Ба истиқболи 33-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Илму маориф ва навоварию ихтирокорӣ бо ҳамдигар алоқаи зич дошта, дар ҳама давру замон қавитарин зинаи пешравӣ дар таърихи ҳар давлату миллат ба шумор меравад. Ҳамзамон, қадрдонию эҳтироми аҳли илму дониш низ яке аз омилҳои рушди ин ҷода буда, кишварҳои ҷаҳони муосир ба ҳарду таваҷҷуҳи махсус дода, ҷавононро дар ин самт тарбия менамоянд.
Воқеан ҳам сухан гуфтан дар мавриди як давлати тозаистиқлол, ки дар тули беш аз 33 соли гузашта тавонист таваҷҷуҳи ҳамагонро ба илму маърифат ҷалб намояд ва корҳои зиёдеро ҷиҳати баланд бардоштани обурӯю нуфӯзи кишвар анҷом диҳад, ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Зеро ҳамагон дар хотир доранд, ки дар нахустин рӯзҳои истиқлолият, вазъияти ногувори дохилию хориҷӣ ва авзои мураккаби минтақавию ҷаҳон намегузошт, ки ба чунин пешравиҳо ноил гардад. Пас дар миёни чунин вазъи ба амал омада “аввалин ва муҳимтарин коре, ки мо анҷом додем, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, аз кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ба Ватан ва маҳалли зисташон баргардонидани беш аз як миллион нафар гурезаҳои иҷборӣ ва ташкил кардани шароити зарурии зиндагӣ ва ба роҳ мондани раванди барқарорсозии баъдиҷангӣ буд”, таъкид намуданд Пешвои миллат. Маҳз андешаҳои дурбинона ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки Тоҷикистон аз миёни амвоҷи пурталотум солим берун омад ва ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузошт.
Дар мулоқоту вохӯриҳои Пешвои миллат доимо аз ҳолати кунунии кишвар, рушди илм ва дурнамои он ишора шуда, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, маърифатнокии ҳукуқӣ, инчунин, сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмиро дар вохӯрӣ ва суханронияшон баррасӣ менамоянд. Далели ин гуфтаҳо, вохӯрӣ ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли 2024 бо аҳли илм ва маорифи кишвар буд, ки дар он Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст”. Инчунин рушди иқтисоди миллӣ ва тақвияти рақобатнокии он бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Аз ин лиҳоз, Пешвои Миллат таъкид намуданд, ки “бо дарназардошти аҳаммияти ин масъала, мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем”. Пас ҷойгоҳи зиёиёну донишмандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хело баланд буда, устодон барои омода намудани шогирдон дар соҳаи ихтирооти илмӣ корҳои зиёдеро низ фароҳам меоранд.
Дар ҷаҳони муосир, “танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд”. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият дар ҳама самтҳо ҷаҳиши бузургеро тай намуда истодааст, ки ин ҳам бо фароҳам овардани шароити таълими илмҳои гуногун барои мардуми кишвар мебошад, ки наслҳои ҷавони кишвар омода шаванд. Имрӯз кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, ихтироъкориву истеҳсолот ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир чӣ гуна тараққӣ карда истодаанд. Зеро “дастоварди олимон на танҳо пешрафти як давлату миллатро такон мебахшад, балки метавонад мавриди истифодаи башарият қарор гирад. Масалан телефони мобилӣ, интернет, мошинҳои барқӣ ё ваксинаҳое, ки ҷони миллионҳо нафарро аз марг наҷот доданд” далели ба пояи илму дониш такя намудани онҳо мебошад.
Барҳақ, яке аз сабабҳои рушди давлату миллат ихтирооти илмӣ мебошад. Ин ихтироот инсониятро бо чароғи илм ба роҳи пешрафту тараққӣ мерасонад. Ҷаҳони муосир ҳаракат ба самти илму маърифат дорад.
Ҳамин тариқ, илму маърифат василаест, ки инсонро тавоно ва миллатро дар ҷаҳон соҳибэҳтирому соҳибэътироф намуда, ҳамкориро бо дигар кишварҳо устувор менамояд.
Инчунин тараққиёти илм сабаби баландравии иқтисоди кишвар гардида, боиси беҳтар гардидани зиндагии нек ва муҳайё гардидани ҳаёти осоишта мегардад. Бо ҳамин мақсад, маблағгузорӣ ба ин соҳаҳо аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони истиқлолият хело назаррас аст, яъне “агар соли 1992 ба соҳаи илм ҳамагӣ 58 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида бошад, дар соли 2023 ба ин соҳа 180 миллион сомонӣ ҷудо гардида, дар буҷети соли 2024 зиёда аз 225 миллион сомонӣ пешбинӣ карда шудааст”. Ҳамзамон “Корҳои то имрӯз амалигардида гувоҳанд, ки аз рӯзҳои аввали ташкили давлати соҳибистиқлол илму маориф дар сиёсати Ҳукумати мамлакат мавқеи меҳварӣ дошта, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорону зиёиён нерӯи созанда ва пешбарандаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти кишвар мебошанд”. Агар ба таваҷҷуҳи дигар кишварҳо нисбат ба илм назар афканем, махсусан кишварҳои пешрафтаи иқтисодӣ барои баланд бардоштани стандартҳои сатҳи илмӣ, такмили донишгоҳҳо ва дастгирии навгониҳо дар фановарӣ амал карданд, ки ин кишварҳо дастовардҳои назаррасро дар пешрафти ҷаҳони муосир ба даст оварданд.
Бояд қайд намуд, ки “Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад. Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд. Аз тарафи Ҳукумати мамлакат барои саҳми арзанда дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ то имрӯз садҳо нафар олимони кишвар бо ҷоизаҳо, унвонҳо ва мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардидаанд”.
Ҳамаи дастовардҳое, ки Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноил шуд, дар таърихи халқ ва давлатдории Тоҷикистон сабт хоҳанд шуд. Таҷрибаи рушди мустақили кишвар садоқати роҳи интихобкардаи Пешвои миллат ва сиёсати бунёди нави давлатро собит сохт. Таърихи навини давлатдории тоҷик бори дигар ҳақиқатро тасдиқ кард, ки халқи бонангу номус, ки дорои иқтидори солиму хирадмандона ва тавоно мебошад, қодир аст аз ҳар гуна саргузашт пешгирӣ намуда, дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми давлати тоҷиконро ҳимоя намояд.
Пас ба хотири муваффақ гардидан ва расидан ба дастоварҳои бузурги истиқлолияти давлатӣ, якгонагии Ватан, давлат ва Тоҷикистон месазад, ки минбаъд низ содиқона заҳмат кашида, ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем ва барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи илму маърифат ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардуму миллатамон дар атрофи ҳадафҳои пешгирифтаи давлату ҳукумат бояд ҳамеша муттаҳид бошем.
Одинаев Абдуҳалим - ходими пешбари илмии Шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон