Skip to main content

Нуқтаи асосии муроҷиати Раҳбари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола ин аст, ки амнияти миллӣ бояд дар чаҳорчӯби расидан ба ҳадафҳои миллӣ таъмин карда шавад. Маълум аст, ки баррасии мавзуи амнияти миллӣ ва ҳифзи он яке аз вазифаҳои калидии ҳар давлати соҳибистиқлол маҳсуб ёфта, ҳифзу таъмини амнияти миллӣ зарурати раднопазири тамоми давлатҳо, новобаста аз шаклҳои давлатдорӣ пазируфта шудааст. Бе таъмини амнияти миллӣ ҳаёти милливу ҳудудиву демографии кишварҳо низ зери савол ва дар ҳоли хатар боқӣ хоҳад монд. Тамоми пешравиҳо ва ноилшавиҳо ба дастовардҳои бузург агар аз доираи консепсияи амнияти миллӣ берун ба назар расанд, оберо мемонанд, ки чархи осиёби бегонаро метезонад. Чун амнияти миллӣ ба маънои дахлнопазирии мутлақ дар қабули қарорҳои ҳарбиву сиёсиву иқтисодӣ фаҳмида шуда, давлат қудрати худрушдкуниву худҳимоякунӣ дорад ва ҳамчунин қудрати низомиву сиёсӣ ва қобилияти иқтисодиву дипломатӣ аз рукнҳои муҳимтарини амнияти миллӣ маҳсуб меёбанд, сухани Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола “дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем” ҷиддӣ будани ин масъалаву муҳим будани дарки онро бори дигар барои мо гӯшзад месозад.

Ҳукумати миллӣ масъулият бар таъмини амнияти миллӣ дошта, дар баробари қабули сиёсати дурусти иқтисодӣ, барқарор намудани робитаҳои дурусти сиёсӣ бо ҷаҳони беруна, овардани шароити одилонаи сиёсӣ дар дохили кишвар, ҳамчунин бо ҷалб кардани аҳли зиё, олимону донишмандон ҳалли масъалаҳои амалӣ бо истифода аз донишҳои илмиро ба миён меоварад. Рушди илм, ки боиси тавсеаи технология мегардад, бидуни шак дар хидмати амнияти миллӣ меистад ва кишварҳои мутараққӣ дар ин замина ба муваффақиятҳои чашмгир даст ёфтаанд.

Аммо илм танҳо ихтисос ба илмҳои дақиқу табиатшиносӣ надорад. Бояд таъкид намуд, ки кишварҳо наметавонанд сиёсати муваффақро бидуни арзёбии илмҳои гуманитарӣ анҷом бидиҳанд. Ноумедии нухбагони сиёсӣ нисбат ба илмҳои гуманитарӣ бешубҳа ба амнияти миллӣ зараровар аст, зеро бе таҳлилҳои ҷомеашиносӣ фаҳмиши дуруст дар бораи мушкилоти кишварҳо пайдо кардан аз имкон берун аст.

Рушди илм ва мушорикати нухбагону донишмандон дар фазои озоду ором ба амалӣ шудани амнияти миллӣ мусоидат мекунад. Зеро таъсиси ҷомеаи пӯшида ва дар сурати набудани озодӣ бисёр намояндагони илму дониш зиндагӣ кардан дар кишвари дигарро афзалтар медонанд. Фазои пӯшида эҳсоси ноамниро дар мардум бедор мекунад. Дар бисёр давлатҳои диктаторӣ аҳли зиё ба сабаби зиндагии берун аз афкори озодбаёнӣ доштан хомӯширо афзал медонанд ва охируламр ҳамовоз бо фурсати фалокатовар мегарданду фурӯпошии ҳар давлату ҳукуматро сабабгор мегарданд. Ҳукумати Тоҷикистон, ки бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаи хубу ҳасана дорад, муваффақ ба пайгирии ҷанбаи мусбати амнияти миллӣ буда, суботи ҳар як шаҳрвандро дар умум таъмин мекунад.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат зиёд таъкид бар он рафт, ки пайомадҳои буҳронии сиёсиву иқтисодӣ, ки ҳосили вазъи ноорому равандҳои мураккаб дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон ҳастанд, метавонанд ба иғвогарии барқасдона бар зидди давлатҳои рӯбатараққӣ табдил ёфта, вазъи иҷтимоии кишвари моро низ ноором созанд. Пешвои миллат сари вақт ва ба мавқеъ таъкид намуданд, ки “нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо бо ҳифзи манфиатҳои миллӣ наметавон рушд карду ба пешравиҳои назаррас ноил гашт. Танҳо бо бардоштани байрақи ифтихор дар майдони ҷаҳонишавӣ аз он ки мо миллати куҳанбунёдему бояд эътироф шавем, ғунчаи умед гул нахоҳад кард. Бо пайдо кардани робитаи хуб бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, ширкат дар ҳалли масоили мубраму глобалӣ, ҳамроҳ бо дигар кишварҳои бузург саҳим будан дар бартарафсозии омилҳову ҷараёнҳо хатарзо заминаҳое барои рушди комили иқтисодиёти иҷтимоиёти миллӣ хоҳанд шуд. Ҷаҳонишавӣ ба истилоҳи дигар навъе аз ҷаҳонсозӣ – қаламравхоҳиву қаламравгустарӣ аст, яъне сиёсати тасарруфи заминҳои дигар ва муқим гаштану муқимӣ шудан дар он ба иллати нафъбадасторӣ аз манбаъҳои он сарзамин.

Мисоли содаву ҳаётии ин таърифро метавон аз ҷанги Россияву Украина ва дахолати амрикоиёну аврупоиён хулоса кард. Пас, чун дар ҳоли ҷаҳонишавӣ шоҳиди эҷоди шикофи бузургтаре миёни кишварҳои ҷаҳон ҳастем ва дарк намудем, ки паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ҷаҳониёнро таҳти таъсири амиқу азим қарор додаанд, ворид будани кишвари мо дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ ва ҳамқадаму ҳамзамон гаштан бо давлатҳои мутараққӣ ниҳоят муҳимму актуалӣ арзёбӣ мегардад. Мо ифтихорманд аз он ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат, Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомкунандаи пешниҳоди барномаҳои матлуб барои ҳалли мушкилоти гиреҳхӯрдаи дунё буда, аз минбарҳои баланди созмонҳои таъсиргузори ҷаҳон ба ҳалли ин мавзуъҳо пардохтаанд. Роҳбари давлат дуруст дарк намудаанд, ки “кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашонидаанд”.

Ҳарчанд дар раванди ҷаҳонишавӣ дар дунё имрӯз мафҳумҳое чун таҳаммулгароӣ ва гуногунандешӣ бо ташреҳҳои мухталиф ҳадафҳои доираҳои мутараққиро дастгирӣ намуда бошанд ҳам, дар баробари ин рушди бесобиқаи хориҷиситезӣ ва нажодпарастӣ ҳам густариш дорад. Ҷаҳонишавӣ ҳақиқате аз зиндагии моро ташкил додааст ва дар мухолифи он қарор гирифтан ва ё тарафдорӣ кардан аз он худихтиёр нестем. Чун бетараф будан низ хатарнок аст, омода будан дар баробари чолишҳои муосир ва паёмадҳои манфии ҷаҳонишавӣ ҳаётан муҳим талаққӣ мешавад.

Аз ин рӯ, бадтарин душмани имрӯзаи мо, ки метавонад ба андешаҳои иғвогарона ва садоҳои беасос қувваву қуввати бештаре бахшад, ин бетафовутӣ мебошад. Чаро? Зеро бетафовутӣ эҳсоси худмуҳофизаткунӣ дар баробари паёмадҳои манфии ҷаҳони муосирро, ки зиёд хатарзо ҳастанд, гум мекунад. Маҳз бетафовутӣ аз ғамхору ғамгусор будан дар баробари вазифаҳои ҷониву виҷдонӣ ва манофеи милливу давлатӣ моро дар канор мегузорад. Дар лаҳзаҳои заруриву лозим худро ҳамқисмат эҳсос накардан, ҳавасманд набудан дар пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бепарво будан нисбат ба рушди соҳаи интихобкарда, бетаваҷҷуҳӣ ба муваффақиятҳои ҳамкорону ҳамандешон чи ба некуаҳволии шахсӣ ва чи ба беҳбудии ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Пас, чун бепарвоӣ як падидаи бади иҷтимоист, таъсири ҷомеа дар ташаккули ин сифат басо муассир аст. Агар бетафовутӣ як ҳолати рӯҳии бефаъолиятӣ буда, дар акси ҳол, нишон додани алоқамандӣ як ҳолати фаъоли таваҷҷуҳзоҳиркунист, аллакай дар тифлӣ зери таъсири муҳит ин сифатҳо дар вуҷуди кӯдакон шакл мегиранд. Роҳбари давлат ин вазъиятро хеле хуб дарк намуданд ва аз ин рӯ дар Паёми ироагашта супориши қатъӣ доданд, ки “роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

Бепарвоӣ ба эҳсоси ҳамдилию ҳамдардӣ нисбат ба дигарон, ки асоси ҷомеаи солим аст, халал мерасонад. Ин халалрасонӣ оқибат ба вайрон намудани робитаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад. Худбаҳодиҳии паст ҳам бештар маншаъ аз бетафовутӣ мегирад.

Муҳиммияти ироаи Паём аз ҷониби Сарвари мамлакат ба ин хотир ҳам бояд зарур донист, ки эҳсоси ноумедиву афсурдагӣ ва бетафовутиро аз вуҷуди шаҳрвандон берун созад. Зеро онҳое, ки умедгумкардаанду афсурдадилу парешонҳоланд ва бетафовутиро як навъи мухолифатнишондиҳӣ қабул кардаанд, таҳлилҳои вазъияти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ бо истифода аз методи қиёскунӣ (албатта, агар хонанду ба умқи мазмуни Паём андешамандона ворид шаванд) ризомандиву хушнудии онҳоро дучанд хоҳад афзуд. Чаро ки Паём вазъияти хуби дирӯзинаро таҳлил намуда, тағйири масири зиндагии беҳтари имрӯзинаро нишон медиҳад ва умедвор месозаду мутмаин, ки самараи муроди фардоина ба даст хоҳед овард.

Имрӯз иғвогариҳои барқасдона ба иллати ноором кардани вазъи иҷтимоӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар майдони ҷанги равонӣ сиёсати расонаҳои давлатҳои бузургро амалӣ месозанд. Дар сурати адами дастгоҳи пуриқтидор ва оқилонаи таблиғу ташвиқ татбиқи амнияти миллӣ имконнопазир аст. Роҳбари давлат дар ин Паём ҳам ду меҳвари асосиро барои аҳли толор нишон дод: эътимод ба худ ва боварӣ ба фардо ва заҳмату талоши ҳама барои муваффақ шудан. Дар ин Паём Пешвои миллат изҳор доштанд, ки “Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам”.

Барои кишварро ба муқобили паёмадҳои муосир омода сохтан сиёсати иқтисодӣ ва истеҳолии кишвар бояд хеле пурзӯр бошад. Ба таъкиди Пешвои миллат ҷаҳони кунунӣ пешгӯинашаванда ва норавшан аст ва аз ин рӯ, ба қудрату тавоноии дохилии худ барои рафъи нооромиҳои дар пешистода бояд такя карду умед баст.

Амният дар кишвар яке аз асосҳо ва рукнҳои асосии пешрафт, пайвастагӣ ва ифтихори кишвар аст. Бадтарин мусибате, ки ба миллати афзоянда ва рӯ ба тараққӣ расонида мешавад, маҳрумият аз амният аст. Вақте ки амният вуҷуд надорад, ҳеч гуна андешаи мунтазам вуҷуд нахоҳад дошт ва пешрафт имконнопазир аст. Маҳз дар фазои амният ҳам талошҳои илмӣ, ҳам талошҳои иқтисодӣ ва ҳам тамоми фаъолияти кишварро дуруст ба нақша гирифтан ва бодиққат риоя кардан ва ба натиҷаҳои беҳтар ноил шудан мумкин аст.

Қаландариён Ҳоким Сафар, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори

илмҳои филологӣ

Нақши парламент дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷанбаҳои зерин иборат аст:

Парламент қонунҳоеро қабул менамояд, ки онҳо ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона гардида, ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин ҷавобгарӣ барои вайрон кардани онҳо нигаронида шудаанд.

Вакилон ва кумитаҳои парлумон ба воситаи омӯзиши ҳуқуқӣ барномаҳои таълими ҳуқуқиро таҳия мекунанд, ташаббусҳои таълимро дастгирӣ мекунанд ва маъракаҳои фаҳмондадиҳиро ташкил ва ба роҳ мемонанд.

Парламент ба воситаи функсияи назоратии худ иҷрои қонунҳоро кафолат медиҳад, ки меъёрҳои қабулшуда дар амал татбиқ карда шаванд ва мақомоти давлатӣ дар доираи қонун амал кунанд.

Вакилон ва кумитаҳои парламент тавассути мулоқот бо шаҳрвандон, гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, қабулгоҳҳои парлумонӣ ва дархостҳои вакилии шаҳрвандон метавонанд меъёрҳои ҳуқуқиро шарҳ диҳанд ва барои такмили онҳо таклифҳо пешниҳод намоянд.

Парламент барои рушди шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа, аз ҷумла тарғиби рафтори намуна ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ташаккули фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон замина фароҳам меорад.

Парлумон ҳам тавассути тафсири қонунҳо ва ҳам тавзеҳи онҳо ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ саҳм мегузорад:

Тафсири расмии қонунҳо аз ҷониби парлумон дода мешавад, тафсири ғайрирасмии қонунҳо бошад аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ё дигар мақомоти ваколатдор, инчунин олимону мутахассисон амалӣ карда мешавад. Парламент метавонад тавассути раванди қонунгузорӣ, қабули тағйиру иловаҳо ва муҳокимаи амалияи татбиқи қонунҳо низ мафҳум ва моҳияти қонунҳоро равшан созад.

Кумитаҳои парлумон, вакилон ва дигар мақомоти қонунгузор муҳокимаҳои оммавӣ, машваратҳо мегузаронанд ва нисбати қонунҳо шарҳу эзоҳ медиҳанд. Вакилон инчунин ба воситаи қабул, муроҷиатнома ва воситаҳои ахбори оммавӣ меъёрҳои қонунгузориро ба интихобкунандагони худ фаҳмонда медиҳанд.

Ҳамин тариқ, нақши асосии парламент эҷоди қонунҳо ва шарҳу тафсири онҳост, тафсири ғайрирасмиро бошад, бештар судҳо ва дигар ниҳодҳои ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд.

Ба ғайр аз вазифаҳои қонунгузорӣ ва тафсири он, парламент, инчунин як қатор вазифаҳои дигари марбут ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро низ иҷро мекунад:

Парламент дар натиҷаи амалӣ намудани функсияи назоратии худ як зумра масъалаҳоро амалӣ менамояд, аз ҷумла: - назорати парламентиро аз болои риоя ва иҷрои қонунҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ амалӣ менамояд; - самаранокии меъёрҳои ҳуқуқиро месанҷад ва барои такмили онҳо таклифҳо пешниҳод менамояд; - аз ҳукумат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва адлия дар бораи амалияи татбиқи қонунҳо ҳисобот талаб мекунад.

Вобаста ба масъалаи тарбияи маърифатию ҳуқуққӣ бошад вазифаҳои муайянеро анҷом медиҳад, аз ҷумла: - оид ба масъалахои тарбияи ҳуқуқӣ мизҳои мудаввар, семинарҳо ва конференсияҳо ташкил мекунад; - бо муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани таълими ҳуқуқӣ ба барномаҳои таълимии мактабҳо ва донишгоҳҳо ҳамкорӣ мекунад; - барномаҳои таълими ҳуқуқӣ барои аҳолӣ, аз ҷумла маъракаҳои иттилоотӣ ва нашрияҳоро маблағгузорӣ мекунад.

Вазифаи намояндагии худро амалӣ намуда истода, парламент як чанд масъалаҳоро ҳаллу фасл менамояд, аз ҷумла: - вакилон бо интихобкунандагон вохӯриҳо ва суҳбатҳо гузаронида, ба онҳо ташаббусҳои қонунгузориро фаҳмонида, ба саволҳои ҳуқуқӣ ҷавоб медиҳанд; - баррасӣ намудани дархостҳои шаҳрвандон ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳо, ки ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон нигаронида шудаанд.

Яке аз масалаҳои муҳими парламент ин ҳамкории байналмилалӣ мебошад, дар амалӣ намудани он вобаста ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон низ баъзе чораҳоро меандешад, аз ҷумла: - таҷрибаи кишварҳои дигарро дар соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ меомӯзад ва таҷрибаи пешқадамро ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо амалӣ мекунад; - шартномаҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон ва таълими ҳуқуқӣ тасдиқ мекунад ё ба тавсиб мерасонад.

5. Яке аз функсияҳои асосии парламент ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо ин ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа мебошад, яъне парламент: - қонунҳоеро таҳия ва қабул мекунанд, ки ба мустаҳкам намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд; - ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки ба омӯзиши ҳуқуқӣ машғуланд, роҳнамоӣ мекунад.

Ҳамин тавр, парламент дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақши бисёрсатҳӣ дошта, ба он тавассути назорат, таълим, намояндагӣ ва ҳамкории байналмилалӣ таъсир мерасонад. Парламент дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини огоҳии онҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва риояи қонунҳо низ нақши асосиро мебозад.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн - мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣва ҳуқуқи баноми А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Маросими издивоҷ ва ақди никоҳ дар миёни ақвоми гуногуни олам як амри муқаддас ба ҳисоб рафта ба тариқи хосса анҷом мешудааст. Ойинҳо ва суннатҳои ин маросими муқаддас низ бисёр ҷолиб ва қобили таҳқиқу пажуҳиш мебошанд. Дар миёни ақвоми ориёӣ ҳам маросими издивоҷ ва ақди никоҳ тибқи расму ойинҳои вижа сурат мегирфтааст. Паймонномаҳои ақди никоҳ, ки аз даврони бостон ба дасти мо расидаанд, барои ошкор кардани вижагиҳои ин маросим санади муътабаре ба ҳисоб мераванд. Омӯзиши ин аснод ва паймонномаҳо равзанаи тозаеро дар боби мақоми марду зан дар ҷомеаҳои қадим равшан хоҳад кард.

Паймонномаҳои издивоҷ дар миёни ақвоми ориёӣ роиҷ буда, намунаи чанде аз онҳо ба забонҳои форсии миёна, суғдиву бохтарӣ то замони мо боқӣ мондааст ва ин суннат аз даврони Ҳахоманишиҳо сарчашма мегирад. Ногуфта намонад, ин гуна паймонномаҳо, ки аз ҳуқуқи занҳо дар баробари мардҳо расман ҳимоят мекард, дар қонунгузории ҷаҳони мутамаддини Ғарб дар авохири қарни ХIХ (брачный контракт, marriage сontracts) пайдо шудаанд. Дар Тоҷикистон ҳангоми издивоҷ илова бар никоҳи суннатӣ, тибқи моддаи 3 Қонуни ҶТ дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ издивоҷ расман дар асноди ҳуқуқӣ – шаҳодатномаи ақди никоҳи навхонадорон сабт мегардад. Дар фасли 3.Аҳдномаи никоҳи китоби “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” (2010) омадааст: “Қадимтарин намунаи аҳдномаи никоҳро аз ёдгориҳои кӯҳи Муғ дарёфт кардаанд. Ибораи аҳдномаи никоҳ (аз калимаи англ. Marriage contract) гирифта шудааст. Мазмуни аҳдномаи никоҳ дар моддаи 42 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Мувофиқи он зану шавҳар низоми молумулки мавҷудбуда ва амволи ояндаи худро бо хоҳиши ҳар ду муқаррар мекунанд” (Асосҳои давлат ва ҳуқуқ,183).

