Муродова Тољинисо – н.и.фал., дотсент, ходими пешбари илмии
ИФСЊ-и ба номи А.Бањоваддинови АМИТ
Дар маќола сањм ва љойгоњи донишманди арзишманди таърихи фалсафаи тољик академик А.Бањоваддинов аз нигоњи олимони тољик тањлилу баррасї мешавад. Њаёту фаъолияти илмї, фалсафї, љамъиятї-сиёсї, педагогї-психиологї, маорифпарварї ва дигар љанбањои эљодї-илмии ў аз тарафи муњаќќиќони тољик Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев, И.Ш.Шарипов, А.Муњаммадхољаев, К.Олимов, Н.М.Сайфуллоев, Х.Идиев, Ќ.Гиёев ва дигар муњаќќиќон мавриди тањќиќу баррасї ќарор гирифтааст.
Академик А.Бањоваддинов аз љумлаи донишмандони равшанфикр ва мутафаккирони ватанпарвару миллатдўст ва вањдатгарои тољик буда, бањри њифзи арзишњои фарњангу суннат ва таъриху тамаддуни ѓании тољик дар муќобили пантуркистњо ва дигар ќавмњои бадбини миллати тољик мубориза кардааст. Ин шахсияти шарафманду бошуљои миллат дар муќобили њар гуна туњмату пастзанињои тољикон истодагарї намуда, бо факту далелњои асоснок онњоро рад намудааст.
Сањми академик А.Бањоваддинов дар тањќиќу тањлили таърихи фалсафаи тољик ва ахтарони он – Абунасри Форобї, Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Муњаммад Ѓаззолї, Абулмаљди Саної, Љалолуддини Балхї, Абдурањмони Љомї дорои арзиши бузург буда, шоњроњи бузургеро барои олимону муњаќќиќони минбаъдаи тољик боз кард.
Њар як миллат бо фарњангу тамаддун, махсусан бо ситорањои дурахшони илму фазилати худ зинда аст ва тавассути ин ситорањо њувияту фарњанги миллї, љањонбинї ва тамаддуни миллат барои насли имрўзаву баъдина њифз мешавад. Ва агар ба таърихи фалсафаву адабиёт ва фарњанги миллати тољик нигарем бузургону донишмандони машњури он ба монанди Абурайњони Берунї, Абуабдуллои Рудакї, Абунасри Форобї, Муњаммад Закариёи Розї, Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Абуяќуби Сиљистонї, Саноии Ѓазнавї, Насириддини Тусї, Фаридуддини Аттор, Љалолуддини Балхї, Мањмуди Шабистарї, Њофизи Шерозї, Шамсуддин Муњаммади Лоњиљї, Файзи Кошонї, Соиби Табрезї, Сайидои Насафї, Њаким Сафо, Ѓолиби Дењлавї ва дигарон бо осори гаронбањояшон тариќи зањматњои олимону муњаќќиќони шинохтаи тољик то имрўз ба хонандаи муосир муаррифї шудаанд. Яке аз ин муњаќќиќони шоиста академик А.Бањоваддинов буд, ки дар тањќиќу баррасии таърихи фалсафаи тољик, намояндагон, замони зиндагї, сохти иљтимоиву сиёсї ва фарњангии он сањми арзандае гузоштааст.
Ба шарофати Истиќлолияти миллї ва зањмату талошњои Рањбари хирадманд, Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар замони муосир осори ин шахсияти миллатдўсту ватанпарвар ва худшинос аз тарафи олимони тољик мавриди омўзишу тањлили васеъ ќарор гирифтаанд. Бахшида ба муносибати 90-солагии зодрўзи академик А. Бањоваддинов соли 2001 маљмуаи маќолањо чоп шуд, ки бо пешгуфтори муфассали олими шинохтаи тољик, шодравон Ѓ.Ашуров (ёдашон ба хайр) аз чоп баромада буд. Дар ин маљмуа маќолањои олимони тољик – Шарипов И.Ш., Муњаммадхољаев А., Олимов К., Сайфуллоев Н.М., Идиев Х. ва дигарон дар бораи њаёту зиндагї, фаъолияти илмї, љамъиятї-сиёсї, педагогї, маорифпарварї ва дигар љанбањои кору фаъолияти муњаќќиќи барљастаи таърихи фалсафаи тољик, академик А.Бањоваддинов ба табъ расидааст. Ба фикри олими сиёсатшинос, профессори шодравон Шарипов И.Ш. академик А.Бањоваддинов «поягузор, оѓозкунанда ва инкишофдињандаи фалсафаи замони нави тољик…буд». Муњаќќиќи таърихи фалсафаи тољик А.Муњаммадхољаев дар бораи хизматњои арзишманди академик А.Бањоваддинов навиштааст, ки «њосили зањмати бисёрсолаи худро дар китоби «Очерки по истории таджикской философии» (Сталинобод, 1961) љамъбаст намуда, нишон дод, ки афкори фалсафї ба таври умумї не, балки аз рўи љараёнњо ва таълимоти мушаххаси ба онњо иртибот дошта бояд омўхта шавад. Ин усули тањќиќ барои муњаќќиќони баъдина њамчун барномаи амал ва чароѓи њидоят хидмат намуд».
Мувофиќи навиштаи А.Муњаммадхољаев ќисмати асосии ин китоб, пеш аз њама аз он иборат аст, ки устод А.Бањоваддинов раванди инкишофи афкори фалсафиро нишон дода, назарияњои фалсафии мактабу љараёнњои фалсафию аќоиди барљастатарин намояндагони онро ба таври айнї-таърихї тањлил намудааст. Ин тањќиќоти пурарзиш дар айни њол омўзишу баррасии таълимоти зардуштия, зарвония, аќидањои монавия, маздакия ва љањонбинии фалсафї-иљтимоии Абунасри Форобї, тањќиќи љањонбинии фалсафї-ахлоќии Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Абуњомид Ѓаззолї, Абулмаљдї Саної, Љалолуддини Балхї ва дигар ањли илму адаби тољику форсро фаро гирифтааст.
Баъдан шогирдон ва пайравони роњу равиш ва усули тањќиќоти академик А.Бањоваддинов, махсусан М.Болтаев, Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев,Н.Одилов, К.Олимов, Х.Додихудоев, А.Муњаммадхољаев, М.Раљабов, М.Њазратќулов, У.Султонов, М.Султонов, И.Зиёев, М.Мирбобоев, И.Умаров, Н.Арабзода, М.Рањимов ва дигар олимону муњаќќиќони тољик дар бораи љањонбиниву андешањои фалсафї, ирфонї, ахлоќї, иљтимої ва сиёсии ахтарони дурахшони илму фалсафа ва фарњанги тољик тањќиќотњои боарзише анљом дода, дастраси ањли илму адаб намуданд.
Муњаќќиќони фалсафаи иљтимої Х.Идиев ва Ќ.Гиёев фикру андешањои академик А.Бањоваддиновро доир ба масъалањои иљтимоию сиёсї, махсусан маќолаи устодро «Оиди вањдати миллати тољик» мавриди тањлилу баррасї ќарор додаанд. Муњаќќиќони номбурда арзиши баланди маќоларо ба назар гирифта менависанд: «Муњтавою сатњи илмии маќолаи мазкур имкон медињад, ки онро њамчун сарчашмаи боэътимоди бунёдї дар љодаи омўзиши омилњои ба вањдати миллати тољик мусоидаткунанда, имрўзњо низ истифода намуд», зеро ки масъалаи вањдат ва вањдати миллї яке аз масоили мубрами замони муосир мебошад. Доир ба андешањои миллї ва њифзу њимояти миллати тољик ва фарњангу тамаддуни он аз тарафи академик А.Бањоваддинов устод Кароматулло Олимов дар китоби хеш «Машъалафрўзони хирад» хеле васеътар гуфта гузаштаанд. Академик А.Бањоваддинов яке аз мутафаккирони вањдатгарои миллати тољик ба шумор меравад, ки имрўз мардуми тољик орзую хостањои ўро бо дастгирї ва зањматњои Рањбари давлатамон муњтарам Эмомалї Рањмон ба даст оварданд.
Соли 2011 бахшида ба 100-умин солгарди академик А.Бањоваддинов олим ва муњаќќиќи варзидаи таърихи илму фарњанг ва фалсафаю ирфони тољик ва њамчунин муњаќќиќи њаёту фаъолият ва љањонбинии устод А.Бањоваддинов академик Кароматулло Олимов китоби «Машъали роњи хирад»-ро навиштанд, ки дар ин китоби мухтасар, вале хеле арзишманд пеш аз њама хидмати бебањои ўро дар таъсиси «Шуъбаи фалсафа» дар Академияи илмњои тозабунёди Тољикистон (соли 1951) ва «Кафедраи фалсафа» дар Донишгоњи давлатии Тољикистон ба номи В.И.Ленин (њозира Донишгоњи миллии Тољикистон) судманду боарзиш донистаанд.
Бояд ќайд намуд, ки маќолаи њозир асосан дар асоси тањлилу баррасии китобу маќолањои устоди муњтарам Кароматулло Олимов навишта мешавад, бо умеди он ки фаъолияту маќом ва арзиши хизматњои академик А.Бањоваддинов дар таърихи илму адаб, махсусан таърихи фалсафаи тољик ба хонандаи умум боз њам рушантару возењтар нишон дода шавад. Мувофиќи навиштаи устод Кароматулло Олимов А.Бањоваддинов аввалин нафаре буд, ки дар байни файласуфони тољик ва Осиёи Миёна ба унвони номзади илмњои фалсафа сазовор гардидааст. Рисолаи номзадии ў дар бораи «Донишномаи»-и Абуалї ибни Сино буда, аз тарафи Шурои илмии Институти фалсафаи Академияи илмњои Узбекистони Иттињоди Шуравї бањои арзанда гирифта буд. Пас аз чањор сол устод А.Бањоваддинов рисолаи доктории хешро дар мавзўи «Афкори иљтимоию сиёсии халќи тољик дар нимаи дуюми ќарни ХIХ ва ибтидои ќарни ХХ» дар њамин Шурои илмии дар боло номбурда дифоъ намуда, соњиби унвони доктори илмњои фалсафа шуда буданд. Чунонки муњаќќиќ К.Олимов мефармоянд, пас аз таъсис ёфтани Академияи илмњои А.Бањоваддинов узви вобастаи он шуда, мудирияти Шуъбаи фалсафа ва њамзамон рањбарии кафедраи фалсафаи ДДТ ба номи В.И. Ленинро ба уњда мегирад. Устод Кароматулло Олимов менависад: «Ин ду муассисаи илмї ва таълимї, ки устод аз таъсисдињандагони он буд, наќши равшане барои тарбияи файласуфони љумњурї бозиданд. Аксар файласуфони калонсол ва миёнсоли имрўзаи мо, ё шогирдони бевоситаи ў буданд ва ё бо ёрию мадади вай мароњили душвори илмиро тай намудаанд». А.Бањоваддинов, тибќи навиштаи К.Олимов, ки худ яке аз шогирдони устод буданд, аз тамоми љумњурињои Осиёи Миёна шогирд дошта, кумаки худро аз онњо дареѓ надоштааст. Аз ин љо, ин олими равшанфикру сиёсатмадор дар Ўзбекистон, Ќирѓизистон, Ќазоќистон, Туркманистон шуњрату эњтироми хосаеро сазовор гардида буд. Бинобар ин «А.Бањоваддиновро метавон аз устоди файласуфони кишварњои Осиёи Миёна номид». Дар «Машъали роњи хирад» омадааст, ки устод А.Бањоваддинов аз тамоми соњањое, ки кор ва тањќиќ намудааст, ба фалсафа ва таърихи он дилбохтагии хосе дошт ва ў бо унвони файласуфи маъруфи Иттињоди шуравї машњур гашта буд. Чунки номи ин ходими барљастаи илм вирди забони тамоми ањли илму адаби Шуравї буд ва имрўз њам ў мояи ифтихор ва сарбаландии миллати тољик мебошад.
Дар идомаи андешањои хеш устод Кароматулло Олимов таъкид менамояд, ки А.Бањоваддинов нахустин муњаќќиќи даќиќназаре буд, ки ба тањќиќи масъалањои муњимтарини фалсафаи замон, махсусан таърихи фалсафаи тољик пардохта, проблемањои мубрами онро муайян намуда, ба инкишофу омўзиши минбаъдаи ин соњаи илм восита гардид. Давомдињандагони кору фаъолият ва роњу равиши ин фарзанди вафодори миллат олимони номдори тољик М.С. Осимї, Ѓ. Ашуров, М. Диноршоев, К.Олимов, Х.Додихудоев, И.Ш.Шарипов ва дигарон дар ташаккулу васеъ намудани доираи «Шуъбаи фалсафа» ва табдили он ба «Институти фалсафа…», њамчунин шуъбањои он ва тањќиќи омўзиши самтњои мухталифи фалсафа ва таърихи он саъю талош намуданд. Тањќиќотњои онњо ва дигар олимони тољик рўи таърихи фалсафаву ирфон, таълимоти илмї-табиатшиносї, иљтимої-ахлоќї, сиёсиву давлатдорї, маорифпарварї ва таърихи бою фарњанги воло доштани миллати тољикро ба љањониён бори дигар муаррифї намуданд.
Академик Кароматулло Олимов ба асари барљастаи устод А.Бањоваддинов «Очеркњо оид ба таърихи фалсафаи тољик», ки дар соли 1961 (ба забони русї) ба табъ расидааст, бањои баланд дода, арзиши онро дар ташаккулу такмили илми фалсафаи тољик ва Осиёи Миёна аз љињати баён ва масъалагузории таърихї ва роњу усули тањќиќ намунаи нав ва асари боэътибор, ки мавриди истифодаи васеи муњаќќиќон ва дўстдорони таърихи фалсафаи тољик ќарор гирифтааст, ба хонанда арзёбї намудаанд.
Нуктаи муњиме, ки академик А.Бањоваддинов доир ба зарурати омўзиши фалсафа таъкид менамояд, ин аст, ки фалсафа мактаби бузурги тафаккур ва тафаккури фалсафї мебошад. «Миллатњое, ки файласуфони бузург надоранд, худшиносии дуруст њам надоранд. Миллатеро мањв карданї шаванд, илму фарњанги миллии ўро мањв мекунанд, ки унсури муњимтарини фарњанги ў забон ва тарзи хоси тафаккури ў мебошад Агар миллат тафаккури солим надошта бошад, ба гирдоби љањолат ѓарќ мешавад ва ба воситаи худситої чизи набудаи худро љуброн кардан мехоњад». Олими шинохтаи мо К.Олимов аз номи устод А.Бањоваддинов иќтибос оварда менависад, ки «ман ба таърихи фалсафа рў овардам, ки чї будану кї будани миллати худамонро фањмем ва љойгоњи гузаштагонамонро дар байни халќњову ќавмњои дигар муайян кунем, то ки миллати моро, чунон ки пантуркистон ва баъзе тољикони аз худ бегонашудаи дар хидмати дигарон ќарор гирифта инкор мекарданд, њамчун ятими аз кўчае ба як хона омада тасаввур накунанд»[6,5]. Ба ин хотир устод А.Бањоваддинов мардуми тољик ва ањли илму адабро ба ѓуруру номуси миллї доштан ва омўхтани таърихи фалсафаи хеш даъват мекунад. Чунон ки дар «Машъали роњи хирад» омадааст, яке аз сабабњои асосии навиштани китоби «Очеркњо оид ба таърихи фалсафаи тољик» - ин номусу њисси миллии устоди бузургворамон академик А.Бањоваддинов буд, ки ин дарси омўзандагию тарбиявї барои тамоми насли имрўзаву ояндаи мо мебошад.
Гуфтан мумкин аст, ки тавассути «Машъали роњи хирад» мо ба бисёр суханњои љавњардори устод А.Бањоваддинов, ки нисбати миллату фарњанг, худшиносиву њувияти миллї ва таъриху фалсафаи хеш гуфтанд, намедонистем, огањї пайдо кардем. Дар њаќиќат мебинем, ки дар замонњое, ки мо тањти тобеияти Иттињоди Шуравї будем, академик А.Бањоваддинов бо як шуљоатмандї ва садоќати ќалбї нисбати њувияту худшиносии миллии миллати хеш суханњои боарзишу дарднокеро гуфтааст. Аммо њамаи ин зањматњои устод то барњамхурии Иттињоди Шуравї ва ба даст овардани Истиќлолияти миллї ба таври ноаён пӯшида монда буд. Ва имрўз Истиќлолияти миллї бо сарварии Президенти кишварамон, ки ба олимону муњаќќиќони тољик «ин рўзњои орому осуда…сулњу оромї, суботи сиёсї ва вањдати миллї, моил шудан ба зиндагии босаодати имрўза ва бунёди Тољикистони навин, ки ањли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад» имконият дод, ки пушолњоро аз болои ин дурдонањо бардоранд ва њаќиќати асли хостањои академик А.Бањоваддинов, академик М.С. Осимї, узви вобастаи АИ ЉТ Ѓ.Ашуров, академик М.Диноршоев ва дигар шахсиятњои барљастаи миллатро рўи об бароранд. Он замонњо мо љавонон дар хоби ѓафлате будем, ки на њувияту худшиносї ва на расму оин мешинохтем. Аммо мањз ба шарофати ба даст овардани Истиќлолияти миллї бо саъю талош ва зањматњои зиёди Рањбари кишварамон муњтарам Эмомалї Рањмон ва мардуми иродатманди он миллати тољик аз хоби тулонї бедор шуд ва ба њувияту худшиносии миллї ва фарњангу суннати хеш рў овард. Чунонки Президенти Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар яке аз суханронињои худ дар маљлиси ботантанаи бахшида ба рўзи Истиќлолият гуфта буданд: «Худшиносї дар таълимоти бузургонамон маънои мањдуди фардиро не, балки моњияти васеъ ва њатто кайњониро дорад; манзур маќому манзалати инсонии худро дар пайвастагї бо решањои таърихї, бо сарнавишти миллату халќи худ ва бо ањли башар дарк кардан аст». Академик Кароматулло Олимов муборизањои устод А.Бањоваддиновро бар хилофи муњаќќиќони Ѓарб, махсусан Карл Форлендер, ки гуфтааст: «Халќњои Шарќ ќобилияти тафаккури илмї надоранд, тафаккури онњо сахт ранги дин дорад ва љањонбинии онњоро тањќиќ кардан зарурате надорад» оварда менависад А.Бањоваддинов саъй менамояд собит кунад ба онњо, ки «дар њамон давраи ќадим њам ба мутафаккирони тољику эронї андешањои материалистї ва тахминњои диалектикї хос буданд». Ва њамчунин устод А.Бањоваддинов исбот мекунад, ки «фалсафаи гузаштаи халќи мо комилан динї набуда, дар он андешањои илмї ва њатто материалистию атеистї вуљуд доштанд». Ин њиссу самимияти фарњангпарварї, ватандўстї, миллатдўстї ва њифзкунии фарњангу тамаддун ва гузаштагони миллати хеш аз љониби академик А.Бањоваддинов дар маќолаи дигари устод Кароматулло Олимов «Академик Бањоваддинов А.М. – муаррихи бузурги таърихи фалсафаи тољик» мавриди тањлилу баррасї ќарор гирифтааст. Муаллиф менависад, ки «чи аз муќаддимаи тарљумаи русии «Донишнома», чи аз «Очеркњо оид ба таърихи фалсафаи тољик» ва чи аз маќолањои ба Ибни Сино бахшидаи А.М.Бањоваддинов дар баробари тањќиќи њаќиќатнигарона, воќеъбинона ва беѓаразона њисси ифтихори миллии муњаќќиќ аз ин мутафаккири оламшумул баралоина ба назар мерасад». Дар идомаи тањлилњои хеш устод Кароматулло Олимов мефармояд, ки Ибни Сино дар тањќиќу омўзиши академик А.Бањоваддинов намунаи барљаста ва љомеи хиради миллї, осори ў љамъбасти андешањои фалсафии юнонї, махсусан арастуї дар заминаи андешањои хоси миллї низ мебошад. Донистани љањонбинї ва афкори амиќи Абуалї ибни Сино њамчун як инсони комил пеш аз њама ба устод А.Бањоваддинов имконият медињад, ки олами ботинї ва рўњи ўро дарк карда тавонад.
Муаллифи «Машъали роњи хирад» сањми академик А.Бањоваддиновро дар тањлилу тањќиќи мактабу љараёнњои бузурги афкори фалсафї машшоия, исмоилия, калом, тасаввуф ва намояндагони онњо дар мисоли Абунасри Форобї, Абуалї ибни Сино, Носири Хусрав, Фахруддини Розї, Саъдуддини Тафтазонї, Саноии Ѓазнавї, Фаридуддини Аттор, Љалолуддини Балхї нињоят бузург дониста менависад, ки ў «бо диди тоза ва далелњои муътамади илмї ба доираи тањќиќ гирифтааст». Ва таваљљуњи бештари устод А.Бањоваддиновро ба мактаби машшоъ низ ќайд намуда, менависад, ки «намояндагони он барои пешрафти илмњои табиатшиносї ва фалсафаи он хидмат карда, ба фалсафаи љањонии асрњои миёна таъсири амиќ гузошта буданд».
Дар «Машъали роњи хирад» як нуктаи муњими андешаи академик А.Бањоваддинов нисбати пайдоиш ва моњияти љараёни исмоилия баррасї шудааст, ки устод А.Бањоваддинов, ба фикри муаллифи китоб, воќеъбинона ва комилан далелнок ба ин љараёни фалсафї - иљтимої ва ахлоќї муносибат намуда, менависад, ки исмоилия на танњо василаи муборизаи дењќонон бар зидди истисмори бегонагон, балки ангезаи аристократияи мањалли бар зидди хилофат ва истилои арабњо буд.
Устод А.Бањоваддинов дар љараёни тањлилу баррасии таълимоти исмоилия дар мисоли «Ихвон-ус-сафо» ба хулосањое омадааст, ки онњо дар масоили мантиќ ва илмњои табиї тањти таъсири Арасту ќарор доштанд. Вале назарияи адад ва таълимоти онњо оид ба судур ба таълимоти навпифагориён ва навафлотуниён, аќидаи онњо дар бораи коинот ба пайравии донишманди Юнони ќадим Птоломей (номи асараш «Ал-Маљастї») ва дар антропология ва тиб дар пайравии Љолинус (Гален) асос ёфта буд. Устод Олимов, аќидаи А.Бањоваддиновро дар бораи исмоилия тањлилу баррасї намуда менависад, ки бањои ў ба исмоилия аз љињати илмї хеле асоснок буд. Муњаќќиќони баъдї, аз зумраи Х.Додихудоев, Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев, Н.Арабзода, Р.Назариев, Т.Муродова, Ф.Дафтарї, С.Љонбобоев, Ш.Бандалиева, И.Ќурбоншоев ва дигарон кори устодро дар ин самт идома дода, рисолањои номзадию докторї дифоъ намуданд ва њамчунин китобу маќолањои зиёде навиштаанд. Аз хулосабарорињои муњаќќиќи барљастаи таърихи фалсафа А.Бањоваддинов нисбати мутафаккирони гузашта ва махсусан исмоилия бармеояд, ки ў дар њаќиќат як шахсияти тинатрӯшану њаќиќатбаён буд, ки дар «љустуљуи мабдаъ ва асли андешањо дар таърихи афкори ќадимаи халќи тољик мебошад». Бояд гуфт, ки мо рўи шахсияти устод А.Бањоваддинов ба шарофати тањќиќотњои академик Кароматулло Олимов боз њам бештар шинохт пайдо кардем. Академик К.Олимов саъй намудааст, ки нуктањои муњими љањонбинии фалсафї-илмии ўро ба хонанда муаррифї намояд ва маќоми устодро дар баррасию тањќиќи таълимот ва осори гузаштагонамон сањењтар нишон дињад. Махсусан тањлилу баррасии таълимоти фалсафии файласуфи бузург Абунасри Форобї ва хидматњои ў дар инкишофи илму фалсафаи асрњои миёнаи тољику форс аз тарафи А.Бањоваддинов як кори бузурге буда, дорои арзиши хосе аст. Шарњу тавзењи китоби «Эњсо-ул-улум»-и Абунасри Форобї ва ба таври мухтасар, вале боварибахшона таснифи илмњо дар асоси ин китоб як хизмати боарзише барои олимони њамонваќта ва минбаъдаи тољик аст. Њамчунин хидмати дигари устод А. Бањоваддинов дар тањќиќи љањонбинии фалсафї, иљтимої ва ахлоќии асрњои ХVI-ХIХ низ нињоят арзанда буд. Вай «хусусиятњои афкори фалсафию иљтимоии ин асрњоро дар мисоли андешањои Камолиддини Биної, Сайидои Насафї, Зайниддин Мањмуди Восифї, Бадриддини Њилолї, Абдулќодири Бедил ва дигарон» намуда, љањони маънавї ва иљтимоии онњоро дар таърихи илму фарњанг ва адаби тољик нишон дод. Академик А.Бањоваддинов дар тањлилу баррасии маорифпарварии асри ХIХ, махсусан асосгузори он Ањмади Дониш сањми бузурге гузоштааст. Ў наќши Ањмади Донишро дар пешрафти таълимоти иљтимоию сиёсї, илмї ва маорифпарварии он давра муайян намуд.
Мувофиќи баррасии устод Кароматулло Олимов, тасаввуф аввалин бор дар Тољикистон, аз тарафи академик А.Бањоваддинов тањќиќ шуда, ба сифати «як љараёни фалсафї-динї… мураккабии таълимоти тасаввуф ва ањамияту наќши онро дар ривољи озодфикрї нишон дод»[6,10]. Омўзишу баррасињои мухтасар дар бораи Муњиддин ибни Арабї, Муњаммад Ѓаззолї, Саноии Ѓазнавї, Фаридаддини Аттор ва дигар мутафаккирони тасаввуф роњу равиши тањќиќи баъдинаи ин љараёнро муайян намуданд. Азбаски дар замони Шуравї системаи коммунистї нисбати ислому тасаввуф шаддидан манфинигар буд, кори осон набуд, ки дар атрофи ин масоили муњими маънавї-ахлоќї ва иљтимої, махсусан мутафаккирони исломї тањќиќ бурд. Бинобар ин чунон ки академик Кароматулло Олимов менависад: «Оѓози тањќиќи тасаввуф аз љониби устод Бањоваддинов А.М. љасорати илмию фалсафї буд, ки то он ваќт ба сабаби мањдудиятњои сиёсию идеологї то њадде душвор буд». Ба њар њол устод А.Бањоваддинов дар ин самт низ барои муњаќќиќони замони хеш ва оянда роњ кушод, ки то имрўз олимони тољик Н.Ф.Одилов, К.Олимов, А.Муњаммадхољаев, М.Њазратќулов, Т.Муродова, М.Шамсов, И.Зиёев, Х.Зиёев, Н.Н.Содиќї, М.Т.Мањмадљонова ва дигарон дар бораи тасаввуф ва ирфон тањќиќотњои зиёде анљом доданд. Хотирнишон намудан зарур аст, ки дар замони муосир њатто диди дунё нисбат ба тасаввуфу ирфон ба таври мусбат тамоман дигар шуд ва дар бисёр кишварњои хориљ марказњои омўзиши тасаввуфу ирфони тољик амал мекунад.
Тањќиќоти дигари устод Кароматулло Олимов «Машъалафрўзони хирад» мебошад, ки идома ва пурракунандаи тањќиќотњои пештараи ў дар бораи ду ходими намоёни илму тамаддуни миллати тољик академикњо А.Бањоваддинов ва М.С.Осимї мебошад. Устод дар муќаддимаи ин китоб навиштаанд, ки «зиндагии шахсиятњои бузурги миллат ва давлатро донистан на танњо нишонаи арљгузорї ба зањмати онњо, балки мактаби ибрат барои имрўзиёну фардоиён мебошад. Он дарси мубориза барои њаќиќат, адолат ва костан аз зиндагии худ барои баќои умри миллат аст». Устод К.Олимов дар ин асари хеш бештар рўи фаъолияти сиёсї, фарњангї ва илмии академик А.Бањоваддинов таваљљуњ намудааст.
Боби якуми китоб «Асосгузори мактаби навини фалсафаи тољик» мухтасари шарњи зиндагии академик А.Бањоваддиновро дар бар гирифтааст, ки ў дар таърихи афкори илмї, иљтимої ва сиёсии халќи тољик наќши бузург бозидааст. Чунонки муаллиф менависад дар солњои 20-30-ми асри гузашта дар баробари дигар зиёиёни фаъолу ватанпарасту миллатдўсти тољик, ба монанди устодон С.Айнї, Б.Ѓафуров, А.Мирзоев, Х.Мирзозода, Ѓ.Ашуров, Ш.Соњибов, Б.Файзуллоев, И.Нарзиќулов, М.Нарзиќулов, А.Бурњонов, М.Ќосимов, Х.Мирзозода, Ѓ.Ашуров, М.Диноршоев, И.Ш.Шарипов ва дигарон устод А.Бањоваддинов дар пешрафти илму фарњанги тољик ва њимояти миллати тољик аз бадандешону тавњинзанони шахсият ва њувияти миллии он хизмати шарафмандонае намуданд.
Мувофиќи маълумоти устод К.Олимов Алоуддин Бањоваддинов дар шањри Самарќанд дар оилаи мударрис ба дунё омадааст. Бинобар ин барои пешрафт ва шахсияти барљастаи илмї-иљтимої шудани вай аз як тараф заковату зањматдўстии худи он кас сабаб шуда бошад, аз тарафи дигар муњити хонаводагии аристократї ва аз тарафи сеюм муњити иљтимої-фарњангии шањри Самарќанд, ки асрњо дорандаи суннатњои бењтарини илмию фарњангии халќи тољик буд, бе таъсир намондааст. Устод А.Бањоваддинов дар ибтидо дар Институти маорифи Самарќанд тањсил намуда, пас аз хатми он дар Омўзишгоњи санъат ва баъдан дар Техникуми омўзгории он љо кор мекунад. Донишу истеъдоди фавќулода ва зењни тез ба ў имконият медињад, ки соли 1931 факултети табиатшиносию риёзии Академияи омўзгории Самарќандро бо муваффаќият хатм кунад. Бо туфайли донишу истеъдоди хуб ўро иљрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи психология таъин мекунанд ва фаъолияти илмї-тањќиќии ў низ шуруъ мешавад. Омўзишу тањќиќи њаёту замони зиндагї ва фаъолияти илмию фарњангии шахсиятњои бузург моро аз як тараф ба бедории фикрї ва аз тарафи дигар ба фарњангу тамаддуни ќадимаву гузаштаи наздик ва имрўза њамчун як намунаи дарси ибрату омўзиш ва пайравї аз онњо мегардад.
Академик А.Бањоваддинов дар айни замон ҳамчун як устод, омўзгор, равоншинос ва педагоги содиќ буданд ва он кас фаъолияти ибтидоии хешро аз таълиму тарбия шуруъ намудаанд. Муњаќќиќ К.Олимов дар боби «А.Бањоваддинов-педагог ва ходими љамъиятию сиёсї» менависад, ки «ба масъалањои педагогика ва равоншиносї машѓул шудани устод ба мантиќи зиндагии сиёсию иљтимоии нав ва зарурати тањаввулоти фарњангї ва ташаккул додани љањонбинии нав вобаста буд». Мувофиќи маълумоти К.Олимов устод А. Бањоваддинов дар бораи педагогика ва равоншиносї маќолањои зиёде навиштанд ва њатто як монографияи ба нашр нарасидае бо номи «Масъалањои асосии робитаи мутаќобилаи мактаб ва оила дар Тољикистон» (дар гузашта ва имрўз) доштаанд, ки ба охири солњои сиюм тааллуќ дорад. Аз ин љо, мебинем, ки устод А.Бањоваддинов на танњо дар соњаи илму фалсафаю фарњанг ва сиёсат зањмат кашиданд, балки дар соњаи маориф, педагогикаю психиология ва тарбияи оилаву кадрњои миллати хеш низ хизмати шоиста намуданд. Натиљаи кори илмї ва тарбиявии устод А.Бањоваддинов пеш аз њама ин олимон ва муњаќќиќони насли калонсоли кишварамон мебошад, ки аксари онњо устодон ва ходимони илму адаб ва фарњанг, аз љумлаи М.Осимї Ѓ. Ашуров, М.Раљабов, И.Шарипов, М.Диноршоев, К.Олимов, Х.Додихудоев, Н.Одилов, А.Муњаммадхољаев, М.Њазратќулов, М.Шамсов, А.Шарипов М.Мирбобоев, Н.Ќулматов, М.Рањимов У.Султонов ва бисёр дигарон буданд ва њастанд. Онњо ё шогирд ва ё таълимгирифта ва ё бањра бурда аз суњбату таљрибањои кори устод ва мутолиаи осори ў мебошанд, ки њам аз љињати илму маърифат, њам аз лињози роњбариву сиёсатмадорї ва њам аз љињати маънавї шахсиятњои бузург буданд ва њастанд ва то имрўз шогирд ва ањли илму адаби зиёдеро тарбия намуда, дар роњи илму адаб ва таълиму тарбияи инсонњо сафарбар намуданд.
Академик А.Бањоваддинов, чунонки устод Кароматулло Олимов мефармояд ба монанди Бобољон Ѓафуров, Абдулѓанї Мирзоев, Муњаммад Осимї, Ѓаффор Ашуров, Мусо Диноршоев як шахсияти нотакрори илму фарњанг ва адаби тољик дар ќарни бист буд. Ва ин арбобони илму фарњанг ва давлату миллат њамеша дар ќалбњои ањли илму њикмат ва мардуми тољик бо хотираи нек боќї мемонанд ва боќї хоњанд монд.
АКАДЕМИК А. БАХОВАДДИНОВ заслуженный
деятель ТАДЖИКСКОЙ НАУКИ
Муродова Тoджинисо
В статье рассматриваются статус и место ученого и достойного исследователя истории таджикской философии, академика А. Баховаддинова, жизненный путь и научный, философский, общественно-политический, педагогика-психологический просветительский и другие аспекты его творчества исследованы учеными М.Диноршоевым, И.Ш. А.Мухаммадходжаевым, К.Олимовым, Н.М.Сайфуллоевым, Х.Идиевым, К.Гиеевым и другими исследователями. Академик А. Баховаддинов считается один из самых просвещенных, патриотически настроенных, и сплоченных таджикских ученых и мыслителей, боровшихся против пантюркизмов и других ненавистных народов таджикской нации за защиту ценностей богатой таджикской культуры, традиций , история и цивилизация. Этот почтенный и благородный деятель нации выступил против всякого рода клеветы и оскорблений таджиков и опроверг их обоснованными фактами и аргументами. Вклад академика А. Баховаддинова в изучение и анализ истории таджикской философии и ее преемников - Абу Насра Фароби, Абу Али ибн Сино, Носири Хусрава, Умара Хайяма, Мухаммада Газзали, Абулмажди Санои, Джалолиддина Балхи, Абдурахмана Джами имеет большое значение и открыло большую дорогу для дальнейших таджикских ученых и исследователей.
ACADEMICIAN A. Bakhovaddinov OUTSTANDING WORKER
OF TAJIK SCIENCE
Murodova Tojiniso
The article examines the status and place of the scientist and valuable researcher of the history of Tajik philosophy, academician A. Bakhovaddinov, life and scientific, philosophical, socio-political, pedagogy-psychological, educational and other aspects of his work. researched by scientists M. Dinorshoev, I. Sh. Sharipov, A. Mukhammadkhojaev, K. Olimov, N. M. Saifulloev, H. Idiev, K. Giyoev and other researchers. Academician A. Bakhovaddinov is one of the most enlightened, patriotic, and close-knit Tajik scientists and thinkers who fought against the Pan-Turkists and other hated peoples of the Tajik nation for the protection of the values of the rich Tajik culture , traditions, history and civilization. This respectable and noble leader of the nation spoke out against all kinds of slander and insults of the Tajiks and refuted them with well-grounded facts and arguments. The contribution of Academician A. Bakhovaddinov to the study and analysis of the history of Tajik philosophy and its successors - Abu Nasr Farobi, Abu Ali ibn Sino, Nosiri Khusrav, Umar Khayyam, Muhammad Gazzali, Abulmazhdi Sanoi, Jaloliddin BalkhI and Abdurahmon Jomi a great road for further Tajik scientists and researchers.
АДАБИЁТ:
1.Эмомалї Рањмонов. Бо роњи вањдат ва бунёдкорињо. Истиќлолияти Тољикистон ва эњёи миллат. Љилди 2. Душанбе. «Ирфон», 2002.-512 с.
2.Идиев Х., Гиёев Ќ. Баррасињои Бањоваддинов А.М. аз масъалаи вањдати миллати тољик. Маљ.: «А.М.Бањоваддинов–поягузори тањќиќоти навини фалсафї». (Ба муносибати 90-солагии зодрўз). Душанбе, 2001. Нашрияи «Пайк».-С.81-83.-134 с.
3.Муњаммадхољаев А. А.М.Бањоваддинов ва омўзиши таърихи фалсафаи тољик. Маљ.: «А.М.Бањоваддинов-поягузори тањќиќоти навини фалсафї». Душанбе, 2001.-С.45-51.-134 с.
4.Олимов К. Андешањо доир ба фалсафа, ирфон ва худшиносии миллї. Матбааи АИ ЉТ «Дониш». Душанбе, 2014.-405 с.
5.Олимов К. Тањќиќи масъалањои миллї дар асари А.М.Бањоваддинов. Кит.: «Машъалафрўзони хирад». Нашр.: «Дониш». Душанбе-2020.-216 с.
6.Олимов К. Машъали роњи хирад. Нашр.: «Маориф ва фарњанг». Душанбе, 2011.-46 с.
"Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайë созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосиро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеъа соҳиб шаванд"
Эмомалӣ Раҳмон.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар маҳз бо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонон ҳамчун қувваи бузург баҳри пешрафти ояндаи миллат нақши арзишмандеро касб мекунанд. Маҳз дастовардҳои онҳо дар пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, илм, тандурустӣ варзиш ва саëҳӣ сол то сол меафзояд. Ҳамчунин дар зарфи 32- соли истиқлолият бо сиёсати оқилонаи сарвари давлат барои ҷавонон шароити хуб ва барои баланд бурдани сатҳи донишандӯзӣ ва маърифати онҳо талошҳои худро карда истодаанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳукумати кишвар хусусан таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому нақши ҷавонони замони истиқлол дар ҷомеа бевосита баланд гардида ҳавасмандгардонии онҳо ба корҳои ҷаъмиятиву чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва нақши онҳоро дар рушду пешбурди ободии кишвар афзун намуд.
