Ҷомеа бидуни забон ва забон бидуни ҷомеа вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, баробари рушду пешрафти ҷомеа забон низ такомулу тағйир меёбад ва дигаргуниҳои ҷомеа низ дар забон бозтоб мешаванд.
Забон хосси инсон ва яке аз нишонаҳои асосии ҳар миллат буда, бевосита ба тафаккур алоқаманд аст. Инкишофи тафаккур ба инкишофи мағзи сар ва узвҳои тобеи он ба пешрафти кору муносибатҳои иҷтимоӣ, ба тараққиёти забон вобастагӣ дорад. Тафаккур ва забон ба якдигар таъсир мерасонанд, аз ин рӯ забонро воситаи тафаккур низ меноманд. Имрӯз дар бораи забони тоҷикӣ ва заминаҳои таърихии пайдоиши он фикрҳои гуногун пайдо шудаанд ва аз тарафи баъзеҳо фарзияҳо ва тахминҳои бебунёд ва ғайриилмӣ пешниҳод мегарданд. Аз ин рў пажӯҳиши муфассал ва ҳамаҷонибаи таърихи этникӣ ва забонии тамаддун ва фарҳанги ориёӣ, таҳқиқи ҳамаҷонибаи этноними тоҷик барои устуворсозии босанад ва бодалел мавҷудияти миллати тоҷик дар вокуниш бо дасисаву дурӯғбофии душманон ва бадбинони мардуми тоҷик аҳамияти ҳалкунанда касб мекунад.
Аз тарафи дигар барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум ва ба ин васила таҳкими худшиносии миллӣ ва иртиқои ҳувияти миллии тоҷикон донистани таърихи воқеии миллат зарур аст, ки яке аз роҳҳои асосии ба вуҷуд овардани тафаккури миллӣ, таблиғи ҳамаҷонибаи унсурҳои ваҳдатсози миллат, аз ҷумла дар умқи тафаккури миллат ҷой додани худшиносии миллат бо роҳи эҳтиром гузоштан ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Забон яке аз муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад, чун сухан дар бораи муқаддасоту арзишҳои миллӣ меравад, поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллати соҳибтамаддуну соҳибдавлат басо муҳим аст. Маълум аст, ки забономӯзӣ аз аллаи модар оғоз мешавад ва аллаи модар на танҳо василаи ором намудани тифл, балки воситаи дар вуҷуди ӯ ҷой кардани муҳаббат ба каломест, ки ба шарофати он миллат пойдор мондааст, калидест, ки тавасути он тифл ба ҷомеа ворид мешавад. Беҳуда нест, ки забонро ҳамчун воситаи муҳими иҷтимоишавӣ ва нишондиҳандаи қобилиятҳои фитрии шахсият эътироф кардаанд.
Фазилатпочои Махмадюсуф - докторанти PhD курси 2
уми институти фалсафа сиёсатшиноси ва ҳуқуқи ба номи А Баҳоваддинови АМИТ