Skip to main content

13123Бо ташаббус ва пешн­иҳоди бевоситаи Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои милл­ат, Президенти кишва­р, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2009 – 8 март ҳамчун “Рӯзи иди модар” таҷлил карда мешавад ва ин басо рамзист, зеро ҳаёт аз модар сарчашма мегирад.

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.

Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.

Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.

Дастгирии занону духтарон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 таъкид гардид. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки “…занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем”.

Ба таъбири дигар за­н-модар олиҳаи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаб­бат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озо­дагиву нафосат ва на­зокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад.

Тамоми таърихи инсон­ият маҳсули офаридго­рии зан-модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ, арбобони давлату сиёсат, илму фарҳанг, адабиёту ҳунар тарбиятдидаву тарбиятгирифтаи зан-м­одар будаанд. Чуноне, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳ­мон қайд менамоянд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷики­стон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки си­ёсатмадори шинохта, донишманди асил, сар­вари муваффақ, соҳиб­кори саховатпеша, та­биби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номд­ор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубон­ро мебинад, ки ин мо­яи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтих­ор дорад, ки ба мона­нди Абуабдуллоҳи Рӯд­акӣ, Абулқосим Фирда­всӣ, Абулфазли Балъа­мӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шеро­зӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абд­улқодири Бедил, Аҳма­ди Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуро­в, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон ва садҳо дигар фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардо­рони миллатро ба дунё овардааст:

Туӣ пирам, туӣ тадби­ри пирам,

Дуоям кун, дуоятро бигирам.

Намемирӣ ту, эй мод­ар, агар ман,

Барои модари миллат бимирам.

Маҳз ҳамин аст, ки ашъори зиёди гузаштаг­они номдори мо ба зе­боиву назокат, ҳусну малоҳати занону дух­тарони тоҷик бахшида шуда, дар давоми са­дсолаҳо вирди забон гардидаанд:

Ҷаҳонсозу ҷаҳонороӣ, эй зан!

Сутуни гунбади мино­ӣ, эй зан!

На танҳо қалъаи дил­ҳоӣ, эй зан,

Ки ҳатто қалъаи дун­ёӣ, эй зан!

Бояд зикр кард, ки дар тамоми давраҳои таърихии миллатамон қадру қиммати зани то­ҷик ҳамеша баланд буд ва нақши он дар ин­кишофи тамаддуни фар­ҳанги миллӣ басо буз­ург аст. «Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷа­сорат Гурдофариди са­фшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирису Рухшонаю Маликаи Бухорхудот ва садҳо дигар модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқ­лолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаа­нд».

Оре, сарчашмаи тамо­ми музаффариятҳои мо модарон низ будаанд. Беҳуда нагуфтаанд: «Вақте ки мо писарро тарбия мекунем, мо як мардро ба воя ме­расонем, аммо вақте ки духтарро ба камол мерасонем, миллат ба камол мерасад».

Бо ташаббус ва даст­гирии бевоситаи Пешв­ои миллат имрӯзҳо як қатор тадбирҳои муш­аххас, аз ҷумла, қаб­ул гардидани барномаи давлатӣ оид ба ҷоб­аҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, бунёди хобгоҳҳо барои дон­ишҷӯдухтарони лаёқат­манди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ҷудо намуд­ани грантҳои президе­нтӣ барои сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва даҳҳо масоили дигари занони замони мо ам­алӣ шуда-истодааст.

Бузургии Зан-Модар дар мақому манзалат ва хислатҳои ӯ таҷас­сум меёбад. Агар чун­ин намебуд, дар кито­би муқаддаси Қуръони маҷид яке аз сураҳои калонтарин, яъне Нисо, ки саросар дар бораи зан ва ҳуқуқҳои ӯст, оят нозил нам­ешуд.

Убайдулло М.О - ходими калони илмӣ Маркази инноватсионии биология ва тиб

Ҳеҷ шоир мисли модар ин қадар бедор нест,

Дар сари гаҳвораи шеъраш чунин афгор нест.

Ҳаст ҳар як сатри шоир қатрае аз хуни дил,

Ҳамчунон модар, вале ӯро дили хунбор нест.

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи ҳоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. Оре, маҳз бо туфайли ҷонкоҳонии модар мо ба дунё омада, одам ном гирифтем. Аз ин ҷост, ки мо ӯро муқаддас мешуморему дар лаҳзаҳои душвортарин номашро ба забон мегирему мегӯем: Модарам! Модарҷонам!

Меҳру муҳаббату самимияти модар ва шабзиндадориҳои модар ин ҳамаро бо ҳеҷ чиз баробар натавон кард. Модар ҳаст, ки мо ҳастему ҳаёт ҳаст. Кист он касе, ки аллаи модаро нашунида бошад, аз шири сафеди ӯ баҳра наёфта бошад.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Чи тавре ки бузургон гуфтаанд.

“Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.

Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.

Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддастар аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар як модари барои фарзанд гиромитарин ва наздиктарин инсон ҳастанд. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшанда.

Hавозиши дастони модар беҳтарин истироҳат аст барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.

Вақте, ки фарзандаш 1-2 сола мешавад, модар ба вай аввалин калимаҳоро ёд медиҳад. Вақте ки фарзанд калимаҳоро аз бар карда натавонад, модари бузург бо вай пайваста калимаҳоро такрор карда, омӯхтани онро мусоидат менамояд, то ки фарзанд сухан карданро ёд гирад, тарзи озодона сухан карданро аз худ намояд ва дар синни 3-4 солагӣ ба ӯ тарзи рафтору кирдор ва ба калонсолон чӣ тавр суханронӣ намуданро нишон медиҳад.

Дар ҳаққи модарон чӣ қадар сухан гӯем кам аст… онҳо хеле бузурганд!

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст

Дар зери қудуми Модарон аст.

Маҳмадулоева Н.М. Лаборанти калони шуъбаи онтология, гносеология ва мантиқи ИФСҲ-и АМИТ

Душанбе – яке аз калонтарин шаҳри Тоҷикистон ва пойтахти бошукӯҳи он буда, маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар аст. Майдонҳои таърихӣ ва осорхонаҳои қадимии он дар бораи ҳаёти тамаддунҳое, ки ҳазорсолаҳо пеш дар қаламрави шаҳр зиндагӣ мекарданд, нақл мекунанд. Дар соҳили Душанбе ҳанӯз дар асри сеюм ва шояд ҳатто дар асри чоруми пеш аз милод як шаҳри қадимӣ пайдо шуд, ки андозаи он дар замони Кушониён - дар марзи даврони мо ва баъдтар барои шаҳри замони худ муқаррарӣ буд ва бозёфтҳои зарфҳои антиқӣ дар дигар ноҳияҳои Душанбе ба он ишора мекунанд, ки дар паси деворҳои шаҳр шаҳракҳои деҳотӣ низ мавҷуд буданд.

Ҳудуди Душанбе ва музофоти атрофи он дар асрҳои миёна бо номи шаҳр ва вилояти Шумон ёд шудааст. Дар рисолаи «Ҳудуд-ул-олам» (982-983) ин макон чунин тасвир шудааст: «Шумон шаҳрест устувор ва гирди ӯро кӯҳҳо иҳота кардаанд, андар миёни он рӯди бузург аст ва аз вай заъфарон хезад».

Аввалин зикри хаттӣ дар бораи деҳаи Душанбе дар охири соли 1676 ба қайд гирифта шудааст. Он дар чорроҳаи роҳҳо пайдо шуда, рӯзҳои душанбе дар ин ҷо бозори калон мегузашт, ки аз ин рӯ чунин номгузорӣ шудааст. Дар деҳа зиёда аз500 хонавода ва тақрибан8000 нафар зиндагӣ мекарданд.

Тибқи иттилои муаррихон соли 1747 Душанбе дар ҳайати бекигарии Ҳисор ба Аморати Бухоро тобеъ мегардад. Дар давраҳои минбаъда бекигарии Ҳисор аксар вақт сиёсати мустақилонаи худро пеш бурда, ба марказ кам итоат мекард. Ҷангҳои феодалии ин давра барои марказонидани минтақаҳои саркаш боиси харобии шаҳру деҳот мегардид. Метавон гуфт, ки ин боис шуд то дар асри XIX Душанбе якчанд маротиба мавриди тохтутоз қарор гирад. Аз ҷумла дар солҳои 40-уми асри XIX шаҳр ду маротиба: аввал аз ҷониби беки Дарвоз –Исмоилхон, сипас аз ҷониби ҳокими Балҷувону Кулоб – Мизробшо вайрон карда мешавад.

Соли 1826 шаҳр Душанбе-Қурғон ном доштва нахустин харита бо нишондоди шаҳри Душанбе соли1875 тартиб дода шудааст. Он вақт шаҳр як қалъа дар соҳили канори кӯҳ буд, ки 10 000 нафар аҳолӣ дошт. Маҳаллаҳои шаҳр ҳам аз рӯи мансубияти касбии устодон ва ҳам аз рӯи ҷамоатҳои миллӣ тақсим карда шуданд. Марказҳои ҳаёти ҷамъиятӣ корвонсаройҳо буданд.

Имрӯз Душанбе пойтахти муосири ҷаҳон, шаҳри офтобӣ бо инфрасохтори рушдёфта мебошад, ки он аз рӯи шумораи кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳое, ки бо номи шоирону нависандагон номгузорӣ шудаанд, пешқадам аст, ки ин бори дигар хотираи амиқи таърихии тоҷиконро тасдиқ мекунад.

Душанбе оинаест, ки дар он таърихи ҳаёти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон инъикос меёбад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти Пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар эътирофи саҳми барҷастаи шаҳр дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамбастагӣ дар ҳаёти ҳаррӯза4 августи соли 2004 Бо қарори ЮНЕСКО ба Душанбе Ҷоизаи Якуми "Шаҳри Сулҳ"-и минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором барои солҳои2003-2004 дода шуд.

Бояд гуфт, ки рушди босуботи пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. Соли 2021 пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуда буд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардида буд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда буданд. Котиби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати махсуси “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида буданд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон рӯзи пойтахт ҳамчун иди давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Он барои мардум аҳамияти таърихӣ ва фарҳангӣ дошта, рамзи дастовардҳои бузург аст, ки дар сиву се соли охир беҳисобанд. Муҳимтарини онҳо сулҳ, субот ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки аз ҷониби нерӯҳои солими ҷомеа таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст.

