Имруз (08.10.2024) дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ мизи мудаввар дар мавзӯи «Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000» баргузор гардид.
Тибқи барнома, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, д.и.ф., профессор Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра суханронӣ намуда қайд намуданд, ки лоиҳа CASA-1000 бо ташаббуси кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ таъсис ёфтааст, ки онҳо талош дорад мушкилоти муайянро ҳал намуда, нерӯи сабзро дар минтақа фароҳам созад. Дар ин қарина Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар истеҳсоли неруи сабз дар Авруосиё арзёбӣ гардидааст.
Сипас, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ Раҳмонов Мирсаид дар мавзӯи «Рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар шароити бунёди лоиҳаи CASA-1000» суханронӣ намуд.