Ҷавонон як рукни асосии пешбурди ояндаи давлату миллат буда, эътимоду боварии роҳбарияти кишвар нисбати ин қишри ҷомеа ниҳоят калон аст. Албатта ҷавонони озодандеш ва ватандӯсти кишвар насли хушбахтеанд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба воя расидаанд. Имрӯзҳо шоҳиди он ҳастем, ки саҳми ҷавонон маҳз дар таъмини сулҳу суботи кишвар ва пешрафти соҳаҳои ҷаъмиятиву сиёсӣ назаррас арзёбӣ мешавад. Маҳз такя намудани ҳукмати кишвар ба нерӯву тавони ҷавонон ба он хотир аст, ки онҳо метавонанд дар оянда меросбари асили арзишҳои милливу манфиатҳои давлатӣ гарданд.
Бе сабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳои пайвастаи хеш иброз медоранд, ки "Мо ба неру ва тавоноии ҷавонони соҳибмаърифати зодаи истиқлол бовариву эътимоди зиёд дошта бовар дорем маҳз онҳо дар пешрафт ва шукуфоии ватани азизамон ҳиссаи арзишманди худро хоҳанд гузошт" Маҳз таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир аст, ки мо ҷавонон бояд бо камари ҳиммат ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар таҳкими давлатдории кишвари азизамон нақши калидии худро гузорем.
Ғамхориҳои бевоситаи роҳбарияти олии кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу фаъолияти ҷавонон дар сохторҳои мухталифи кишвар аз ҷумлаи иқдомҳои натиҷабахши роҳбарияти мамлакат аст. Ҳамчунин таҳсил дар муассисаҳои олии кишвар ва мукаммал намудани донишҳои сиёсии ҷавонон дар таҳкими давлатдории мо нақши муҳим мебозад. Тарбияи дурӯсти ҷавонон ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо дар муассисаҳои олии кишвар ба низоми давлатдории мо такони ҷиддӣ мебахшад. Маҳз ҷалби ҷавонон ба донишомӯзиву китобхонӣ ва сайқал додани донишҳои сиёсии онҳо аз ҷумлаи иқдомҳои оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Баргузор намудани озмунҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ аз қабили озмунҳои ҷумҳуриявӣ "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", "Илм фурӯғи маърифат", "Тоҷикон дар оинаи таърих", "Тоҷикистон ватани азизам" аз ҷумлаи озмӯнҳоеанд, ки ба маърифат ва савияи дониши ҷавонон мусоидат менамояд.
Ҳукумати кишвар сол то сол нақши ҷавононро дар ҷомеа боло бурда, ҳамчун насли ояндадори даврони соҳибистиқлолӣ ҳамасола дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” 23-уми май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ҳамасола ба ин муносибат дар тамоми манотиқи кишвар чорабиниҳои муҳими сиёсиву ҷаъмиятӣ баргузор мегардад. Дар робита ба ин гуфтан зарур меояд, ки мо ҷавонон бо шукургузорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба арзишҳои милливу давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ эҳтиром гузошта бо тамоми неру ва тавони худ дар пешбурди тамомуларзии сулҳу суботи кишвар ҳиссаи арзишманди худро гузорем. Зеро сарвари давлат ҷавононро низ ояндасози миллат хонда ҳамчун неруи созанда баҳри пешрафти ободии кишвари хеш ба онҳо итминони комил доранд. Ба ин хотир мо бояд ба бовариву эътимоди сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда буда кушиш намоем, ки бо таҳсилу кор ва фаъолияти худ сазовори ин эътимоду боварӣ дар назди Ватану миллат бошем.
МУҲАММАД Аминзод - сардори шуъбаи матбуоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар мақолаи мазкур ёде аз шахсияти бузург ва роҳбари сиёсатмадору оқил, аъзо-корреспонденти АФ СССР, ходими хизматнишондодаи илм, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳируллоҳ Неҳру, профессор Муҳаммад Осимӣ (рӯҳашон шод бод) мекунему чанд ҷумлаи ёддоштие дар бораашон ба қалам медиҳем.
Академик Муҳаммад Осимӣ солҳои зиёде Президенти АИ ҶТ буданд ва бо тамоми ҳастияшон як шахси бомаърифату бомулоҳиза ва инсони дорои ҳувияти миллӣ буданд. Кормандони илм нигоҳ накарда бо унвону мақомашон барои ҳалли мушкилоту носозгориҳои зиндагӣ ба он кас муроҷиат мекарданд. Он шахсияти бузург кормандонро бо муҳаббату бо чеҳраи шод қабул мекарду гусел мекард. Муносибати ӯ барои лаборанту унвондорони бахшҳои Академия якранг буд ва то ҳадде метавонистанд мушкили корафтодагонро ҳал мекарданд ва дар ҳолати ҳал нашудани масъала ҳам муомила тарзе буд, ки ҳаргиз шахс аз он кас дилхуру дилгир намешуд. Яъне фазилатҳои ахлоқии академик Муҳаммад Осимӣ дар дараҷаи хело боло буд ва ҳамчун як роҳбари сиёсатмадору хирадманд ва вуҷудан олими тавоно дар давоми сарвари Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буданашон кори Академия ва иниститутҳои онро пеш бурда, ҳавасмандии аҳли хирад ба илм афзуда, обрӯи илми тоҷик ва олимони он на танҳо дар Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ аз он низ зиёд буд. Маҳз бо ташаббуси академик Муҳаммад Осимӣ иртибот ва рафту омадҳои илмӣ бо кишварҳои хориҷӣ қавӣ буд. Яъне донишмандони соҳаҳои мухталифи илми тоҷик дар арсаи байналмилали шуҳрат доштанд ва қариб дар тамоми конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзиданд. Аз ин ҷо, худи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун донишманд ва ходими ҷамъиятӣ на фақат дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, балки дар кишварҳои хориҷ низ ба монанди Англия, Франсия, Олмон, Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, Чин ва мамлакатҳои араб маълуму машҳур буданд. Чунон ки гуфтем Муҳаммад Осимӣ бо унвони Президенти АИ ҶТ адои вазифа менамуданд ва ба бисёр мамлакатҳои Шарқу Ғарб ҳамчун олим, сарвари АИ-и Тоҷикистон ва ходими ҷамъиятӣ сафар намуда, дар конфронсу симпозиумҳо ва конгресҳо бо баромаду суханрониҳо иштирок менамуданд.
Бо дастгирӣ ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зодрӯзи академик Муҳаммад Осимӣ дар тақвими санаҳои таърихӣ ва фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудааст. Он кас муддати тулоние сардори лоиҳаи ЮНЕСКО дар қисмати омӯзиши фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ буданд ва дар анҷоми ин лоиҳа саҳми босазое доштанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошанд.
Академик Муҳаммад Осимӣ дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ҳамчун ходим ва пешво нақши арзандаи худро доштанд ва дар айни замон як хислату маърифати ба худ хосе доштанд. Чунки ин шахсият дар пешрафти илму фарҳанг ва ташаккули ҷаҳонбиниву тамаддуни миллати тоҷик хизмати таърихӣ намудаанд, ки метавон он касро дар қатори нависандаи бузурги тоҷикон устод Садриддин Айнӣ, ходими илм, академик Бобоҷон Ғафуров ном бурд.
Дар ҳақиқати Муҳаммад Осимӣ ҳаёт ва зиндагии хеш ва саъю талошашро бо илму фарҳанг, тамаддун ва ҳаёти иҷтимоиву сиёсии бештар аз ним аср ба миллати тоҷик бахшида, дар ин муддати хизматҳое зиёде намуданд, ки мо ва таърихи мо ин шахсияти бузургро набояд аз лавҳи хотир ва сафҳаи таърих дур кард.
Фаъолият ва ҳаёту зиндагии Муҳаммад Осимӣ рангобаранг гузаштааст. Он кас мутаваллиди соли 1920 (ш.Хуҷанд) буда, соли 1941 факултети физикаю математикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Самарқандро хатм намудаанд. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1946) буда, фаъолияти кориашон дар Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд шуруъ шуда, ба сифати ассисент, муаллими калон, мудири кафедраи физика, проректори донишгоҳ шуда кор кардаанд.
Баъдан аспиранти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии назди КМ ҲКИШ (1952-1955) дар зери роҳбарии академик Б.М.Кедров рисолаи номзадӣ менависад ва пас аз дифо ва хатми академия иртиботи Муҳаммад Осимӣ бо роҳбарашон идома меёбад. Махсусан пас аз Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданашон ин иртиботи илмӣ-ҳамкорӣ қавитар мешавад.
Муҳаммад Осимӣ аввалин ректори Донишкадаи политехникии ш. Душанбе (1956-1962), ки дар феъли ҳозир ин Донишгоҳ номи академик Муҳаммад Осимиро дорад, буданд. Баъдан (1962-1965) дар вазифаҳои Вазири маорифи халқ, Раиси Комитети назорати ҳизбию давлатӣ, котиби КМ ҲК, ҷонишини Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон анҷоми вазифа кардаанд.
Муҳаммад Осимӣ соли 1965 академик ва Президенти АФ ҶШС Тоҷикистон таъин шуда, то соли 1988 адои вазифа мекунанд. Дар замони президенти Академияи илмҳо буданашон истеъдоди баланди илмӣ-ташкилотчигӣ нишон дода, фаъолияти илмии худро васеъ гардониданд. Фаъолияти илмии ӯ соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг, аз ҷумла таърихи фалсафа, материализми диалектикӣ, табиатшиносӣ, таъриху тамаддунро дар бар мегирад ва асарҳои ӯ ба забонҳои форсӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, ҳиндӣ чоп шудаанд. Мавзӯи баҳси осори ӯ бештар масъалаҳои мубрами фалсафаи марксистӣ, материя ва тасвири физикии олам, пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ, мафҳуми материя ва проблемаи воқеияти физикӣ, мавзӯи баҳси материализми диалектикӣ, таҳқиқи проблемаҳои ташаккулу такомули илму фарҳанги Тоҷикистон, роҳҳои амалигардонӣ ва тараққӣ додани илму маориф, масъалаҳои сохтмони маданӣ пайваста бо ҳалли вазифаҳои пешрафти иҷтимоӣ, боло бурдани фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ва амсоли инҳоро дар бар мегирад.
Муҳаммад Осимӣ дар тарҷумаи осори классикҳои марксизм ва ленинизм, махсусан «Анти Дюринг»-и Ф.Энгелс, «Дафтарҳои фалсафӣ» ва «Материализм ва эмпириокритисизм»-и В.И.Ленин саҳмгузоранд.
Хизмати Муҳаммад Осимӣ дар ташкил ва ба вуҷуд овардани Энсиклопедияи советии тоҷик дар назди Президиуми Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки дар ҳашт ҷилд нашр гардид, басо бузург буд. Дар муддати зиёда аз 20 соле, ки он кас Президенти АФ Тоҷикистон буданд, робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ бо Академияи илмҳои СССР, академияҳои ҷумҳуриҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷӣ қавитару мустаҳкамтар гардид. Бо ташаббуси Муҳаммад Осимӣ Институти шарқшиносӣ, шуъбаи генетикаи умумии пахта, Институти математика, Институти биологии Помир таъсис дода шуд, ки дар инкишоф ва ташаккули илм ва кадрҳои илмӣ нақши арзанда бозид.
Хизмати арбоби илму фарҳанги тоҷик Муҳаммад Осимӣ дар таҷлили солгарди аҳли илму адаб ва намояндагони барҷастаи тамаддунамон Абуали Ибни Сино (1980), Абдураҳмони Ҷомӣ (1964-1989), Аҳмади Дониш (1975), 1000-солагии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1996) ва ғайраҳо ниҳоят бузург буд.
Дар айни замон Муҳаммад Осимӣ як шахсияти машҳури иҷтимоӣ буданд. Чандин маротиба депутати Шурои Олии Ҷумҳурӣ ва СССР интихоб шуда буданд, ки Ҳукумати СССР ва Тоҷикистон фаъолияти илмӣ, иҷтимоӣ, илмӣ-ташкилотии ӯро ба назар гирифта, бо орденҳои дараҷаи аввали давлатӣ мукофотонида, аз ӯ қадрдонӣ карданд.
Саҳми ходими илму адаб ва бо тамоми маънӣ инсони хирадманд академик Муҳаммад Осимӣ дар пешрафти фарҳангу тамаддун ва илму тафаккури маънавӣ-ақлонии тоҷикон беинтиҳост. Наметавон дар чанд саҳифаи мухтасар ҳамаи онро рӯи қоғаз овард, вале қайд намудан зарур аст, ки ӯ дар ҳақиқат як роҳбар,пешвои илму фазилати инсонӣ, инсони хубу меҳрубон, оқилу доно ва бо сиёсат буданд, ки аз дидану гуфтор ва муомилаи ӯ шахс як инсони комил ва бо шахсияту бо фарҳанг ва бо қалби бузургро медид. Дурахшиши илму заковат дар симои он кас барқ мезад ва ҳаминро мегӯям, ки шояд чунин шахсиятҳо такрорнашаванда бошанд, ёдашон ба хайр, рӯҳашон шод бод!
Тоҷинисо Муродова номзади
илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари
илмии ИФСҲ-и ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ
Дар замони муосир кишварҳо ҷиҳати ҳифзи бақои худ ва иштирок дар муносибатҳои байналмилалӣ, барои бунёди се кафолати муҳим вазифадор мебошад. Аз ҷумла таъмини бозори озод дар иқтисод, демократия дар сиёсат ва ҳукумронии арзишҳои либерали дар фазои иҷтимоӣ. Ин падидаҳо дар давоми таърихи мавҷудияти давлатҳои натиҷаи ташаккули фарҳанг, бархӯрди тамаддунҳо ва авлавияти арзишҳои ҷаҳони ғарб маҳсуб гардида бо раванди ҷаҳонишавӣ ва тақвияти давлатҳои миллӣ сахт алоқаманд мебошанд. Шояд ба зеҳни камтаринҳо ин суол хутур намояд, ки чаро ҷаҳон чунон аст ки имрӯз мебинем. Чи гуна ҷаҳон ба ин сатҳ расид ва чаро мо дар давлатҳои миллӣ зиндагӣ менамоем. Ва ё инсоният кадом марҳилаҳои рушди тамадунро паси сар намуду дар кадом марҳила қарор дорад. Ҷаҳони сад соли қабл аз ҷаҳони имрӯз ба кулли тафовут дошт ва касе қудрати тасаввури дастовардҳои имрӯзаи инсониро доро набуд. Муссалам аст, ки ҷаҳони сад соли баъд низ аз ҷаҳони имрӯз фарқияти хеле зиеде хоҳад дошт ва назму вазъи сиёсию иқтисодӣ ва авзои бозори меҳнат барои мо дар оянда қобили пешбини нест. Танҳо маълум аст ки як ҷаҳони мутафовит ва комилан дигар хоҳад буд. Дарки ин тафовутҳои аз зарфияти зеҳнии ҳар ҷомеа вобаста буда таҳлилу барраси он ҷиҳати шинохти мавқеи худ дар олами иқтисоду сиесат ва муайян намудани масири миллат дар ояндаи дур, амри зарури мебошад.
Имрӯз ҷаҳон аз давлат-миллатҳо иборат мебошад. Ҳарчанд пеш аз пайдоиши давлатҳои миллӣ дар ҳар манотиқи ҷаҳон миллатҳо вуҷуд доштанд, аммо шароити мусоид ҷиҳати рушду ташаккули миллатҳо дар доираи чунин давлатҳо фароҳам оварда шуд. То замони мо миллатҳо ду давраи таърихии ташаккули худро сипарӣ намуда, дар марҳилаи гузариш ба давраи севвум қарор доранд. Ин се давра, яъне се давраи пайдоиш ва рушду ташаккули миллатҳоро мо метавонем дар заминаи назаряи машҳури Элвин Тоффлер бо номи “Мавҷи севвум” мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳем. Ҳарчанд ин назария фарогири мавзӯъҳои чун давлати миллӣ, раванди ҷаҳонишавӣ ва ё ташаккули миллатҳо нест, ман кӯшиш менамоям то давраҳои пайдоиш ва ташккули миллатҳо ва бархурди давлатҳои миллӣ бо раванди ҷаҳонишавиро дар заминаи ин назаря муайян созам. Ба андешаи Тоффлер то имрӯз ҷаҳон се мавҷи тарақиётро сипари намудааст, ки дар ин давра тамаддуни инсони рушд намуда, муносибатҳои нисбатан нав ба вуҷуд омаданд, бархе фарҳангҳо тағир ёфта арзишҳо дар намуди нав шакл гирифтанд. Мавсуф ин се мавҷи тарақиётро ба ҷомеаи тоиндустриалӣ, индустриалӣ ва посиндустриалӣ тақсимбанди намуда, мавҷи севвумро ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ нисбат медиҳад. Дар ин замина метавон марҳилаҳои пайдош ва ташаккули миллатҳо, давлатҳои миллӣ ва зуҳури ҷаҳонишавиро ба ин се мавҷи тарақиёти ҷомеаи инсони нисбат дода таҳлил намуд. Мавҷи якум ин ҷомеаи тоиндустриалӣ ва ё аграрӣ ба ҳисоб рафта он ба давраи пайдоиши миллатҳо ва шакл гирифтани фарҳангҳо рост меояд. Мавҷи дуввум ин ҷомеаи индустриалӣ, ки ба давраи ташкил ва ташаккули давлатҳои миллӣ рост меояд. Мавҷи севвум ин ҷомеаи посиндустриалӣ ки ба ташакули ҷомеаи иттилоотӣ ва зуҳури ҷаҳонишавӣ рост меояд. Маҳз дар заминаи ин се давра марҳилаҳои ташкил ва ташаккули давлатҳои миллӣ, инчунин таъсири равандҳои муосир ба онҳо ва билохира тақдири онҳо дар раванди ҷаҳонишавиро муайян намудан мумкин аст. Ҳоло давлатҳои миллӣ дар марҳилаи ташаккулу бархурд қарор доранд, ки воқеияти ин равандро дар заминаи се давраи таърихие, ки онҳо вуҷуд доштанд, ифода намудан мумкин аст.
Якум давраи пайдоиши миллатҳо ва шакл гирифтани онҳо бо унсурҳои махсуси фарҳангӣ, урфу одат, анъана, инчунин таҷҷасуми арзишҳои махсус, ки хусусияти фарқкунандаро дар ростои дигар миллатҳо дар бар мегиранд, ба ҳисоб меравад. Дар ин раванд миллатҳо гоҳ зимоми қудратро ба даст гирифта давраи давлатдории хешро эҳё месохтанд ва гоҳе дар саргаҳи муборизаҳои миллӣ зери зулму таҷовузи якдигар қарор гирифта доираи мваҷудияти якдигарро маҳдуд месохтанд. Ҳамин тариқ миллатҳо дар тули таърихи мавҷудияти худ, дар роҳи расидан ба озодӣ ва ташкили давлати миллӣ муборизаҳои гоҳ пинҳонӣ ва гоҳ ошкоро мебурданд, ки ин муборизаҳо дар партави ба даст овардани мустақилият, таҳаввулоти азимеро дар системаи давлатдории ҷаҳон ба вуҷуд овард. Билохира зери таъсири ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ марҳилаи ташкили давлатҳо бо назардошти махсусиятҳои миллию фарҳангӣ эҳё гашт. Ба ҷойи империяҳои бузурги бисёрмиллата давлатҳои хурди миллӣ ташкил гашта, сарҳади чунин давлатҳо бо назардошти нуфузи фарҳанги ин миллатҳо дар ҳудуди ҷуғрофиҳо муайян ва ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ асосӣ рушду тарақиёти ин давлатҳо ба ҳисоб мерафт. Ин давра марҳиллаи дуввуми ташаккули миллатҳо ба ҳисоб меравад, ки дар заминаи ташкили давлатҳои миллӣ бар асоси миллат, фарҳанг ва арзишҳои махсус ба вуҷуд омадааст. Истилоҳи “давлати миллӣ” низ аз оғоз ба ҳамин маънои этникӣ ва арзишии калимаҳои “миллат” ва “ миллӣ” ташаккул ёфта буд. Яъне давлате, ки онро як миллат таъсис намудааст, давлате ки ба як миллат таалуқ дорад.
