Имрӯз (04.10.2024) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба 15- солаги қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» таҳти унвони «Забон ва Истиқлол» оғоз гардид.
Ба кори конфронс раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷонзода Олимҷон ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон шодбош гуфтанд.
Дар идома Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло дар суханронии хеш таъкид дошт, ки дар домони поки ин забон ҳазорон олимону донишмандон ва мутафаккирони миллатамон тарбият ёфта, дар ҳастиву поянда нигоҳ доштани он низ нақши таърихиро гузоштаанд. Албатта ин забонест, ки андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек таблиғ гардида, садҳо асари панду ахлоқӣ сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудааст, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд мегарданд.
Воқеан, арҷгузорӣ ба ин забон эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва маънавиёти миллати бузурги ориёист, ки давомдиҳанда ва пуштибони он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо дарки масъулияти бузург ва огоҳии комил аз таърихи миллат Сарвари давлатамон борҳо дар канори давлат будани забон ва муҳимтарин арзиши миллиямон мансуб ёфтани онро баён намуда, ғамхорӣ ба забонро дар баробари ғамхорӣ ба Модар донистаанд.
Сипас, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд атрофи мавзуи “Забони тоҷикӣ ва умри ҷовидони миллат" маъруза намуда, таъкид дошт, ки забони тоҷикӣ таърихи чандҳазорсола дошта, дар атрофи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Маҳз забони модарии мо тавонист, ки миллати моро дар тӯли таърих аз саҳнаи кашмакашиву хунрезиҳои зиёди аҷнабиён берун кашида, то замони мо оварда расонад. Ба ибораи дигар, танҳо забони мо тавонист миллати моро то ба имрӯз зиндаву поянда нигоҳ дорад. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Мирсаиду Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.
Дар идома олимону забоншиносони кишвар дар маърӯзаҳои хеш доир ба рушд ва ҷанбаҳои забони тоҷикӣ сухан ронданд. Бояд гуфт, ки конфронси мазкур аз ду қисмат иборат буда, шумораи зиёди олимону коршиносони соҳаи забонишносӣ дар он суханронӣ хоҳанд кард.