Ҳадаф аз ин паймонномаҳо ҳифзи ҳуқуқи тарафайн буд. Паймонномаҳои шаҳрвандон маъмулан дар шакли хаттӣ ва ақди динӣ ба таври шифоҳӣ анҷом мешуд. Дар ин паймонномаҳо масъалаи вазоифи мард, ҳаққи мерос, ҳуқуқи тарафайн ва шартҳои талоқ сабт шудааст. Дар паймонномаи суғдӣ зан ҳаққи талоқ талаб карданро аз шавҳар дошта, молики амволи шавҳар буда, ҳангоми ҷудо шудан ба ними амволи шавҳар ҳақ дошт. Ҳамчунин дар ин паймонномаҳо аз мамнуъ будани бисёрзанӣ сухан меравад. Дар санади дигари суғдӣ, ки исми кафолатномаи арус (vuδkarnē ət nāmē- “bride’s document”)-ро дорад, домод вазоифи худро ба зимма гирифта, ба сарвари хонаводаи арус онро месупорад.

Қарордоди издивоҷ ба фарҳанги хоси ҷомеа вобаста аст, аз ин рӯ дар бархе аз кишварҳо бо таклифи тарафайн қарордод ё шартнома баста мешавад. Чунин қарордод дар фарҳанги мо қидмати наздики дуҳазорсола дорад. Шартнома ё қарордоди издивоҷро дар забони форсии миёна peymān ī zanīh (-mēragīh) (peymān – алоқа, тавофуқ; mā – чен кардан; zanīh – “зан” + пасванди сифатсози īh, занӣ; mēragīh- “марди ҷавон”, шавҳарӣ) – “паймони заношуӣ” мегуфтанд. Шаҳодатномаи ақди никоҳро ба забони суғдӣ vuδ-karne (vuδ- “зан”, karne – “санад, қарордод”) ва ба бохтарӣ oλoßωσoזּγo (oλo – “зан”, ßωσoזּγo – “санад”) ва ба форсии миёна peyvan-nāmag (peyvan- “аҳд, паймон, пайванд”, nāmag – санад, нома) ном мебурданд ва ин истилоҳот баёнгари онанд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ «шартномаи никоҳ» бояд дар шакли мактуб, яъне хаттӣ бошад.

Муҳтавои се паймонномаи заношӯӣ ба забонҳои ориёӣ-эронии мансуб ба ҳазорсолаи якуми мелодӣ то замони мо расидаанд: 1) матни паймоннома ба забони бохтарӣ, асри IV аз Бохтар; 2) матне аз ашрофони Самарқанд аз кӯҳи Муғ дар Тоҷикистон ба забони суғдӣ аз ибтидои асри VIII, ки аз паймонномаи издивоҷ ҳамроҳ бо номаи кафолат ё замонат иборат аст; 3) ду намунаи паймонномаи издивоҷ аз порсии миёна: яке дар Порс ва дигаре дар Ҳинд тартиб дода шудаанд, ки бозгӯйи куниши нек аз дини беҳӣ дар замони Сосониён аст.

Тавре мебинем, дар асрҳои миёна ин маросими шаҳрвандӣ, илова ба никоҳ, ки шифоҳӣ анҷом мешуд, ҳифзи ҳуқуқи зану шавҳарро ба таври хаттӣ низ сабт менамуданд.

Илова ба «паймонномаи заношӯӣ” лозим буд, маросими динӣ бо хондани матнҳои дуои неки afrihuana – “ситоиш, раҳмат, таҳсин” тариқи шифоҳӣ анҷом мешуд. Як матни дуо ба забони суғдӣ дар Туркистони Чин пайдо шудааст, ки монанди матнҳои маросимҳои туйи порсиён Afrin ī Vazurgān – “Ситоиши бузургон” хонда мешуд.

Анъанаи қарордоднависӣ дар байни ақвоми ориёитабор эҳтимолан аз даврони Ҳахоманишиҳо ба роҳ монда шуда буд. Барои бастани аҳдномаи издивоҷ мебоист чанд марҳилаи бобарорро тай кард: иддаои издивоҷ, бастани ақди никоҳ ва ғайра. Масъалаҳои ҳадяи ақди никоҳ, маҳр, талоқ, ҳуқуқи мерос мебоист то қабули санади ниҳоӣ ҳаллу фасл шаванд, зеро онҳо қисмҳои қонуни хонавода дар ҷаҳони порсӣ-ориёӣ мебошанд.

Ҳамсари оянда, ба хостгорӣ барои муаррифии худ бо падар ё аъзои бузургсоли хонаводааш ба хонаи духтар рафта, аз солораш хостори духтараш мешавад. Маросими хостгорӣ тартиби муайян дошт, ки ин маросимро дар нисбати падари домод duxtarganih (духтарганиҳ) – “ба духтарӣ қабул кардан”, дар нисбати домод zanih (заниҳ) – “ба занӣ қабул кардан” меномиданд. Аз матнҳои суғдиву форсии миёна бармеояд, ки домод бевосита ба духтар на, балки ба падари ӯ муроҷиат мекард. Аз матни бохтарӣ бармеояд, ки тартиби хостгорӣ дигар буд: ҷавонмард бидуни муроҷиат ба падар ё ҳомии духтар нияти издивоҷашро ба духтар иброз медорад.

Дар санади суғдӣ шартҳои бекор кардани қарордод омадааст. Мувофиқи қарордод зану шавҳар барои бекор кардани ақд ҳуқуқи баробар доранд ва ду банди алоҳидаи санад иқдоми тарафайнро дар бар мегирад. Тибқи асноди суғдӣ мард метавонад танҳо як зан бигирад ва расман зани дувум гирифтан ҳақ надорад. Пас аз издивоҷ духтар kadagbānūg– “кадбону”, сарвари хонавода ҳисобида мешавад. Дар матнҳои форсии миёна, суғдӣ ва бохтарӣ пас аз издивоҷ зани расмӣ чунин унвон (-и подшоҳзан)дошт: zan ī padixšā, pātəxšāvən vaδu, ϕινξο ϕρομανζο.

Ин намуди бастани қарордод аз нигоҳи ҳуқуқӣ комилан дуруст аст, зану шавҳар меросбари ҳамдигар буда, фарзандон ҳуқуқи моликияти волидайни худро ба мерос гирифтан доранд ва писарон вориси қонунии падар мешаванд.

Мутобиқи матни форсии миёна дар padixšāyīhā-zanīh(падихшай-заниҳ) вазифаҳои мард навишта шудааст: занро бо зиндагии шоиста ва осуда таъмин намудан; иҷозати истифодаи молу мулки мард ба зан; мард нисфи моликияташро пешакӣ, ҳангоми хонадорӣ ва дар сурати пошхӯрии хонавода нисфи дигари онро бояд диҳад. Маблағи туҳфа бо ризояти арус таъйин шуда, онро kābēn(кобин) – “маҳр” гӯянд.

Дар форсии миёна намунае аз паймонномаи заношӯӣ – “peymān ī zanih” (паймони заниҳ) дар 11 банд мавҷуд аст. Ин матн намунаи хуби аҳдномаи никоҳии замони Сосониён буда, истилоҳоти он комилан бо истилоҳоти «Занд»-и Авесто мувофиқат мекунад. Шартномаи издивоҷи форсии миёнаро Ҷомоспҷӣ Минучеҳерҷӣ Ҷамасп-Асана (Бомбай, 1913) таҳрир кардааст, ки чунин оғоз меёбад: “Моҳи Ваҳмани соли 627 пас аз 20 сол шоҳ Яздигурд, шоҳи шоҳон, писари Шаҳриёр, набераи ӯ Апарвези Хусрав, шоҳи шоҳон, писари Ҳурмузд, дар оғози моҳи Меҳр (23.09-21.10), вақте ки одамони хуб маросими арусиро ҳамроҳӣ мекарданд, маросими баргузории барои пайванд шудан ба маросими бунёди хонавода (pādixšāyīhā-zanih) бо марде ваҳуман (яке аз амшоспандон, фалонӣ) писари фалонӣ.... мебошад, ки дар ноҳияи ...., деҳ... зиндагӣ мекунад, бо духтаре..., ки солориаш.... аст, ки дар ҳамон деҳот зиндагӣ мекунад, мерасанд”.

Дар маросими ақди никоҳ суханони домод низ дар нома сабт мешудааст: "Дар тули умри худ ӯро дӯст медорам ва ӯро ҳамчун бонуи хона қабул мекунам, хуб нигоҳдориаш мекунам ва ӯро бо ғизо, либос таъмин мекунам ва ҳамчун шавҳар солораш мешавам, то он даме ки вақт иҷозат медиҳад (ба ман) ва фарзандонеро, ки вай ба дунё меорад, фарзандони худам медонам... Ва аз ин ба баъд аз он чизе, ки ба ихтиёри ман ва моликияти ман хоҳад расид, ки ман ҳақ дорам, онро бидиҳам, ман нисф аз онро дар ҳолати тақсимнашуда ба ӯ мерасонам; ва ман ба духтари фалонӣ, ҳуқуқи пурраи саҳмияи гуфташударо медиҳам, чунон ки ҳар вақт ӯ ё касе дигар аз ворисон, онро ба хотири вай талаб мекунад, ман онро ба ӯ (ё, ба он шахс) бекамбуд (ё бе узр) месупорам ва таъхир намекунам ё беэътиноӣ нисбат ба он зоҳир намекунам". Сипас зани номбурда, духтари фалонӣ, ин саҳмияро ба ҷои 3 000 дирҳам ҳамчун кафолат қабул кард ва бо он розӣ буд”. Санад бо зикри номи волидайни домоду арус таъйид ва муҳр мешавад.

Дар робита ба санади қарордоди издивоҷ ду матн аз забони суғдӣ маҳфуз аст: яке vuδkarnē (вузкарне) – “паймонномаи заношӯӣ” ва vuδkarnē ət nāmē (вузкарне ет нома) – кафолатномаи арус, ки чунин аст:

“Ин санад дар соли 10-уми шоҳигарии шоҳ Тархун буд, дар моҳи Масбуғес, дар рӯзе, ки Асмон Рус (27-ум рӯзи моҳи суғдиён), Уттегин (домод), ки лақабаш Нилан аст, арусро бо номи Деғутғунҷ бо лақаби Чата, ки духтари Виюс аз авлоди Чер пури Ванханак, шоҳи Навекас буд, гирифт.

