқлолияти давлатӣ омадааст: “Бо назардошти тағйироти инқилобӣ дар ИҶШС ва эҳтироми саъйи ҷумҳуриҳои соҳибихтиёре, ки ба он шомил карда шудаанд, муносибатҳои байни худро ба тариқи нав барқарор кунанд, тибқи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми августи соли 1990 қабул шудааст”.

Дастовардҳои Тоҷикистон дар 33 соли Истиқлоли давлатӣ аз дастовардҳои ҷаҳонӣ инҳоро фарқ кардан мумкин аст:

-Роҳбарияти Тоҷикистон тавонистааст давлатдорӣ ва тамомияти арзии худро ҳифз кунад.

-Ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуд. Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба бозорҳои кишварҳои шарик низ таъмин мекунад.

-Дар Тоҷикистон корҳо оид ба такмил додани инфрасохтори нақлиётӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ: азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард, пулҳо, нақбҳо гузаронида шуданд ва идома доранд. Ин ба табдил ёфтани Тоҷикистон ба минтақаи транзитӣ мусоидат мекунад.

-Тоҷикистон имрӯз сиёсати мустақили дохилӣ ва хориҷиро пеш мебарад, манфиатҳои миллии ҷумҳуриро дар арсаи геосиёсӣ ҳимоя мекунад.

-Тоҷикистон пас аз сардиҳои муносибатии чандинсола бо Ӯзбекистон дар самтҳои гуногун муносибатҳои ҳамсоягӣ ва ҳамкорӣ барқарор кард. Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баҳори соли 2018 байни вазорату идораҳои дахлдори кишварҳо 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ва дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон 26 санади дигар дар бораи ҳамкориҳои мутақобила ба имзо расид.

-Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион то 10 миллион нафар афзоиш ёфт, яъне 2 маротиба, сатҳ ва сифати зиндагии одамон ба куллӣ беҳтар шуд, умри миёнаи шаҳрвандон ба 73,5 сол расид. Халқи тоҷик бояд Истиқлолияти давлатии кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, шукргузор аз неъматҳои яздонӣ ба Пешвои миллати худ – Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳои рушди давлату миллат пайраву содиқ бошад.

Ибрагимова Мадина - лаборанти калони Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Истиқлол ҳарчанд таърифҳои зиёде дорад, аммо мо онро ҳамчун навистани тақдир бо дастони хеш ва интихоби тарзи зиндагӣ дар доираи қобилиятҳо, воситаҳо ва мувофиқ бо арзишҳои миллии худ муайян мекунем. Аз ин рӯ, истиқлол муродифи озодии интихоб, худмуайянкунӣ ва мустақилият аз дахолати беруна мебошад.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, ки самараи истиқлолро кишварҳо дар рақобату мубориза ба даст овардаанд. Чунки дар паси ин дастоварди бузург, ҷангу бесарусомонӣ, хиёнату бегонапарастӣ ва фитнаҳои муғризонаи душманон хобидаанд. Истиқлол ҳадафу неъмати олии дилхоҳ миллат буда, дар он хотираи таърих, орзуву армони аҷдодон, ҳувияту асолати миллӣ, ифтихору худшиносии миллӣ, давлатдории миллӣ, арзишҳои миллӣ, манфиатҳои миллӣ ва ҳадафҳои стратегӣ таҷассум ёфтааст. Истиқлоли сиёсӣ ин ноил шудан ба дастовардҳои бузург, таъмини амнияту сулҳи сартосарӣ ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.

Истиқлол на ба ҳар халқу миллат насиб мегардад. Зеро истиқлол натиҷаи муборизаҳои сулҳҷуёна, озодихоҳӣ ва ваҳдатгароӣ мебошад. Ин неъмати бебаҳо барои миллати тоҷик низ ба осонӣ насиб нагашт. Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлол, соҳибихтиёрӣ, фазои моро абру борони ҷанги шаҳрвандӣ, бозиҳои ҳаргуна гурӯҳҳои манфиатталаб ва фитнаҳои ташкилотҳои экстрмистиву террористӣ фаро гирифт. Озодӣ ва истиқлоли моро аз рӯзҳои аввал бо саҳнаҳои ҷангу ҷидол, қатлу куштори фарзандони миллат, майдоннишиниҳо, террору ғорати давлат ба ришта кашиданд. Аммо шарори истиқлолхоҳӣ, озодхоҳӣ, соҳибихтиёрӣ, эҳтироми сулҳу ваҳдат ва амнияту давлатдорӣ дар дилҳои мардуми тоҷик хомӯш нашуда буд. Душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷик чашм ба ҳар як ваҷаб замини кӯҳистонаш андӯхта буданд. Фурсат меҷустанд, то ки шарори истиқлол, ҳувияту ифтихорӣ моро хомӯш ва Ватани азизи моро пора – пора созанд. Аммо, қалами тақдири миллат ба дасти яке аз фарзандони фарзонаи миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афтод. Ин шахсият ҳадяи Яздон, ҳадяи таъриху тақдир буд. Зеро бо шарофати ин шахсияти таърихӣ, фарзанди асили миллати тоҷик, оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш, истиқлоли мо поянда ва давлати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт. Ин неъмати бебаҳо барои эҷоди аркони давлатдории муосир шароит фароҳам оварда, нуру зиё, ободиву озодӣ, бунёдкориву созандагӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик армуғон овард.