Давлатова Фарида, - ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳре аст, ки имрӯз ба маркази бузурги чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин шаҳр дорои марказҳои илмӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва идории муҳимтарин дар кишвар мебошад. Илова аз ин дар шаҳри Душанбе бузургтарин ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Душанбе калонтарин шаҳри Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои чаҳор ноҳияи маъмурӣ: Шоҳмансур, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Сино мебошад. Имрӯз, ин шаҳр дар як муддати кӯтоҳ пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, ба яке аз шаҳрҳои зебои ҷаҳон табдил ёфтааст. Ҳамзамон ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои гуногун, махсусан кишварҳои Ховари Миёна, боиси тавсеа ёфтани равобити бародаршаҳрии Душанбе бо онҳо гаштааст, ки равобитро бо кишварҳои хориҷӣ хеле афзудааст.

Дар айни замон Душанбе бо 18 шаҳри давлатҳои Осиё, Аврупо, Амрико, Африқо ва ИДМ бародаршаҳр мебошад. Ин бародаршаҳрҳо шомили Санъо (Ҷумҳурии Яман), Лоҳур (Ҷумҳурии Исломии Покистон), Теҳрон ва Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон), Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон), Урумчӣ, Сямэн, Чиндао ва Музофоти Хайнан (Ҷумҳурии Мардумии Чин), Анқара(Ҷумҳурии Туркия), Клагенфурт(Ҷумҳурии Австрия), Ройтлинген(Олмон), Боулдер(ИМА), Монастир(Тунис), Лусака(Замбия), Ашқобод(Ҷумҳурии Туркманистон), Санкт-Петербург (Федератсияи Россия) ва Минск (Беларус) мебошанд.

Иқдомҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ назаррас буда, ин раванд яке аз роҳҳои муаррифии шаҳри Душанбе ва дигар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон барои ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Ҳолометавон гуфт, ки Душанбеи навини Тоҷикистон бо кӯшиш ва талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба симои расмии Ватани азизамон табдил гардида, таҳти роҳбарии шаҳрдори ҷавонаш муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахт ба шаҳри пешрафта бо инфрасохтори муосир ва мувофиқ барои шаҳрдорӣ ва шаҳрнишинӣ табдил шудааст.

Зикр намудан ба маврид аст, ки дар шаҳри Душанбе як қатор мушкилотҳои сатҳи байналмилалӣ баррасӣ ва роҳи ҳалли худро меёбанд, ки яке аз ин падидаҳо дар ҷаҳони муосир ин мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад, ки вобаста ба ин масъалаи мубрам чандин мартоиба ҳамоишҳову конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Ин зуҳурот, бо таваҷҷӯҳ ба хатарҳои глобалӣ, тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш ва нигаронӣ овардааст. Бо дарназардошти чунин вазъият, моҳи майи соли 2018, бо ташаббуси Тоҷикистонва дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳо ва сарони кишварҳои ҷаҳон, дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки онро «Раванди Душанбе» номиданд. Дар оянда, «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» ҳамчун платформаи муҳим барои ҳамкории созанда ва судманд байни ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор барои таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ хизмат хоҳад кард. Номбар кардан зарур аст, ки намояндагони Ӯзбекистон, Тунис, Испания, Шри-Ланка, Кирибати, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Чин, Марокаш ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар СММ дар баромадҳои худ дар брифинг, саҳм ва ташаббусҳои байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ муҳим арзёбӣ карданд. Онҳо иқдоми навбатии кишвари моро оид ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд муҳим ва саривақтӣ хонданд.

Ҳамчунин, яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеъаи ҷаҳонӣ ин масъалаи об мебошад. Дар моҳи июни соли 2024 даршаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалӣ дар соҳаи об баргузор гардид. Ин вохӯрӣ масъулиятҳои навро ба миён овард, ки дар он ҳамкориҳо дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, баррасии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда идома ёфт ва барои тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи «Раванди оби Душанбе», тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сокинони шаҳри Душанбе дар атрофи давлат ва Ҳукумати кишвар сарҷамъ омада, барои пойдории оромӣ, амният ва зиндагии шоиста кӯшиш намуда истода, барои ҳифзи дастовардҳои нав дар замони соҳибистиқлолӣ ва хизматҳои шоёни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори ҷавонамон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои расидан ба уфуқҳои тозаи пешравиҳо ҳамқадаму ҳамфикру ҳаммароманд. Онҳо бо садоқат ва муҳаббат ба миллат ва давлат, барои таҳкими амният, осудагии халқ, рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, инчунин боз ҳам баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ талош мекунанд.

Одинаев Абдуҳалим, - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Номи шаҳри Душанбе дар солҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамчун маркази маъмурии кишвари мустақили Тоҷикистон ба ҷаҳону ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Ин шаҳри зебову замонавӣ, ки дар остонаи кӯҳҳои баланд ҷой гирифтааст, сол то сол ободтару дилработар мегардад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази ҷумҳуриро чунин тавсиф намудаанд: «Пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст».

Бале, Душанбе, оинаи софу беғубори миллати тоҷик аст. Ҳар сол ҳазорҳо нафар меҳмонон аз кишварҳои гуногун ба ин ҷо омада, мавзеҳои зебоманзари пойтахтро тамошо мекунанд. Пойтахтро «боғшаҳр» меноманд, гулҳои зебою назаррабо ва манзараҳои дилфиребашро тамошо карда, таърифу тавсиф менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо такя ба принсипҳои сиёсати «дарҳои боз», сулҳҷӯёна ва фидокорӣ муносибатҳои дӯстонаи ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва мутақобилан судмандро бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва бо як қатор кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои шарикии стратегӣ барқарор ва минбаъд онҳоро ва таҳким бахшидааст.

Дар баробари ин сиёсати хориҷии давлати мо ба таъмини иштироки васеъ ва самараноки кишвар дар созмонҳои дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст. Тоҷикистон бо татбиқи чунин сиёсат дар таъмини амнияту сулҳ, ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ ва муколамаи созанда саҳми амалии худро мегузорад ва инчунин аз имконоти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба манфиати таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими мавқеаш дар арсаи байналмилалӣ истифода мебарад.

Дар як муддати кутоҳ аз руи меъёрҳои таърихӣ ҷумҳурии мо бо 180 давлати чаҳон муносибатҳои комилҳуқуқи дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъоли созмонҳои бонуфузи байналмилали ва минтакави гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии шарикӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкориҳоро бо СММ ва ниҳодҳои махсуси он, СҲШ, СААД, САҲА, ЭКО, инчунин бо шарикони рушд, институтҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ густариш дод. Махсусан ба рушди муносибатҳои судманд дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Чаласаҳои созмонҳои зикршуда дар шаҳри Душанбн баргузор гардиданд, ки ин барои кишвари мо ифтихори бузург аст.

Дар баробари ин бояд қайд намоем, ки Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллиии илмҳои Тоҷикистони низ дар пойтахт се конфронси байналмилалӣ гузаронид, ки дар онҳо олимону мутахассисони кишварҳои гуногун бо маърӯзаҳои ҷолиби илмию назариявӣ ва амалӣ баромад карданд.

Дар биноҳои муҳташами «Қасри миллат», «Наврӯзгоҳ», «Тоҷикистон» «Хеят реҷенси», «Гранд - отел» «Душанбе - сирена» ва ғайра мунтазам чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ доир мегарданд. Дар воқеъ, шаҳри Душанбе ба маркази ҷамъомадҳои сатҳи баланд, баргузории форуму конфронсҳои бузурги байнидавлатӣ ва созмонҳои байлмилалию минтақавӣ табдил ёфтааст.

Манучеҳр Расулов, Алқос Сайдалиева - ходимони илмии Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии АМИТ

31231313Ҷомеаи ҷаҳонӣ танҳо дар доираи фаъолияти дастаҷамъона ва муштарак метавонад дар мубориза бо зуҳуроти нангини замони муосир – терроризм ва экстремизм муваффақ гардад. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа не, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама қитъаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, ин терроризм ва экстремизм мебошад. Олимону муҳаққиқон навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, экологӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, технологӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян карда, ба ин натиҷа расидаанд, ки дар замони муосир аз ҳама беш терроризму экстремизми динӣ ҷаҳони муосирро ба мушкилот гирифтор намудааст. Ба ақидаи аксар сиёсатшиносон экстремизм бештар дар дин, ки хусусияти ҷалбнамоӣ дорад, реша меронад ва он дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба мушоҳида мерасад. Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва фармонҳои худро қонунҳои шариат меноманд. Ин, пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ пайвастагӣ ба арзишҳои динӣ надорад. Дар варақаҳои хабарии мақомотҳои пешрафтаи хабарӣ, номҳои шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣшомил шудаанд бештарпайдо мешаванд. Пас, ин амалкарди ифротгароён аз бединию хиёнати онҳо дарак медиҳад.

Зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм дар минтақаи Осиёи Миёна аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта сарчашма мегирад. Вазъияти геополитикии Осиёи Марказӣ нишон дод, ки таъсири минтақаҳои ноустувор аз қабили Қафқоз, вилояти мухтори Синзияни Чин, Афғонистон, Шарқи Наздик боиси нооромии сиёсӣ гардад. Дар робита ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, табиӣ, иқлимӣ ва таърихӣ водиҳои Фарғона ва Қаротеғин, ки қисман минтақаҳои Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегиранд, имконияти кам доранд барои рушди фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Ҳамзамон ин минтақаҳо майдонҳои муносиббарои пинҳон кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, батаври пинҳони ташвиқот кардани идеологияи ифротгароии худ дар байни аҳолии маҳаллӣ имконияти хуб пайдо карданд. Аз ин ҳолат намояндагони ташкилотҳои террористию экстремистӣ истифода намуда, ба ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ намуданд. Дар шароити номуайянӣ мардумро ба як самти барои худ дилхоҳ равона намудан душвор буд ва барои ин маблағҳои калонро масраф кардан лозим меомад. Аз ин лиҳоз, муассисони чанде аз ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси ҳамонвақта бо баҳонаи ҳифз кардани дин ба баъзе аз ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявии кишварҳои дигар, аз ҷумла давлатҳои исломӣ муроҷиат намуданд.

Дар чунин вазъият давлатҳои исломӣ ин равандро истифода бурда, бо тезӣ ва мақсаднок онҳоро маблағгузорӣ карданд. Аз тарафи дигар, вуҷуд надоштани назорати қатъӣ, бемасъулиятӣ дар қисмҳои ҳарбие, ки аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар қаламрави Тоҷикистон боқӣ монда буданд, ба он оварда расонид, ки онҳо ба фурӯхтани яроқу аслиҳа ба гурӯҳҳои гуногун ва оғоз кардани муҳимоти ҷангӣ оғоз намуданд. Бар замми ин, сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бе назорати қатъӣ монд, ки дар ҳудуди он гурӯҳҳои зиёди террористӣ арзи вуҷуд мекарданд. Осиёи Марказӣ дар алоҳидагӣ ва дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ин ки бо хатари ифротгарои муқовимат намоянд. Зеро роҳи ягонаи муқовимат бо чунин падидаи номатлуб, дастаҷамъона ба вуҷуд овардани роҳҳои коҳишдиҳандаи ин хатар ва мубориза бар зиддӣ он мебошад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ бо хатари ифротгарои ҳар яке бо роҳҳои мухталиф муқовимат менамоянд ва хусусияти ҳар кишвари минтақа гуногун ба назар мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон. Мақомоти Тоҷикистон солҳои охир чораҳо барои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротгароиро боз ҳам қавитар намуданд. Дар Тоҷикистон бори аввал 8 декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисттон “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)” интишор шудааст, ки асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат бо ифротгароиро бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори конститутсионӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амниятии давлатро муайян менамояд.

Инчунин, дар Тоҷикистон барои муқовимат бо ифротгароӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм (ифротгарои) ва терроризм барои солҳои 2016-2020 ва “Нақшаи амалҳо доир ба амалишавии стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм (ифротгарои) ва терроризм” қабул шуд. Тоҷикистон дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ аввалин кишваре шуд, ки чунин санадеро ба тасвиб расонид.

Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаи мубориза бар зидди ифротгароии сиёсӣ-динӣ ва пешгрии он яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва инчунин мақомоти худидоракунии маҳалливу ташкилотҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Узбекистон ба ҳисоб меравад.

Дар кишвар низоми муқовимат бо ифротгарои ва терроризм ташкил ва рушд ёфта истодааст. Унсурҳои асосии ин низомро: Прокуратураи Генералии кишвар ва воҳидҳои дахлдори Кумитаи амнияти миллӣ, инчунин Вазорати корҳои дохилии кишвар ва мақомоти маҳаллӣ (комитети маҳаллӣ) дар бар мегиранд. Ҳамзамон, ҳамчун унсурҳои ёрирасон дар ин низом васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандии кишвар фаъолият менамоянд.

Бо мақсади мубориза бо ифротгарои Ҷумҳурии Узбекистон бо фармони Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев Қонун “Дар бораи муқовимат бо экстремизм (ифротгарои)” аз 30.07.2018 №ҚҶУ-489 қабул шудааст. Мақсади қонуни мазкур танзими муносибатҳо дар самти муқовимат бо ифротгарои мебошад. Дар қонунуни мазкур ба мафҳумҳои “ифротгароӣ”, “фаъолияти ифротгароӣ” ва “гурӯҳҳои ифротгароӣ” ифодаи дақиқ ва фаҳмо дода шудааст.

Барои муқовимат дар самти ифротгароӣ ва пешгирии ҷалби ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои ифротӣ дар Узбекистон корҳои дахлдор гузаронида мешавад, ки он дар ҳамкории мақомати давлатӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятиву динӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ ҳар сол барномаҳои махсуси давлатӣ барои мубориза бо ифротгароӣ, терроризм, маводҳои таблиғоти дар интернет (шабакаҳои иҷтимоӣ), баланд бардоштани таҳаммулпазирии ҷавонон ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ гузаронида мешавад.

Ҷумҳурии Қазоқистон. Муқовимат бо терроризм ва ифротгарои динӣ (мазҳабӣ) дар Қазоқистон хусусиятҳои худро дорад ва яке аз самтҳои таъмини амнияти миллии давлат ба ҳисоб меравад.

Санади асосии барои муқовимат бо ифротгароӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ин Қонун “Дар бораи муқовимат бо экстремизм ва терроризм” аз 18 феврали соли 2005 ба ҳисоб меравад, ки базаи асосиро барои дарки моҳияти ифротгароӣ (амалҳои ифротгароӣ) ташкил медиҳад.

Ҳуҷҷати дигари қабулшудае, ки он ҳам хеле муҳим аст, барномаи муқовимат бо терроризм ва ифротгароии динӣ (мазҳабӣ) барои солҳои 2018-2020 ба ҳисоб меравад. Дар сарлавҳаи ин ҳуҷҷат омадааст, ки хатари ҷиддӣ барои амнияти миллии кишвар ин масъалаи ифротгароӣ ва терроризм ба ҳисоб меравад.

30 январи соли 2017 дар паёми солонаи худ ба мардум Президенти ҳамонвақтаи кишвар Нурсултон Назарбоев барномаи давлатии “Қазоқистони рақамӣ” – ро таҳия намуд, ки яке аз қисмҳои он ба самти мубориза бар зидии терроризм, ифротгароии динӣ (мазҳабӣ) ва кибертерроризм равона шуда буд.

Инчунин, дар кишвар барои солҳои 2017-2020 Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо мақомотҳои давлатии ин кишвар барномаи давлатии “Мубориза бо ифротгароии динӣ (мазҳабӣ) ва терроризм дар Ҷумҳурии Қазоқистон”-ро таҳия намудааст.

Тавре, ки дар лоиҳа қайд карда шудааст, ҳадафи барнома то охири солҳои 2020 - 20% (дар муқоиса бо соли 2016) кам намудани шумораи одамоне, ки ғояҳои ифротиро пайравӣ менамоянд ва барои барангехтани кинаву адовати қавмӣ, миллӣ ва динӣ (мазҳабӣ) мусоидат мекунанд. Ба 95% баланд бардоштани самаранокии кори мақомотҳои дахлдор оид ба пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва амлаҳои террористӣ дар Қазоқистон пешбинӣ шудааст. Инчунин, мувофиқи ин санад то соли 2020 ба нақша гирифта шудааст, ки сатҳи амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар кишвар коҳиш дода мешавад ва рафъи оқибатҳои он ҳадди ақал 95%-ро ташкил хоҳад дод.

Ҷумҳурии Туркманистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр барои муқовимат бо ифротгарои ва терроризм дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкории худро ба роҳ мондааст. Моҳи ноябри соли 2019 дар Ашқобод оид ба мавзӯи ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои мубориза бо терроризм ва ифротгарои машваратҳо баргузор шуданд. Дар он ҷо намояндагони кишварҳои Россия, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон ва Туркманистон имкони густариши ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароиро дар доираи созмони мазкур баррасӣ намуданд.

Ғайр аз он, иштирокчиёни вохӯри таъкид доштанд, ки барои муқовимат бо ифротгарои ва терроризм васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ унсури хеле муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамкорӣ бо онҳо ба мақсад мувофиқ аст.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

НУРАФШОН БОЗОРОВА- Докторант PhD-и бахши 3-юми Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Февраль 25, 2025 15:53

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутафаккирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо эътироф намудаанд, ки дар таъриху тамаддуни башарӣ тоҷикон ҳамчун мардумони ориёитабор яке аз миллатҳои қадимтарин ва забони модарияшон, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои бостонии сайёра ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Сарходими илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода вобаста ба мақоми забони тоҷикӣ аз давраҳои қадим то замони муосир чунин ибрози назар намудааст:

— Хуросони куҳан ва Фарорӯд (Мовароуннаҳр) бар асоси ковишҳо, пажуҳишҳо ва бозёфтҳои бостоншиносон сарзамини бениҳоят бостонӣ аст, ки аз дергоҳ дар он инсон зиндагӣ мекардааст. Ин марзу бум гаҳвораи яке аз дурахшандатарин ва куҳантарин тамаддунҳои ҷаҳон буда, сокинони он дорои тамаддуну фарҳанги чандинҳазорсола мебошанд ва ганҷинаҳои фикрию маънавии онҳо дар марҳалаҳои гуногун ба забонҳо ва гӯишҳои мухталиф нигошта шудаанд.

Пажуҳишҳои зиёде аз донишмандон баёнгари он аст, ки сарзаминҳои Хуросони бостон ва Мовароуннаҳр зодгоҳ, ҷавлонгоҳ ва парваришгоҳи забони тоҷикӣ будааст.

Забони тоҷикӣ решаи қадимӣ дорад ва дар Хуросону Фарорӯди то истилои араб ба ин забон сухан мегуфтаанд.

Давоми ҳазор сол забони мардуми Хуросон ва Мовароуннаҳр ба ҳайси забони илму адаб, забони расмиву идорӣ ҳавзаи густурдаеро фаро мегирифт. Аз ҷумла, дар Хуросонзамин забони тоҷикӣ на танҳо забони гуфтугӯ, балки забони расмӣ буд ҳама умури девонии давлат, ба монанди фармонҳо, номаҳо, қарордодҳо ва амсоли онҳо ба ҳамин забон буд.

Аҳли пажуҳиш, аз ҷумла донишмандони номдори Эрон дар арсаи забону адабиёти тоҷикӣ-форсӣ, ҳамчун Маликушшуаро Баҳор, Саид Нафисӣ, Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Парвиз Нотили Хонларӣ, Забеҳулло Сафо, Шоҳрух Маскӯб, Аҳмадалӣ Риҷоӣ, Ҷалол Матинӣ, Дориюш Ошӯрӣ, Маҳмуд Афшори Яздӣ ва чанд тани дигар бар ин ақидаанд, ки забони тоҷикӣ нахуст дар Хуросону Мовароуннаҳр ба вуҷуд омада ва баъд ба сӯи ғарби Хуросон, яъне Эрони имрӯз роҳ боз намудааст ва ба назари онҳо, ин ҳақиқат имрӯза падидаи пазируфташуда аст.

Забони дарӣ хеле куҳан буда ва ду ҳазор сол пеш ҳам як забони барҷаставу барозанда будааст. Ва мусалламан агар чунин тавоноӣ намедошт, чӣ гуна метавонист ба марҳалаи балоғат ва фасоҳат дар даврони Сомониён бирасад ва осори бисёр боарзишеро, монанди девони Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва дигар офаринишҳои ҳунарӣ ба вуҷуд оварад? Забони порсии дарӣ бо ҳамон фасоҳату балоғате, ки дорад, дар поёни садаи XII ба дараҷаи камол расидааст ва донишмандони бузурге, ҳамчун Ибни Сино ва Абӯрайҳон Берунӣ, осори илмии хешро дар риштаи фалсафа ва ситорашиносӣ ба ин забон навиштаанд.

Забони дарӣ бо мурури замон на танҳо ба роиҷтарин ва ҳамагонитарин забони ин марзу бум табдил гардид, балки василаи ҳамдигарфаҳмӣ ва риштаи васл байни қавмҳову қабилаҳои мухталиф гардид ва бино бар тавоноиҳое, ки доштааст ва ҳам аз он хусус, ки ба маҳаллу тоифае мансуб набудааст, дар андаке замоне забони расмӣ, дарборӣ ва умумӣ барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна ва ҳамчунон аз ақсои Ҳинд то Рум гардид ва санадҳою номаҳои расмиву давлатӣ аз Истанбул то Дакан ба ин забон эҷод мешуданд. Дар ҳақиқат, забони тоҷикӣ нақши забони байналмилалиро барои тамоми ин минтақаҳо дошт.

Забони тоҷикӣ ба бисёре аз забонҳои дунё таъсир гузоштааст. Ҳатто дар забонҳои расмии Чин, Булғористон ва Туркия вожаҳои тоҷикӣ вуҷуд доранд ва аз ин назар бо забони юнонӣ қобили муқоиса мебошад. Ҳамчунин номи бархе аз маконҳо ва шаҳрҳо дар Руминия ва Маҷористон аз забони тоҷикӣ реша гирифтаанд.

Аз забони тоҷикии имрӯза садҳо калимаҳои байналмилалӣ, ба монанди бозор, корвон, кимиё, шимиё, ҷомадон, шалвор, алкул, дито, бонк, тойгар(бабр), дарвеш, булбул, шол, шукр, ҷавон, ёсуман, исфиноҷ, шоҳ, лимон, калид, камондон (ҳамон камондори тоҷикӣ), урд (амр, фармон), астор, сервис, дорюш, гов, тӯфон, модар, падар, хуб, бад, ном, ком, гом, ланг, лак, лаб, абрӯ, ман, бадан, духтар ва вожаҳои зиёди дигар ба бештари забонҳои муҳими дунё роҳ пайдо намудаанд.

Албатта, забони тоҷикӣ ҳамон тавр, ки вожаҳое аз забонҳои ҳамсоягонаш пазируфтааст, вожагони зиёде низ ба онҳо додааст. Таъсири назарраси забони тоҷикӣ дар забонҳои нимҷазираи Ҳинд ниёз ба тавзеҳ надорад.

Забони тоҷикӣ забони байналмилалии ирфон аст. Бисёре аз орифоне, ки аз нажоди турку арабу ҳинд ҳастанд, китобҳои ирфонии худро ба тоҷикӣ навиштаанд. Мактаби тасаввуфи ҳиндуэронӣ, ки аз тариқи ҳавзаи форсизабонон ба Осиёи ғарбӣ ва ҳатто ба шимоли Африқо нашр ёфтааст, бештар китобҳо ва матнҳои худро ба наср ё шеъри тоҷикӣ навиштааст ва забони тасаввуф дар нимҷазираи Ҳинд ва ҳатто дар байни туркон ҳамвора тоҷикӣ будааст.

Дар забонҳои аврупоӣ, аз ҷумла дар англисӣ имрӯз низ калимаҳое бо решаи тоҷикӣ вуҷуд доранд ва шумораи ин калимаҳо ба садҳо вожа мерасад.

Дар китобҳои муқаддаси пайравони динҳои ҷаҳонӣ вожаҳои бисёре аз забони тоҷикӣ вуҷуд доранд, монанди Бағдод, аланбор, Уммон, рустоқ, ҷайҳон, Басра (паси роҳ), рофидин, Ҳиндукуш, шибирқон (шопургон), танга ва амсоли онҳо.

Садҳо вожаи тоҷикиро дар забонҳои қирғизӣ, қазоқӣ, уйғурӣ, туркманӣ ва дигар забонҳо дидан мумкин аст, ки бо мурури садсолаҳо ба ин забонҳо нуфуз кардаанд.

Забони тоҷикӣ барои ҳафтсад сол забони идории Ҳиндустон буд, то ин ки соли 1836 Чарлз Вилям забони англисиро ба ҷои забони тоҷикӣ расмият дод.

Забони тоҷикӣ дар дарозои таърихи ҳазору садсола баъд аз аҳди Сомониён ба рағми душвориҳои ҷонсӯз зинда монд ва ба забони фаромиллие дар ҳавзаи тамаддунии мо табдил гардид ва ҳама қавмҳову нажодҳо забони тоҷикиро ба ҳайси забони расмиву давлатӣ, забони муштарак ва ҳамдигарфаҳмии ин марзу бум пазируфтанд.

Ин забон ёдгори ҷовидонест аз пайвастагӣ ва хешовандии мардумони форсизабон дар гузашти рӯзгор то ба имрӯз. Ин ки мардумони Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон якдигарро бе тарҷумон мефаҳманд ва суҳбат менамоянд, қиссаву афсона нест, балки нишонаи бақову устувории ин забон аст. Бояд ба ин ягонагии ҳавзаи фарҳангӣ ва ин ғановате, ки ҳамаи тоҷикзабонон ба он ҳуқуқи баробари соҳибият доранд, арҷ гузошт.

Бояд гуфт, ки ҳоло тоҷикӣ дар Тоҷикистон, забони форсии муосир дар Эрон ва дарӣ дар Афғонистон дар бахши вижагиҳои савтӣ, грамматикӣ, луғавӣ ва меъёрҳои адабӣ, луғатҳову истилоҳот ва ғайра дар пояи забони муштараки форсии дарии он давр қарор надоранд.

Имрӯз тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ се шохаи нави забони порсии дарии классикӣ буда, ҳар кадом роҳи мустақили ташаккули худро доранд. Аз нигоҳи ҷомеашиносии забон, тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар се давлат давоми қарнҳои баъдӣ дар як мақом қарор надоштаанд. Забони форсии муосир дар Эрон ҳамеша ягона забони давлатии ин мамлакат буд ва дар баробари он забони дигаре дар ин мақом қарор надошт. Аммо тоҷикӣ ва дарӣ дар муҳит ва вазъи дузабонӣ мавриди истифода шуда, имрӯз пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди озоди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст.

Яке аз тафовутҳо байни тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ дар бахши истилоҳот, аз ҷумла истилоҳоти илмиву техникӣ ба мушоҳида мерасад. Манбаи гуногуни истилоҳпазирӣ иллати тафовути назаррас дар луғати тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ гардидааст. Агар манбаи истилоҳоти муосири хориҷӣ барои забони тоҷикӣ русӣ бошад, ин манбаъ барои форсии Эрон забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ ва барои Афғонистон англисӣ маҳсуб мешавад. Меъёрҳои адабии форсии муосир ва тоҷикӣ низ дар сабкҳои забонӣ тафовут доранд.

Ин ҳама мушаххасоти забонӣ далели дурустии истилоҳи «забони тоҷикӣ» ва муносибу мувофиқ будани он барои забони тоҷикии муосир мебошад. Истифодаи «забони тоҷикӣ» бар ивази «форсӣ» ё «дарӣ» ҳеҷ маънои инкори таърихи гузаштаи ин забонро надорад. Имрӯз дар Ғарбу Шарқ ва дигар давлатҳои ҷаҳон ин се шохаи забони форсии нав ва ё форсии дариро бо ҳамин номҳо мешиносанд.

Ғайр аз ин, тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ ҳамчун забони адабӣ дорои лаҳҷаҳои маҳаллии гуногун ҳастанд, ки ин лаҳҷаҳо танҳо бо ҳамин шаклҳои адабии забон иртибот доранд ва ин лаҳҷаҳо танҳо манбаи ташаккули забони адабии минтақаи худ мебошанд. Мавҷудияти се шакли адабии забони порсии дарӣ дар се минтақа дар мақоми забони давлатии се ҷумҳурӣ ба гузаштаи таърихии забони муштараки классикӣ иртибот дорад.

Тоҷикон мардуми ориёии эронинажод давоми ҳазорсолаҳо дар ин сарзамини таърихии хеш сукунат доштаанд ва ин миллати номвар имрӯз номбардори гузаштагони хеш ва посдори фарҳангу суннати ниёгони хеш аст. Аз ин рӯ, аз номи тоҷик ва ҳам аз забони тоҷикӣ бояд ифтихор намуд, таърихи миллат ва таърихи забони миллиро пайваста бояд омӯхт ва онро гиромӣ дошт.

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣСарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол – шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари сарсабзест дар домони кӯҳҳои сарбафалак. Шаҳри Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шавқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе кишварест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канори бузургаш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари ғамхор дӯсташ медорем. Меҳане, ки сар то сар гул-гулшукуфону ободу зебову бофароғат аст. Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор, маркази умеду армон аст.

Даме, ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме, ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехӯрем, беихтиёр нидо мекунем:

Душанбе макони мардони хирад, занони ба ору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор: Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор мегардонад.

Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд.

Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи ба ору номуси ин сарзамини дилорост. Даме, ки дар эҷодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин боғшаҳри дилкушоро мутолиа менамоем, метавон гуфт, ки Душанбе даҳчанди ин ситоишҳову фузунтар аз ҳамаи арзишҳост, зеботар аз ҳамаи зебогиҳои олам аст, ки ақли бинандаро мафтун мегардонад.