Давлатҳои миллӣ дар тули таърихи мавҷудияти худ заминаҳои рушду инкишофи худро фароҳам сохтаанд, ки онҳо бештар хусусиятҳои миллиро доро мебошанд. Иникоси андешаҳои миллӣ дар сиёсати пешгирифтаи онҳо ва ба ин тартиб расидан ба ормонҳои миллӣ аз вижагиҳои давлати миллӣ маҳсуб мегардад. Дар як муҳлати муайяни мавҷудияти худ, давлатҳои миллӣ тавонистанд бо роҳи рушд бахшиидани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа унсорҳои давлати миллиро ба вуҷуд биоваранд ва онҳоро мустаҳкам намоянд. Давраи ташкили давлатҳои миллӣ аз созишномаи сулҳи Вестфал сарчашма гирифта бо як қатор падидаҳои дигар низ алоқаманд мебошад. Яъне дар раванди ташкили давлатҳои миллӣ такя намудан ба як қатор принсип ва унсурҳои хосс аз шартҳои зарури ба ҳисоб мерафт. Аз қабили вуҷуд доштани истиқлоли миллӣ ва ифодаи иродаи як миллат дар рафти ташкил ва роҳандозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ дар давлати миллӣ.
Дар ин миён метавон ташаккул ва рушди давлатҳои миллиро ба ду давра ҷудо намуд.
Шуруъ аз ташкили давлатҳои миллӣ то сохтани иқтисоди муқтадир, ки шароити рушди мустақилонаро барои онҳо муҳайё сохт. Дар ин марҳила давлатҳои миллӣ бо ташаккули ҷомеаи индустриалӣ соҳаи саноати истеҳсолиро рушд бахшида, зарфияти таъмини тамоми ниёзҳои дохили давлатиро доро буданд.
Марҳилаи дуввум ин давраи баҳамвобастагӣ ва таъсиррасони мебошад, ки баъд аз сипари гардидани давраи индустриалӣ ба вуқуъ павастааст. Шакл гирифтани ин марҳиларо метавон ба зуҳури ҷаҳонишавӣ ва ташаккули падидаҳои он нисбат дод. Ин марҳила сабаби рушди баъзе давлатҳои миллӣ ва таназули бархеи дигар мегардад.
Доир ба марҳилаи ташкили давлатҳои миллӣ, ки асоси пайдоиши муносибатҳои ҷадид дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон гардиданд, на фақат шартномаи сулҳи Вестфал балки ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ низ мисол шуда метавонанд. Яъне имзои худи шартнома дар заминаи ба вуқӯъ пайвасатни як қатор ҳарактҳои озодихоҳи ба миён омадааст. Вале баъд аз имзои ин созишнома то имрӯз ин қабил ҳаракатҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон идома доранд. Баъд аз қабули ин созишнома ҳар миллате, ҳуқуқи ташкили давлати хешро пайдо намуда озодии миллиро ба даст оварданд. Дар ин замина давлатҳои зиёде нахуст дар Аврупо ва дигар манотиқӣ олам бо номи давлатҳои миллӣ таъис дода шуданд. Ин давлатҳо бо нишон парчам ва як қатор рамзҳои махсус, ки ифодакунандаи махсусиятҳои миллӣ мебошанд ба муносибатҳои байналмилалӣ ворид гаштанд. Миллатҳо бо ташкили давлати худ мехоҳанд тамоми равандҳои дохили ва беруниро, ки ба манфиатҳои онҳо ҳамбастагӣ дорад, зери назорати худ бигиранд. Инчунин тамоми таҳаввулотҳои сиёсӣ, ки бо ҳадафҳои онҳо наздики дорад, таҳти нуфузи сиёсати худ, ки хусусияти миллиро доро мебошад қарор бидиҳанд. Аслан ҳадафи давлатҳои миллӣ ин мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ ва пурра дар ихтиёри худ нигоҳ доштани низоми сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Баъзан дар ҳоли ҳозир мушоҳида мешавад, ки ин давлатҳо ҳудуди нуфузи худро майли васеъ кардан доранд, яъне машғул шудан ба масъалаҳои дохилӣ, кифоя накарда баъзан ба омилҳои берун аз ҳудуди худ мудохила менамоянд. Чунин падида хоси қудратҳои геополитикӣ буда, мақсади асосӣ аз ин мудохилаҳо, равона сохтани натиҷаи ҳодисаҳои гуногуни ҷаҳонӣ ба миён омада ба суйи манфиатҳои онҳо мебошад.
Давлатҳои миллӣ дар як марҳилаи мавҷудияти худ, ки он ҳам ба ташаккули ҷомеаи индустриалӣ рост меояд, заминаҳои рушду инкишофи худро мустаҳкам намуданд. Чунин шароит бо роҳи таъмини мувозинати иқтисодӣ дар заминаи дурусту самаранок ба роҳ мондани саноати истеҳсоли мебошад. Дар назорати давлат будани бозору иқтисод ва то андозае зери таъсири он қарор доштани соҳаи тиҷорат ва истеҳсолот мавқеи давлатҳои миллиро дар муносибатҳои байналмилалӣ мустаҳкам нигоҳ медошт. Аммо бо афзоиши моликияти хусусӣ нисбат ба моликияти давлатӣ ин вазъро таъғийр дод.
Дар заминаи ба амал омадани мавҷи дуввум ва ташаккули ҷомеаи индустриалӣ, иқтисод дар дохили давлатҳои миллӣ рушд намуда, заминаҳои фаъолияти мустақилонаи сохторҳои давлатиро ба вуҷуд овард. Давлатҳои миллӣ бо роҳи рушди истеҳсолот ва бартараф сохтани ниёзҳои ҷомеа, вобастагии худро аз дигар давлатҳо коҳиш доданд. Дар заминаи инкишофи техналогияи истеҳсоли ва рушди моликияти хусусӣ ширкатҳои бузурги трансмиллӣ пайдо гаштанд. Дар ин давра фаъолияти иқтисодӣ дар дохили давлатҳои миллӣ ва дар қаламрави онҳо дар бахшҳои гуногун инкишоф ёфт, ки одатан ширкатҳои трансмиллии тиҷорӣ бартари доштанд. Онҳо бештар хусусияти миллӣ дошта дар раванди ба роҳ мондани истеҳсолот манфиатҳои миллиро иникос менамуданд. Чунин ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ дар навбати аввал қисме аз бозорҳои дохилии як давлатро ва дар навбати дуввум бошад тамоми бозорҳо ва иқтисоди он давлатро зери таъсири худ қарор додаанд. Аммо дар марҳилаи севвуми рушди тамаддуни инсонӣ, ки ба замони зуҳури ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ рост меояд, ширкатҳои бузурги тиҷорати ҳудуди фаъолият ва доираи нуфузи худро васеъ намуда аз мавқеъи як давлат берун рафтанд.
Яке аз зуҳуроте, ки мавҷудияти истиқлоли давлатҳои миллиро зери суол бурдааст ва мавқеи онҳоро дар муносибатҳои байналмилалӣ майли танг кардан дорад ин раванди ҷаҳонишавӣ ба ҳисоб меравад. Дар чанд даҳсолаи ахир ин мафҳум аз суйи сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, ҳуқуқшиносон ва журналистон ба таври васеъ истифода шуда, ҳар кадом бо назардошти донишҳои соҳавии худ ба ин раванд баҳоӣ воқеӣ медиҳанд. Ин маънои онро дорад, ки ҷаҳонишавӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти паҳн гашта ҳангоми таҳлили вазъи ин соҳаҳо аз худ дарак медиҳад. Ҷаҳонишавӣ ба сифати як раванди мақсадноки таърихӣ аз худ дарак дода паҳлуҳои манфи ва мусбати он дар ростои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳои миллӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дорад. Ин раванд дар тули чанд садсолаи ахир дар қолаби давлатҳои миллӣ шакл гирифта ҳангоми гузариши ҷомеаи ҷаҳони аз индустриалӣ ба постиндустриалӣ аз нав бо қудрату қувваи фарогир ва шаклу услубҳои нисбатан нав зуҳур намуд. Раванди ҷаҳонишаӣ дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва тарақиёти техналогияҳои навтарин суръати паҳншавии худро афзоиш медиҳад. Самти ҳаракати ҷаҳонишави на фақат ба сӯйи давлатҳои соҳибихтиёри миллӣ равона шудааст, балки он фарогири тамоми ҳаёту фаъолияти инсонӣ гаштааст. Ин аст, ки имрӯз мо на танҳо шоҳиди таҳаввулотҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ мегардем, балки дар ин замина ҷомеаи инсонӣ дар шакли нисбатан нав рушд менамояд, ки ин шаклгири аз падида ва арзишҳои хосси ҷаҳонишавӣ сарчашма мегирад. Ҳамин тавр ҷаҳонишавӣ бо зуҳури худ аз сатҳи ҷамъияти муносибату муоширати инсонҳо таъсир расониданро шуруъ намуда то сатҳи идоракунии далати мерасад. Ҷаҳонишавӣ ҳамчун як падидаи сиёсию ҷамъияти дарбаргирандаи арзишҳо ва қонуниятҳои нисбатан нав буда ба тарзи ҳаёту фаъолияти инсонҳо таъсир расонида вобастагии онҳоро ба вазъи иқтисодӣ бештар месозад.
Нишондиҳандаи дигари ҷаҳонишавӣ, ки ба ин раванд зич алоқаманд аст, ин паҳншавии шабакаҳои комуникатсионӣ, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтаанд мебошад. Яке аз падидаҳое, ки боиси паҳн гардидани ҷаҳонишавӣ ва аз ҳама муҳим сабаби воқеъӣ гардидани он гашта истодааст ин тарақиёти техналогияи иттилоотӣ ва дастраси умум гаштани интернет ба ҳисоб меравад. Ин падида тамоми қишрҳои курраи заминро ба ҳам пайванд намуда ҳамгирои ва ҳамкориро миёни халқу миллатҳо тақвият бахшид. Вале бояд гуфт, ки ин раванд ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии миллатҳо таъсири амиқи худро мерасонад. Ҳол месазад, ки оиди паёмадҳи он, инчунин таъсири он ба давлатҳои миллӣ ва ё ҷаҳонӣ шудани иқтисоду бозоргони ишора намоем.
Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, ки шароити наверо ҷиҳати ба роҳ мондани муносибатҳои сиёсӣ фароҳам сохтааст ва дар навбати дигар дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ масири рушди давлатҳоро тағийр дода принсипи баҳамвобастагиро мустаҳкам намудааст, зарурати бозбинии мавқеъи давлатҳои миллиро дар ин шароит ба вуҷуд овардааст. Чунин як вазъият давлатҳои миллиро дар масири ҷаҳонишудан қарор дода, беихтиёр баҳри тағийри арзишҳо ва махсусиятҳои миллӣ онҳоро водор месозад. Дар ин раванд бархе давлатҳо, ҷиҳати пазириши арзишҳои умумибашарӣ имкониятҳоро фароҳам месозад. Бархеи дигар баҳри ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ кӯшиш менамоянд то арзишҳои миллиро бо арзишҳои умумибашари ҳамоҳанг бисозанд. Аммо нигоҳ доштани тавозун ва ҳифзу рушд додани ин арзишҳо дар якҷоягӣ ва ё ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мушкил аст. Бо назардошти таҳавулотҳои ахири асри 20 имрӯз кишварҳое, ки дар баробари арзишҳои ҷаҳонӣ муқобилият нишон медиҳанд қариб, ки вуҷуд надорад. Аммо чунин мушкилот ва бархӯрд бо арзишҳои ҷаҳонӣ дар сатҳи ҷамъиятӣ дар кишварҳои гуногун ҳамоно дида мешавад. Дар баробари чунин бархурдҳо вуҷуд доранд миллатҳое, ки тозза ба рушд додани давлати миллии худ пардохтаанд ва дар баробари арзишҳое, ки аз падидаҳои ҷаҳонишавӣ буруз намуда ба ҳавзаи фарҳангии онҳо ворид мегардад бо роҳи рушд додани тамаддуни худ аз он ҷилвагири кардан мехоҳанд. Аммо дар ин фазои баҳамвобастагӣ ва таъсиррасони ҳифзи фарҳанг ва арзишҳои миллӣ аз иқтидори иқтисоди вобастагии бештар дорад.
Агар оқибати равандҳои муосирро дар ояндаи наздик аз лиҳози баҳамвобастагӣ ва таъсиррасонии давлатҳо таҳлил намуда, воқеӣ гаштани олами инсониро иникос намоем, наметавон нақши техналогияи иттилоотиро дар муттаҳид сохтан ва ба вуҷуд овардани навъи иқтисоди ҷаҳонӣ нодида бигирем. Яъне суръати тезу тунди раванди ҷаҳонишавӣ маҳз ба пешрафти техналогияи иттилоотӣ, ки низоми ягонаи иқтисодиро дар ҷаҳон шакл додааст вобастагӣ дорад. Мавҷи севвуми рушди тамаддуни инсони кайҳо ба амал омада, имрӯз ҷаҳон дар марҳилаи посиндустриалӣ ва қисме аз он дар марҳилаи гузариш ба он қарор дорад. Мавҷи севвум мушкилотҳои нав, сохтори нави иртиботро ба вуҷуд оварда бозингарони навро ба саҳнаи ҷаҳонӣ мехонад ва ҳамаи ин ҷараёнҳо қудрати давлатҳои миллиро коҳиш медиҳад. Ин марҳила, яъне ба вуқуъ пайвастани мавҷи севвум дар натиҷаи ҷаҳиши технологи ба амал омада ҷомеаи иттилоотиро шакл додааст. Ҳангоми муқоисаи давлатҳои замони индустриалӣ бо давлатҳои замони посиндустриалӣ, метавон ба як қатор вижагиҳои махсусе дучор гашт. Агар ба андешаи Тоффлер дар ин марҳилаҳои гузариш ва ба амал омадани се мавҷи тарақиёт тамаддуни инсонӣ рушд намуд, пас иникоси вазъи давлатҳои миллӣ дар марҳилаи севвум, яъне замони посиндустриалӣ хеле душвор хоҳад буд. Зеро дар замони индустриалӣ давлатҳои миллӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва рушди соҳаи саноат мавқеӣ худро мустаҳкам намуда, то як андоза вобастагии худро аз давлатҳои дигар коҳиш доданд. Дар марҳилаи гузариш ба ҷомеаи посиндустриалӣ ва дар ин замина ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, ки ҷаҳонро ба марҳилаи рушду тарақиёти нисбатан нав ворид сохт муносибатҳо дар шакли нав ба роҳ монда шудаанд, ки ин таҳаввулот мавқеӣ давлатҳои миллиро дигаргун сохт.
Ҳоло наметавон бо боварии комил гуфт, ки дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар ояндаи наздик низоми ягонаи иқтисодӣ ва ҳолати якрангии иҷтимоӣ дар ҷаҳон ба вуҷуд меояд. Зеро ба ду қисм тақсим гаштани ҷаҳон Шимоли сарватманд ва Ҷанубӣ бенаво ин андешаро ботил месозад. Аммо дар сурати ташаккули ТИК дар минтақаи Ҷануб шояд ин раванд таъғйр ёбад. Вале онҳо ҷиҳати ҳифзи тамаддун ва одатҳои миллии худ, намехоҳанд ба ин раванд ворид гарданд. Ва бо роҳҳои гуногун аз зуҳури арзишҳои ҷаҳонӣ ва ё ғарбӣ ҷилвагири кардан мехоҳанд. Маълум нест, ки ин бархӯрд ва муқовимати онҳо бо чи меанҷомад, вале метавон гуфт, ки давлатҳои ҷануб зери таъсири фақр қобилияти истодагари дар баробари ин равандҳоро аз даст хоҳанд дод. Гузашта аз ин зуҳури ҳар падидаи ҷаҳонишавӣ дар алоҳидагӣ истифодаи техналогияи иттилоотиро талаб менамояд. Давлатҳои миллӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти иниститутҳои худ ба истифода аз техналогияҳои навтарин ниёз пайдо менамояд. Дар ин росто, ки давлат ва сохторҳои он фаъолияти худро таввасути ТИК роҳандози месозанд, иттилоот низ мавқеи махсусро дар ҷомеа соҳиб мегардад. Ҳангоми мавқеъ ёфтани унсурҳои иттилоотӣ дар ҷомеа роҳи таъсир ба мафкураи ҷомеа низ муайян мегардад. Мақсади асоси аз дастрас намудани тамоми ҷомеаи ҷаҳон ба техналогияҳои навтарин, инчунин интернет ва унсурҳои иттилоотӣ ин пеш аз ҳама интиқоли фарҳанг, муарифии он ва тарғиби арзишҳои муайян, инчунин мафкурасози, идора кардани аҳоли, марифии маҳсулоти истеҳсолӣ ва зери назорат гирифтани иқтисоди бозоргони маҳсуб мегардад. Бо ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ давлатҳои милллӣ мувоҷеҳи буҳрони азимӣ фарҳангӣ ва иқтисоди мегарданд. Сабаби бурузи ин мушкилот дар истифодаи ТИК, инчунин коркарди иттилоот, истеҳсоли иттилоот, нигаҳдори ва паҳну истифодаи он зоҳир мегардад. Ҳол мо ба ду нукта, ки аз масоли дар боло зикр гардида сарчашма мегиранд ишора хоҳем кард, ки яке масоили фарҳанг ва дигаре иқтисод ба ҳисоб меравад. Дар чанд даҳсолаи ахир назорат ва танзими фазои иттилоотӣ ба ҳайси як мушкилоти ҳалталаб баҳри давлатҳои миллӣ шакл гирифта, таъсир ба фарҳанг ва мафкураи ҷомеа аз ин фазо нигаронкунанда арзёбӣ мегардад...