Истиқлоли давлатӣ нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихору номус, рамзи саодату хушбахтӣ ва тантанаи орзуву ормонҳои деринаи мардуми мо мебошад, ки Тоҷикистони азизро ба як марҳилаи хоси таърихӣворид намуда, бо ҷомеаи ҷаҳон пайваст. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар қатори дигар кишварҳои тараққикарда, барои ҳадафҳои ҷаҳонияш мешиносанд ва эътироф доранд. Маҳз, қабул гардидани панҷ Қатънома дар соҳаи об аз тарафи СММ боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистонро кишвари калидӣ дар ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон муаррифӣ карда истодааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣфароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд».

Хушбахтона имрӯз Истиқлоли мо сию сесола мешавад. Мо 33 сол аст, ки шаҳди истиқлол, озодӣ, соҳибихтиёриро мечашем. Фаромӯш бояд насохт, ки ин шаҳди ширин, неъмати яздонӣ барои мо гарон афтодааст. Зеро дар паси он ормони ҳазорон шаҳидони роҳи Истиқлол, ормони ҳазорсолаи халқи тоҷик ва заҳматҳои шабонарӯзии мардум хобидааст. Озодӣ, фатҳу кушоиш ҳама бо шарофати истиқлол ба мо насиб гардидааст. Ҳар неъмате, ки нисбати он эҳтиром гузошта нашавад, нобуд хоҳад шуд, ҳатто Истиқлол ҳам. Пас бояд ҳар лаҳза ба он эҳтиром қоим буд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт кард. Муносибати мо бо Истиқлол дар ҳар давру замон гуногун буд. Имрӯз он самимона буда, лаҳза ба лаҳза меҳру муҳаббат нисбати он меафзояд. Аммо ҳоло новобаста аз он, ки мо дар ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем, вале дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдатгароӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ ниёзи бештар дорем. Чунки таҳдидҳои терроризму экстремизм то рафт авҷ гирифта, метавонанд ба амнияту осоиши ҷомеа халал ворид созанд. Ин дар ҳолест, ки мутаассифона, то ҳол гурӯҳу созмонҳое ҳастанд, ки дар пайи ноором кардани вазъ дар кишвари азизи мо мебошанд ва бо ҳар роҳ кӯшиш мекунанд, ки монеи пешрафту тараққиёти мамлакат гарданд. Пас, дар чунин вазъ мо бояд дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амал карда, дар ҳеҷ маврид зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба қадри тавонмандии хеш дар пешрафти минбаъдаи Ватани азизи худ саҳмгузор бошем.

Искандар ШАРИФОВ, ходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - и Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Ба истиқболи 33-умин солгарди

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолмаънии ҳаёт ва омили таъминкунандаи саодати рӯзгори инсоният аст. Дар ҳама давру замон одамият Истиқлолро шарти асосии бунёди ҷомеаи солим ва рушдёфта донистаанд. Аз ин рӯ, Истиқлол инъикосгари ҳаёти орому осудаву осоиштаву боамни давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Дар марҳалаи давлатдории навини тоҷикон дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ бузургтарин дастоварди милливу давлатӣ буда, рушди ҳамаҷониба ва устувори давлат ба ин падидаибузург пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҷониби дигар, мафҳумҳоиИстиқлол, Сулҳ, Ваҳдат ва субот ба ҳамдигар тавъам буда, заминагузори давлати нави соҳибистиқлол, дунявӣ, ягона, демократӣ ва ҳуқуқбунёди тоҷикон маҳсуб меёбанд.

Мусаллам аст, ки раванди бунёд, бадастоварӣ ва истиқрори Истиқлолу Сулҳу Ваҳдат ва дар ин марҳала ҳифзу буми Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин масир нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоятбузургу бориз аст. Яъне, шукуҳу ҷалоли соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ин неъмати созанда ва дастоварди пурарзиш нақши хоссаи худро гузоштаанд.