Азнавсозиву ободонӣ ва пешравиҳои пойтахти азизамон аз заҳмату корнамоиҳои шабонарӯзии фарзонафарзанди миллат, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ далолат мекунад. Соли 2021 пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шуда буд, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣбо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ифтитоҳи расмии эълон гардидани “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” баргузор гардида буд, ки дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии муқими шаҳри Душанбе, роҳбарияти вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсату идораҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон, ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуда буданд. Котиби Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бекетжан Жумангулов ва директори иҷроияи Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов дар бораи таърих ва аҳамияти барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод” суханронӣ намуда, Сертификати махсуси “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021”-ро ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида буданд. Маврид ба зикр аст, ки Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод”, бо мақсади муаррифии фарҳангу тамаддун, имкониятҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳои мазкур роҳандозӣ шуда буд.

Бояд гуфт, ки Душанбе ҳамеша чун «шаҳри сабз» шуҳрат дошт, аммо солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида шудаанд. Созандагиву ободкорӣва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати бунёдкоронаи давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Ин аст, ки дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷиби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе симои худро куллан дигар намудаву дарахтони ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногуни сояафкан ба ҳусни он таровати тоза зам намудааст. Бозсозиҳою бунёди майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳо барои бозиҳои кӯдакон, ки ҳоло назди манзилгоҳҳо ҷараён доранд, бо ҳеҷдавре қобили қиёс нестанд. Ободониҳое, ки имрӯз дар пойтахти Ватани азизамон шуда истодаанд, албатта, ба сатҳи маънавиёти ҷомеа, ахлоқу рафтори сокинон ва фарҳанги шаҳрдорӣбетаъсир намемонанд. Хушбахтона мо ба ин восита Душанбеи хешро ба шаҳри хирад, «шаҳри накӯкорон» табдил дода, орзуи деринаи гузаштагонамонро амалӣгардонидем.

Хулоса, Душанбе ҳамчун маркази бузурги Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол, ҳар рӯзу ҳар соат дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз онро ободу зебо, бофароғату дилнишин дидан метавон.

Муллоева Н.М. н.и.х. - ходими пешбари имлии Маркази таҳқиқоти технологияи инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Моҳи декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми худ Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, якдилона қабул кард.

Ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро 153 давлати узви ин созмон ҷонибдорӣ намуд. Қабули чунин як қатъномаи барои ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ муҳиму муфид мояи ифтихору сарфарозии ҳамаи тоҷикони ҷаҳон гардид.

Дар асоси ин Қатънома, 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе низ ба тасвиб расид. Ин ташаббуси Пешвои миллат барои инсоният ва сайёраи мо воқеан аҳамияти бузург дорад, зеро он ба ҳифзи табиат ва захираҳои обӣ, дар маҷмӯъ ба ҳифзи ҳаёти инсоният дар сайёраи мо равона шудааст.

Нақши пиряхҳо дар таҳаввулоти кураи Замин ва инсоният хеле бузург аст. Инкишофи муҳити ҷуғрофии кураи Замин бо мувозинати гармӣ ва намнокӣ муайян карда мешавад, ки он ба ҷараёни шаклгириву тағйирёбии пиряхҳо сахт вобаста аст.

Пиряхҳо ҳангоми паст шудани ҳарорати ҳаво ва зиёд шудани бориш ба иқлими Замин таъсир мерасонанд. Аз ин рӯ, инсониятро зарур аст, ки ба обшавии пиряхҳо роҳ надиҳад. Дар сурати обшавии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солонаи Замин метавонад баланд гардад ва ба ҳаёти инсоният таъсири манфӣ расонад. Гузашта аз ин, пиряхҳо манбаи асосии оби ошомиданианд ва захираи ягонаи оби тозаи сайёраро ташкил медиҳанд. Ин воқеият на танҳо барои аҳолии Замин, балки барои ҳайвоноту наботот ҳам ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳо дарёҳои нав ба вуҷуд меоваранд, ки бидуни онҳо рушди зироаткорӣ ва таъмини инсоният бо ғизо дар ҷаҳон имконнопазир аст.

Дар даҳсолаҳои охир баландшавии мизони миёнаи ҳарорат дар ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Ин падида ба “натиҷаи амали гармхонаҳо”, ки ба ифлосшавии ҳаво иртибот дорад, вобаста аст. Саранҷоми ин ҳама обшавии пиряхҳо ва хеле кам шудани майдони онҳо мебошад.

Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо бо суръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки то соли 2100 нисфи пиряхҳои кӯҳии ҷаҳон аз байн хоҳанд рафт. Тақрибан 1,5-2 миллиард нафар одамоне, ки дар кишварҳои мухталифи Осиё, Аврупо ва Америка зиндагӣ мекунанд, ба душвории камбуди об дучор мегарданд ва дарёҳое, ки аз пиряхҳо сарчашма доранд, хушк мешаванд. Дар баробари ин, сатҳи баҳрҳо, уқёнусҳо баланд шуда, заминҳои назди соҳилҳо зери об мемонанд. Ва ин падидаи фоҷеабор ба рушди зироаткорӣ ва зиндагии мардум таъсири бад мерасонад. Яъне обшавии пиряхҳо башарро бо афзоиши масоили глобалии экологӣ рӯ ба рӯ месозад.

Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри XXI ба ҳалли масоили глобалии экологӣ хеле афзуд. Ин падида аз он мегӯяд, ки инсоният масъалаи коҳиш ёфтани захираҳои ҳавои тозаву обро дарк карда истодааст. Инро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд. Таҳқиқот манзараи нигаронкунандаи вазъи захираҳои табиӣ ва дурнамои онро пеши назар меоваранд. Яке аз таҳдидҳои глобалӣ ба зиндагии башар коҳиши захираҳои об мебошад. Мушкилоти истифодаи об дар ҷаҳон ба омили муҳими таъсиргузор ба иқтисодиёту иҷтимоиёт, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ табдил ёфта истодааст. Дар пайи зиёдшавии шумораи аҳолӣ дар сайёраи Замин ҳаҷми истеъмоли об низ зиёд гардид. Вале, захираҳои обӣ рӯзафзун кам мегарданд.

Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи саноат дар тӯли зиёда аз 100 соли охир босуръат афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд.

Ба андешаи олимон, то соли 2025, дар сурати наандешидани тадбирҳои таъҷилӣ ҳудуди 3 миллиард нафар бидуни оби ошомиданӣ ва маишӣ мемонанд. Тақрибан дар байни солҳои 2035 ва 2045 ҳаҷми оби тозаи истеъмолшуда ба захираҳои он баробар мешавад. Тибқи аснод, танҳо 2,5% оби мавҷуда дар Замин ширин ва муносиб ба нӯшидан аст.

Норасоии оби тоза метавонад боиси мушкилоти ҷиддии иҷтимоии марбут ба саломатии инсон гардад. Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 88% бемориҳо дар ҷаҳон вобаста ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва камбуди об барои поккорӣ будааст.

Таърихи инсоният гувоҳ аст, камбуди об боиси даргириҳои мусаллаҳонаи байни давлатҳо мегардад. Дар даҳсолаи охир ин гуна ихтилоф дар 46 кишвари ҷаҳон, ки 2,7 миллиард аҳолӣ доранд, рух додааст ва дар 56 кишвари дорои 1,2 миллиард аҳолӣ хатари ҷиддии бесуботии сиёсӣ вуҷуд дорад. Хусусан бо бад шудани муҳити зист ихтилофи миёни давлатҳои минтақаҳои Шарқи Наздику Миёна, Осиёи Марказӣ ва Африкаи Шимолӣ зиёд хоҳад шуд.

Захираҳои маҳдуди об дар ҳавзаҳои дарёҳо рақобати миёни кишварҳоро тезутунд мегардонад. Эҳтимоли сар задани ихтилоф бар асоси манфиатҳои иқтисодӣ миёни давлатҳои ҳамсоя, ки дар саргаҳ ва резишгоҳи дарёҳо ҷойгиранд, ба маротиб меафзояд Дар ин шароит зиддияти алоқаманд ба камбуди об махсусияти байналмилалӣ мегирад ва оқибатҳои эҳтимолии муборизаи миёни давлатҳоро пешгӯӣ кардан душвор аст.

Имрӯз барои ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати муосири мансуб ба об ва роҳу усулҳои илман асосноки ҳалли мушкилоти он зарур мебошад. Дар ин замина, сиёсати об бояд яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб равад. Он бояд дастгоҳи асосӣ барои таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ бошад.

Омӯзиши амиқи масоили ҳалли мушкилоти обӣ, сиёсати одилонаи марбут ба он дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дарки нақш ва таъсири он ба равандҳои геполитикии муосир дар минтақа имрӯз хеле мубрам ва муҳим аст. Мақсад аз зикри ин нуктаҳо равшан намудани мазмуну моҳияти иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи муассиру оқилонаи он буда, ҳадафи калидии онҳо, ба фикри мо, ҳалли яке аз мушкилоти умдаи башарият, яъне раҳоӣ аз буҳрони обӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони ҷаҳонишавии олами муосир гирифтори буҳронҳои шадиди сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ буда, буҳрони марбут ба оби тоза аз ҷумлаи муҳимтарин ва мушкилтарини онҳост.

Чуноне ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», моҳи июни соли гузашта дар шаҳри Душанбе изҳор намуданд, Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ садҳо миллион доллари ШМА зарар дидааст. Ба андешаи Сарвари давлат, тағйироти иқлим ва оқибатҳои он ба иқтисоди ҷумҳурӣ хисороти ҳангуфт меоранд, зеро Тоҷикистон давлати кӯҳистонӣ буда, пиряхҳои зиёд дорад. Дар натиҷаи ин раванд афзоиши бесобиқаи обхезӣ, селҳои пиряхӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ мушоҳида мешаванд. Тайи чанд даҳсолаи ахир дар Тоҷикистон беш аз як ҳазор пирях об шуда, пиряхи калонтарини дунё дар хушкӣ – Федченко, ки дар мамлакати мо ҷойгир аст, аз лиҳози ҳаҷм 16 километри мукааб ва аз лиҳози масоҳат 45 километри мураббаъ кам гардидааст. Дар ин робита, Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳоро дар давраи то соли 2030 қабул намудааст. Бо мақсади пайгирии ин равандҳо ва андешидани тадбирҳо барои мутобиқшавӣ ба онҳо Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Академияи миллии илмҳо Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дод. Қобили зикр аст, ки масоҳати пиряхҳо ҳашт аз сади қаламрави мамлакатро ташкил медиҳад.

Аз ин лиҳоз,татбиқи ташаббуси навбатии байналмилалии Пешвои миллат оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон — ин давоми мантиқии амалисозии ташаббусҳои марбут ба ҳифзи захираҳои об дар ҷаҳон мебошад. Бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 -Даҳсолаи байналмилалии “Об барои ҳаёт”, соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2018-2028 - Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” эълон намуд, ки мақсадаш беҳтар намудани истифодаи об ва риояи адолат дар раванди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфтанд, дар ҳалли мушкилоти об ҳам дар саросари ҷаҳон ва ҳам дар кишварҳои алоҳида мусоидат карданд.

Ҳамаи ин ташаббусҳои Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон танҳо як ҳадаф доранд-бунёди минбари универсалӣ ва бисёрҷанба барои муҳокима ва ҷустуҷӯи роҳҳои оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об.

Муаллифи ҳама ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои об — Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо андешаҳои созандаи худ дар соҳаи истифодаи захираҳои об обрӯву мартабаи байналмилалии Тоҷикистонро ба маротиб боло бурданд. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор медоранд, «об дар рушди инсоният нақши ҳалкунанда дорад. Мардум аз қадимулайём дар наздикии сарчашмаҳои обе маскан гирифтаанд, ки ҳаёту ободӣ мебахшанд. Воқеан, об сарчашмаи ҳаёт аст ва инсоният ҳамеша онро ҳамчун сарвати муқаддас ситоиш ва васф кардааст. Дар шароити кунунии афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди иқтисод ва таъсири дигар мушкилоте, ки сарбории изофӣ ба захираҳои табииро эҷод мекунанд, арзиши об ба маротиб афзоиш хоҳад ёфт”. Аз ин рӯ, роҳандозии муколамаи созанда дар мавзӯи об, рушди дипломатияи об, татбиқи ташаббусҳои нави марбут ба захираҳои об ба мисли «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» метавонад барои ҳамкории дарозмуддати кишварҳо дар соҳаи истифодаи захираҳои обӣ шароит фароҳам оварад ва дар оянда низоъҳои марбут ба ин мушкилро пешгирӣ намояд.

Дар Қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо барои дурнамои рушди инсоният ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст.

Бояд гуфт, ки бори аввал дар соли 2009 дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим дар Дания, инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи роҳбарони Эътилофи обу иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки об шудани босуръати пиряхҳо дар канори истеъмоли аз меъёр зиёди об, ки вобаста ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ аст, саранҷоми ногувор дорад. Таъкид шуда буд, ки таъсири гармшавии глобалӣ ва коҳиши пиряхҳо махсусан дар манотиқи кӯҳсор, боиси сар задани падидаҳои фоҷеабор дар сатҳи геополитикӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии олами муосир мешавад.

Ба ҳамин хотир, амалишавиииқдоми созандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вижа “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва 21 марти ҳар сол таҷлили “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”ва инчунин таъсиси “Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки барои наҷоти башар нигаронида шудаанд, боиси дастгирии ҳамаҷониба буда, роҳ ба сӯи ояндаи дурахшони Замин ва башарият аст.

Дар анҷом ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро ҳамчун ташаббускори сиёсии сатҳи глобалӣ ва ҳамзамон масъулиятшинос муаррифӣ намуда, барои муттаҳидсозии саъю кӯшиши тамоми ҷонибҳои манфиатдор, бахусус пешвоёни сиёсии ҷаҳон дар қабул ва татбиқи тадбирҳо ҷиҳати таъмини идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи пиряхҳо шароит фароҳам меоварад.

Ба шарофати ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва хидматҳои хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон имрӯз ҳамчун нақшофари муҳим ва калидии ҷаҳон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ шинохта шудааст.

Ҳайдарзода Рустам, - директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои фалсафа

Модар – азизтарин, дилсӯзтарин ва покмаништарин шахс барои ҳар як инсон мебошад. Олиҳаи ҳусн, парвардаи зебоию иффат, офаранда ва тарбиятгари инсон дар зиндагист. Ӯморо на танҳо ба дунё овард, тавассутишабзиндадорию аллаҳои ширин, каломи фасеҳ ва машаққатҳои шабонарӯзӣ бузург намуд, балки баробар бо ин заҳматҳои сангин талош варзид, ки ҳамешасоябону ҳимоябонамонбошад.

Пас, модар ҳаст, ки мо ҳастемва ҳаёт ҳаст. Аз таввалуди худ шодӣ мекунемуаҳсант ба модар мегӯем, ки ӯ моро офариду парвариш кард, бузург гардониду соҳибкасб намуд. Ба мо тарбияи дуруст доду худогоҳамон намуд, то худро бишиносему нисбат ба дигарон эҳтиром гузорем.

Аз ин рӯ, бамаврид аст бигӯем, ки зиҳӣ модар, зиҳӣ модар, ки бо меҳри беҳамто ва навоизишҳои гармат ба қалбамон нур бахшидӣ, бо суханҳои латифу шарифат забонамонро гӯё гардонидӣ, бо ду дастони нарму навозишгаратдастамон дошта, роҳгардӣ ёд додӣ, то мустақил ба пойи худ равон гардем. Соҳиби донишу маърифат, ҷоҳу мансаб гашта, нақши иҷтимоии худро барои эҳтирому азиз доштани ту, ҳимояи марзу буми кишвар, забону фарҳанги миллат, ояндаи дурахшон ва зиндагии шоистаи мардум иҷро намоем. Беҳуда нест, ки дар ҳама ҳолат ҷиҳати раҳоӣ аз мушкилот ва пайдо кардани роҳи наҷот мо аз ту ёд мекунем, дасти имдод аз ту металабем. Мазмуни ин гуфтаро шоир бешакк бо шакли образнок ва хеле ҳам зебо ва фасеҳ ба риштаи назм накашидааст:

Сарбоз гаҳи набард модар гӯяд,

Ҷонаш чу фитад ба дард модар гӯяд.

Симои падар ба ёд ояд, аммо,

Дар лаҳзаи гарму сард модар гӯяд.

Мардуми фарҳангофару маънавиятгустари тоҷик аз қадим ба қадру манзалати волои модар арҷмегузоштанд ва ин анъанаи аҷдодӣ то ба имрӯз аз ҷониби меросбарони он ҳамчун арзиш, як фазилати поки инсонӣ ба ҷо оварда мешавад. Зеро, модар аст, ки ба зиндагии ҳаррӯзаимо насли имрӯзи миллат хушиву фараҳ ва шодӣ зам мекунад. Як табассуми ӯ бароямон як олам маъноро дар мағзамон меғунҷонад. Модар аст, ки ҳар рӯз ба мо неру медиҳад, раҳоӣ аз мушкилоту монеаҳои рӯзгор мегардонад.

Шинохти модар, муаррифии бузургманишии ӯ дар ҳама давру замон аз масоили муҳимми мутафаккирону донишмандон, сиёсатмадорону дигар андешамандон қарор дошт. Махсусан, агар ба саҳифаҳои дурахшони таърих чашм андӯзем ҳазорҳо ҳикматҳои ноб, гуворо ва арзишманд нисбати ин олиҳаи зебоӣ дидаҳоро нуронӣ менамоянд. Мазмуни ҳар як сухан, ҳар як ҳикмат як ҷаҳон маъноро дар худ таҷассум медорад. Аз ҷумла, Наполеон барҳақ зикр дошта буд, ки “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”.

Ба андешаи Пегуве “Модар ягона офаридгорест дар рӯйи замин, ки худошиносон намедонанд”. Бузургманишии модарро як андешаманд бо номи Кулриҷ басо рӯзмарра тавсиф карда, нигошта буд: “Модар ҳатто пас аз марг ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳонаст”. Ё худ меҳрубонию хоксорӣ ва самимияти доштаи модарро Муҳаммад Ҳиҷозӣ ба эътибор гирифта, менависад, ки “Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст”. Шоири соҳибқалами тоҷику форс Амир Хусрави Деҳлавӣ бошад, ранҷу машаққате, ки модар дар бузург кардани фарзанд мекашад ба риштаи назм кашида, дар ду мисраъ як олам маъноро ғунҷоиш медиҳад: “Якшаба он ранҷ, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид”. Донишманди дигари маъруфи тоҷик Абдулқодири Бедил низ дар домони поки модар бузург шудани фарзандро зебо тасвир карда менависад: “Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст, То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.

Аз суханони Балзак бошад, ба мазмуни “Модар воситаи эҷод ва рамзи хилқат аст. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббате беҳтар ва воқеитар аз муҳаббати модар биёбед” масъалаи қудрати офарандагӣ доштани модар ва муҳаббати самимиаш нисбат ба фарзанд ошкор мегардад.

Бо баҳои воқеии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомлаӣ Раҳмон “Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост”.

Имрӯз новобаста аз зиддиятҳои пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва бархурди мудаввоми фарҳангҳо домони модар ҳақиқатан дабистони нахустин барои фарзандон мебошад. Бо вуҷуди ин, онҳо ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки доираи фаъолияти худро фарох карда, на фақат барои тавлиду тарбияи фарзанд худро масъул гардонанд, балки дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолият карда, рисолати шаҳрвандии худро дар пешрафти ҷомеа ва дурнамои рушди он иҷро кунанд. Зеро манзалати модар дар хонаводаи муосир пеш аз ҳама ба сатҳи маърифат ва донишу саводи модарон иртиботи зич дорад ва рушду камолоти оилаи солим низ аз маърифатнокии онҳо маншаъ мегирад.

Махсусан, дар даврони Истиқлол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому манзалати зан-модар эҳтироми хосса дода мешавад. Онҳо баробари мардон ҳуқуқ доранд, ки вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар ва шуғли доштаи худ ба фаъолият пардозанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин шаванд ва барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии хонаводагӣ, расидан ба зиндагии шоиста саҳми худро гузоранд.

Ин аст, ки ба хотири эҳтиром доштани ҷойгоҳи зан-модар ҳамасола дар сатҳи ҷумҳурӣ рӯзи 8-ум март чун "Рӯзи Модарон" бошукуҳ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат иди баҳору зебоӣ, иди баҳори хуҷастапайк барои модарону занони тоҷик фарруху фархунда бошад. Ҳамеша зебо, тансиҳат, болидахотир ва боэҳтиром бошанд.

Самиев Б.Ҷ. - мудири шуъбаи фалсафаи фарҳанги Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Дар замони муосир кам нестанд олимоне, ки зимни баёни андеша каломи мавзунро истифода мебаранд. Дар гузашта ва имрӯз буданду ҳастанд афроде, ки маҳсули тафаккури онҳо назму насрро фаро гирифтаанд. Гурӯҳе маҳорати хешро дар назм бештар истифода карда, дар таблиғу таҳқиқи масоили иҷтимоӣ тавассути ашъор нақш гузоштаанд. Яке аз зумраи онҳо доктори илмҳои ҳуқуқ Дониёр Сангинов аст, ки аксар тамоюлоти фикриро тавассути шеър матраҳ менамояд. Номбурда бо тахаллуси “Дониёр” шеър гуфта, дар мавзуи ҳуқуқу қонун ва масоили сулҳу ваҳдату осоиш беш аз пеш иктифо намудааст. Ба қавли муҳаққиқ Равшани Ҳамроҳ, ки ба китоби ашъори номбурда таҳти унвони “Фахр дорам, тоҷикам” пешгуфтор навиштааст, шеърҳои Дониёр Сангинов тахайюли бадеиро кам мавриди баррасӣ қарор дода, ғолибан, андешаро барои хонанда ба таври равшан пешниҳод менамояд. Ин шакли услуб ва вижагиҳои илҳомию эстетикии муаллиф имкон фароҳам меорад, ки хонанда ҳадафи шоирро бидуни шарҳу тафсир дарк кунад: “Ағлаби шеъри Дониёр, асосан, аз воқеияти зиндагии имрӯзаи мо сарчашма мегирад. Вуқуъбаёниҳо назми ӯро аз тахайюл дуртар мебарад. Тобишҳои иҷтимоии назмаш дар китоби мавриди назари мо рӯшану чашмгиранд”.

Ба қавли шоир, ҷонфидоиҳои тоҷик оқибат раванди тоҷикистонсозиро тавлид намуда, ормони миллӣ бинобар татбиқи сиёсати сулҳ боис гардид, ки худогоҳии миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз хурофотзадагии динӣ бартарӣ ёбад. Мавсуф дар ин бобат чун ҳамаи ҳамватанон нақши Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олиро дар санаи 1992 ба унвони “санаи тақдирсоз” изҳор менамояд. Тибқи фикррониҳо, дар он замон бародар алайҳи бародар ҷангида, шаҳрвандони кишвар ба душмани ҷони якдигар мубаддал гардида буданд. Маҳз дар он овон ва дар якчунин авзоъ, ки масъалаи ҳастию нестии миллату давлатро падид оварда буд, раҳбари хирадманде ба майдони фаъолият омад:

Амри Ҳақ ин буд, ки омад як хирадманд он замон,

Ҳомии миллат ато шуд аз Худои меҳрубон.

Як ҷавонмаде, ки будаш сол чил, шуд роҳбар,

Сина бинмудӣ сипар бар ханҷару тиру камон.

Ҳокимият рӯ ба фақр оварда будӣ бегумон,

Душмани ҷони бародар буд бародар он замон.

Ҳамин омилҳо шоирро водор кардааст, ки бобати нақши калидӣ доштани Пешвои миллат дар умури давлатсозии миллӣ иктифо карда, маҳорати раҳбарию солории Сарвари давлатро ҷиҳати пойдории сулҳу рафоқат ва тантанаи осудаҳолӣ бар ҷанги хонумонсӯз таъкид кунад. Аз ҳамин хотир, ҳама гуна муваффақиятҳо дар чаҳорчӯби рушду тараққии сарзамин хушҳолӣ аст, ки онро барои шаҳрвандони кишвар Сарвари давлатамон тақдим намудаанд. Бинобар ин, омили ифтихору ҷоннисории мо бидуни дудилагӣ фаъолияти Пешвои миллат маҳсуб мешавад, ки сарзамини тоҷиконро аз буҳрони сиёсӣ ба давлати тараққикарда оварда, ҳама гуна хатарҳоро ҷиҳати ноором кардани авзоъ ва аҳволи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф менамоянд:

Рушду ободии кишвар баҳри миллат шодӣ аст,

Як ҷаҳон раҳмат бигӯем бар Шумо, эй Пешво!

Хидмати халқу Ватанро аз дилу ҷон мекунем,

Чун фидокоре Шумо бошад бари мо раҳнамо!

Илова бар ин, Дониёр Сангинов зимни баррасии масъалаҳои илмӣ ва аҳволи олимон аз таъсири амиқи Сарвари давлат ба уламои кишвар ёдоварӣ карда, оқибат ба хулосае меояд, ки суханпардозиҳои ғайри қобили қабул ҳеҷ гуна иртиботе бо илм надоранд. Бинобар ин, мавсуф ҳар гуна баҳогузориҳои ғайриилмиро дар ғайбати фард маҳкум мекунад:

Вой бар он соҳибунвоне, ки ғайбатгар шавад,

Як нафас дур аз китобу хомаву дафтар шавад.

Шоир дар каломи хеш аз ҳаргуна муваффақиятҳо хушнуд гардида, изҳори сипос менамояд, ки дар кишвари биҳиштосои мову шумо қабл аз ҳама, сулҳу осоиш ва рушду тараққии дилхоҳ соҳа ба мушоҳида мерасад. Мавсуф чун ҳар фарди ватандӯст аз шукуфоии давлат руҳбаланд гардида, хештанро дар муҳити солим дармеёбад ва ифтихор аз он менамояд, ки тоҷик асту дар кишваре иқомат мекунад, ки чун Эмомалӣ Раҳмон Пешво дорад. Дар воқеъ, инчунин илҳому ин гуна руҳбаландӣ дар натиҷаи муҳаққиқӣ ва худогоҳии инфиродӣ ба даст омада, гувоҳӣ аз он медиҳад, ки инсон қаблан аз худ ва муҳити хонаводагӣ, сонӣ бо дарназардошти ҳидоятҳою дастурҳои Сарвари давлат роҳи хешро муайян намуда, ҳадафи олиро дар хидматгузории миллат таъин кардааст. Агар дар ин замина ба ашъори Дониёр Сангинов мутаваҷҷеҳ шавем, пас дер ё зуд натиҷагирӣ хоҳем кард, ки фахри шоир бо тоҷик будани худ дар заминаи ҳарфе аз суханрониҳои Пешвои миллат падид омадааст, ки гуфта буданд: “Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон”. Акнун ба шеърҳои шоир рӯ меорем, ки омили ифтихор ба мансубаи миллиро чӣ гуна ба қалам овардааст. Лозим ба ёдоварист, ки ифтихор бо мансубаи миллии худ дар асри ҳозир муқаддамтар аз дигар мансубаҳост ва дилхоҳ инсони муосир кӯшиш мекунад тавассути миллати мансуббуда муаррифӣ шавад. Аз ҳамин хотир, ифтихор доштан ба миллати худ зинаи аввалини ҳисси ҳувиятшиносии афрод баррасӣ мешавад. Акнун ба изҳороти шоир мегузарем, ки ифтихор ба миллатро дар кадом поя шарҳ додааст. Мавсуф чунин фахрро дар иттиҳоди миллат ва дар атрофи Сарвари давлат муттаҳидгардии шаҳрвандонро чун ифтихори миллӣ баррасӣ менамояд:

Тоҷике аз будани худ гар намояд ифтихор,

Чарх бояд гирд гардад, зери ҳар фармони ӯ.

Сарсупориҳои тоҷик, тоҷикистонсозӣ шуд,

Моҳу Хуршеди фалак насб аст дар айвони ӯ.

Дигар масъалае, ки шоир ба он дилбохтагии мушаххасе зоҳир намудааст, васфи Модар маҳсуб мешавад. Ба қавли мавсуф, модар ягона вуҷуде аст, ки меҳрро миёни башар тақдим медорад. Бинобар ин, модар дар тасвири шоир ягона мавҷуди табиат аст, ки фақат аз дидгоҳи мусбат матраҳ ёфта, ҳамаи хислатҳои наҷибона дар ҳастии ӯ баррасӣ мешавад. Шоир дар шеъре, ки ба модари хеш эҳдо намудааст, ҳеҷ кирдоре ва ҳеҷ нуқсе дар ҳастии модар намебинад ва пайваста гӯшзад мекунад, ки модар бинобар ҳаст намудани афрод набояд бемор бошад ва ё ин ки ба бистари беморӣ гирифтор гардад:

Ман шавам бемор агар бемор гардад модарам,

То шифои комилам маҳзун аз бори ман аст.

Ӯ надорад кинае аз нуқсу аз кирдори ман,

Шири модар ҳодие бар нек кирдори ман аст.

Шоир меҳри модарро нотакрор медонад ва бо гумони ғолиб хешро барои он дар ду ҷаҳон қурбон менамояд. Ба қавли номбурда, лаҳзаи бемодарӣ айёми раҳгумию саргардонӣ аст. Бинобар ин, шоир бо эътиқоди шадиде дар тасвири модар сахткӯш буда, мутмаин аст, ки пас аз Худо, модар асоситарин муттакои ӯ хоҳад буд:

Дар ҷаҳон баъди Худо бошӣ бароям муттако,

Бахту тахту зиндагиям аз дуоят, очаҷон.

Нақшу меҳри модар аксар шоиронро водор сохтааст ҷиҳати образофарии ӯ дар ҳамин меъёр иктифо кунанд, ки дорои хислатҳои хос буда, дар ҳаёти фарзандаш вазифаи муҳимро иҷро мекунад. Нақши модарро аҳли қалам вобаста ба фарҳанг, меъёрҳои иҷтимоӣ ва афзалиятҳои инфиродӣ фарқ мекунанд. Аз вижагиҳои хос ба модар мафҳумҳое маҳсуб мешаванд, ки дар дилхоҳ ҷомеа бобати тавсифи онҳо иктифо намудаанд. Дар замони шуравӣ ин мафҳумро бо “Ватан” ҳамроҳ намуданд. Айни замон мо чун мутолеакунанда меҳрро фақат дар кирдори модар ҷустуҷӯ мекунем, зеро меҳри модар поку беолоиш асту ғаразу буғзу кина дар он ба мушоҳида намерасад. Масалан, дар шеъри “Нидои модари кушташуда” шоир аз нидое ҳарф мезанад, ки хосси афроди ватанпарвар мебошад. Модар, ки фарзанди нолоиқро дар руҳияи меҳандӯстӣ тарбия карда, ба камол расонидааст, дар ҳеҷ сурат хиёнати ба Ватан кардаашро намебахшад:

Орзуҳо монд дар дил, вой аз фарзанди бад,

Гашт хоин миллатамро, сӯхт ҳам виҷдони худ.

Назари Дониёр Сангинов ба ҳайси шоир бобати инсоншиносӣ ва тасвири вазъи иҷтимоӣ ҳамоно пайгирӣ аз вижагиҳои хосси фарҳанги миллӣ аст, ки тоҷикон дар гузашта ва имрӯз онро замзама карда ва мекунанд. Бояд иқрор кард, ки айбҷӯйӣ аз нигоҳи шоир хӯйю хислати шайтонӣ аст ва инсон, хоссатан, зиёӣ муҳтоҷро боз ҳам муҳтоҷтар дидан нест. Бинобар ин, агар дар ғайбати дигарон сахткӯш бошем, ин иқдом моро ба бало наздик хоҳад кард. Чунки аз ҳама осонтарин иқдоми башарӣ низ гуфтани ҷурми дигарон мебошад:

Айби худ бингар, куҷо бар айби кас созӣ назар?

Нуқси кас ҷустан ҳамоно хислати шайтон бувад.

Он ки муҳтоҷ аст, эй дил, пеши по асло мазан,

Дасти ёрӣ кун дароз, к-аз фитрати инсон бувад.

Дар тасвирҳои камназири Дониёр Сангинов мо тоҷикро бохабар аз илму дониш ва ихтирооти башарӣ эҳсос мекунем. Номбурда ҳамватани худро чун нависанда Мароғаӣ (номи асараш “Саёҳатномаи Иброҳимбек ва балои таассуби ӯ) тавсиф мекунад, таассуби ӯро ҷиҳати ҳифзи якпорчагии ин сарзамин нишон медиҳад ва иқрор аст, ки теғи Синову лафзи Мавлавӣ дар натиҷаи нақши Сомонӣ падид омадаанд:

Сохтанд аз пайкари тоҷик садҳо пайкара,

То ки тоҷикро кунанд, хилватпарасти сад итоб.

Дар тафаккури шоир, тоҷик то ҷаҳон боқист, илму фанро силоҳ сохта, дар арсаи ҷаҳонӣ бо китобдорӣ машҳур гардидааст, дар ҳоле ки дигарон алайҳи якдигар бо тиру туфанг посух мегӯянд. Ба қавли номбурда, шеъри Бедил ниқобро аз чеҳраи олам баркашид ва нагзошт, ки инсон ҷаҳонро тавассути ниқоб маърифат кунад. Инчунин ақидаҳои фалсафию психологӣ низ дар фикронии Дониёр Сангинов мушоҳида мешаванд, ки завқу илҳоми ботинии ӯро исбот менамояд.

Ширин ҚУРБОНОВА, - сарходими илмии Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои таърих

“Мо, ҳамчунин, ба нақши Зан – Модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

Эмомалӣ Раҳмон

3123213123Зан-Модар олиҳаи ишқу муҳаббат, самимияту вафодорӣ, дӯстдорию меҳрварзӣ, оромишу осоиш, ҳамсоли ин гуна вожаҳо таҷассумкунандаи замири модарон мансуб меёбанд. Модар сарчашмаи муҳаббатти беканор, олиҳаи ҳусну таровати зебоӣ, меҳри ҷаҳонбахшӣ офтобии олам аст, ки будани ӯ ҷаҳони зебоии моро боз ҳам рангинтару дилнишин менамояд.

Олигуҳару моҳи расоӣ Модар,

Шоҳиста ба сад ҳамду саноӣ Модар.

Аз баъди Худо ягонаву бе мислӣ,

Ту нури Худо, нури Худоӣ Модар.

Мо тоҷикон фарҳанги ба худ хос дорем, ки ҳамеша анъанаҳои миллиамонро пос медорем. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буданд ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик зан ва модари боиффату босавод ба ҳисоб меравад. Воқеан вақте сухан дар бораи зани бофарҳангу донишманд меравад, пеши назар модари тоҷик бо ҳамон симои зебову самимӣ ҷилвагар мешавад, ки ба симои зани тоҷик ҳамон покдоманиву фурутанӣ ва босавод буданаш як ҳусну таровати хоса зам менамояд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо занону модарони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: «Давлате, ки нисбат ба модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».

Бояд гуфт модар аввалин муррабӣ ва тарбиятгари инсон мебошад, ки дар домони поки ӯ ҳазорон-ҳазор бузургони ҷаҳон ба воя расидаву ба мақомҳои баланд расидаанд. Модар мураббиест, ки на фақат сухан гуфтан ёд медиҳад, ё илм меомӯзад, балки ӯ ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба фарзандон арзонӣ медорад. Маҳз модар аст, ки дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат, некиву накӯкорӣ, масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯстӣ ва ватанпарварию қавииродагиро парвариш менамояд.

Лозим ба зикри хос аст, ки зан-модари тоҷик бо хислатҳои хирадмандӣ, ақлу заковати хеш саҳми бузургро дар ҷомеаи имрӯза ба душ дошта, маҳз маърифатнокии зан-модар имкон фароҳам оварадааст то нақш ва мақоми онҳо дар ҷомеа баланд гардад. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ иброз доштанд, дар фарҳангу тамаддуни мо тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Ҳамзамон Пешвои миллат ҷойгоҳи занонро дар соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистон чунин арзёбӣ намуданд. «Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд». Маҳз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат ва ҳукумати мамлакат аст, ки дар зарфи даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон, ки аз ин шумор 11 ҳазору 600 нафар тибқи квотаи Президентӣ, 35 ҳазор ҳамчун хатмкардаи макотиби олии кишварҳои хориҷа буда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳури хизмати босазо карда истодаанд. Ҳамзамон ёдовар шудан ба маврид аст, ки аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар, ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд, ки ин аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти кишвар нисбати зан - модар дарак медиҳад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд. Яке аз самтҳои асосие, ки имрӯз саҳми занон дар он дида мешавад, самтҳои иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Дар ин самти муҳими давлатӣ низ саҳми бонувон ва модарони тоҷик басо назаррас мебошад. Махсусан, дар соҳаи соҳибкорӣ занон тавонистанд, киба натиҷаҳои хубе даст ёбанд ва ҳамчун ташкилкунандагонисавдо ва роҳбарони корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ба натиҷаҳои хуб ноил гарданд. Дар маҷмӯъ, нақши занҳодар рушди иқтисоди миллӣдар Тоҷикистонаҳамияти калон дошта, метавонанд дарташаккул ва рушди низоми ягонаи иқтисоди миллӣ таъсиргузор бошанд.

Имрӯз беш аз 110 ҳазор бонувону занони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд, ки саҳмикалони онҳородар рушди соҳибкорӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагӣ мардум нодида гирифта намешавад. Ҳамзамон занони соҳибкор дар Тоҷикистондар рушди иқтисодии кишвар, инкишофи бозорҳои нав, таъсиси ширкатҳо, корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, хизматрасониҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, саноати сабук ва дигар намуд хизматрасониҳо, инчунин таъмини ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим доранд. Бояд ёдовар шавем, ки яке роҳҳои дастгирии занон ин таъсиси грантҳои президентӣ мебошад, ки аз соли 2006 инҷониб фаъолият дорад. Ҳамзамон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 имконияти хуб ва саривақтиро барои соҳибкоронзанон фароҳам овард то ҳунарҳои мардумиро аз нав зинда кунанд, занҳои хонашинро бо шуғл ва ҷойи кор таъмин намоянд, шумораи бештари сармояи хориҷӣ ва сайёҳони дохилу хориҷиро ҷалб созанд. Вобаста ба ин масъала танҳо то соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки ин нишондиҳанда дар панҷ соли охир 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти давлат ва ҳукумати кишвар – таъмин намудани пешрафти соҳаи соҳибкорӣ тавассути муқаррар намудани имтиёзҳо дар соҳаҳои андозбандӣ, пардохти боҷи гумрукӣ, ҷорӣ намудани моратория барои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мебошад, ки соҳибкорзанони тоҷик аз ин имтиёзҳо низ бархурдор мегарданд.

Ҳамчунин, барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии занон, ташаккул додани фарҳанги молиявӣ байни табақаҳои осебпазири аҳолӣ, гузаронидани машваратҳои омӯзишӣ, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои занҳои соҳибкор Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкор «Кадбону» ва Ассотсиатсияи миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки дар дастгирии занону бонувон саҳми муҳим доранд. Нишондодҳои мазкур намунаи баланди фаъол будан ва саҳми арзандаи занону бонувон дар рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, иштироки бевоситаи занону модарони тоҷик дар рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсию фарҳангии кишвар нақши муҳим дошта, ҳамчун нерӯи боэътимод ва пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд эътироф гардида, ташаббусҳои онҳо дар самти иқтисодии кишвар ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва устувории иқтисодӣ-иҷтимоӣ мусоидат менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва хосатан аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгирӣ меёбад.

Асомуддини Р.К. н.и.и.,- Сармутахассиси Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD-и АМИТ

Subscribe to Мақолаҳо