Skip to main content
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Бо дарназардошти муҳимияти ин санаи таърихӣ дар ҳаёти мардуми саодатманди кишвари соҳибистиқлоли мо, ҳар сол 6-ноябр дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди «Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иқтисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шурӯъ намуд. Дар ҷомеа зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеъан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.

Бо ҳидояти хирадмандонаи Президенди Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи Тоҷикистон бо эҳтиром гузоштан ба озодӣ, ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, ба арзишҳои аслии башарӣ ва ба бунёди давлати соҳибихтиёр, демокративу ҳуқуқбунёд марҳилаи тозаи қонунгузориро дар қаламрави кишвари худ асос гузошт. Дар саргаҳи ин иқдом қабули Конститутсияи нави мамлакат қарор дошт ва бори аввал дар таърихи давлатдории тоҷикон аз тариқи раъйпурсии умумихалкӣ сурат гирифта, хамчун хуҷҷати раҳнамои як давлати комилҳуқуқ аз чониби ҷомеаи ҷахонӣ эътироф шуд. Дар ин замина 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардида, қувваи қонунӣ гирифт. Ин рӯйдод яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Минбаъд чун тағйиротҳои дар ҷомеа ба амаломада, дар Конститутсия низ тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи райпурсии умумихалқӣ - 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) тағийру иловаҳо ворид карда шудаанд. 22 майи соли 2016 дар Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонуни)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он калимаи Сарқонун аз байн гирифта шуда, минбаъд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ монда шуд. Ба вуқуъ пайвастани чунин рӯйдоди таърихӣ, албатта, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон гардид. “Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,- гуфтаанд Президенти ватанамон Эмомалӣ Раҳмон.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сарнавиштсоз ва муайянкунандаи муносибатҳои муҳими ҳуқуқии кишвар ба шумор рафта, дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, шакли давлатдорӣ, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд ба расмияти ҳуқуқӣ дароварда шудаанд. Ин санади меъёрии ҳуқуқиест, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, шоҳроҳи муайянкунандаи самтҳои асосии фаъолияти ҳар давлат ва ҷомеаи пешрафта мебошад. Тамоми санадҳои дигари ҳуқуқӣ бевосита аз Конститутсия сарчашма гирифта, бояд ба он мутобиқат намоянд.

Конститутсияи соли 1994 маҳсули зеҳнии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он тариқи райпурсии умумихалқӣ муҳокима ва қабул карда шудааст. Тақдирсоз будани Конститутсияро дарк намуда, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шудан, бевосита ба мураттабсозии лоиҳаи он ба ҳайси Раиси комиссияи конститутсионӣ машғул гардиданд ва новобаста аз вазъи ногувори сиёсиву иқтисодии ҷумҳурӣ барои омӯзиши таҷрибаи пешрафта, аъзоёни комиссияро ба давлатҳои гуногуни мутараққӣ фиристоданд. Комиссия таи ду соли мураттабсозии лоиҳаи Конститутсия фикру андешаҳои гуногунро омӯхта, лоиҳаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Таклифу пешниҳодҳои мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки лоиҳа манзури рӯзи гузаронидани райпурсӣ карда шавад. Дар байни аъзоёни комиссия оид ба идоракунии президентӣ ва парлумонӣ баҳсҳои гуногун вуҷуд доштанд ва ниҳоят шакли идоракунии президентӣ пазируфта шуд, ки мо самараи онро ҳамарӯза эҳсос мекунем.

Ҳанӯз соли 1993 бо пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуда буд, ки «мақсади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- бунёд намудани давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва гузариш ба иқтисодиёти бозоргонӣ аст». Ин суханҳои пешгӯинамудаи Сарвари давлат баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон(6-уми ноябри соли 1994) ба қисми таркибии ин санади сарнавиштсоз ворид гардид ва дар муддати кӯтоҳи таърих самараи худро нишон дод.

6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи фархунда ва фаромӯшнашаванда мебошад, чунки дар ин рӯз ду зуҳуроти муҳим ва тақдирсоз- қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду воқеаи сиёсӣ дар давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол падидаи нав ба шумор мераванд. Халқи тоҷик тавонист дар он марҳилаи ҳассос шахси ботаҳаммул, хоксор, пурзаковату хирадмандро сарвари давлати худ интихоб намояд.

Конститутсия низ ҳамчун санади қувваи олии ҳуқуқидошта самтҳои асосии фаъолияти Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян намуда, бо ёрии он мо тавонистем миллати тоҷикро аз парокандагиҳо эмин нигоҳ дошта, давлатимутамаркази ҳуқуқбунёду муосирро бунёд намоем ва алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандиро хомӯш созем.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар арзи ҳастӣ намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали мустақими меъёрҳои он шаҳодат медиҳанд, ки он яке аз конститутсияҳои асосии беҳтарини дунё маҳсуб меёбад. Бо шарофати замонавӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои санадҳои байналхалқӣ будани Конститутсия, Тоҷикистони соҳибистиқлолро зиёда аз 150 давлати дунё пазируфтаанд. Имрӯз давлати мо бо зиёда аз 100 давлати дунё муносибатҳои дӯстона ва равобити дипломатӣ дошта, аъзои зиёда аз 50 ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ мебошад. Президенти мамлакат ҳамчун ҳомии халқ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли муаммоҳои глобалии ҷаҳони муосир диққати ҷиддӣ зоҳир менамоянд.

Эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад ва ба ин хотир мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.

Конститутсия ҳамчун ифодакунанда ва равшангари роҳ ба сӯи ояндаи неку пурсаодат моро водор месозад, ки минбаъд низ бо риояи арзишҳои волои демократӣ ва ҳуқуқӣ ҷомеаи худро аз ҳама гуна хатарҳои дохиливу берунӣ эмин нигоҳ дорем ва дар Ватани азизамон барои ҳар як шаҳрванд шароити мусоиду шоистаи зиндагӣ ва фаъолиятро муҳайё созем.

Рӯзӣ Конститутстяи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Рахмонов Р.О. – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини АМИТ