Дар идомаи фаъолияти пурсамар ва пурмаҳсул, бахусус талошҳои пайваставу ҳамешагии Пешвои миллат дар Тоҷикистон суботу ҳамгироии миллӣ барқарор гашта, фазои субот, амнияти миллӣ ва ваҳдату якдилӣ устувор гардид, ки ин пеш аз ҳама самараи ҷасорату матонати сулҳофаринии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамагуна имконоти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷиҳати амалигардонӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар фароҳам оварда шудаанд, ки чунин барномарезиҳои стратегӣ омили таъминкунандаи рушди устувори Тоҷикистон маънидод мегарданд.

Дар замони Истиқлол таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва рушди маънавиёту рушди зеҳнияти илмиву техникии онҳо аз ҷониби Пешвои миллат равона гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинии илмии насли ҷавон хеле тадбирҷӯиҳои саривақӣ ва стратегияву барномаҳои муҳимму зарурӣ ба вуҷуд омаданд. Зеро яке аз воситаҳои асосии рушди давлат ин рӯй овардан ба илму маориф ва дар ин замина тарбияи мутахассисони варзида, бомаҳорат, забондон ва донишманду ватандӯст аст.

Агар нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳем, месазад, ки дар ин хусус як силсила таҳқиқоти бузургро анҷом дод.

Яке аз омилҳои таҳкимбахш ва муаррификунандаи давлату миллат ин роҳандозии сиёсати муваффақонаи хориҷӣ ва роҳ ёфтан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин масир, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҷиҳати таҳким ва тақвияти Истиқлоли давлатӣ бо давлатҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамкориҳоро ба роҳ монад, ки ин ҳама натиҷаи сиёсатгузориҳои арзишманди Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.

Эътироф гардидани давлати мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо аксари кишварҳои дуру наздик, узви комилҳуқуқи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ гардидан, пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва даҳҳо муваффақиятҳои дигар дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ ҳама бозгӯифаъолияти пурсамари мактаби дипломатияи муваффақиПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки ба таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва шинохти ҷаҳонии давлати миллии тоҷиконмусоидат намудаанд.

Ҳамин тариқ, марҳалаи дастёбӣ ба Истиқлоли давлатӣ ва рушди устувори Тоҷикистони азиз, ба фаъолияти созандаву бунёдкорона ва афкори созандаву ободиоварандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагии амиқ дорад. Зеро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои хирадсолор ормони ҳазорсолаимиллати тоҷикро ҳимоя намуда, давлати миллии тоҷиконро эҳё намуданд, ки ин бузургтарин саодат, баландтарин иқбол ва беҳтарин хушбахтӣ барои миллати тоҷик мебошад.

Ардамеҳр Ашуров - номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

222Cиву се сол пеш миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ – Истиқлолии давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо бо ҳисси ифтихору сарфарозӣ 33-юмин солгарди онро ҷашн мегирем. Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлилу ҷамъбаст ва натиҷагириҳои рўйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нигоҳ Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик падидаи бемислу монанди таърихист, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.

Дар ин росто, қабл аз ҳама, бояд дарк кард, ки истиқлолият волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик тайи ҳазорсолаи охир мебошад. Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлол ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ бо ҳама вижагиҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

“Роҳи таърихии тайкардаи мардуми тоҷик” ба андешаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -“роҳи ҳамвору осон набуд ва ёфтани миёнроҳи тиллоӣ низ амри маҳол менамуд”. Аз нахустин қадамҳои Истиқлол доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанўз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва даргириҳои сиёсӣ кашида, баъдан давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд. Дар натиҷа беш аз сад ҳазор шаҳрвандони мо ҷони худро аз даст доданд, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд. Ҷанги таҳмилӣ ба иқтисодиёти мамлакат дар маҷмўъ беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зиёни моддӣ расонид. Зарари маънавии ҷанг ҳадду ҳисоб надорад. Зиёда аз ин, миёни доираҳои сиёсии беруна ва шарикони дохилии онҳо нақшаи таҷзияи Тоҷикистон, пароканда сохтани миллат ва бо ҳамин роҳ аз байн бурдани давлатдории тоҷикон тарҳрезӣ мешуд. Вале бархилофи азму талошҳои гурўҳҳои бегонапараст, нерўҳои тундрави дохилӣ ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ неруҳои солими ҷомеаи мо дар як муддати кўтоҳ зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ ба ҳам омада, роҳи расидан ба сулҳ ва ваҳдати миллиро интихоб карданд. Баъд аз зиёда аз панҷсоли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки дастоварди нодиртарини тоҷикон дар даврони истиқлолият мебошад ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омўзиш табдил ёфтааст.