Ҳифз намудани тамоми унсурҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ имкон надорад. Инчунин ҳифзи арзишҳо, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ низ душвор гаштааст. Вале наметавон дар ин миён рушди миллатҳо ва баъзе давлатҳои миллиро нодида гирифт. Онҳо фаъолияти тамоми соҳаҳои давлатиро ба шароити ҷаҳонишавӣ мутобиқ сохта, фарҳанги миллии худро бо таҳаввулотҳои технологи ҳамоҳанг месозанд. Бо истифода аз зарфияти иқтисодӣ равандҳои ҷаҳонишавиро идора менамоянд, на ин ки ба он тобеъ мебошанд. Ин аст, ки бархе дар пазириши арзишҳои ҷаҳонӣ муқобилият нишон дода онро мансуби миллатҳои қудратманд меҳисобанд. Аслан дар мавзӯъи арзишҳои умумиҷаҳонӣ ва муайян сохтани маънӣ ва муҳтавоӣ он бояд як қатор омилҳоро ба инобат гирифт. Саравал тафовути арзишҳои миллиро бо арзишҳои ҷаҳони бояд муайян сохт. Аммо дар раванди вусъати ҷаҳонишавӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ ва билохира гузариш ба марҳилаи нав баъд аз сипари гардидани марҳилаи индустриалӣ, ки як қисмати ҷаҳон ба он ворид гардида имкон аст дар ояндаи наздик қисми дигари он вориди ин марҳилаи таърихи бигардад, арзишҳои ҷаҳонӣ ва ё ғарбӣ, ки хусусияти миллӣ ва ё диниро доранд тағийр хоҳанд ёфт. Зеро гузариш аз як марҳила ба марҳилаи рушди минбаъда ин дар натиҷаи ҷаҳиши техналоги ба амал омада, тамаддуни инсониро рушд медиҳад. Дар зминаи ин тағирот арзишҳо, муносибатҳо ва як қатор фарҳангҳо низ аз миён мераванд ва ё дигаргун мегарданд. Ин тағирёби зери таъсири ташаккули техналогия ва ранги дигар гирифтани муносибатҳо, дар шароити нисбатан нав ба роҳ мондани кору фаъолият ки аз тарақиёти ТИК сарчашма мегирад, сурат хоҳад гирифт. Яъне фарҳангҳои миллӣ ки решаи таърихи доранд ва бар асоси шароити пеш аз ҷомеаи технологӣ шакл гирифтаанд бо техналогияи саноатӣ пайванд гашта таввасути он тақвият меёбанд, ки дар натиҷа фарҳангҳои миллӣ ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли нав ба вуҷуд меоянд. Доир ба ташаккули техналоигя ва таъсири он ба фарҳанг нуқтаи дигаррро бояд қайд намуд, ки дар заминаи ташаккули техналогия, фарҳанги миллӣ бо техналогияи навтарин омезиш меёбад. Инсонҳо ҷиҳату кору зинадгӣ дар замони муосир, ки ҷаҳони иттилоот ва техналогия ном дорад, кӯшиш менамоянд фарҳанг ва арзишҳои миллии хешро ба таҳаввулоти технологи мутобиқ созанд. Дар натиҷаи ҳамоҳанг сохтани фарҳанг бо техналогия арзишҳои нав ба вуҷуд омада дар заминаи истифода аз техналогия он мавқеӣ ҷаҳониро касб менамояд. Аммо мушкили асоси дар ин самт яъне шакл гирифтани фарҳанги ягонаи глобалӣ дар заминаи ташаккули тафаккури технологӣ дар он аст, ки на ҳама миллатҳо ба техналогияи навтарин дастраси доранд ва баъзан ҷиҳати пешгири аз зуҳури ҳар гуна арзишҳо таввасути техналогия иттилоотӣ, дастраси ба онро низ маҳдуд месозанд. Аммо дар заминаи ташаккули ҷомеаи иттиллтӣ марҳилаи ташаккули давлатҳои миллӣ ва муқобилияти онҳо дар баробари падидаҳои ҷаҳонишавӣ дер давом нахоҳад кард.
Давлатҳои миллӣ бар асосӣ миллат, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ ташкил гашта, ҳасти ва соҳибихтиёрии онҳо бо роҳандозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ бо назардошти манофеи миллӣ, инчунин идоракунии амволи давлатӣ ва навъҳои гуногуни моликият, ҳифзи манфиати ширкатҳои трансмиллӣ дар баробари рақибони хориҷӣ маҳсуб мегардад. Миллатҳо бо таъсиси давлатҳои худ, иқтидори иқтисодии онро афзоиш дода, масири инкишофи худро ҳамчун давлати мустақил муайян намуданд. Дар навбати дигар бо мақсади қавӣ гардонидани иқтидори иқтисодии худ соҳаи тиҷорат ва истеҳсолотро дар заминаи таъсиси ширкатҳои тиҷоратӣ ва ҳамоҳансозии фаъолияти онҳо бо дигар давлатҳо ба роҳ монданд. Бо шакл гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ зери таъсири ҷомеаи иттилоотӣ ин ҷараён шакли дигарро ба худ касб намуда ба рушди моликияти хусусӣ ва ташаккули фаъолиятҳои хусусияти инфиродӣ дошта боис гардид. Ин шароит давлатҳои миллиро вориди системаи капиталистӣ гардонид. Ҳоло бошад капитализм ҳамчун механизми асосии ҷамъиятӣ, ки барои зуҳури ҷаҳонишавӣ шароит фароҳам сохтааст, корсоз будани худро ҷиҳати рушди давлатҳо, вале на бо махсусиятҳои миллӣ исбот намудааст. Капитализм ҳамчун механизми иҷтимоӣ, ки ҷаҳонишавиро шуруъ кард, мувафақияти афсонавии худро исбот намуд. Моликияти хусусӣ зери таъсири системаи капиталистӣ ривоҷ ёфт. Ин раванд ба нуфуз пайдо намудани ширкатҳои бузургӣ тиҷорати боис гардида. Дар натиҷаи ин таҳаввулот иқтисоди давлатҳои миллӣ зери таъсири ширкатҳои бузурги тиҷорати қарор гирифтанд. Чунин шароит ба вусъати ҷаҳонишавӣ ва тарақиёту паҳн гардидани ТИК, ки ба шакл гирифтани ҷаҳонишавӣ боис гардид алоқамандии зиёд дорад. Ҳамин тариқ яке аз сабабҳои зуҳури ҷаҳонишавиро метавон дар тарақиёти ТИК маънидод намуд. Бо ташаккули он ҳамаагон имкони анҷом додани кори бонкӣ ва аз ҳама муҳим хариду фӯрушро дар тамоми гӯшаи ҷаҳон пайдо намуданд, ки ин раванд ба шакл гирифтани бозори ҷаҳонӣ боис гардидааст. Дар ҳақиқат дар замони мо бозор то рафт глобалӣ шудан дорад. Имрӯз бозорҳо бештар хусусияти ҷаҳониро ба худ касб намудаанд. Бо афзоиши номгуи маҳсулоти истеҳсолӣ ширкатҳои трансмиллӣ ин бозорҳои ҷаҳониро зери таъсири худ қарор дода кору фаъолияти худро дар тамоми нуқтаҳои ҷаҳон ба роҳ мондаанд. Сабаби аслии афзоиши истеҳсол ва ҷаҳони шудани бозорҳо ин пеш аз ҳама техналогияи саноатӣ ва ҳамзамон ТИК нақши муҳим мебозанд. Зеро дар истеҳсол, муарифи ва фуруши маҳсулот, иттилоот нақши муҳимро мебозад. Аз истеҳсол, реклама то фуруш ва дастрас намудани маҳсулот ТИК хизмат менамоянд.
Имрӯз низоми капиталистӣ тамоми ҷаҳонро иҳота намуда фазои баҳамвобастагии иқтисодиро ба вуҷуд овардааст. Масалан имрӯз як давлат ба хотири таъмини маҳсулоти ниёзи аҳолии худ ба якчанд давлати дигар вобастагӣ дорад. Чой аз як давлат ворид мегардад, қаҳва аз давлати дигар, шакар аз давлати севвум, либоса бошад аз минтақаи дигари ҷаҳон. Номгӯйи маҳсулоти истеҳсоли чунон афзоиш ёфтааст, ки ҳеҷ давлате ба танҳои имконияти истеҳсол ва таъмини маҳсулоти ниёзи дохилии худро надорад. Аксар хатароти раванди ҷаҳонишавиро дар ростои давлатҳои миллӣ дар самти иқтисодиёт маънидод карда, аз лиҳози иқтисодӣ таъсири онро ба давлатҳои миллӣ инкос намуда ба масъала нуқта гузоштан мехоҳанд. Аммо як қатор соҳаҳои дигар аз қабили тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт дар ихтиёри давлатҳои миллӣ қарор дорад. Вале асоси таъмини фаъолият ва инкишофи тамоми ин соҳаҳо аз иқтисод вобастагӣ дорад. Ҳангоми коста гаштани вазъи иқтисодӣ ин соҳаҳо ба бӯҳрон мувоҷеҳ гашта, ҷараёни хусуси гардонидани ин соҳаҳо низ ба миён меояд. Дар натиҷа бо мурури замон ва зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ давалтҳои миллӣ назорат дар тамоми соҳаҳоро дар дохил аз даст хоҳанд дод.
Оиди тақдири давлатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ хулосабарори кардан душвор аст, ҳарчанд олимон дар ин самт ба ду андеша пойбанд мебошанд. Ин ки давлатҳои миллӣ зери таъсири ширкатҳои бузурги тиҷоратӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ мавқеӣ худро дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ аз даст дода аз байн мераванд. Ва ё ин, ки шаклу усурҳои миллии худро аз даст медиҳанд, вале комилан аз байн намераванд. Аммо дар заминаи ин андешаҳо метавон гуфт, ки давлатҳои миллии имрӯза то ҷойе унсурҳо ва махсусиятҳои миллии худро аз даст додаанд. Пас оё дар ояндаи наздик имкон ҳаст, ки онҳо мавҷудияти худро аз даст бидиҳанд? Ба ин савол метавон бо муайян сохтани мавқеи давлатҳои миллӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ аз лиҳози махсусиятҳо ва манофеи миллии онҳо посух пайдо намуд. Зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ давлатҳои миллӣ бо иштироки худ дар муносибатҳои байналмилалӣ як қатор махсусиятҳои миллии худро иваз менамоянд. Ин падида омилҳои гуногуни фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро дар бар мегирад. Пӯшида нест, ки тамоми хатароти раванди ҷаҳонишавӣ ба истиқлолӣ давлатҳои миллӣ нигаронида шудааст ва дар раванди вусъати он то рафт таъсирпазир мегарданд. Давлат-миллатҳо ба таври назаррас соҳибихтиёри ва истиқлоли худро аз даст медиҳанд. Масъалаи муҳим дар ин раванд, ки имкон аст давлатҳои миллӣ соҳибихтиёрии худро аз даст бидиҳанд ин шинохти мафҳуми “истиқлол” бо диди нав ва бо дарку фаҳмиши нав ба ҳисоб меравад. Мусаллам аст, ки давлатҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ тамоми унсурҳои давлатдории худро ҳифз карда наметавонанд. Дар ин миён мавқеи истиқлол низ иваз гашта ҳамчун ифодагари мухторияти комил фаҳмида намешавад. Аллбата ин хоси он давлатҳоест, ки аз ҷиҳати қудрати низомию идеологӣ заъиф ва аз диди сиёсю иқтисодӣ вобастагии бештар дошта, зери таъсир қарор доранд ва барои онҳо дар раванди вусъати ҷаҳонишавӣ, истиқлол ба як тавваҳум табдил мёбад. Дар шароити феълии бархӯрди тамаддунҳо ва ташаннуҷ пайдо кардани ифротгаройии динию мазҳабӣ ҳамчун таҳдиду хатари минтақавию глобалӣ роҳҳои бурунрафт аз мушкилот ва ҳифзи истиқлоли миллиро метавон дар неруманд сохтани ҳувияти миллӣ, табодули фарҳангӣ, авлавият бахшидани сиёсати фарҳангӣ ва таҳким бахшидани раванди ваҳдату ҳамбастагӣ дид. Барои рафъи мушкилот, решадор сохтани илму хирад дар баданаҳои иҷтимоӣ ва билохира фароҳам овардани фазои бозу муътадили фикрию эҷодӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мо имконоти фаровон дорем. Пас, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ аз василаҳои дастраси фарҳангию мафкуравӣ мебояд истифода бурд.
Нусратуллои Назариён
Адабиёти истифодашуда.
Абдуллоҳ Р. Дидгоҳи давлатмеҳвар. Душанбе ЭР-граф 2021. с.94-95
Уэбстер Э. Теории информационного общества. Аспект Пресс 2004.-400с. С-91
Тоффлер Э. Третья волна. Изд-во АСТ, 2004. -С.234
Яке аз тадбирҳои самарабахши бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ – ин баланд бардоштани фарҳанг ва шуури ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин аксиомаи ҳуқуқии бунёди давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ин, баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ, шуур ва тафаккури ҳуқуқии ҷомеаро бе андешидани чораҳои зарурӣ дар самти тарбияи ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аъзои ҳамин ҷомеа тасаввур кардан ғайриимконпазир мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун фаъолияти мақсаднок ва мунтазами давлат ва ҷомеа оид ба ташаккул ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқии инсон бо мақсади мубориза бо нигилизми ҳуқуқӣ ва таъмини раванди ташаккули маънавӣ-ҳуқуқии он ва амалӣ намудани ғояҳои бунёди давлати ҳуқуқбунёд баромад мекунад. Он фаъолияти махсуси ташаккулёфта оид ба паҳн кардани донишҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа, фаҳмонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва амалияи татбиқи онҳо, огоҳ намудани аҳолӣ оид ба сохтор, вазифа ва ваколатҳои мақомоти давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрванд нисбат ба онҳо мебошад.
Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар он ифода меёбад, ки ба шаҳрвандон имкониятҳои амалигардонии воқеии ҳуқуқу озодиҳои худро дар ҷомеа ва давлат фароҳам оварда, дар шаҳравандон ташаккул додани малакаҳои эҳтироми шахсро нисбат ба дигар аъзоёни ҷомеа тарбият карда, дар ҷомеа як падидаи адолати иҷтимоӣ барпо месозад.
Дар кадом ҳолатҳо маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон кумак мерасонад? Номгӯйи ҳолатҳое, ки дар он маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба шаҳравандон кумак расонад, ба таври пурра баён карда ғайриимкон аст. Омили асосии ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҷомеа ва давлат ин фактҳои ҳуқуқӣ мебошанд. Фактҳои ҳуқуқӣ хусусияти объективӣ (ҳодисаҳо) ва субъективӣ (кирдорҳо) доранд. Ҳаёти ҷамъиятӣ ин раванди объективӣ буда, аз иродаи инсон вобастагӣ надорад. Аммо бо баробари ин, ҳастанд ҳолатҳое, ки бевосита бо иродаи шахс ба вуҷуд меоянд ва дар ҳалли онҳо маърифати ҳуқуқӣ метавонад ба онҳо кумак расонад. Масъалан, содир намудани як амалиёти ҳуқуқӣ, бастани шартнома ва дигарҳо. Аммо аксарияти муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд, хусусияти объективӣ доранд ва дар ҳар як ҳолати воқеӣ дониши ҳуқуқии шаҳрванд зарур аст, чуноне воситаи асосии батанзимдарории асосии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон дар ҳаёти ҳамарӯзаи онҳо, фаъолияти меҳнатии онҳо кӯмаки бевосита мерасонад. Маърифати ҳуқуқӣ сотсиализатсияи ҳуқуқии шахсро ба миён меорад ва дар он эҳтиром ба қонун ва қонуниятро тарбия мекунад, ки дар натиҷа барои барпо намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва давлат мусоидат менамояд.
Маърифати ҳуқуқӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ба таври органикӣ алоқаманданд. Маърифати ҳуқуқӣ дар шаҳрванд шуури ҳуқуқӣ, идеалҳои ахлоқӣ, муносибатҳои ҳуқуқӣ ва самтҳои арзишӣ, донишҳои махсуси аз ҷиҳати касбӣ заруриро ташаккул медиҳад. Танҳо дар ин сурат шахс на танҳо донишҳои назариявиро аз худ мекунад, балки дуруст истифода бурдани онро дар ҳолатҳои муҳимми ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Маърифати ҳуқуқӣ як ҷузъи тамоми раванди ташаккули маънавии шахсият буда, бе он амалӣ намудани ҳадафи бунёди давлати ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон ғайриимконпазир аст.
Нодида гирифтани қудрати маърифати ҳуқуқӣ аз ҷониби ҷомеа танҳо дар сатҳи пасти тафаккури ҷаҳонбинии ҳар як шахс ифода меёбад, ки ин боиси надонистани қонун ва боварӣ надоштан ба имкони ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ мегардад. Зиндагӣ дар давлати ҳуқуқбунёд ҳар касро вазифадор мекунад, ки ҳуқуқу озодиҳои худ, сохтор ва идоракунии давлатро ҳамчун ҷузъи ҷудонашаванда омӯзад. Бе маърифати ҳуқуқӣ шаҳрванд дар ҷомеа бо шаъну шараф, самаранок ва бо обрӯ зиндагӣ кардан, озодона фаъолият кардан наметавонад. Набудани дониши ҳуқуқӣ дар давлат нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои худ боиси тарси шахсӣ, номуайянӣ, нигилизми ҳуқуқӣ, зиддиятҳои ҳуқуқӣ ва инкори қонунгузории амалкунандаи давлат мегардад.
Нақши маърифати ҳуқуқӣ дар ҳаёти кишвар аз он иборат аст, ки он ба ҳаёти ҷамъиятӣ низом ва муташаккилӣ оварда, дар низоми давлатию-ҳуқуқии он тартиботи ҳуқуқиро ҷорӣ менамояд ва муносибати шахсро бо давлат танзим намуда, мавқеи инсонро дар ҷомеа муайян мекунад. Он принсипҳои асосии ҳуқуқ, вазифаҳои мақомоти давлатӣ, усулҳо ва шаклҳои фаъолияти онҳоро меомӯзад.
Маърифати ҳуқуқӣ мустақилияти нисбии ҳадафҳо, усулҳои мушаххаси ноил шудан ба онҳо ва шаклҳои ташкилӣ дорад. Ин фаъолияти бисёрҳадафаест, ки мавҷудияти ҳадафҳои стратегӣ, дарозмуддат ва ҳадафҳои тактикӣ, фаврӣ, умумӣ ва мушаххасро пешбинӣ мекунад. Мақсадҳоро бо назардошти хусусиятҳои субъект ва объекти таъсири тарбиявӣ, шаклу воситаҳои дар ин фаъолият истифодашаванда, инчунин институтҳое, ки таълими ҳуқуқӣ машғул мебошанд, муайян кардан мумкин аст. Ҳадафи стратегии маърифати ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барпо намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона, иҷтимоӣ ва ҷомеаи адолатпарвар мебошад.
Маърифати ҳуқуқӣ модули асосии банақшагирии стратегӣ мебошад, ки манфиатҳои миллӣ ва афзалиятҳои стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди устувори кишвар ба марҳилаи дарозмуддат муайян мекунад. Бо мақсади беҳтарсозӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи маърифати ҳуқуқӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2028, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 феврали соли 2024, № 1005 тасдиқ шудааст ва Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, № 599 қабул шудааст, мавриди амал қарор додаанд, ки онҳо принсипҳо, самтҳои асосӣ ва мазмуни сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандонро муайян ва мустаҳкам кардаанд.
Мутобиқи банди 62 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028, барои баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқии аҳолӣ андешидани чораҳои зерин мувофиқи мақсад мебошад:
- ҷоннок кардани корҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ дар асоси ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектони тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ;
- таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, бахусус мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо нашрияи расмии иттилоотӣ ҳуқуқӣ;
- ба таври васеъ ба аҳолӣ дастрас намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;
- таъсис додани сомонаи ягонаи миллӣ бо ҷойгир кардани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- такмил додани механизми коркарди муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун унсури муҳимми баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар асоси ворид кардани дастовардҳои нави илму технология, пурзӯр кардани назорати ҷамъиятӣ.
Дар ин самт, ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои мазкур аз ҷониби давлат корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Масалан, бо мақсади иҷрои сархати чаҳоруми банди 62 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028 аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Портали интернетии иттилоотии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, фаъолона кор мекунад.
Маърифати ҳуқуқӣ худ ба худ амалӣ намегардад. Он бо тариқи истифодаи воситаҳои муайян, ки технологияи маърифати ҳуқуқиро ташкил медиҳад, амалӣ мегардад. Ба сифати воситаҳои маърифати ҳуқуқӣ метавонанд баромад кунанд: таблиғи ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқӣ, таҷрибаи ҳуқуқӣ, худомӯзӣ. Дар заминаи истифодаи ҳамаи ин воситаҳо, иттилоотонии ҳуқуқии шаҳрвандон ҷой дода шуда, интиқол, дарк, табдил додан ва истифодаи маълумот дар бораи ҳуқуқ ва амалияи татбиқи он дода мешавад.
Ба сифати яке аз воситаҳои асосии амалигардонии маърифати ҳуқуқӣ, таълими ҳуқуқии шаҳрвандон баромад мекунад. Бо ин мақсад давлат таълими фанҳои ҳуқуқиро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ҷорӣ намуда, барои мустақилона омухтани қонунҳои амалкунанда барои аҳолӣ шароити заруриро фароҳам меоварад, инчунин шаҳрвандонро барои иштирок дар ҳаёти ҷамъиятию ҳукуқии давлат дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ҷалб менамяд.
Ҳамин тавр, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо асосҳои донишҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, шинос мешаванд, донишҷӯёни ҳамаи донишгоҳҳои ғайриҳуқуқӣ ҳуқуқӣ гражданӣ, қонунгузории меҳнат ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳаёти ҳаррӯзаи онҳоро танзим мекунанд, меомӯзанд. Ҳар як шаҳрванд имкон дорад, ки дар сомонаҳои расмии мақомоти давлатӣ ба нашрияҳои расмии қонунгузорӣ ошно гардида, онро дастрас намоянд. Муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нашриётҳои давлатию ғайриавлатӣ шарҳу эзоҳи қонунгузории амалкунанда ва асарҳои оммавӣ оид ба ҳуқуқро барои омма таҳия ва нашр мекунанд. Масъулон ва ҳуқуқшиносон пайваста тариқи телевизион баромад карда, мазмуни қонунҳои ҷорӣ ва тартиби амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандонро шарҳ медиҳанд.
Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобаста мебошад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, паст шудани сатҳи нигилизми ҳуқуқӣ, инчунин дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд.
Нематов А.Р. доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тоҷикҳо ва тоҷикистониҳо нақши фаъолу ҳалкунандае иҷро кардаанд. Тибқи маълумотҳои расмӣ дар майдонҳои ҷанг аз Тоҷикистон беш аз 260 ҳазор тоҷику тоҷикистонӣ иштирок намуда, зиёда аз 90 ҳазори эшон дар сангарҳо ҷон супурданд. Ҳамин рақам низ ҷолиби диққат аст, ки дар ин набарди воқеан бузург 54 нафар тоҷикписар сазовори унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ гардида, 15 нафар соҳиби се дараҷаи ордени «Шараф» ва 58 ҳазор бо ордену нишонҳо мукофотонида шуданд. Дар байни ин мардони майдони корзори ҷангу ақибгоҳ хеле аз намояндагони адабиёт ва илму фарҳанг низ буданд, ки ба қавле қаламро ба шамшер табдил дода, дар кори пуршарафи озодии Ватан аз сайфу қалам баробар истифода намуданд. Солҳои ҷанг давраи пурмаҳсултарини адабӣ дар таърихи адабиёти советии тоҷик ба шумор меравад. Дар тӯли ҷанг адибони тоҷик наздик ба 240 асари адабӣ эҷод ва беш аз 100 баёнияи радиоӣ пахш карда, 150 маротиба митинг ташкил доданд.
Нависандагони тоҷик аз нахустин рӯзҳои оғози ҷанг масъулияти бузургеро аз рӯи дастури ватандорӣ, халқпарварӣ, инсондӯстӣ ва, албатта, садоқат ба идеяҳои ҳизби коммунист, ба ӯҳда гирифтанд. Аз ҷумла, дар мактуби аҳли адаби тоҷик бо номи «Овози нависандагони Тоҷикистон», ки ба он устодон Лоҳутӣ, Айнӣ, Деҳотӣ, Турсунзода, Раҳимӣ, Юсуфӣ, Миршакар, Бобо Юнус, Ҷалол Икромӣ, Суҳайлӣ, Шанбезода, Обидӣ, Ҳаким Карим, Раҳим Ҷалил, Аминзода имзо гузоштаанд, чунин омадааст: «Мо, нависандагони Тоҷикистони сотсиалистӣ, …Тоҷикистони офтобрӯя, худамонро бо камоли садоқат ба ихтиёри Ватан ва Партияи Коммунистӣ аз ҳамин сония сафарбарӣ намудем, агар Ҳукумати Советӣ ва Партия барои мудофиа кардани ватани муқаддаси сотсиалистиамон ба мо фармон бидиҳад, тайёрем, ки қалами худро ба яроқ иваз намуда, собитқадамона ба майдони ҷанг равем. Мо, нависандагони советӣ, аз пештара ҳам устуворонатар бо қаламу шамшер кор мекунем, шуҳрати Ватани азиз ва Армияи Сурхи онро дар достонҳо ва сурудҳои худ тараннум намоем...».
Ба ҳамин тартиб як даста адибони тоҷик, монанди Ҳабиб Юсуфӣ (1916–1945), Ҳаким Карим (1905-1942), Абдушукур Пирмуҳаммадзода (1912-1942), Лутфулло Бузургзода(1909-1943), дар сангарҳои ҷанг ҳалок гардиданд. Гурӯҳи дигаре аз адибон ба монанди Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Боқӣ Раҳимзода, Ҳабиб Аҳрорӣ, Ҳоҷӣ Содиқ, Аширмат Назаров, Обид Ҳамидӣ, В. Криллов, Эммануил Муллоқандов, Воҳид Асрорӣ, Раҷаб Амонов, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Мустафо Шарқӣ, Муҳиддин Фарҳат, Муҳаммадҷон Рабиев, Маҳмуд Тулқун, А. Усенко, Н. Лесной, ба хотири адои қарзи шаҳрвандӣ ва ҳисси ватандӯстӣ ихтиёрӣ ё бо кӯшишу ҷадали шахсӣ ба ба майдони ҷанг рафтанд. Дар ин солҳо як гурӯҳи дигар аз узви иттифоқ – Абдулғанӣ Мирзоев, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Тоҷӣ Усмон, К. Улуғзода, Қодир Наимӣ низ дар хизмати ҳарбӣ будаанд ва ё дар муассисоти ба ҷанг алоқаманд дар дохилу хориҷ ифои вазифа кардаанд.
Адибон ҳам бо яроқ ва ҳам бо қалам корнамоиҳои фарзандони далери тоҷикро, чи дар фронт ва чи ақибгоҳ, дар осорашон васфу ситоиш менамуданд. Мавзуи мудофиаи ватан мавзуи асосӣ дар адабиёти ин давра маҳсуб мешуд. Адибон тавассути қалам ва эҷоди асарҳои баландғоя ҷанговаронро ба корнамоӣ, ҷоннисорӣ даъват намуда, бад-ин тартиб дар тарғиби руҳияи ватандӯстии халқи советӣ саҳми шоиста мегузоштанд. Мавзуи адабиёти тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузуруги Ватанӣ аз тарафи муҳаққиқону адабиётшиносони тоҷик, аз ҷумла Б. Ғафуров, Ш. Ҳусейнзода, С.Ш.Табаров, С. Улуғзода, Ҷ. Шарифов, М. Шукуров, М. Раҷабӣ, А. Набавӣ, Ш. Ниёзӣ ва дар китоби “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” ба таври муфассал мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифтааст. Маҳз дар ҳамин давра чи дар назму наср ва чи драматургия ва публитсистикаи тоҷик дигаргуниҳои тозае дар шаклу муҳтавои осор ба назар мерасад.
Адабиётшиносони тоҷик омадани устод Лоҳутӣ ва баъзе адибону олимон аз ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба Тоҷикистонро омили такондиҳанда дар равнақи адабиёти тоҷик дар он солҳо арзёбӣ кардаанд.
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, дар муқоиса бо дигар анвои адабӣ пеш аз ҳама, назм инкишофи зиёд пайдо кард. Шоирон дар ашъори худ ба тасвири қаҳрамонии ҷанговарон пардохта, азму иродаи қавии онҳоро баҳри ғалаба дар осорашон нишон медоданд. Ашъори маршӣ, инқилобӣ ва ватанпарваронаи онҳо қалби сарбозонро дар ҷабҳаҳои ҷанг ба хурӯш оварда, бовари онҳоро ба ғалаба бештар мекард. Дар замони ҷанг устод Лоҳутӣ сарбозонро ин гуна руҳбаланд мекард:
Ҷангҳои болшевикӣ андар ин майдон кунем,
Даст агар аз тан бияфтад, ҷанг бо дандон кунем.
Бо шуруи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар радифи мавзуи интернатсионалӣ, ки аз мавзуҳои меҳварии адабиёти советӣ маҳсуб меёфт акнун бо тақозову зарурати замон мавзуъ ва арзишҳои миллӣ дар адабиёт роиҷ гардид. Адибон барои баланд бардоштани руҳи ватандӯстонаи сарбозон дар фронт дар осори худ аз қиссаву ривоят ва устураву қаҳрамонҳои таърихии халқи худ истифода мекарданд. Маҳз дар ҳамин давра шиори “Барои адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ” амалан татбиқ мегагардад.
Нуктаи ҷолиби диққат ҳамин аст, ки дар ҳамин даврони сарнавиштсоз Иттифоқи нависандагон ҳамроҳ бо Филиали тоҷикистонии Академияи Илмҳои СССР нақшаву чорабиниҳои зиёдеро амалӣ намуд, ки барои пешрафти афкори адабӣ мусоидат карданд. Аз ҷумла, яке аз ташаббускорони танзим ва таълифи китоби пурарзиши «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст. Ҳамин тавр, дар пажуҳиш ва омӯзиши мероси гузашта аз сахтгириҳои ифротӣ ва мафкуравии пешина камтар ба кор гирифта мешуд. Ин буд, ки дар охири солҳои 30-ум тадқиқи ҳаёт ва эҷодиёти намояндагони адабиёти гузашта ҷон гирифт, асарҳои илмии устод Айнӣ оид ба Ибни Сино (1939), Фирдавсӣ (1940, таҳрири нави рисола), Шайх Саъдӣ (1940), Устод Рӯдакӣ (1940), ва дигарон ба табъ расиданд. Рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» дар ин мавзӯъ сармақолае чоп карда, суханони Молотовро шаҳодат овардааст, ки гуфта буд: «Характери чуқури револютсионии ин маданияти нав инкор кардани муваффақиятҳои маданияти куҳнаро намефаҳмонад. Баръакс, тамоми муваффақиятҳои ҳақиқии маданияти халқҳо, онҳо ҳар қадар ба гузаштаи дур оид бошанд ҳам, дар давлати сотсиалистӣ қадри баланд доранд ва онҳо имрӯз дар пеши назари ҳамаи халқҳои Союзи Советӣ бо дурахшонии ҳақиқии идеявии худ зинда шуда, ба по мехезанд. Болшевикҳо на аз он одамонеанд, ки бо халқи худ хешӣ доштани худро фаромӯш карда бошанд».
Аммо вижагии боризи ашъори давраи ҷангии шоирони тоҷик ин буд, ки онҳо бори аввал фурсат пайдо карданд, ки барои тарғибу ташвиқи сарбозони Шӯравӣ дар ҷабҳаҳои ҷанг ва ҳамчунин руҳбаланд кардани мардум дар ақибгоҳ аз қаҳрамонони миллии худ истифода кунанд. Ин падида дар ҳақиқат барои ҳифзи ҳувият ва вижагиҳои адабиёти миллӣ кумаки зиёд кард. Ба қавли Кет Ҳечинский “Ҷанг мавқеияти хуберо барои халқи осори ибтикорӣ ва бадеъ ба вуҷуд овард ва давлати советӣ ҳам, ки сахт дар садади ҷалби ҳимояти омма буд, ба нависандагони тоҷик ва дигар ақвоми Осиёи Марказӣ иҷоза дод, ки дар бораи қаҳрамонони миллии гузашта ҳам бинависанд”.
Дар замони Љанги Бузурги Ватанї, пеш аз њама, назм инкишофи зиёд пайдо кард. Шоирон дар ашъори худ ба тасвири ќањрамонии љанговарон пардохта, азму иродаи ќавии онњоро бањри ѓалаба дар осорашон нишон медоданд. Устод Айнї аз зумраи шоироне буд, ки дар шеърњояш ќањрамонию диловарии халќи советиро васф намуда, дар баланд бардоштани руњияи ватандўстонаи љанговарон сањм мегирифт. Хусусан, шеъри «Марши интиќом»-и ў, ки бо эњсоси баланд иншо шудааст, дар ин замина љолиби диќќат мебошад.
Абдусалом Дењотї дар маќолаи «Садриддин Айнї» чунин менависад: «Асарњои илмї-тадќиќотии Айнї дар бораи њаёт ва эљодиёти Фирдавсї, Рўдакї, Абўалї Сино, Саъдї, Навої, Бедил ва Восифї дар соњаи адабиётшиносии мо мавќеи муњимро ишѓол мекунанд. Аз ќалами ў танњо дар солњои Љанги Бузурги Ватанї, ѓайр аз як ќатор шеър ва очеркњо, «Исёни Муќаннаъ», «Темурмалик» барин ду асари адабї-таърихии муњим ба вуљуд омаданд. Хеле характернок аст, ки Айнии куњансол дар солњои Љанги Бузурги Ватанї боз як бори дигар (чунонки дар соли 1918 баромада буд) бо «Суруди интиќом» ба майдон баромада, инсониятро ба несту нобуд кардани душмани ашаддї-фашистони одамхўр, даъват намуд.
Эй љањони башар,
Эй гурўњи аном!
Аз фашистони шар
интиќом! Интиќом!”[1]
Насри бадеї низ дар замони Љанги Бузурги Ватанї, дар баробари назм, бо њаводиси замон њамовоз гардид. Хусусан жанрњои хурд, аз љумла очерк, њикоя, фелетон, новелла, маќолањои публитсистї, наќши муњим ва њалкунанда пайдо намуданд. Аммо дар ин давра бештар очерк ва публитсистика тараќќї мекунад. Нависандагон дар очеркњояшон њам дар бораи ќањрамонони гузаштаи миллат ва њам замони љанг асар менавиштанд. Ба њарфи дигар, њам очеркњои таърихї, њам очеркњо дар бораи ќањрамонони майдони љанг баробар инкишоф меёфт… «Исёни Муќаннаъ» ва «Ќањрамони халќи тољик Темрумалик» аз очеркњои муњимми замони љанг мањсуб мешаванд. Устод Айнї дар онњо аз муборизаи ќањрамононаи халќи тољик дар замони гузашта бар зидди аљнабиён наќл менамояд.
Адибони тоҷик дар ин асарњояш халќи советиро ба дифои ватан, љасорату мардонагї, ситондани интиќом аз душман фаро хонда, бовариро ба ѓалаба дар дили эшон меафзуданд.
Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло метавон муҳимтарин хусусияти адабиёти давраи Ҷанги Бузурги Ватаниро ин гуна хулоса кард:
1) Ташаккули таърихнигорӣ ва дидгоҳи таърихӣ дар осори бадеӣ.
Ин мавзуъ бо ташаббус ва исрору таъкиди Бобоҷон Ғафуров дар рӯзҳои аввали ҷанг барои тасвир намудан ва зинда кардани ному образи фарзандони қаҳрамони халқи тоҷик дар миёни адибон ба миён гузошта мешавад. Устод Сотим Улуғзода дар суҳбат бо адабиётшинос Л.Н.Демидчик дар ин хусус нақл кардааст, ки руҷуи ӯ ба мавзуҳои таърихӣ ба давраи хизматаш дар солҳои ҷанг сахт вобаста мебошад.
2) Ривоҷи назми эпикӣ бо навъу шаклҳои гуногун;
3) Ривоҷи асарҳои драмавӣ (намоишӣ) ва истифодаи онҳо дар саҳнаи театр, кино ва опера...Муҳаққиқ Л.Н.Демидчик осори драмавии ин давраро “аз саҳифаҳои дурахшонтарини таърихи драматургияи тоҷик” донистааст.
4) Равнақи жанру навъҳои хурду фаврии ҳиссиётбарангез – мақола, очерк, ҳикоя, очеркҳои илмии мушаххас, лирикаи граждании публитсистӣ, даъватӣ, номаҳои манзум, суруду таронаҳои ҷангӣ, намоишномаҳо ва ғайра...
5) Истифодаи фаровон аз воситаҳои тасвири бадеӣ ва озодии бештар дар баёни фикр
6) Ривоҷи шакли тамсилӣ, афсонавӣ, асотирӣ ва фолклорӣ дар достон
Бештари мақолаву очеркҳои тамсилии устод Айнӣ ба монанди “Деви ҳафтсар”, “Чингизи асри ХХ”, “Хари бедум” ва достонҳои эпикии устод Лоҳутӣ аз ҷумла “Паҳлавони оштӣ” (1942), “Мардистон” (1942), “Ҳамсафарон” ва “Қишлоқи тиллоӣ”-и М. Миршакар, “Тоҳир ва Зуҳро”-и Мирзо Турсунзода, “Достони мулки саодат”-и Носирҷон Маъсумӣ дар равияи мазкур иншо шуда, образҳои асотирию афсонавӣ дар тасвири симои ҷанговарон ва қаҳрамонони давраи ҷанг истифода шудааст.
7) Адабиёт дар давраи ҷанг бештар рангу бӯи миллӣ касб мекунад.
Ҳатто китобҳои дарсӣ ва хрестоматияҳое, ки дар ин солҳо тавассути адабиётшиносон Холиқ Мирзозода, Абдулғанӣ Мирзоев ва Шарифҷон Ҳусейнзода барои синфҳои 5,6 ва 7 таълиф шудаанд бори аввал намунаҳои адабиёти форсии тоҷикӣ роҳ меёбад ва шиносоии хонандагон бо адабиёти пурғановати тоҷику форс дар мактабҳои миёна ва ҳатто мактабҳои олӣ аз ҳамин китобҳо оғоз ёфтааст.
Ба ҳамин тартиб ваҳдату якдилии халқҳои советӣ, созмондеҳии дурусти ҷанг ва эҷоди адабиёти пурэҳтироси ватандӯстона якҷо шуда пирӯзии халқи советӣ дар ин ҷанги нобаробарро таъмин кардааст. Хондани сатрҳои пуршӯру ғуруромез ва ифтихорофарини шоири шаҳиди тоҷик Ҳабиб Юсуфӣ намунаи барҷастаи шеъри ҳамосӣ ва ифодагари мазмуну муҳтавои эҷодиёти адибони тоҷик дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст:
Вақти он аст, эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, эй сухан!
Ғуррандатар гардӣ зи барқ
То ба душман ҳамла орам,
Решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!
Як чаҳон ишқи Ватан дорад дили халқи азим,
То ватанро дӯст дорад, дӯст дорад то абад.
Сад ҷаҳон нафрат ҳам аз баҳри разилони фашизм,
То фашистонро кунад бо нафраташ гӯр оқибат!