Ва Чер ба ӯ васият кард, ки (зан) зери васий, мувофиқи қонуни шартнома, Уттегин Чатаро ҳамчун арӯси азиз бо ғизо, сару либос, зару зевар таъмин намуда, бо эҳтиром ба ӯ муносибат мекунад ва агар бо эҳтирому муҳаббат вақти гирифтани ӯ дар хонааш бо ӯ ҳамчун бо зани қонунӣ муносибат кунад, мисли марди шариф, ки бо зани шариф муносибат дошта бошад.

Ва ҳамин тавр, Чата бо Уттегин ҳамчун шавҳари азиз муносибат хоҳад кард ва ӯро лозим аст, ки барои роҳатии ӯ шароит фароҳам оварад ва ба фармонҳои ӯ бо диққати ҷиддӣ гӯш диҳад, зеро вазифаи зани шариф бо мард - шавҳари шариф ба ҳамин равиш муносибат кардан аст.

Аммо агар Уттегин, дар сурате ки Чатаро талоқ надода, зани дигар (қонунӣ) ё каниз (ҳамчун маъшуқа) бигирад, ки ба Чата писанд наояд, пас аз шавҳар Уттегин талаб карда мешавад, ки 30 тангаи бисёр холис - драхма, навъе аз динор ҳамчун ҷарима ба занаш –Чата худ пардохт мекунад ва ӯ он занро ҳамчун зан ё ҳамчун хизматгор ғамхорӣ намекунад, балки ӯро тарк мекунад.

Аммо агар Уттегин қарор кунад, ки Чатаро ҳамчун зани худ нигоҳ намедорад, балки ӯро тарк мекунад, пас вайро бе пардохти ҳаққи амволи меросӣ, амволи (шахсан) ба даст овардааш, даромади ба даст овардааш озод мекунад, сипас вай (Уттегин) метавонад занеро, ки ба ӯ маъқул аст, ба занӣ гирад.

Ва агар Чата қарор кунад, ки вай бо Уттегин ҳамчун зан намеистад, балки аз ӯ рӯй мегардонад (ё меравад), дар ин сурат чизу чораву зару зевар ва ҳамаи чизҳое, ки вай аз Уттегин туҳфа гирифтааст, намегирад. Вай танҳо чизу чораи аз падар меросгирифтаашро бо худ мегирад, лекин дар ин сурат Чата чизеро ҷуброн намекунад, сипас Чата метавонад марди дилхоҳашро ба шавҳарӣ қабул кунад.

Ва агар Уттегин ҷинояте содир кунад ё бадие кунад, бояд (масъулиятро) бар дӯш гирад ва худаш онро ҷуброн намояд.

Ва агар Уттегинро касе ғулом ё асир кунад, дар ин сурат Чатa метавонад бе ягон шарт озод шавад.

Ва агар Чата гуноҳе кунад ё кори баде кунад, бояд онро ҳатман худаш ҷуброн кунад. Агар Чата аз тарафи касе каниз шавад ё асир шавад, Уттегин метавонад ӯро бе пардохти ҳақ талоқ диҳад.

Ҳамин тавр, ҳеҷ кас гуноҳи дигареро бар дӯш намегирад ва онро ҷуброн намекунад.

Ва ин шартномаи никоҳ дар ҳузури сардор Ваҳушукан, писари Бархуман тартиб дода шудааст.

Дар он ҷо ҳузур доштанд: Скатч пури Шешч ва Чахрен пури Рамеч ва Шав пури Махак.

Нома аз ҷониби Рамтиш пури Эхушфарн навишта шудааст.

Дар зер оварда шудааст: паймонномаи заношӯии Уттегин ва Чата”

Кафолатнома

“Ин санад дар соли 10-уми шоҳигарии шоҳ Тархун буд, дар моҳи Масбуғес, дар рӯзи Асмон Рус (27-ум рӯзи моҳи суғдиён).

Аз ҷониби Оттегин, лақабаш Нилан пури Хухуш аст, ба ҷониби Навекат, Чер пури Венханак ва ба писарону хонаводаи ӯ:

Ҷаноб, ман аз шумо, Деғутғунҷ бо лақаби Чата, ки духтари Виюс аст, ба кадбонуӣ (занӣ) қабул надам.

Ва баъд аз он ба Шумо - Чер ман ваъда ва кафолат медиҳам, ки аз имрӯз ва минбаъд то абад, то даме, ки Чата бо ман ҳамчун зан боқӣ хоҳад монд, ҷаноб, ман савганд ба номи Худои Митра мехурам, ки ман ҳеҷ ваҷҳ намефурӯшам, ба гарав намемонам ва бо ӯ ҳамчун бо каниз ё ҳамчун зани таҳқиршуда муносибат намекунам.

Аммо агар касе аз ҷониби ман (хешовандонам) ё аз ҷониби душманонам ӯро аз ман бигирад ё ҳамчун каниз ё хизматгор қарор диҳад, дар ин сурат ман зуд ӯро бе расонидани ягон осеб, ё зарари ҷисмонӣ озод мекунам.

Ва инчунин, агар Чата мондан бо манро рад кунад ё ман ӯро талоқ диҳам, ман ӯро ба шумо ва писарони шумо ва хонаводаи шумо ҷаноб Чер сиҳҳату саломат ва бе ягон зарари ҷисмонӣ расонидан ба Шумо бармегардонам.

Ва агар ба дасти шумо ӯро сиҳат нигаҳ насупорам, ман вазифадорам ба шумо бароятон 100 драхмаи нуқра (динори холиси нуқрагин) ба шумо бидиҳам.

Ва то он даме, ки ман онро пардохт менамоям, ман бояд фоидаи худро ба андозаи 12 то 10 % фоиз онро нигаҳ дорам.

Ва Уттегин бо писарон ва хонаводааш, ки расман номгузорӣ шудааст, аз Чер ва писарон ва хонаводааш, Зипак, бо лақаби ӯ Нивозак пури Бурз вазифадор мешавад, ки 100 драхмаро бо фоиз аз Чер ва хонаводаашон бар ивази баргадонидани зан бидуни ҳеҷ зарари ҷисмонӣ ситонад.

Ва ин ҳуҷҷат қобили эътимоду эътибор ва қонунӣ барои ҳама аст. Ва ин шартномаи никоҳ дар ҳузури сардор Ваҳушукан, писари Бархуман тартиб дода шудааст.

Дар он ҷо ҳузур доштанд: Скатч пури Шешч ва Чакушак пури Зонес ва Чахрен пури Рамеч.

Дар он ҷо Скейт писари Шишч ва Чакушак писари Занес ва Чахрен писари Рамак ҳозир буданд.

Онро Рамтиш писари Хушфарн, бо фармони Уттегин, ба иҷозати он (ҳамин Уттегин) навиштааст.

Нома аз ҷониби Рамтиш пури Эхушфарн навишта шудааст.

Бо супориш ва иҷозати худи Уттегин.

Санади Чaта” (Матнҳои суғдӣ ва форсии миёна баргирифта аз китоби Raham Asha. Marriage Contracts, 2021).

Фарҳанги бостонии ниёгони мо шоистаи таҳсину офарин аст, зеро он дар доираи қавонини гуманизми башарӣ амал мекард, агар чунин намебуд, суннатҳои мардуми мо тули қарнҳо устувору ҳифз намешуд. Месазад ин фарҳанги ғаниву шуҳратёфтаро омӯхту дар рӯзгори имрӯз ҳамчун таҷрибаи бани башар ва мероси ниёгон истифода ва татбиқ кард.

2131234“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳбарои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣтарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”.

Эмомалӣ Раҳмон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Пайём-2022)

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунини миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекарданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишварро аз вартаи ҳалокат берун оварда, беш аз як миллион нафар гурезаҳоро ба Ватан баргардониданд ва мардуми парешонро сарҷамъ намуданд. Бузургтарин дастоварди роҳбари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа, барқарор кардани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст.

Яке аз хизматҳои таърихии сарвари давлат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки зимоми давлатдориро ба даст гирифта, хатари нобудии онро бартараф карданд, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтанд.

Барои таҳкими ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва пояҳои давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро фароҳам оварданд ва барои эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.

Маҳз бо саъю талошҳо ва бедорхобиҳои Ҷаноби Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Артиши миллии худро таъсис дода, оромию осудагӣ ва амнияти кишварро фароҳам овард.

Санаи 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣмекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣбаргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣшурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Бояд қайд кард, ки дар он замон бо вуҷуди ҷой доштани мушкилоти иқтисодӣ, роҳбари давлат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон барои пурзӯру неруманд кардани Артиши миллӣ шабу рӯз ҷаҳду талош мекарданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ(23 феврали соли 2021) чунин зикр карданд:

"Ҳукумати кишвар аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст".

Артиши миллӣва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣбаъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлоли он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Дар ин раванд, барои насли ҷавони Ватани азизамон муҳимтарин мактаби обутоб ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз, хизмати ҳарбӣ барои ҳаёти ҳар як ҷавонписар мактаби омӯзиши шуҷоату мардонагӣбуда, заминаи азхуд намудани арзишҳои муқаддастарини ҳаёт, меҳвари густаришдиҳандаи эҳтироми Ватан ва ватандорӣ, омили содиқона муҳофизат кардани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосоямон ба шумор меравад. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣаз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ ҳаматарафа ташаккул меёбад.

Роҳбари давлат дар як суханрониашон бо ифтихори ватандорӣ чунин иброз доштанд: “Мо бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем”

Хушбахтона, дар муқоиса ба солҳои пеш ба сафи Артиши миллӣихтиёран пайвастани ҷавонон зиёд мушоҳида мешавад. Агар омили ин раванд, аз як сӯ рӯба беҳбудӣ овардани вазъи буду бош дар қисмҳои ҳарбӣё умуман Қувваҳои Мусаллаҳбошад, аз ҷониби дигар тағйир хӯрдани мафкураи ҷавонон дар ростои меҳанпарастию худогоҳӣва муҳити тарбияи онҳо вобаста аст. Дар ин самт нақши падару модарон низ ҳалкунанда мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мекунем, ки волидайн худашон довталабона фарзандонро ба хизмати ҳарбӣгусел мекунанд.