Тавре мебинем, даҳсолаи аввали давлатдории навини миллии тоҷикон асосан ба ҳалли масоили сиёсӣ, бозгардондани гурезагон, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000- ум ба давлату ҳукумат муяссар гардид, ки ҷиддан ба ҳалли масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бипардозад. Дар нимаи дуюми соли 2000-ум рӯйдоди хеле муҳимми даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваста, як силсила ислоҳоти иқтисодиву молиявӣ ба роҳ андохта шуд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин, беҳдошти ҳолати молиявӣ, муътадил гардидани буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд. Тоҷикистон имрўз дар роҳи иҷрои 4 ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ васаноатикунонии босуръат ва татбиқи Стратегияи миллии рушд қарор дорад.

Тоҷикон дар таърихи гузашта бо доштани ҷавонмардони худ ифтихор дошт ва дорад. Саҳифаҳои таърихии мо то имрӯз дар китобҳо нуҳуфтааст. Ҳанӯз аз қаҳрамонони шуҷои халқи тоҷик ба мисли Темурмалику Восеъ, Муқаннаву Спитамени бузург ва садҳо қаҳрамонони шуҷои Ватан сарчашма мегирад. Имрӯз ҷавонони мо низ дар пайравии гузаштагони худ барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таҳқими Истиқлолияти давлатӣ камари ҳиммат бастаанд. Ташаббусҳо ва имкониятҳои фаррохи васеъи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон беандоза аст. Имкониятҳои хуби илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва забономӯзӣ барои ҷавонон фароҳам шудаанд. Барои ҳамаи ин имкониятҳои фароҳамшуда, мутмаин аз онем, ки ҷавонони мо дучанд барои номдории номи кишвар саҳми бориз мегузоранд. Зиҳи Истиқлоли миллат, зиҳи шаҳболи устувори давлат. Истиқлоли диёр, муборакамон бод!

Дилафруз Достиева - лаборанти калони Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омузиши масъалаҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илҳои Тоҷикистон

Ба зуҳури истиқлол чун неъмати бебаҳо ва гаронмоя миллати азиятдидаву ранҷкашидаи тоҷик соҳибистиқлол гардид. Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки дар асри 20-ум ба даст омада.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзизтӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз оварда аст.

Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлат, комилҳуқуқӣ ва соҳибихтиёрӣ, низоми давлатдорӣ ва бузургии миллат аст, ки сиёсати дохилию хориҷӣ, иқтисодӣ, вазъияти иҷтимоиву фарҳангии миллатро ривоҷу равнақ медиҳад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик асг, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навшита, роҳу равиши хосса вамақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо кард ва набзи давлату миллати моро ба набзи сайёра ҳамсадо месозад.

Истиқлол чун олитарин меҳмони пурфаӣзу пурсаховат бар хони кишвари тоҷикон соли1991 қадам ранҷа намуд. Ин миллати меҳмоннавоз қудуми мубораки ин меҳмони олиқадрро воло ҳисобида ба хубӣ пазируфт, Гарчанде бархе аз номуродон сараввал чун душманони қаттоли ин сарзамини афсонавӣ тобу тоқати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ накарда миллати барӯманди тоҷикро бо ҳамдигар иғво андохтанд, ҷангҳои бародаркуш ташкил намуданд, мардуми барӯманди ин сарзаминро муҳоҷир гардониданд, мавзеъҳоро вайрон карданду тифлаконро бесаробон гардониданд, аммо ба муроди дили пуркинаашон нарасиданд, зеро ин миллати бузургро марди бузургу дунёдида, ҷаҳондону дарёдил, бохираду некқадам Президенти Тоҷикистони азиз, Эмомалӣ Раҳмон роҳбаладӣ мекунад. Бо мурури вақт ҳама душворию азиятҳо паси cap гаштанду давлат орому миллат дилшод гардид.

Бо паси cap кардани монеаву душвориҳои зиёд, мулоҳизакор будани миллат имрӯз Тоҷикистонро тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мешиносанд. Имрӯз миллати тоҷикро тамоми дунё чун қавми бузург эътироф мекунанд. Фарзандони ин миллати барӯманд дар тамоми кишварҳои ҷаҳон дар соҳаҳои гуногун фаъолияг мебаранд. Қариб ҳамаи кишварҳои дунё робитаи дӯстию тиҷоратиашонро бо Тоҷикистон пайвастаанд, ки ин ҳама нишонаҳои бузургӣ истиқлол аст.

Имрӯз наметавон сарзаминеро номбар кард, ки Тоҷикистонро чун кишвари соҳибисгиқлол нашиносад. Имрӯз миллати тоҷик дар арафаи ҷашни 33-солагии истиқлоли миллӣ ҳамаҷониба барои ободкорӣ ва ҳамзиштии осоишта мекӯшад. Рамзҳои асосии давлати мо нишони миллӣ, парчами миллӣ, пули миллӣ мебошанд. Фарзандони миллат дар қувваҳои миллии давлати хеш адои хизмати Модар-Ватан мекунанд. Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик бо ифтихори бузурги миллӣ аз дасговардҳои бузурги истиқлол чун иншоотҳои бузурги кишвар, сохтмонҳои НБО-и Роғун, Сангтӯдаи-1, Сангтӯдаи-2, «Роҳи мошингарди Бадахшон», «Нақби Истиқлол», «Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб», ифтихор дорад.

Хуҷаста бошадо иқболи тоҷик,

Ба парвози навин шаҳболи тоҷик.

Гар истиқлолаш истиқбол дорад,

Ҳумоён бод истиқлоли тоҷик.

Бузургтарин дастоварди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон, ки соли 1994 сурат гирифта буд, қабули Сарқонуни ҷумҳурӣ мебошад. Сарқонун мавқеи шахсро дар ҷамъият дар мадди аввал гузошта, ки он гувоҳи сохтани давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд гардид.

Хулоса, тавассути истиқлол Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон соҳибихтиёр аст. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати барӯманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем.

Номзади илмҳои техники Наҷибуллоҳи Рузӣ МД Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

Зиндагиро дар ҳар давлат бидуни Истиқлолият тасаввур кардан имконнопазир аст. Истиқлол орзуву ормони ҳар миллату халқ аст, ки тамоми муборизаҳо ва талошҳои башарият баҳри ба даст овардани он сурат гирифтааст. Халқи тоҷик дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аз ҷониби бузургтарин чеҳраҳои сиёсату илм, маърифату ҷомеашиносони дунё ба ҳайси як миллати соҳибхирад ва ватандӯсту озодхоҳ эътироф ва шинохта шудааст, ки дар тамоми марҳилаҳои тараққиву пешрафти ҷомеа барои озодӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлоли худ пайгирона талош меварзад.

Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад. Барои тоҷикон танҳо пас аз солҳои тӯлонӣ, 9-уми сентябри соли 1991 муяссар гардид, ки ба ҷаҳониён аз оѓози марҳилаи нави сарнавиштсозу таърихии худ, яъне: эълон шудани соҳибистиқлолии давлати воқеӣ башорат диҳанд. Бинобар ин, ин рӯз ба ҳар сокини мамлакат азизу муборак маҳсуб меёбад ва ин рӯзест, ки ҷашни бузургу муқаддаси тоҷикон Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рӯҳияи бесобиқаи идона, шодмониву сурури мимиллӣ, тантанаҳои самимонаи васеъ ва хотирмон бо шукургузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ва озодии миллӣ истиқбол мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барҳақ наҷотдиҳанда ва меъмори воқеии истиқлолият мебошанд, ин падидаи нодири таърихиро чунин арзёбӣ менамояд: “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Даврони Истиқлолият бароямон имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки давлат масъалаҳои марбут ба имрӯзу фардои худро ҳаллу фасл намуда, ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ қадам гузорад». Бо ташаббус ва иқдомҳои бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ Ватани мо симои наву замонавӣ гирифта, дар тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон корҳои созандагию бунёдкорӣ авҷи тоза пайдо кард.

Истиқлолият рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият нишонаи барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Тоҷикистон маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон бо ҳама хусусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд. Истиқлолиятро давлати Тоҷикистон чун меросбари тамаддуни бузург, ганҷинаи бебаҳои илму маърифат, макони неъматҳои моддӣ ва боигариҳои табии истиқбол мекунанд, ки ҳамаи ин мояи сарфарозию ифтихори ҳар як соҳибватан аст. Бо шукри соҳибистиқлолӣ мо ба арзишҳои олии инсонию шаҳрвандӣ ба монанди дӯстию ҳамдилӣ, ваҳдати миллӣ, созандагию сулҳ арҷ мегузорем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем. Истиқлолият, ифтихори бузурги соҳибватанӣ, масъулияти бузурги ватандорӣ, сарчашмаи хушбахтию хушрӯзӣ ва сарбаландиву сарсабзии тамоми мардуми кишвар аст.

