Дарси навбатии Зан Сарвар дар Осорхонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АМИТ баргузор гардид. Дар оғоз мудири осорхона Пулодзода А. ба шунавандагон оид ба таърихи бостонии Тоҷикистон, ки аз даврони асри санги- як миллион сол қабл оғоз мегардад, инчунин доир ба марҳилаҳои муҳими таърихи халқи тоҷикон маълумот доданд.
Мавсуф оид ба хазинаи Куҳи Муғ ва шартномаи оилавии суғдиён, хазинаи Уструшана, Каҳ-Каҳа, хазинаҳои Аҷинатеппа ва Ҳулбук, Фархор, Саразм, Панҷакент, Ишқошим, Мурғоб бо далелҳои таърихӣ маълумот доданд. Барои мо таърихи Душанбе, ки хеле шаҳри қадима аст, аз даврони сангин то имрӯз хеле ҷолиб буд.
Сипас, шунавандагон дар баробари ошнои бо давраҳои муҳими таърихӣ, ба либос, машғулият, ҳувияти занон дар давраҳои гуногуни таърихӣ аҳамият доданд. Хулоса карда шуд, ки маҳлумоти аз осорхона бардоштаи мо дар ташаккули ҳувият ва худшиносии миллии мо ва ҷомеа аҳамияти хеле зиёд дорад.