Чун Ватан мардона дар ҷанг омадаст, имрӯз ман
Ин ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!
Чун ман ин сон байни майдон пурдилу фирӯзманд,
Дорадам имрӯз аз ҳаррӯза ёрам дӯсттар:
Он на ман бошам, амон бидҳад ба душман мушти ман,
Он на ман, к-ин дам фитам дар фикри кори дигаре.
«Он на ман бошам, ки рӯзи ҷанг бинӣ пушти ман,
Он манам, к-андар миёни хоку хун бинӣ саре».
Вақти он аст, эй қалам!
Буррандатар гардӣ зи теғ!
Вақти он аст, эй сухан,
Ғуррандатар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш буррӣ зи бех,
То расӣ, манҳус анчарро кунӣ бешоху барг!
Беҳрӯзи Забеҳулло,
номзади илми филолгия,
мудири шуъбаи адабиёти муосири
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
[1] Абдусалом Дењотї. Куллиёт. –Љ.5. –Душанбе:Ирфон, 1966. –С. 262.
Аз рӯзҳои аввали истиқлоли Тоҷикистон ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Аврупо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мерафт. Ин буд, ки бо Британияи Кабир 15 январи соли 1992, бо Олмон 28 феврали соли 1992, бо Фаронса 3 марти соли 1992 ва ҳамзамон бо Италия 15 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шуд.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, ки: “Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро, ки ба пешрафти бахшҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд, яке аз ҳамкорони муҳими иқтисодии худ мешуморад ва минбаъд низ талош хоҳад кард, ки бо ин иттиҳоди бонуфузи байнидавлатӣ ҳамкориҳои дарозмуддати устуворро дар асоси усули судмандии мутақобил густаришу инкишоф диҳад. Ин ҳамкорӣ, дар маҷмӯъ, ниҳодҳои гуногуни Аврупо, аз ҷумла Парлумони Аврупо, Шӯрои Аврупо, Бонки сармоягузории Аврупо ва созмону сохторҳои дигарро дар бар хоҳад гирифт. Дар баробари ин, густариш ва тақвияти ҳамкориҳои гуногунҷанбаи дуҷониба бо кишварҳои мухталифи аврупоӣ, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Италия барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми авлавиятнок доранд”. Аз ин бармеояд, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо дар асоси принсипи ҳамзистии осоишта ва эҳтирому эътирофи меъёрҳои муайяншудаи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Италия аз соли 1861 то инҷониб яке аз қудратҳои пешрафтаи ғарбӣ маҳсуб мешавад. Манфиатҳои сиёсати хориҷии Италия аз ҷиҳати таърихӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ: раванди ташаккули давлати Италия ва статус-квои он, ҷойгиршавии геополитикӣ дар баҳри Миёназамин («дарвоза ба Аврупо»), ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба вуҷуд омадааст, инчунин сохти иҷтимоиву иқтисодӣ ва саноатии мамлакат муайян карда мешаванд.
Италия як қудрати минтақавӣ аст ва иқтидори иқтисодӣ дошта, барои бозорҳои кушод манфиатдор аст. Барои Италия, ки саноати мутараққӣ ва истеҳсолоти молҳои дорои арзиши баланд дорад, чунин шарт барои кафолати рақобатпазирии низоми истеҳсолоти иқтисодӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ ниҳоят муҳим аст. Ниҳоят, Италия як абарқудрати фарҳангӣ бо захираҳои назарраси “нерӯи нарм” низ мебошад. Ҳамгироии сиёсат, иқтисодиёт, иқтидори илмиву бадеӣ ва таърихӣ ба мо он медиҳад, ки мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам кунад. Сиёсати берунии Италия бевосита ба Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ(СААШ) такя мекунад.
Дар шароити ноустувори вазъияти сиёсии дохилии мамлакат дар нимаи аввали солҳои 90-ум равиши минтақавии ҳукуматдорони Италияро ду омил муайян мекард: бартарии манфиатҳои иқтисодӣ ва зарурати мувофиқ будан дар маҷрои сиёсати умумии мамлакатҳои Ғарб дар Осиёи Марказӣ. Илова бар манфиатҳои иқтисодӣ, амалҳои Италия дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳро ба мушкилоти қочоқи маводи мухаддир равшан нишон медиҳанд. Бесабаб нест, ки Италия ба яке аз «гурӯҳҳои хурди Дублин» — барои Осиёи Марказӣ, ки ба ҳайати ба ном «Гурӯҳи Дублин»-и иттиҳоди ғайрирасмии мамлакатҳои Ғарб оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати муборизаи байналхалқӣ бар зидди таҳдиди нашъамандӣ дохил мешавад, роҳбарӣ мекард. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар меҳвари таваҷҷуҳи Италия қарор дорад ва моҳи майи соли 2003 миёни ш.Рим ва ш.Душанбе созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта ва қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва прекурсорҳо ба имзо расид. Қайди ин нуқта бамаврид аст, ки Ҷумҳурии Италия ҳангоми бунёд кардани Агентии назорати маводи мухаддир дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои донор буд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия ҳамвора вусъати тоза касб мекунад ва дар самти иқтисод якчанд лоиҳаҳои муштарак роҳандозӣ гардидааст. «Муассисаи тиҷоратии Италия» намояндагии хешро аз соли 2003 дар Тоҷикистон ифтитоҳ карда, барои мошинҳои сабук ва борбар таҷҳизот таъмин мекунад. Ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» ба истеҳсоли сару либос машғул аст.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия дар марҳилаи муосир ҳамвора ҷараён дошта, сафарҳои ходимони давлатӣ дар тақвияти ҳамкориҳо нақши муассир дорад. Аз ҷумла, сафари Котиби давлатии Ҷумҳурии Италия оид ба корҳои хориҷӣ - сенатор Ҷианни Вернетти ба Тоҷикистон (21-22. 05. 2007), котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Италия - сенатор Алфредо Мантика (2.04.2009), Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиджи Ди Майо (4.09.2021) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тавсеаи ҳамкориҳо дарак медиҳанд.
Ҳамзамон, мулоқоту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ду кишвар идомаи мантиқии мавҷудияи ҳамкориҳои самаровар мебошад. Аз ин ҷост, ки рӯзи 22 ноябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Конгресс-сентр”-и шаҳри Прага бо Сарвазири Италия Силвио Берлускони мулоқот намуда, доир ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор карданд. Чунин мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Италия Маргерит Бонивер 21 майи соли 2003 дар шаҳри Душанбе доир шуда, мусоҳибон ба сатҳи мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба баҳои баланд доданд. Зикр шуд, ки сафари М. Бонивер идомаи ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистону Италия мебошад. Ҳамзамон ҷонибҳо ба зарурати фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои тавсияи минбаъдаи ҳамкории дуҷониба диққати калон доданд. Инчунин доир ба ҳолати мавҷудаи Афғонистон ва минтақа табодули афкор сурат гирифт.
Инчунин, миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд, ки заминаи аҳдномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду мамлакатро ба танзим меоранд. Аз ҷумла, созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Италия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, саноатӣ ва техникӣ ва Протоколи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Италия, ки соли 2009 ба имзо расидааст, аз зумраи онҳо мебошад.
Дар мулоқотҳои пайвастаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо (13.12.2019), ки дар доираи конфронси байналмилалии “Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ” дар шаҳри Рим баргузор шуд, инчунин дар вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин ва Луиджи Ди Майо дар шаҳри Душанбе (4.09.2021) ва дар ҳошияи Конференсияи дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар Тошканд (8.12.2021) дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, илмиву фарҳангӣ, тандурустӣ, бехатарӣ, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ миёну ду кишвар, вазъ дар Афғонистон ва масоили минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ гардиданд.
Дар тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия сафари Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 22 апрели соли 2024 ба Италия ва Ватикан нақши созанда мебозад. Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот ва доираи васеъи масъалаҳои мубрами дуҷонибаро матраҳ карданд. Аз ҷумла, доир ба масоили сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, имконоти татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ, истихроҷи маъдан, истифодаи захираҳои табиию кишоварзӣ, равобити фарҳангию гуманитарӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсил дар муассисаҳои олии Италия, ҳамкорӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид(СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва дигар сохторҳои байналмилалӣ, масъалаи обу иқлим, ҳифзу таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ, мубориза бар зидди ифротгароиву терроризм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ табодули афкор сурат гирифт.
Дар баробари масъалаҳои зикршуда, ҳамзамон ҳамкориҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, кимиё, маъдан, дорусозӣ, сайёҳӣ ва кишоварзӣ, дар вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ рӯзи 23 апрели соли 2024 мавриди муҳокима қарор гирифта, дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳон ҳамкориҳои самароварро дар самти мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир зарур донистанд. Дар фарҷоми мулоқот 7 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои амният, ҳамкории фаврӣ дар мубориза бар зидди маводи нашъаовар, дар соҳаи сайёҳӣ, фарҳанг, илм ва технология барои солҳои 2024-2027, муҳити зист ва амнияти энергетикӣ, бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, барномаи ҳамкорӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2024-2026 ба имзо расиданд, ки бешубҳа дар тавсеа ва густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия нақши намоён мегузоранд.
24 апрел мулоқоти сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири иҷроияи Ширкати “ВиБилд” (WeBuild) Пиетро Салинӣ сурат гирифта, масоили ҳамкорӣ оид ба рафти сохтмони НБО-и Роғун муҳокима ва оид ба тезонидани корҳову истифодаи босамар аз имкону захираҳои мавҷуда табодули андеша карданд. Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Пистоя аз парваришгоҳҳои ниҳолҳо дидан карда, бо усули шинондану парвариш, қаламчагирӣ, роҳҳои муосири обу ғизодиҳӣ ва тобоварсозии онҳо ба бемориҳо ва ҳашароти зарарасон ва ба хусус мутобиқати онҳо ба иқлими Тоҷикистон шинос шуданд.
Ҳамзамон, дар доираи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯёни тоҷик ва кормандони ташкилоту созмонҳои бонуфуз, ки дар Италия ба сар мебаранд вохӯрда, аз аҳвол ва шароити таҳсилу корашон ошно гардиданд.
Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд,ки:
-сафари Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Италия ва Ватикан намунаи возеҳи сиёсати бисёрқутбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар шароити имрӯзи ҷаҳони муосир ояндабинона ва дорои аҳаммияти умумимиллӣ мебошад;
-ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Италия ба марҳилаи нави густариши худ ворид гардида, дар ояндаи наздик дар заминаи созишномаву ёддоштҳои баимзорасида ва барномаҳои муштараки тарҳрезишуда натиҷаҳои назаррас ба бор меорад;
-дар шароити печидаи замони муосир ва душвор шудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамкорӣ бо кишварҳои Ғарб, бахусус бо Италия дорои аҳаммияти муҳим мебошад ва метавонад дар ҳалли масъалаҳои мавҷуда мусоидат кунад, зеро сатҳи бо кор фаро гирифтани аҳолӣ дар Италия дар соли 2023 ба 61,8% барорбар шуда, сатҳи бекорӣ ба 4,2% расидааст. Дар Италия кадрҳои баландихтисос: кафшерчиён, фрезерчиён, токарҳо, таъмиргарон, электрикҳо, духтурҳо, муҳандисон, математикҳо ва физикҳо намерасанд. Пешхизматхо ва коргарони мавсимии саҳро низ махсусан серталабанд. Дар баъзе минтақаҳо, аз ҷумла минтақаи истеҳсолкунандаи зайтуни Беличии Ситсилия, деҳқонон барои киро кардани 4 ҳазор коргари хориҷӣ мубориза мебаранд, ки одатан барои ҷамъоварии ҳосили тақрибан зиёда аз 18 ҳазор боғҳои зайтун лозиманд.
Бояд таъкид намуд,,ки ҳамкорҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо, бахусус бо Италия равнақ меёбад ва он ба беҳбудии шароити зиндагии халқҳои ду кишвар мусоидат хаоҳад кард
Турсунов Т.Х.
сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
доктори имлҳои таърих,профессор
https://www.osiyoavrupo.tj/.../mar-ilai-navi-amkori-oi-to...
( Эссе)
Ёдовар бояд шуд, ки ҳамчун мутахассис зуҳуроти даҳшатафканӣ, хиёнаткорӣ ва тӯҳматро ба ҳеҷ ваҷд қабул карда наметавонам. Аммо, муттаасифона, чунин падидаҳои номатлуб арзи вуҷуд доранд ва инсоният бояд ҳамеша ба онҳо муқовимат дошта бошад. Кош чунин бошад, ки бошад.
Медонам, ки одами бешараф ва ё намояндаи баъзе аз кишварҳо баъзан ба ифрот даст зада, ҳадду меъёр ва эҳтирому арзишҳои инсониро қабул карда наметавонад. Мегӯям, ки кош чунин набошад, аммо мутаассифона, чунин будааст.
Бинобар ин, аз Яздони пок талабу илтиҷо дорам, ки амалиёти бешарафонаи «Крокус Сити Холл» ҳеҷ вақт такрор наёбад, ки он фоҷиаи мардуми оддӣ, амали террористӣ ва муносибати ғайриинсонӣ будааст ва бояд маҳкум карда шавад. Кош ин амали репутатсионӣ ба сари миллати мо тӯҳмат ва ё фиреби сиёсӣ бошад.
Ба замми ин, андеша дорам, ки ҳама зиддияту номуайяниҳои ин фоҷиаро ҳамчун тӯҳмат қабул намоям, зеро дур нест он рӯзе, ки исботи ин тӯҳмати муаммоангез пайдо нагардад. Лек агар пайдо ҳам гашт, мутаассифона, он аллакай зарбае ба имиҷ ва манфиатҳои миллист. Кош чунин намебуд, аммо чи илоҷ чунин карда шуд.
Мавриди тазаккур аст, ки ҳама гуна ҳокимияти муштзӯре, ки ҳаду ҳудуди қудратмандии худро ба дигар миллату халқиятҳо равона мекунад ва мардумро ба нокомиҳо гирифтор мекунад, мерасад рӯзе, ки худаш худро ба коми ноумедиҳо фурӯ мебарад. Аммо бозиҳои пасипардагӣ, тӯҳмату буҳтон, таҳқиру бадбинии миллӣ ва фоҷиаҳои бофтаю сохта дар назди оммаи мардум ҳамеша, ифшо мегардад. Кош чунин бошад. Аммо абарқудратони даҳр инро на фарзияю «парадокс», балки ҳақиқати шуми субъективӣ медонанд. Афсус, ки чуни будааст.
Бояд гуфт, ки аз ҳуқуқу озодиҳо дур намудани муҳоҷирони меҳнатӣ, маҷбурнамоии сиёсӣ, истисмор, зулми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи бегона ва ғ., бештар боиси пайдо шудани вобастагии одамон ба зоҳиршавии заминаҳои динию ифротӣ тақвият мебахшанд. Бозигарони сиёсӣ мутаассифона, чунин идеологияро ҳамеша барои истифодаи содакунонии шуури сиёсии шаҳрвандон ва назарфиребии аҳолӣ истифода мебаранд. Зеро маҳаки асосии идеологияи ифротӣ бештар ифодаи рӯҳияи инсонбадбинӣ ва тафриқаандозиро аз рӯи мансубияти миллию динӣ бо хусусиятҳои тундгароёнаи худ тарғиб мекунад, ки ин амали хатарзои геополитикӣ мебошад. Кош чунин набошад, ки барои мо дигар ҳимоя кардан дар бисёр самтҳо душвор мегардад.
Мусаллам аст, ки вазъи имрӯзаи ҷомеа таззодҳои гуногунро дар бар мегирад ва аз чӣ бошад, аксари кишварҳои абарқудрату тавоно бо ҳар баҳона обрӯ ва имиҷи давлатҳои тозаистиқлолро кӯшиши паст задан доранд. Кош чунин набошад, аммо чунин ба чашм мерасад. Аз ин рӯ, мо дар ҳама ҳолат бояд бо сабру таҳаммул буда, ҳифзи манфиатҳои миллиамонро аз ҳама авлотар донем.
Шояд барои фоҷиаи «Крокус Сити Холл» ва зуҳуроти номатлуби он дигар аксуламал ҳикмате надошта бошад? Албатта, бояд чунин набошад ва ин маънои онро надорад, ки мо моҳияти онро хуб ҳис накардаем, вале воқеан, мо онро дуруст дарк намудаем. Аз ин лиҳоз, такрор ба такрор мегӯем, ки идеологияи миллӣ барои мо имрӯз таҷассумгари гузашта, раҳнамои ояндаи миллат аст, ки мо онро бояд ба роҳ монем ва тақвият бахшида тавонем.
Бале, мо тавсия медиҳем, ки танҳо захираи инсонӣ, идеологияи миллӣ ва пос доштану баррасӣ намудани арзишҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз, шуҷоати миллӣ, расму русум, забону ҳунар, дину оин ва таълиму тарбияи миллӣ метавонанд, ки мардуми моро аз вартаи ин ботлоқи пур аз тӯҳмату буҳтон берун кашад. Зеро умри андешаи ботил ва амали бадгуҳарӣ кӯтоҳ аст ва ҳақиқат бояд ба ҳақдор расад. Кош чунин бошад, ки мо ифтихори фарҳангсолорию тамаддунофарӣ дорем.
Муҳаммад Абдураҳмон- ноиби Президенти АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор
Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии ҳар давру замон буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора ҳар кас тибқи диду идрокаш ибрози назар мекард. Аз ҷумла, шоири насиҳатгар Саъдии Шерозӣ мазмуни бисёре аз қиссаву афсонаҳо, ки бозтоби тасаввуроти қадимии одамон доир ба ҳодисаҳои зиндагӣ ва баёнгари таҷрибаи рӯзгори чандин наслҳо будаанд, зери назар гирифта, гуфтааст:
Зани хубу фармонбари порсо,
Кунад марди дарвешро подшо.
Як зарбулмасал, ки он ҳам фарогири ҳикмати амиқи мардумӣ аст, ба ин шаклу мазмун омадааст: «Зани нек офияти зиндагӣ бувад». Аҷаб нест, ғазали шоири шаҳир ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳам дар пайравии ҳамин гуна гуфтори ҳикматомези мардумӣ офарида шуда бошад:
Зан агар оташ намешуд хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо.
Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Зиёда аз ин об, ки аз манбаъҳои асосии ҳаёти тамоми мавҷудоти олами зинда аст, фариштае бо номи Аноҳита дорад, ки аз ҷинси зан мебошад ва бештар аз ин, яке аз сураҳои аввалинни китоби муқаддаси Қуръони Карим ҳам ба манзалати зан дар оила ва дар ҳаёти рӯҳонию моддии инсонҳо бахшида шудааст.
Зан нафақат сифату хислатҳои ҳамида ва шоистаи таҳсинро аз худ зоҳир мекунад, балки вай офаранда ва ҳифзкунандаи осори бузурги фарҳанги мардумӣ низ мебошад. Маҳз замоне дар яке аз кишварҳои мусулмонӣ, Шаҳризод ном духтари хирадманду ботадбири вазире бо афсонадонию қиссапардозии бемислаш тавонистааст подшоҳро, ки бар асари хиёнати занаш ҳар шаб ба духтаре издивоҷ мекард ва субҳи рӯзи дигар ӯро мекушт, аз ин кирдори зишту фоҷиабор боз дорад.
Дар адабиёти ҷаҳонӣ, низ симои барҷастаи занони диловару ҷасур ва зебову бошарофат хеле зиёд офарида шудааст. Дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсола намояндагони адабиёти тоҷику форс дар бунёди образи зан дар адабиёти умумиҷаҳонӣ, таъсири муайян гузошта, вобаста ба ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои нисбат ба давраҳои мухталифи таърихӣ доштаи худ боигарии маънавӣ, симо ва хислати типиву миллии занони Шарқро дар достонҳои ишқию ғиноӣ, қаҳрамониву ривоӣ мавриди тасвир қарор додаанд. Классикони адабиёти форсу тоҷик занро аз авомили пешрафти маънавии инсон, сабабгори лабрез гаштани ҷоми илҳоми суханварон ва боиси саршории завқи баланду истеъдоди суханварӣ ҳисобидаанд.
Ҳаким Фирдавсӣ нақши занонро дар «Шоҳнома» бо дигар образҳои асар бахусус, образи мардон на танҳо дар як поя мегузорад, балки дар аксари мавридҳо онҳоро дар ақлу хирад афзал мешуморад. Ҳангоме ки шоир дар бораи инсон сухан меронад ва сарнавишти занро маҳаки асосии тасвири бадеӣ қарор медиҳад, дар маркази диққати шоир зан қарор гирифтааст. Шоир некутарин анъанаҳои мардумиро бо таври офаридани образи занону модарон равшан ва аниқ баён намуда, дар зарфи солҳои тӯлонӣ анъаноти неки гузаштагонро дар бахши офариниши образи зан-модар босамар идома дода, онҳоро аз ҳама ҷиҳат пурраву мукаммал сохт. Дар симои, қаҳрамони асотирӣ чун Фаронак равшан намудор мегардад, ки баҳри нигаҳдорӣ ва давом додани насли хеш шиканҷаҳои зиёдеро аз сар гузаронид, ба таҳдиду хатарҳо нигоҳ накарда, тамоми умри хешро ба муҳофизат ва нигаҳдории фарзанд сарф намуд.
Образи зан дар фолклори халқҳои ҷаҳон, низ бозтоби дурахшон пайдо кардааст. Дар ривояту асотири халқҳои эронинажод тимсоли зан бо тамоми ҷозиба тасвир ёфта, мақоми ӯ дар зиндагӣ хеле барҷаста ва пурмӯҳтаво инъикос гардидааст. Зарурати вуҷуди зан дар ҳаёти башар ва мавқеи муҳими ӯ дар осори ривоӣ-ғиноии ҳар як халқи олам ҳанӯз аз оғози ташаккули он мушоҳида мешавад, ки ин дар назму насри халқҳои эронинажод низ дида мешавад. Бинобар ривоятҳои маълуми сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ нахустманшаъ ва аввалин таҳрикдиҳанда ба эҷоди шеър дар байни халқҳои эронинажод маҳз зан будааст ва аввалин гӯяндаи шеъри форсӣ Баҳроми Гӯр будааст ва сабаб он будааст, ки ӯро маҳбубае буда ва ӯро Дилороми Чангӣ мегуфтаанд.
Дар фалсафаи мазҳабии адёни мухталиф ба мақоми зан дар зиндагӣ баҳои баланд дода мешавад. Мутобиқи «Авасто» мақоми зан дар дини бостонии эрониён баробари мард будаааст. Ҳама ҷо ҳам номи ин ва ҳам номи он дар як радиф зикр шудааст. Синни булуғ барои зану мард яксон мебошад, то ҳар ду дар адо ва анҷоми вазоифи иҷтимоӣ дар як марҳилаи воҳиди синнӣ, эҳсоси мусовият кунанд. Ҳакими Тус ба давраи таърихӣ ишора мекунад, ки мақоми зан пас аз давраи модаршоҳӣ то андозае маҳдуд аст, лекин ҳоло ҳуқуқи ӯ дар ҳалли масоили мураккаби иҷтимоӣ ахлоқӣ бо мардон баробар аст. «Дар давраи модаршоҳӣ зан дар Эрон нисбат ба мард мақоми бартар дошт. Дар ин давра зан умури қабиларо идора мекард ва ба мақоми рӯҳоният мерасид. Силсилаи ансоби хонавода ба номи ӯ буд. Дар ин давра занон дар фаъолияти кишоварзӣ ва иқтисодӣ саҳми бештар доштанд. Бад-ин ҷиҳат мардон ба арзиш ва мақоми бузург доштанашон қоил буданд ва занонро мазҳари неъмат ва фаровонӣ медонистанд».
Муҳаққиқи эронӣ доктор Муҳаммад Дабири Сиёқӣ симои кулли занонро мавриди таҳлил қарор дода, симои зоҳирӣ ва олами ботинии онҳоро тасвир намудааст. Ба андешаи ӯ «симои зан як тасвире беш надорад ва сифати ӯ низ мутаолӣ аст. Ҳамеша зебост, камоли хилқат аст, ғунчалаб, нармандом аст, биҳиштӣ аст, пур аз рангу бӯй ва ҳам босафо, вафодор, меҳрубон, хештандор, хирадманд ва порсо аст ва бо покӣ сиришта».
Аз байни занон шахсиятҳои барҷаста мисли сипаҳсолорон, сиёсатмадорон, ҳунармандон баромадаанд, ки дар таърихи башарият мақоми абадӣ гузоштаанд.
Таваҷҷуҳи хоса нисбати зан, боварию эътимод ба дониш, истеъдод, қобилияти зан ва мақому эҳтироми ӯ аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳаёти имрӯза бозгуйи ин гуфтаҳост: «Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардем. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд.
Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Умуман, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд. Тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд. Имрӯз бонувони мо, дар баробари фаъолият дар низоми хизмати давлатӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис дода, ҳамчун соҳибкорони муваффақ соҳиби эътибору обрӯ гардидаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад. Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Мову шумо нафақат дар як Рӯзи модар, яъне 8-уми март, балки бояд ҳамеша ва доимо нисбат ба модарону хоҳарону духтарони худ ғамхору меҳрубон бошем. Бовар дорам, ки занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд. (28-уми декабри соли 2023).
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва ҷалби онҳо ба корҳои давлатӣ чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқиро тасдиқ намудаанд, ки дар муддати на чандон зиёди таърихӣ бонувони тоҷик дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.
Раҳматуллоева Г., н.и.ф., ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Башарияти муосир дар як ҳолати таноқузӣ қарор дорад. Аз як тараф вай ба оянда нигаронида шуда бошад, аз тарафи дигар, акси воқеаҳои гузашта оид ба мусибатҳо ва фоҷеаҳо (катастрофа) ояндаи тираро пеши назар меорад. Дарки он башариятро рӯҳафтода месозад, ки муқаддасоти пешин аз даст рафтаанд ва дар ибтидо онҳо ногусастанӣ буданд. Ҳастии инсон дар ҳамаи марҳилаҳои инкишофи таърихии худ ба табиат, муҳити табиӣ вобаста буд, ҳаст ва ҳамчунон боқӣ хоҳад монд.
Баробари инкишоф ёфтани қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ, муносибати мутақобилаи инсон бо муҳити зисташ ва аз ҷониби вай бунёд намудани «табиати дуюм» ҳимоят кардани худро аз падидаҳои ғайри чашмдошти табиат бештар омӯхт, донишу малака ва таҷриба андӯхт.
Мо аз фаъолияти мутақобилаи инсону табиат, дониш ва маълумот ҷамъ карда, шоҳиди он мешавем, ки вобастагии инсон ба табиат як ҷониби масъаларо фаро гирифта, ҷониби дигари онро таъсири худи табиати инсонро иҳота карда, дар бар мегирад. Аз тарафи инсон азхудкунии пайвастаи захираҳои табиӣ ҳам таъсири нек ва ҳам таъсири бад ба бор меорад. Агар таъсири некӣ раванди азхудкунии табиат ва захираҳои барои ҳастии инсону инсоният зарури он бошад ҳам, натиҷаҳои он ҳам барои худи инсони ба табиат таъсиррасонанда ва онро тағйирдиҳанда ва ҳам барои мо дар – табиати инсонро паноҳдиҳанда, пӯшонанда ва навозишкунандаи бошандагонашро ба саргардониҳою ташвишҳои зиёд овардааст.
Дар натиҷаи инкишофи пуравҷи саноат дар сар то сари олам технологияи партовҳо зиёд шудааст, ки шаклу миқёсҳои ҳалокатоварро гирифтаанд. Ин падидаи номатлуб ҳоло масъалаи мавҷудияти худи инсониятро бо хатари кас нодида рӯ ба рӯ кардааст. Ин хатар бо сабаби кам шудани захираҳои табиӣ ва ба вуҷуд омадани падидаи барои ҳаёти инсон ва пояндагии мавҷудоти дигари олам фалокатовар – ифлосу нопок шудани муҳити атроф мебошад.
Хусусияти таъсиррасонии тарафайни иҷтимоӣ – табиӣ дар Шарқ бо ҳамин шарҳ дода мешавад, ки инсон аз лаҳзаи таваллуд то ба марг расидан бо як майдони меъёрҳо ва қоидаҳо алоқаманд аст, ки онҳо шароити муҳимтарини ҳастии инсон мебошанд. Барои ҳамин ҳам шахсе инсони олӣ шуда метавонад, ки ба муҳити мавҷуда мутобиқ шуда, ба он зарар нарасонад. Инсон ҳамчун соҳиби табиат ва ҷузъи табиат қабул шудааст. Илму техника худ ба худ ҳанӯз пешрафт ва ояндаи саодатмандонаи инсониятро кафолат дода наметавонад, онҳо танҳо метавонанд, ки имкониятҳои онро ташаккул диҳанд, аммо чизи аз ҳама муҳимтарин дар дасти худи инсон қарор дорад: ҳифз ва ҳимояи инсон, табиат ва ҷамъият.
Табиати вазъияти имрӯзаи ҷаҳонӣ аз он иборат аст, ки то ҳол инсоният бо чунин бӯҳрони миқёсан азими ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ нашуда буд ва мувозинати ҳамзистии худро бо табиат то ин ҳаду ҳудуд вайрон накарда буд ва табиат ӯро то ин дам ҳамчун модари ғамхору мушфиқ бо ҳама барои ҳаёташ заруррӣ таъмин мегардонид. Инсоният ба ҳодисаҳои табиие аз қабили обхезию, заминларзаҳо, тӯфонҳо, хушксолиҳо, бемориҳо ва ғ. сару кор дошт, ки берун аз дахолати ӯ руй медоданд. Аммо бӯҳроне, ки инсони муосир имрӯз бо онҳо рӯ ба рӯгаштааст, маҳз натиҷаи фаъолияти бераҳмона ва беандешаи худи инсон нисбати табиат ба вуҷуд омада, табиати «антропогенӣ» ё худ иҷтимоӣдоранд. Инсоният имрӯз дар он сарҳади таърихии худ қарор дорад, ки ба саволи гузоштаи Гамлет «Бошем ё набошем?» бояд ҷавоб гӯяд.
Ихтирои бомбаи атомӣ ба даврае асос гузошт, ки тақдиру сарнавишти ҳаёти миллионҳо одамонро зери хавфу хатари маҳвшавӣ қарор дод. Дар олам на танҳо хайр, балки шарр ҳам инкишоф меёфт, ки асосан дар ҷангҳо ва задухӯрдҳо зоҳир мешуд. Аммо инсоният на бояд дар муқобили хавфу хатари љангҳо бе ҳимоя боқӣ монад, ҳарчанд ки иҷрои ин кор барояш сангину тоқатфарсо буда, маблағҳои ниҳоят гаронеро тақозо дорад, вале масрафоти он ҳар қадар бузург набошад ҳам, арзиши насли инсоният садҳо ҳазор бор гаронбаҳотар мебошад. Агар инсоният зарурати ҳаётии пешгирӣ кардани хавфу хатари комилан несту нобушавиро сидқан дар аъмоқи дил эҳсос накарда, барои пешгирии он чораҷӯи накунад, ӯро фоҷеаи ин ҷанг ба коми нестӣ фурӯмебарад. Роҳи ягонаи наҷот дар ин худкушиҳои инсоният ғолиб омадани ақлу хиради инсонӣ аст. Фалсафаи буддоия дар ин маврид суханеро аз Буддо ба ёдгор гузоштааст, ки чунинаст: «Танҳо ҳамон ғалабаро ғалабаи ҳақиқӣ метавон гуфт, ки дар он ҳама ғолиб буда, ҳеҷ касе шикаст нахӯрда бошад».
Илова бар таҳдиди глобалии атомӣ дигар масоили глобалие вуҷуд доранд, ки онҳо маҳз натиҷаи доду гирифти байни низоми «инсон ва табиат» буда, онҳоро пешрафти илмӣ-техникӣтавлид намудааст. Ин бӯҳрони экологӣ мебошад, ки дар ифлосшавии муҳити табиӣ, рӯз то рӯз кам шудани маводи ғизоӣ дар замин ва обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ ифода меёбад. Имрӯзҳо дар ҳама ҷо садоҳо ва даъватҳо барои ҳифзи мувозинати биосфера ба гӯш мерасанд ва инсоният дар ҷустуҷӯи ёфтани роҳҳои ҳалли ин мушкилот қарор дорад. Имрӯз бояд муносибати инсонро бо табиат қатъиян тағйир дод, шакли нави шуури экологӣ ва тафаккури экологиро ташаккул дод. Дигар мушкилии глобалӣ мушкилии солимии ҷисмонӣ ва маънавии исоният мебошад, ки он ҳам зери таъсири зиёдшавии набзи ҳаёт, махсусан дар шаҳрҳои бузург, истеъмоли дорувориҳои зараровари тиббӣ, вайроншавии обуҳаво, ифсолшавии муҳити зист, афзоиши партовҳои саноатӣ ва ғ. ба вуҷуд овардааст. Инсоният ба ҳалли ин масъала низ камари ҳиммат бастааст. Аз ҳаллу фасли самараноки ин масоили глобалӣ, ки коркарди маҷмӯӣ ва стратегии байниоламиро тақозо дорад, аз пешрафти умумии ҷомеа вобаста мебошад.
Зиёева З. И. ходими калони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Он воситаи муҳими муаррифии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати "сабз" хоҳад буд
Дар барномаи навбатии "Сарват" Азимҷон Раҳмонзода, муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ доир ба аҳамияти Конфронси сеюми байналмилалии Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об дар муаррифии зарфиятҳои табиии Тоҷикистон ба ҷаҳониён ва нақши ин ҳамоиш дар татбиқи нуктаҳои муҳими дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодгардида доир ба сабзгардонии мамлакат, изҳори назар менамояд.
Барномаи таҳлилии "Сарват" имрӯз 28.02.2024, соатҳои 11:30, 18:30 ва 21:30 дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода рӯйи мавҷи Радиои "Ховар" пешниҳод мегардад.
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт –
Президенти АМИТ, профессор
Таҷрибаи таърихи башарӣ собит менамояд, ки яке аз пояҳои устувори низоми давлатдорӣ сипоҳи муназзаму мукаммал ба ҳисоб меравад. Маҳз артиши муназзаму устувор кафолат медиҳад, ки низоми давлатдорӣ ва тамомияти арзӣ нигоҳ дошта шавад. Суботи сиёсӣ ва амалӣ гардидани ормонҳои миллӣ аз сатҳи касбият ва рушди низоми ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад. Танҳо артиши муназзаму сирф давлатмеҳвар кафолати амнияти ҷомеа ва низоми ҳукумрон ба шумор меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ дорои Қувваҳои мусаллаҳи худ мебошад. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷашн гирифта мешавад. Мувофиқи моддаи 1-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28-уми декабри соли 2005, таҳти №141, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Таҷрибаи таърихии давлатдории миллати тоҷик ва Тоҷикистони муосир нишон медиҳад, ки яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар радифи дигар ниҳодҳо мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмуъ ҳадафи асосии давлат, ки танзими муносиботи ҷомеа ва ҳифзи истиқлол мебошад, дар ин раванд аз механизмҳои мухталиф истифода менамояд. Яке аз воситаҳои асосии ҳифзи якпорчагии давлат ва манфиатҳои миллӣ мавҷудияти қувваҳои мусаллаҳи ташаккулёфта маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, дар рӯ ба рӯи падидаҳои номатлуб, махсусан терроризм, экстремизм, ҳадафҳои экспансионии кишварҳои хориҷӣ вуҷуди қувваҳои мусаллаҳ, хосатан артиши миллӣ зарурати ҳар давру замон мебошад.
Дар айни замон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ, чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ, маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз дар радифи дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии кишвар, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкил кардани фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки дар назди худ қувваҳои мусаллаҳи кишварро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид ҷиҳати таъмини стратегияи мазкур муҳайё гардидааст.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин як марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватанро хатарҳои зиёд таҳдид мекард, бетараф намонданд. Афсарони содиқ ба Ватану миллат ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар, ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани кишвар ҳукуматро зарур буд, ки ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин, ҳифзи истиқлол Артиши миллии худро ташкил кунад. Дар муқоиса ба дигар кишварҳои пасошуравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI-кми Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои мусаллаҳи кишвар гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23-юми феврали соли 1993 дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ташкил карда шуд.
Зикр карда ба маврид аст, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишофи худ Қувваҳои мусаллаҳи кишвар зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат дар як давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба як қувваи бузург табдил ёфт. Дар аввал баъзе аз гурӯҳҳои манфиатҷӯ, ки дар нооромии вазъи сиёсии кишвар ва ба вартаи нестшавӣ қарор гирифтани он саҳм доштанд, аз набудани Қувваҳои муссаллаҳ истифода бурда, аксаран ходимони давлатиро ба асорат бурданд. Мухолифини ҳукумат намегузоштанд, ки артиши миллӣ мукаммал шавад. Новобаста ба ин, ба Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки дар барқарорсозии ин аркони муҳимми давлатдорӣ дар муддати кутоҳ муваффақ шавад.
Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сипари боэътимоди давлат маҳсуб ёфта, сафи онро аксар ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат дар Паёми навбатии ба Маҷлиси Олии кишвар дар таърихи 26-уми январи соли 2021 чунин иброз намуда буд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншоотҳои азими кишвар то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем. Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози кишвар омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Ҳизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳимми ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Бояд зикр намуд, ки ҳамасола ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии хешро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатгустарӣ тарбия намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои геосиёсии минтақа имрӯз аз аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, тақозо менамояд то зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми кишвар ва шаҳрвандонро ҳимоя менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити муосид фароҳам мегардад. Махсусан, сафарҳои кории Сарвари давлат ба манотиқи мухталифи кишвар, ки бештар аз боздиди қисмҳои ҳарбӣ оғоз мешавад, худ гувоҳи ғамхории махсуси Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозону ҳомиёни Ватан мебошад. Боиси хушнудист, ки шароити зисту тамрини аскарони Ватан аз ҳама ҷониб зери таваҷҷуҳи Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллии Тоҷикистон беназир буда, суханони болозикр ба хидматҳои шоёни Сарвари давлат равона гардидааст, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Маҳз афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.
Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки дар радифи таҳсили бомуваффақият дар донишгоҳу доншкадаҳо, ҳамчунин ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ворид шуда, дар ин мактаби мардонагӣ ва нангу номуси миллӣ адои хизмат намоянд. Ин мактабест, ки ҷавононро дар руҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои муҳимми Ватандорӣ ва эҳтирому садоқат ба ҷомеаи шаҳрвандӣ тарбия менамояд.