Убайдулло Убайдуллоев- ходими калони илмии Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзишипиряхҳои Академияи миллии илмҳоиТоҷикистон”

Санаи муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон, таъсисёбии Артиши миллӣ аст, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэтимоди Ватан мебошад. Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ зодаи даврони истиқлол мебошад, ки дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ таъсис дода шуд.

Новобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар гардид. Ин кори осон набуд, чунки кишвар дар шароити басо душвор ва мураккаби сиёсию иҷтимоӣ қарор дошт ва дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошту нарасидани озуқаворӣ, сарулибос, техникаю муҳимоти ҷангӣ ва амсоли инҳо дар ҳар қадам эҳсос мешуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, азму талошҳо, қаҳрамониҳо ва иродаи қаввии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки мо мардуми толеъбаланд ба чунин дастоварди муҳим ноил шудем.

Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт. 23-юми феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбӣ баргузор гардид ва рӯзи баргузоргардии парад, яъне 23-юми феврал - Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки мо имрӯз 32-юмин солгарди онро таҷлил намуда истодаем.

Саҳми калони фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қувваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда, онро ба амал барорад. Фарзона фарзанди Ватан ва наҷотбахши миллат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда, қайд карданд, ки «Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд». Чихеле, ки то имрӯз мо дида истодаем Пешвои миллат ҷиҳати амалӣ намудани нишондодҳо ва беҳтару хубтар намудани шароитҳо дар ин соҳа ҷаҳду талошҳо ҳамарӯза намуда истодаанд.

Моро лозим аст, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамарӯза моро аз вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва хатарҳои афзудаистодаи терроризму экстремизм ҳушдор медиҳанд, дар чунин шароит ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва оромию суботи ҷомеаро аз вазифаҳои муҳиму муқаддаси сохторҳои низомӣ ва ҳар шаҳрванд медонанд, камари ҳиммат баста, пайи амалигардонии он гардем.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷоъи Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки он ҷавонмардонеро, ки барои сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мардуми сарбаланди кишварро ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонадон тинҷию оромӣ, ҳаёти орому осуда ва бурдбориҳои нав ба навро таманно менамоям.

Абдуллозода А.Ф. Комилов Ш.Ҳ. - ходимони илмии Институти математикаи ба номи А.Ҷӯраеви АМИТ

Дар шароити рӯз аз рӯз зиёд шудани таҳдидҳои нав ба нави ҷаҳони муосир доштани артиши миллӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини ҳимояи марзу бумӣ ватан аз ҳатарҳои бурунмарзӣ ба ҳисоб рафта, он дар низоми таъмини амнияти ҳарбии кишвар ва ҳимояи қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол, муқаддасоту нишонаҳои муҳими давлатдории мо нақши муҳим бозида, ҳамзамон ҳамчун рамзи таҷассумгари суннату ормонҳои волои ниёгони мо тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Зеро дар тӯлӣ таърихи миллати тоҷик намунаҳои барҷастаи артишро метавон мушоҳида намуд. Эҳёи артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар сақфи таърих ба ҳисоб рафта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша доир ба нақши Артиши миллӣ дар раванди барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳарбии кишвар ва пуштибонии ин ниҳод аз сулҳу ваҳдати миллӣ дар баромадҳои худ сухан намуда, нақши онро дар ин раванд хелоҳам муҳим арзёби менамоянд.

Бале дар ҳақиқат таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи пояҳои истиқлоли сиёсӣ дар шароити тағйирпазирии вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон аҳамияти ҳаётан муҳим дошта, он дар низоми манфиатҳоии миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро ин ниҳоди пурқудрати миллию давлати вазифаи ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шароити феълии манофеи бақодории мамлакат, аз ҷумла ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, якпорчагию ваҳдати миллӣ, ташаккули ҳисси ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва ҳимояи кишварро аз таҳдиду хатарҳои ҳарбӣ ба зима дорад. Чун, ки таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбӣ асоси фаъолияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратии кишвар ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, сохторҳои таркибии Артиши миллӣ рамзи олии ватану ватандорӣ, сипари воқеӣ аз таҳдидҳои ҳарбӣ ва пойдевори истиқлоли давлатӣ дар шароити рушди давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити дигаргуниҳои нави ҷаҳонӣ барои кишвари мо нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати тоҷикон, асоси пойдории давлат ва мазҳари идеалу ормонҳои таърихии миллат маҳсуб меёбад.

Бояд қайд намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нихоят ҳассос ва басо мушкили таърихӣ ташаккул ёфта аст, ки заминаҳои моддиву техникии он дар маҷмӯъ ба сифр баробар буд. Махсусан дар он шароит кишвари мо тавассути ватанхоҳони худхоҳу дуруғин ва душманони сохти конститутсионӣ, ки ба арзишҳои дунявият дар сохтори нави давлатдорӣ ситеза доштанд, ба гирдоби кашмакашиҳои даҳшатангез кашида шуда буд. Эҳёи Артиши миллӣ дастоварде буд, ки ба музаффариятҳои мамлакат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд, ки бузургтаринаш пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офарин аст.

Самтҳои афзалиятноки таъмини амнияти ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар меҳвари сиёсати дохилӣ карор дорад, балки он дар сиёсати хориҷии кишвар низ ҷойгоҳи хосса дошта, ҳамзамон фаъолияти он дар ҳамкориҳои амниятию ҳарбии кишвар бо шарикони стратегӣ махсусан муҳим арзёби мегардад.

Аз ин рӯ, аскарони ҷонбакафи сохторҳои таркибии Артиши миллии кишвар ва дигар ниҳодҳои давлатиро, ки дар таҳкиму ҳимояи манфиатҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши тақдирсоз доранд. Мардуми шарифу хештаншиноси кишварро низ мебояд аз ҷабри таърих ва гузаштаи фоҷиабори хеш сабақ гирифта, дар баробари Артиши миллӣ сипари боэътимоди Ватани азиз бошанд.

Муалифон: Аюбов Д.Қ., Ҳамроев У.Х.

«Мо Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии мамлакат, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис додем. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имконияти ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст».

Эмомалӣ Раҳмон

12312Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон – ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки он барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлол ва тамомияти арзии он таъйин гардидааст, ташкил медиҳад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми феврали соли 1993 таъсис ёфтааст. Бинобар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Вазифаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- Зада гардонидани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор;

- Ҳифзи фазои ҳавоии давлат;

- Муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ;

- Ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ;

- Иштирок дар зада гардонидани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз ӯҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд. (ҚҶТ 28.12.05 № 141).

Ҷалб кардани қисмҳо, ҷузъу томҳо ва дигар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳо, ки ба таъйиноти онҳо вобастагӣ надоранд, танҳо дар асоси Қонун ё Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъдан дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, амалӣ мегардад.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд.

Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд. Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар заминаи Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚЗ ҚМҶТ) дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдиди хатар мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди ин гуна нерӯҳо ва дар маҷмӯъ зудамал ва қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ бо Фармони Президенти мамлакат моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст. Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи умумии артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъйиноти махсус, Полки муҳандисӣ-сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ-зарбавии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳ ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба нерӯҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.

«Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ташкили Артиши миллиро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол дар маркази диққати худ қарор дода буд. Зарурати ташкили Артиши миллӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 дар Қарори Шӯрои Олии кишвар «Дар бораи Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид гардида буд. Вале вазъи ниҳоят ҳассосу душвор, мушкилиҳои солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ имкон надоданд, ки Тоҷикистон Артиши миллии худро таъсис диҳад. Масъалаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷараёни баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ба миён гузошта шуд ва 18-уми декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсис додани Артиши миллӣ ба имзо расид. Вақти қабули қарор дар хусуси таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ мо на Вазорати мудофиа доштем, на иншооти инфрасохторӣ, на заминаи зарурии моддиву техникӣ ва на мутахассису кадрҳои касбӣ. Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини иқтисодиву молиявӣ аз нахустин рӯзҳои таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ доир ба ташкили инфрасохтор ва таъсиси қисму воҳидҳои низомӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.

Дар навбати аввал, 23-юми июни соли 1993 Қӯшунҳои хушкигард, ки асоси Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва нерӯи сершумортарину пешбарандаи амалиёти ҷангӣ ба ҳисоб мераванд, таъсис дода шуданд ва аз рӯзҳои аввал барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои зиддиҳукуматӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҳарбиву сиёсии мамлакат сафарбар гардиданд. Дар ин раванд, яъне замоне, ки дар кишвар ҳанӯз ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, мо ташкили қисму воҳидҳои ҳарбӣ, муҳайё намудани заминаҳои моддиву техникӣ, омода кардани афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, дорои маҳорати баланди касбӣ ва донишу малакаи заруриро вусъат бахшидем. Дар он давра, саъю талоши Ҳукумати мамлакат, ҳамчунин, ба фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва омода намудани мутахассисон ва кадрҳои баландихтисос равона карда шуд.

Бо ин мақсад як қатор қонунҳои нав, аз ҷумла «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» қабул гардиданд ва ҳадафу вазифаҳои сохтору мақомоти дахлдори давлатӣ дар самти ташкили мудофиа ва ҳимояи кишвар муайян карда шуданд.

Дар марҳалаҳои минбаъда мо дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Қӯшунҳои зудамал, ҷузъу томҳои таъиноти махсус, муассисаҳои таҳсилоти низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ оид ба таъминоти ҷузъу томҳоро таъсис додем. Яъне Қувваҳои Мусаллаҳи мо аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар муборизаҳои шадид ва набардҳои сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ иштирок карда, ташаккул ва обутоб ёфтанд.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаи худро иҷро карда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар кишвар саҳми басо арзишманд ва таърихӣ гузоштанд. Дар робита ба ин, мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ-фарзандони бонангу номуси Ватан дар кишвар ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам оварда шуданд. Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо аз имтиҳони садоқат, маҳорат ва ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд. Дар даврони муқовиматҳои мусаллаҳона ва мубориза бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик ҳазорон нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ қаҳрамонона ҳалок гардиданд.

Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд. Маҳз ба ҳамин хотир, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ба ҷавонони кишвар, инчунин, ба хизматчиёни ҳарбӣ доим таъкид менамоям, ки зираку ҳушёр бошед ва ҳаргиз фаромӯш насозед, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ватанпараст ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст. Бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардии худ – ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд. Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам. Бо эътимоди комил иброз медорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ ба савганди ҳарбии хеш минбаъд низ содиқ мемонанд, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавонмардона иҷро мекунанд ва ҳифзи истиқлолу озодии сарзамини аҷдодӣ, амният ва суботу оромии ҷомеаро бо ҳушёриву зиракӣ ва дар сатҳи баланди касбӣ таъмин мекунанд». [Э.Раҳмон. Суханронӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. 23.02.2023.]

Дар воқеъ, Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст. Маҳз ба шарофати соҳибистиқлолӣ ин зиндагии амну бошарафона насибамон гардидааст.

Ҳамин тариқ, метавон иброз намуд, ки дар ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Таҳти сиёсати хирадмандонаи фарзонафарзанди миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – мо ҷавонони зодаи даврони Истиқлол ҷаҳду талош менамоем, ки сазовори боварии халқу Ватан гардида, зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои рушду равнақи кишвари маҳбубамон Тоҷикистони азиз хизмати босазо намоем.

23-юми феврал – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!

Камолова Шукрона Аҳмадҷоновна,

лаборанти калони маркази Синошиносии

Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Рӯзи Артиши Миллӣ – ин як санаи муҳим аст, ки ба нақши Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Артиши Миллӣ ҳамчун як сохтори муҳими давлатӣ вазифадор аст, ки амнияти марзу буми кишварро таъмин намояд, суботи дохилиро ҳифз кунад ва омодагии мудофиавии давлатро таъмин созад.

Ҳадафҳои Артиши Миллӣ:

Ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар – таъмини мустақилияти миллӣ ва пешгирии ҳар гуна таҳдидҳои хориҷӣ.

Муҳофизати сулҳ ва амнияти дохилӣ – мубориза бо терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои дохилӣ.

Омодагии мудофиавии давлат – гузаронидани машқҳои низомӣ ва тақвияти қобилияти ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ.

Ҳамкории низомӣ бо дигар кишварҳо – таҳкими робитаҳои байналмилалӣ барои муборизаи муштарак бо хатарҳо.

Принсипҳои фаъолияти Артиши Миллӣ:

Вафодорӣ ба Ватан ва мардуми он – хизматчиёни ҳарбӣ бояд ба ҳимояи давлат ва арзишҳои миллӣ содиқ бошанд.

Омодагии доимӣ – артиши касбӣ бояд дар ҳама ҳолат омодаи иҷрои вазифаҳои худ бошад.

Қонунмандӣ ва интизоми ҳарбӣ – риояи қонуният ва интизоми сахти низомӣ дар ҳамаи сохторҳои артиши миллӣ.

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон – таъмин намудани амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи озодиҳои конститутсионии онҳо.

Нақши Артиши Миллӣ дар таъмини амнияти давлат:

Муҳофизати марзҳо – пешгирии воридшавии қувваҳои ғайриқонунӣ ва ҳифзи қаламрави миллӣ.

Мубориза бо терроризм ва ҷинояткорӣ – иштирок дар амалиётҳои махсус ва ҳифзи амнияти дохилӣ.

Ҳифзи сохти конститутсионӣ – пешгирии хатарҳо ба давлатдории миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ.

Кӯмак дар ҳолатҳои фавқулодда – расонидани ёрии ҳарбӣ ва техникӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ.

Ҳамин тариқ, Артиши Миллии кишвар ҳамчун яке аз сутунҳои асосии давлатдорӣ нақши муҳиму ҳаётан зарурӣ дар таъмини амнияти миллӣ, суботи дохилӣ ва муҳофизати истиқлолияти давлатӣ мебозад.

Асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсии Артиши Миллӣ:

Артиши Миллӣ ҳамчун як сохтори муҳими давлатӣ дар асоси қонунгузории миллӣ ва сиёсати давлатӣ фаъолият мекунад. Он дорои заминаҳои қонунии мустаҳкам ва сиёсати мушаххас мебошад, ки ҳадафи онҳо ҳифзи давлат, таъмини амният ва нигоҳдории сулҳ дар ҷомеа мебошад.

Асосҳои ҳуқуқии Артиши Миллӣ:

Асосҳои ҳуқуқии Артиши Миллӣ аз маҷмуи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои байналмилалӣ иборатанд, ки фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро танзим менамоянд.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосӣ:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Муқаррароти Конститутсия ҳуқуқу вазифаҳои Артиши Миллиро муайян мекунад.

Моддаҳои дахлдор оид ба ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти миллӣ пешбинӣ шудаанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа."

Вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳро муайян мекунад.

Тартиби ташкил ва идораи артиши кишварро танзим менамояд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва вазифаи ҳарбӣ."

Муқаррароти умумӣ оид ба хизмати ҳарбиро пешбинӣ менамояд.

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматчиёни ҳарбиро танзим мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳолати ҳарбӣ."

Тартиби эълон кардани вазъияти ҳарбӣ ва чораҳои лозимаро танзим мекунад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳолати фавқулодда."

Муқаррароти ҳуқуқӣ оид ба истифодаи қувваҳои ҳарбӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаро танзим менамояд.

Ҳамкорӣ бо созишномаҳои байналмилалӣ.

Таъмини амният дар асоси ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СААД ва СММ.

2. Асосҳои сиёсӣ ва стратегияи Артиши Миллӣ:

Артиши Миллӣ ҷузъи муҳими сиёсати давлат буда, фаъолияташ дар асоси стратегияҳои амниятӣ ва мудофиавии кишвар ба роҳ монда мешавад.

Самтҳои асосии сиёсати мудофиавӣ:

Мустаҳкам кардани истиқлолияти давлатӣ.

Пешгирии ҳама гуна таҳдидҳо ба соҳибихтиёрии кишвар.

Таъмини амнияти дохилӣ ва ҳифзи марзҳо.

Пешбурди сиёсати мудофиавии фаъол.

Рушди қобилияти мудофиавии кишвар.

Боло бурдани сатҳи омодагии ҳарбӣ.

Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ.

Иштирок дар амалиётҳои сулҳҷӯёна.

Тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони стратегӣ.

Таъмини суботи дохилӣ.

Пешгирии хатарҳои дохилӣ, аз ҷумла терроризм ва экстремизм.

Ҳифзи сохти конститутсионӣ ва қонуният.

Принсипҳои сиёсати Артиши Миллӣ:

Мудофиаи ғайриҳуҷумӣ – Тоҷикистон сиёсати дифоиро пеш мебарад ва ҳадафи асосии Артиши Миллӣ ҳифзи сулҳ ва амнияти давлат мебошад.

Таъмини омодагии доимӣ – рушд ва такмили сохторҳои низомӣ барои ҳифзи кишвар дар ҳама гуна ҳолатҳо.

Ҳифзи амнияти миллии шаҳрвандон – кафолати сулҳу субот дар дохили кишвар ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои мардум.

Ҳамин тавр, асосҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ фаъолияти Артиши Миллиро муайян мекунанд ва кафолати мудофиаи давлатро таъмин менамоянд. Қонунгузории кишвар ва сиёсати мудофиавӣ нақши калидӣ дар таҳкими нерӯи низомӣ ва таъмини амнияти миллӣ мебозанд.

Нақши Пешвои Миллат дар эҳё ва ташаккули Артиши Миллӣ:

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистон бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароит, барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва таъмини амнияти миллӣ, зарурати ташкили Артиши Миллӣ ба миён омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва ташаккули Артиши Миллӣ нақши калидӣ бозиданд.

1. Эҳёи Артиши Миллӣ дар солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ:

Дар солҳои 90-уми асри гузашта, Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки боиси аз ҳам пошидани сохторҳои низомӣ гардид. Бо ташаббуси Пешвои миллат:

Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 таъсис дода шуд.

Бунёди қувваҳои мусаллаҳ аз сифр оғоз гардид.

Барои ҳифзи давлату миллат афсарону сарбозони касбӣ ҷалб карда шуданд.

2. Мустаҳкамсозии Қувваҳои Мусаллаҳ ва ислоҳоти низомӣ:

Бо роҳбарии Пешвои миллат, Артиши Миллӣ аз давраи ташаккул ба марҳилаи рушди устувор гузашт:

Созмони низомии мудофиаи миллӣ – тартиб ва сохтори Қувваҳои Мусаллаҳ муайян карда шуданд.

Ташкили нерӯҳои махсус – таъсиси Қувваҳои зудамали махсус ва қисмҳои элитавӣ барои мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта.

Такмили базаи моддию техникӣ – ҷорӣ намудани техника ва силоҳҳои муосир барои тақвияти қобилияти ҷангӣ.

Таҳкими интизоми ҳарбӣ – баланд бардоштани сатҳи тарбия ва маърифати афсарону сарбозон.

3. Рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҷрибаомӯзии ҳарбӣ:

Бо ташаббуси Пешвои миллат, Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун ҳамкории низомиро ба роҳ мондааст:

Ҳамкорӣ бо кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД).

Иштирок дар машқҳои муштарак бо Русия, Чин, Узбекистон ва дигар кишварҳо.

Таҷрибаомӯзии афсарони тоҷик дар муассисаҳои таълимии ҳарбии хориҷӣ.

4. Таъмини ҳифзи марз ва амнияти миллӣ:

Бо дастури Пешвои миллат, Қӯшунҳои сарҳадӣ таҳким ёфта, марзҳои давлатӣ ҳимояи қавӣ пайдо намуданд. Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва таҳдидҳои минтақавӣ тавассути нерӯҳои марзбонӣ таҳти назорати сахт қарор гирифт.

5. Ҳифзи шаъну шарафи хизматчиёни ҳарбӣ:

Бо иқдоми Пешвои миллат:

Имтиёзҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ зиёд карда шуданд.