Кормандони Филилали Агентии аминяти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ВМКБ, бо истифода аз фурсат, тамом мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод менамоянд.

Хурсанд Илолов-директори Филиали

Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ дар ВМКБ

Истиқлолият ва озодӣ барои мо рамзи ҳақиқии ифтихор аз шукуфоии Ватан ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ҷумла, ба шарофати ин дастовард, яъне ба даст овардани истиқлолият, миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гардид, ки дар таърихи халқи мо ҳамтои худро надоранд.

sssОғози соли 1991 баъд аз пошхурии давлатҳои иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистони азизамон гирдоби ҷанги марговари шаҳрвандӣ ба вуқӯъ гирифтор шуд, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро бӯҳрони амиқи шадиди сиёсӣ фаро гирифт. Ҳазорҳо бинову корхона харобу валангор ва миллионҳо нафар сарсону саргардон ва бесарпаноҳ шуданд, ки ин омил ба шароити таълиму тарбия низ таъсири манфӣ расонд ва қисме аз муассисаҳои таълимӣ хароб гардиданд.

Ба бахти миллати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд, ки 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ Раиси Шӯрои Олӣ ва сипас, Президенти кишвар интихоб шуданд ва бо ҷасорату ҳисси баланди ватандӯстӣ ба майдони корзор ворид шуда, чандин маротиба ҷони хешро дар хатар гузошта, бо мухолифин дар лаҳзаҳои ҳассос ҳамсуҳбат гардидаву баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар пайваста талош намуданд.

Раванди сулҳи тоҷикон худ воқеаи беназир аст, ки сабақҳои арзишманди он на танҳо дар дохили кишвар, балки дар саросари ҷаҳон мавриди истиқбол ва омӯзиш қарор гирифт. Истиқлол ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик буд, ки он баъди ҳазорсолаҳо ҷомаи амал пӯшид ва имрӯз Давлати тоҷикон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳиби обруву эътибор ва нуфуз гардид.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо имкон дод, ки баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем. Чунки забони миллии мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тӯли асрҳо ба шумор меравад. Хушбахт фардест, ки бо вуҷуди сахтиву мушкилиҳо лаззати соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолиро дарк намояд. Ҳимоя ва пуштибонии ҳамин арзишҳои баланди маънавӣ рисолати таърихии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвари азизамон мебошад, зеро дӯстдорӣ ва парастиши ватан муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон мебошад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҳар як олиму омӯзгор ба қадри Истиқлолият, Ватан ва арзишҳои миллӣ мерасанд ва ҳамеша барои ободии меҳани худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Пешвои муаззами миллат дуруст моро ҳушдор дода таъкид месозанд: «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст; онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст».

Аз замонҳои қадим халқи тамаддунофари тоҷик ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дошта, бузургони илму адаб ба монанди Абуабдуллоҳи Рудакӣ, Абдулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Абулқосим Лоҳутӣ, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Носири Хусрав, Гулназар Келдӣ ва дигарон дар инкишофи илм дар сарзамини тоҷик хидматҳои бузург кардаанд.

Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд. Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» эълон карда шуд.

Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ илми тоҷик низ рушд ёфта, ҳамкориҳои илмӣ бо аксар кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ шудааст, ки муҳаққиқони тоҷик дар асоси шартномаҳои тарафайн баҳри татбиқи натиҷаҳои амалии дастовардҳои илмиашон фиристода мешаванд. Муҳаққиқони варзида аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҳавасманд гардонида мешаванд. Таъсиси Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумлаи ин иқдомҳост, ки ҳамасола ба олимони ҷавон супорида мешавад. Барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд.

Маҳз бо дастгири ва пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №270 Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Мақсади асосии Марказ ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ дар самтҳои омӯзиши масъалаҳои маводшиносӣ, истеҳсоли мавод, технология ва таҷҳизоти нав, иқтисодиёт, технологияҳои инноватсионии дорушиносӣ, дорусозӣ ва пизишкӣ, технологияҳои компютерӣ, инчунин татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионии барои рушди мамлакат муҳим, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ мебошад.

Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар самти татбиқи натиҷаҳои илмӣ дар истеҳсолот пайваста корбари намуда ба як қатор дастовардҳо ноил гаштааст.

Бояд қайд намуд, ки олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста мақолаҳои илмии худро дар маҷаллаҳои бонуфузи ҷаҳон ба нашр расонида ва дар конфронсҳои давлатҳои хориҷа ширкат варзида илми тоҷикро муаррифи намуда истоданд, ки гувоҳи аз рушди илм дар давраи истиқлолият медиҳад.

Бояд ҳамагӣ ба қадри талошу заҳматҳои Пешвои миллат бирасем, шукргузори аз замину фазову ҳавои меҳану сарзамини хеш кунем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму зебо заҳмат ба харҷ диҳем.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии н.и.т., Раҳимов Фирӯз Акбарович

“Ояндаи Тоҷикистоназ фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Эмомалӣ РАҲМОН

22Тавре, ки ҳамагон хуб медонем ва ҳамзамон беш аз пеш эҳсос менамоем, дар замони муосир мавқеи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи асосӣ дар иртибот бо оила ва тарбияи ахлоқии наврасону ҷавонон аз муносибати дӯстонаи волидайн, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории судманди онҳо шуруъ гардида, ҳамзамон ба раванди тарбияи ахлоқӣ таъсири бештару беҳтари худро мерасонад, ки боиси таҳсину офарин аст.

Чунки тибқи мушоҳидаҳо дар раванди таълиму тарбияи фарзанд пеш аз ҳама муносибати хубу ғамхоронаи дуҷониба ниҳоят муҳим буда, инкишофи фарзанд ва инчунин дунёи маънавии ӯро бештар аз пештар рушд мебахшад. Беҳуда нест, ки педагоги маъруфи рус А. С. Макаренко ҳанӯз дар замони зиндагонии хеш, аз он ҷумла дар ин хусус чунин гуфта буд:“Аввалин таҳкурсии тамоми хулқу атвор, рафтору кирдор, ҳиссиёт, фикру андеша ва шуури бача дар оила гузошта мешавад ва он ҷо ташаккул меёбад”.

Зеро, таъмини фазои хуби солиму маънавӣ дар оила яке аз омилҳои муҳим дар самти инкишофи ахлоқӣ ва равонии фарзанд маҳсуб меёбад. Бо мақсади ба вуҷуд овардани чунин муҳити мусбат ва мусоид бояд ҳар якузви оила дар асоси донишҳои педагогикаи оилавӣ кӯшишу ғайрати хешро ба харҷ диҳанд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ тақозои айём аст.

Аз ҷониби дигар, масоили мазкур волидайнро маҷбурмесозад, ки ҳамеша ва дар ҳар давру замон бештар масъулиятнок бошанд. Зеро онҳо асоси ба вуҷуд омадани муҳити солим дар оила буда, тарзи муносибату муоширати онҳо умуман гирем барои ҳамаи фарзандон ҳамчун намунаи ибрат ва инчунин пайравӣ хидмат менамояд.

Чунки аксарияти фарзандон дар хонавода ҳамеша фаъолияти калонсолон ва рафтору кирдори аҳли оилаашонро рӯз аз рӯз мушоҳида намуда, онро ҳамчун объекти тақлид ва сармашқи фаъолияти хеш қарор медиҳанд ва тамоми хислат ва тарзи фаъолияти содиркардаи онҳоро баъзан мавридҳо такрору тақлид низ менамоянд, ки ба вуқуъ пайвастани ин падидаҳо аз эҳтимол дур нест.

Аз ин лиҳоз, волидайнро зарур аст, ки ҳамеша тарзи рафтору кирдор ва суханронии худро хуб донанду ботамкин ва инчунин тариқи хело ҳам нағз фаҳмонидан ба рафтори эшон эродҳояшонро баён намоянд, то ин ки дар минбаъда онҳо чунин рафторҳои номатлубро дар ҷомеа ва ё худ дар байни аҳли оила ва дар ҳузури ёру дӯстонашон содир накунанд.

Хулласи калом, аз ин лиҳоз ҳангоми тарбияи атфол ва умуман гирем ҳамаи фарзандонамон дар хонавода тамоми талаботро ба инобат гирифта, пас аз он ба онҳо бо роҳҳои насиҳат ва инчунин тариқи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ сару кор гирифтан аз манфиат холӣ нахоҳад буд, ки ин омил боиси масъулияти бештар мебошад.

Ба пиндори мо баръакс волидон ва омӯзгорон муваззафанд, ки пеш аз ҳама тарзҳои рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори накӯю тарғибу ташвиқи намунаҳои хуби ахлоқӣ ва меҳнатдӯстиро дар вуҷуду замири поку беолоиши фарзандони худ ҷой карда ва ҳамзамон онро дар мадди назари худ ҷилвагар созанд ва таҳти назорати мунтазам қарор диҳанд.

Лозим ба тазаккур аст, ки яке аз педагогҳои маъруфи замони гузашта В. А. Сухомлинский басо ҳамбамаврид қайд кардааст, ки “Солҳои кӯдакӣ, ки мо онро давраи хурсандӣ, давраи беғамӣ, бозию афсонаҳо меҳисобем, сарчашмаи орзуҳои ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин синну сол асоси ҳисси хештаншиносӣ ташаккул меёбад. Аз он чизе, ки кӯдак дар солҳои хурдӣ аз олами атроф дарк намудааст, аз он чизе, ки ӯро ба гирякунӣ водор сохтааст, аз ҳамон чиз шахсияти ӯ вобаста аст”.

Ҳамин тавр, шахсияти фарзанд дар ҷараёни муҳит ва муоширати солим ташаккул меёбад. Ин падида ниҳоятан имкон фароҳам меорад, ки аксар ҳаводиси мухталифи ба вуқуъ пайваста хуб фаҳмида шаванд ва инчунин тарзи дуруст бартараф намудани онҳо амалӣ карда шавад.

Зеро тавассути муошират ҳиссиёти манфӣ бароварда мешавад, ки дар натоиҷи он шахсияти фарзанд дар оила низ муътадил ташаккул ёфтан мегирад. Ҳамзамон ба воситаи муоширати солим метавон аксар нофаҳмиҳоро, ки дар бархе ҳолатҳо дар байни аъзоёни оила пайдо мешаванд, ки дар баъзе мавридҳо бартараф намуданашон низ боиси пешравӣ дар ташаккули шахсият мегардад.

Бояд қайд кард, ки самарабахшии тарбияи ахлоқиро дар оила ин муносибатҳои эмотсионалӣ мебошад. Ин гуна муносибатҳо аъзоёни оиларо бо ҳамдигар мепайвандад, боварӣ ва меҳру муҳаббаташонро боз ҳам устувортар мегардонад. Маҳз ҳамингуна муҳити гарму солими оилавӣ сарчашмаи хушбахтиҳои ҳамаи фарзандон мебошад.

Чунки тарбияи оилавӣ, ин на танҳо тарбияи фарзандон, инчунин худтарбиякунии волидон низ мебошад. Волидон он сифатҳои волои ахлоқиро, ки худ надоранд, пас онро дар замири фарзандонашон ташаккул дода наметавонанд.

Дар муҳити оила, дар иҳотаи волидайн, бобову бибӣ, холаву тағо, аммаю амак, бародару ҳоҳари калонӣ ва хешовандони дурру наздик ба камол расидани фарзандимконият медиҳад бовар намояд, ки ӯ яккаву танҳо нест, зеро наздиконаш ӯро дӯст медоранд ва инчунин ҳурмату эҳтиром мекунанд ва ҳамзамон ӯро муҳофизат ҳамменамоянд. Дар самти ташаккулёбии боварию эътимоди фарзанд ба одамони атроф, муҳитиоилавӣ басо ҳам муҳим аст, ки он ҳамчун як заминае баҳри тарбияи хештаншиносӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ мегардад.

Ташаккули шахсият масоили ниҳоят муҳим буда, аз волидайн ва калонсолон масъулияти басо ҷиддӣ ва инчунин кори ҷонию ҳаррӯзаи басо ҳам мураккабро тақозоменамояд. Аз ин рӯ, бояд падару модарон ва инчунин дигар калонсолон ҷиҳати дуруст муошират кардан ба ҳамаи фарзандон ҳамеша омода бошанд ва инчунин лаҳзаҳои асоситаринро дар рушд ва ташаккулёбии шахсият ҳеҷ гоҳ бояд аз даст надиҳанд.

Нуктаи муҳимтарин шиносоӣ доштани падару модар бо мақсад ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҳамчун асос ва ҳатман ба инобат гирифта шавад.

Дар маҷмуъ, бояд қайд кард, ки аҳли илму маорифи кишвар ҳамаи гуфтаҳои хирадмандонаву инсонсолорона ва нишондодҳои Паёмҳои36 ҳарсолаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Парлумони мамлакат бояд дастури амали ҳамешагии худ қарор диҳанд ва ҳамзамон фаромӯш насозанд, ки соҳаи маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки миллӣ ва чашми бинои ҳама кас дар шароити муосир нақши басо ҳам муҳим ва барозандаи худро дорад.

Алишер Раҳимзода, н.и.ф.м, директори Институти математика ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Раҳмонов Бахтовар, н.и.ф.м, мудири шуъбаи муодилаҳои дифференсиалии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ.