10-уми сентябри соли равон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимӣ ва омӯзишии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академия миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ кормандони дастгоҳи марказӣ ва Филилҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ, Илҳом Мирсаидзода тамоми кормандони Агентиро бо ин ҷашни муқаддаси давлатӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик ҷашни муҳиму фархунда ва тақдирсоз ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ватани азизамон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад.
Дар идомаи суханронӣ, Илҳом Мирсаидзода-директори Агентӣ таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки дар ташаккул ва таҳаввули таърихи миллати сарафрози тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои дурахшони Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири ҷумҳурии соҳибихтиёрамон, эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои бузург намуданд.
Зикр гардид, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ обру ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.
Хусусан, ташаббус ва пешниҳодоти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои мубрами умумибашарӣ, махсусан обу иқлим аз ҷониби СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамовозии амиқ пайдо намуданд ва қатъномаҳо қабул гардид.
Дар фароварди маҷлис аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо-Истиқлолияти давлатӣ бирасанд, ҳар як ваҷаб хоки ин сарзаминро азизу муқаддас ва онро ҳифз намоянд, фирефтаи гуррӯҳои ифроти нашаванд ва вақти қимати хешро пайи илмомӯзӣ сарфа намуда, дар татбиқи сисати давлатӣ саҳмгузор бошанд.