Маош ва шароити хизмати ҳарбӣ беҳтар гардонида шуд.

Манзил барои хизматчиёни ҳарбӣ сохта дода шуд.

Ҳамин тавр, нақши Пешвои миллат дар эҳё ва ташаккули Артиши Миллӣ бебаҳост. Бо раҳбарии оқилонаи он кас, Артиши Миллӣ аз як сохтори заиф ба як нерӯи қавии мудофиавӣ табдил ёфт. Имрӯз, Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон омодаи ҳифзи истиқлолият, амнияти миллӣ ва суботи давлатӣ мебошанд.

Президент – Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент на танҳо роҳбари давлат ва сарвари ҳокимияти иҷроия мебошанд, балки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон низ мебошанд. Ин мақом он касро масъули қабули қарорҳои муҳими низомӣ, таъмини мудофиа ва амнияти миллӣ мегардонад.

1. Мавқеи ҳуқуқии Президент ҳамчун Сарфармондеҳ:

Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои марбута, Президент ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии кишвар.

Муайян намудани сиёсати мудофиавии давлат ва таҳияи стратегияҳои низомӣ.

Идоракунии ҳолати ҳарбӣ ва фавқулодда дар ҳолати таҳдид ба амнияти кишвар.

Таъйини фармондеҳони олии низомӣ, аз ҷумла Вазири мудофиа, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар роҳбарони сохторҳои қудратӣ.

Тасдиқи барномаҳои рушд ва ислоҳоти низомӣ барои тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ.

2. Қарорҳои муҳими Президент дар самти мудофиа:

Таҳти роҳбарии Президенти Љумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, як қатор қарорҳои муҳими низомӣ ва мудофиавӣ қабул шуданд, аз ҷумла:

Ташкили Артиши Миллӣ (23 феврали 1993).

Ислоҳоти низомӣ – мутобиқ кардани Қувваҳои Мусаллаҳ ба стандартҳои муосир.

Таҳкими ҳифзи марзҳо – мустаҳкам кардани Қӯшунҳои сарҳадӣ барои ҳимояи қаламрави миллӣ.

Таъсиси воҳидҳои махсус – афзоиши қудрати амалиётии нерӯҳои зудамал ва сохторҳои махсус.

Ҳамкориҳои байналмилалӣ – тақвияти робитаҳои низомӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик.

3. Президент ва таъмини амнияти миллӣ:

Ҳамчун Сарфармондеҳи Олӣ, Президент на танҳо барои мудофиа аз таҳдидҳои хориҷӣ, балки барои таъмини амнияти дохилӣ низ масъул мебошанд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм – сафарбарсозии қувваҳои махсус барои нест кардани гурӯҳҳои террористӣ.

Мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ – ҳамоҳангсозии сохторҳои қудратӣ барои ҳифзи субот.

Таъмини сулҳу ваҳдат – пешгирии низоъҳо ва таҳкими ҳамгироии миллӣ.

4. Иқдомоти иҷтимоии Президент барои низомиён:

Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ, таҳти роҳбарии Президенти мамлакат иқдомҳои зерин амалӣ гардиданд:

Баланд бардоштани маош ва имтиёзҳои иҷтимоӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ.

Сохтмони манзил ва хонаҳои хизматӣ барои низомиён ва оилаҳои онҳо.

Рушди мактабҳои ҳарбӣ ва академияҳои низомӣ барои омода намудани кадрҳои касбӣ.

Ҳамин тавр, ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати мудофиавии кишварро роҳбарӣ карда, барои ҳифзи истиқлолият, субот ва амнияти миллӣ иқдомҳои муҳиму таърихӣ анҷом додаанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таҳти роҳбарии он кас рушд ёфта, ба як нерӯи қавии дифоии давлатӣ табдил ёфтанд.

Мо олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ҳамаи низомиён, аҳли оилаи онҳо ва дар симои онҳо ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи Артиши Миллӣ табрику таҳният намуда, барои Тоҷикистони обод бошад, сулҳу субот ва осмони беғуборро орзумандем.

Бобоҷонзода Исрофил Ҳусейн-мудири шуъбаи масоили назариявии давлат ва ҳуқуқи муосири Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор.

123313Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди хеле муҳим барои халқи тоҷик ба шумор меравад, вале дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба мушкилиҳои зиёди молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд. Он солҳо раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошта, кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буданд. Ба ғайр аз ин Тоҷикистони тозаистиқлол дар он давраҳо Қувваҳои мусаллаҳи худро надошт, ки барои давлатдории ҳар як кишвар дар замони муосир шарт ва зарур дониста мешавад. Барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт.

Ба ҳамаи ин мушкилиҳо нигоҳ накарда, барои нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он давраҳо хавфу хатарњои зиёде тањдид мекард, 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид. Тақрибан баъд аз ду моҳ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. Қувваҳои мусаллаҳи навтаъсис дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1993-1997) дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати худро ба таври шоиста адо кард.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва то ба имрӯз, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир диққати махсус зоњир менамояд.

Маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, рӯз ба рӯз пурқувват гардида истодааст. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, “Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд. Ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат ба даст омадааст. Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд. Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Имрӯзҳо Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, на ин ки дар нигоҳдории бехатарии кишвар, балки бо ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм дар дигар давлатҳои дуру наздик ширкат меварзанд.

Имсол хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми мардуми шарафманди тоҷик дар якҷоягї 32-солагии таъсисёбии Артиши миллиро тантанавор ҷашн мегиранд. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба як нерўи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Боварӣ дорем, ки хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пос доштани рисолати ҳомии Ватан, таъмини сулҳу субот, ҳифзи мулки аҷдодӣ ва шарафу номуси миллати тоҷик, доимо омода хоҳанд буд.

Идатон муборак! Родмардону далерони Ватан!

Ғарибмамадов Ғарибмамад Давлатмамадович -Ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи АМИТ

Ҳар кишвар дорои артиши миллии худ аст, вале Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис додашуд, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, бори нахуст паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳукумати кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ (1992-1997) ва шиддат гирифтани вазъи минтақаву ҷаҳон қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро намуда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, таъмини сулҳу субот ва безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро ба таври шоиста адо мекарданд.

То соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат буд. Ба ғайр аз ҷузъу томҳои тобеи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамзамон дар тобеияти Вазорати мудофиа қисму воҳидҳои низомии алоҳида низ фаъолият менамоянд. Аз ҷумлаи онҳо Литсейи ҳарбӣ, Донишкадаи ҳарбӣ, Полки комендантӣ, қисмҳои ҳарбии таъминотӣ ва дигар идораҳои ҳарбӣ мебошанд, ки аксари онҳо аз солҳои аввали ташкилёбии Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфта, вобаста ба иҷрои вазифаҳои муҳими соҳавӣ корҳои зиёдеро амалӣ менамоянд.

Дар натиҷаи ислоҳоти низомӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, он ҳанӯз идома дорад, корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфт, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ муттаҳид гардонида шуд, дар замина Колеҷи Олии низомӣ Донишкадаи ҳарбӣ таъсис ёфт, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид карда шуд ва аз ҳама муҳим бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои мусаллаҳ, ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд.

То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъминнамудани сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд.

Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъутомҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир кардашуд. Баҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.

Баҳри ҳамоҳанг созии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳарсол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи дар назди онҳо гузошташударо вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд. Артиши миллии Тоҷикистон бистушашсол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тоза истиқлоламон таъсис додашуд.

Ҳукумати мамлакат бовуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, бабунёд ва таҷдиду аз навсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсус гардонида шуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Артиши миллӣ бовуҷуди надоштани заминаи моддию техники пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пурқудрати дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдилёфт.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳбударо бартараф карда, давра бадавра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутоб ёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст ва яке аз муқаддасоти миллӣ–рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад.

Имрӯзҳо маҳз бо шарофати кӯшишу заҳматҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳикишвар Эмомалӣ Раҳмон Артишимиллии Тоҷикистон дар ҳоли рушду тараққиёт қарор дошта, хеле пурқувват низ гардидааст. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа Артиши миллии Тоҷикистон, бинобар ҷанг дида ва кор озмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу суббот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои авали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бидуни Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлатаст.

Бояд, ҳар як афсару сарбози шуҷои кишвар, ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бо нангу номуси миллат бадаст омадааст.

Илова бар ин, ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки мардуми Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи худ ифтихор намуда, дар симои ҳар яки онҳо фарзандони далеру шуҷои Ватани азизамонро мебинанд ва бовар доранд, ки онҳо ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқу вафодор мемонанд.

Мо ҷавонон, ки ояндагони ин миллати пурғановат ва ин диёри биҳишт осоем, талош бар он меварзем, ки дар пешрафти Артиши миллӣ саҳми худро гузошта, ба халқу Ватани худ сарбаландонаю ҷавонмардона хизмат кунем.

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи давлату миллат, марзу буми кишвар барои ҳар як шаҳрванде, ки онро сарбаландона иҷро намудааст, ифтихори бузург аст. Маҳз ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст дошта, ба савганди худ содиқ монда, онро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Дар зарфи беш аз ду даҳсола Артиши миллии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдилёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавони обутоб ёфтаро ба камол расонидааст.

Имрӯз ҷавонони бонангу номуси тоҷик хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Мардуми Тоҷикистон хуб дарёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои авали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор дошт, ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвасти давлат ва Ҳукумати мамлакат дар кадом сатҳаст. Барои сохторҳои низомӣ тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираҳо истифода мекунад. Зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён аз сарбози қаторӣ тоафсари оли рутба вобаст амебошад.

Аз ин хотир, ҳар афсару сарбоз ва ҳар ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият бахалқу Ватанро талаб менамояд. Чун ки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, субботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат бар зимаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзу ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо сулҳу суббот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

Ҳар ҷавон бо хизмати содиқона бояд исбот намояд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошад.

Рауфзода Комрони Қадриддин докторант PhD - и ихтисоси ҳуқуқшиносии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро вазифаи муқаддаси шаҳрвандон муқаррар кардааст (моддаи 43). Ин аст, ки дар таърихи миллати мо 23 феврал – Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳим мақоми хоса дорад. 23 феврали соли 2025 аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон 32 сол пур мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон соли 1993 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, дар шароити бисёр мураккаби сиёсӣ ва иқтисодии кишвар таъсис ёфтаанд. Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда, бо кушишу заҳматҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон тадриҷан рушд намуда, имруз ба яке аз артишҳои тавоно, пуртаҷриба, ҷасуру содиқ ба Ватану давлати худ мубадал гардидааст.

Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун унсури асосӣ ва стратегии ҳомии марзу буми Ватан, ҳимоя ва амнияти моро аз ҳамагуна таҳдидҳои истифодаи қувваи ҳарбӣ таъмин мекунанд.

Қувваҳои Мусаллаҳ асоси ташкилоти ҳарбии давлати мо буда, барои таъмини амнияти ҳарбӣ ва мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии он нигаронида шудаанд.

Феълан Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз нерӯҳои хушкигард, нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоии зидди ҳавоӣ иборат буда, бо аслиҳаву таҷҳизоти зарурии мудофиавӣ таъмин аст.

Дар муддати солҳои соҳибистиқлолӣ заминаҳои ҳуқуқии ташкилу фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ташаккул ёфта, тамоми ҷанбаҳои ҳуқуқии ин ниҳод танзими худро ёфтаанд. Сохтор, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ асос ёфтаанд, аз ҷумла:

1) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ буда, ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муқаррар намуда, дар он принсипҳои ҳимояи соҳибихтиерӣ ва ҳимоия тамомияти арзии кишвар мустаҳкам шудаанд.

2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки асосҳои ҳуқуқии ташкил, сохтор, мукаммалсозӣ ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ, вазифаҳо ва ваколатҳои онро дар таъмини амнияти кишвар муаяйн намуда, масъалаҳои идоракунӣ, маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии артишро танзим мекунад.

3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ", ки тартиби даъват кардани шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ, адои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар масъалаҳои марбут ба уҳдадории ҳарбиро танзим намуда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои хизматчиени ҳарбӣ, инчунин масъулият барои саркашӣ аз хизмати ҳарбиро муқаррар мекунад.

4) Доктринаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки самтҳои асосии сиёсати ҳарбии давлат, ҳадафҳо ва вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳро дар соҳаи таъмини амнияти ҳарбӣ муайян намуда, принсипҳои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳ, омодагӣ ба ҷанг ва омодагии сафарбаркуниро муқаррар намуда, асоси таҳияи нақшаҳои ҳарбӣ ва барномаҳои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳро пешбинӣ мекунад.

5) Дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумат, Фармоишҳои Вазорати мудофиа ва дигар санадҳое, ки ҷанбаҳои алоҳидаи фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро танзим мекунанд.

Бояд қайд кард, ки заминаи қонунгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мутобиқи тағйироти вазъи геополитикӣ ва мушкилоти замони муосир пайваста бозбинӣ ва такмил карда мешавад.

Таъминоти ҳайати шахсии артиши Тоҷикистон ҷанбаи муҳими фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад. Он ҷанбаҳои гуногун, ба монанди таъминоти моддӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, хизматрасонии тиббӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Хизматчиёни ҳарбӣ тибқи меъерҳои муқарраргардида бо амвол, ғизо ва дигар воситаҳои зарурии моддӣ таъмин карда мешаванд. Таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ аз маоши вазифавӣ, маош барои рутбаи ҳарбӣ, инчунин иловапулӣ ва пардохтҳои гуногун иборат аст. Андозаи таъминоти пулӣ аз рутба, вазифа, собиқаи хизмат ва дигар омилҳо вобаста аст. Бо мақсади баланд бардоштани ҳавасмандии хизматчиёни ҳарбӣ, Ҳукумати мамлакат давра ба давра барои зиёд кардани таъминоти пулии онҳо чораҳои зарурӣ меандешад. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо кафолатҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз қабили хизматрасонии тиббӣ, маориф, таъмини манзил ва ғайра дода мешаванд. Аз ҷумла, хизматчиёни ҳарбӣ ба хизматрасонии ройгони тиббӣ ва инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ ҳуқуқ доранд. Хизматрасонии тиббии хизматчиёни ҳарбӣ дар беморхонаҳои ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои тиббӣ амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ, хизматчиени ҳарбӣ метавонанд барои табобат ба муассисаҳои тиббии шаҳрвандӣ фиристода шаванд. Ғайр аз ҷанбаҳои дар боло зикршуда, таъминоти ҳайати шахсии артиши Тоҷикистон инчунин масъалаҳои дастгирии психологӣ, истироҳатю фарҳангӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахсус сарбозони қаторӣ, афсарони ҷузву томҳои артиш имрўзҳо аз дастгирӣ ва ғамхории давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор буда, он дар шаклҳои гуногуни моддию маънавӣ амалӣ карда мешавад, ки маҳз ин чораҳо ҳавасмандии ҷавонони кишварро барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рӯз аз рӯз тақвият дода истодааст.

Дар пасманзари тағйири сохтори геополитикии ҷаҳон, бархурди манфиатҳои абарқудратҳо ва дигар таҳдидҳои глобалӣ омодагии дифоии қувваҳои ҳарбӣ ногузир ва муҳимтарин рукни давлаторӣ маҳсуб мешавад. Бинобар ин, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз яке аз муҳимтарин вазифаи имониву виҷдонии ҳар фарди Тоҷикистон, иҷрои рисолати таърихӣ дар назди наслҳои оянда буда, шарти асосии пояндагӣ ва бақои давлатории навини тоҷикон маҳсуб мешавад.

Махмадуллозода Нурулло Рахматулло,

номзади илмҳои ҳуқуқ, ходими калони илмии шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии АМИТ

Истиқлоли давлатӣ ҳамчун дастоварди беназири таърих барои мардуми тоҷик ба осонӣ муяссар шуд, вале душманони мо барои ноором сохтани вазъи сиёсии кишвар нақшаҳои муғризонае тарҳрезӣ намуда, мехостанд Тоҷикистонро ба нестӣ баранд. Баъди ба эътидол омадани вазъ низ, як зумра нотавонбинон садди рушди мамлакат шуданд. Шуруъ аз воқеаҳои солҳои навадуми асри ХХ, то муноқишаҳои марзӣ собит гардид, ки Артиши мо пушту паноҳи кишвар ва умедгоҳи занону модарон аст.

Дар ҳолати мураккаби сиёсӣ Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба тасвиб расонда, барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Пас аз ду моҳи тасдиқи ин ҳуҷҷати муҳим 23-феврали соли 1993 дар майдони марказии Душанбе аввалин паради низомии артиши Тоҷикистон баргузор гардид ва ин рӯз дар таърихи кишвари соҳибистиқлол Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имсол 32-юмин солгарди таъсисёбии худро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфт, ҷашн мегиранд. 32-сол барои Артиши миллии Тоҷикистон давраи талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳмат ва ҷоннисориҳо ҷиҳати расидан ба ҳадафу мақсадҳои дерина буд.

Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки бо теъдоди ночизи яроқу техникаи ҳарбӣ боқӣ монда буд, ҳоло тавоно ва замонавӣ гардидааст. Он дорои техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз, варзишгоҳу машқгоҳҳо ва мутахассиони баландпояи ҳарбӣ мебошад. Имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд. Афзудани хатарҳои ба сулҳу суботи сайёра, бахусус минтақа таҳдидкунанда, яъне терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва авҷ гирифтани фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои реаксионӣ, ки қасди ноором сохтани вазъи сиёсиро доранд ва имрӯз раванди рушду инкишоф ва тараққиёти кишварамонро халалдор карданӣ мешаванд, кормандони тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аз сарбози қаторӣ то афсари олирутбаро водор месозад, то барои рафъ ва барҳам задани ҳадафҳои душманон омода бошанд.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ шоҳид будем, ки сарбозони мо, яъне фарзандони ҷоннисори мо дар муноқишаҳои марзӣ корномаҳо нишон доданд ва нагузоштанд, ки марзи давлативу миллии мо рахна гардад. Ҷавонписарони огоҳ аз асрори ҳарбӣ дарк карданд, ки Тоҷикистонро ба ҷуз аз онҳо каси дигар ҳифз намекунад. Имрӯз ба шарофати заҳмату ранҷи онҳое, ки дар набардҳо ва муборизаҳо баҳри расидан ба Истиқлоли давлатӣ иштирок карда, сулҳу оромиро пойдор намуданд, Тоҷикистон рӯз ба рӯз ободу зебо ва тамоми соҳаҳои ҳаёти мардум рушду инкишоф меёбанд.

Ҳар як фарди ватандӯст, масъули таълиму тарбия ва нафарони бонангу номус бояд дар қалби ҷавонон эҳсоси садоқат ба Ватан, ба давлату миллат ва сокинони онро бедор намуда, онҳоро раҳнамоӣ созанд, то хизмати худро дар сафҳои Артиши миллӣ сарбаландона ба ҷо оранд. Баҳои сазовори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин рӯзи фараҳбахш ёдрас шудан, бамаврид аст: «Хидматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар таъмини сулҳу суботи устувор, амнияти давлат ва мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ, ки пешрафту тараққиёти кишварамон бевосита аз онҳо вобаста мебошад, нақши барҷаста ва бузург доранд».

Ҷавонписарони мо ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ рафта, пайи ҳифзи кишвари хешанд. Имрӯзҳо донишҷӯёни мактабҳои оливу касбӣ низ, бо ихтиёри худ ба ҳимояи Модар – Ватан камар бастаанд ва роҳбарияти донишгоҳу донишкадаҳо барои онҳо имтиёзҳо муқаррар кардаанд. Бовар дорем, ки оянда парвардагони мактаби давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо садоқат ба Меҳани хеш марзу буми моро дифоъ мекунанд ва дар сари як ваҷаб хоки сарзамини аҷдодӣ истодагарӣ менамоянд.

Ҷайлоев Ҷамшед ҲУСЕЙНОВИЧ - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Худойбердизода Саидмири УБАЙДУЛЛО - номзади илмҳои техникӣ ходими пешбари илмии озмоишгоҳи “Маводҳои ба коррозия устувор”-и Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо