Имрӯз (01.10.2024) сардори Раёсати магистратура, аспирантура ва докторантураи PhD – и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қосимзода Солеҳ бо довталабони зинаи магистратура суҳбату вохурӣ анҷом дод. Бояд гуфт, ки қабули магистрантони курси якум дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба охир расида, имрӯз имтиҳонҳои тахассусии онҳо баргузор гардид.
Дар вохурӣ масъулин довталабонро ба оиннома ва талаботҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос намуда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки дар академия олимону муҳақиқони барҷаста ба фаъолияти илмӣ машғул мебошанд.
Дар ин росто ҳар як довталабе, ки барои дар зинаи магистратура таҳсил намудан меояд, ҳатман зери роҳбарии ин олимони соҳа ба корҳои илмию таҳқиқотӣ машғул мешавад. Зеро Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муассисаи илмие, мебошад, ки дар пешбурди сиёсати илмии кишвар нақши муҳимро мебозад.