Skip to main content

Ҳар шаб зи худат бипурс агар my мардӣ,

К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.

Ҳақ ба ҷониби Лоҳутист: Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке, як ёдгорие аз худ боқӣ монад. Вақте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди ӯро зинда мегардонад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боқӣ монда бошад, ҳар боре ки ба он менигарӣ, беихтиёр заҳмати бепоёни ӯ номи он шахсро зиндаёд мегардонад, зеро бузургон гуфтаанд:

Шахсияти арзанда дар дунёи равшан аз худ се чизро боқӣ мегузорад:

- Садақаи ҷория - бунёди боғ.

- Илми кофӣ - яъне офаридани асаре.

- Фарзанди солим ба дунё овардан, ки боиси ифтихору болидагист.

Агар инсон ягон амали номбаршударо иҷро накарда бошад, пас он шахс умр барабас гузаронд ва ранҷи бефоида бурд.

Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузургӣ давлат Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли Нерӯгоҳи Барқи Роғун машғул аст.

Ҳар як нидои ин марди накӯном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони кӯчаки мо имрӯз иқтидори бино намудани чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан бузурганд, аз як гиребон cap бароварда ин иншоотро обод намудан доранд.

Ҳар кӣ Роғун мекунад бунёд,

Хонаи хешро кунад обод.

Ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, қарзи ватандорӣ адо карда истодаасг. Дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гузошта, саҳмияҳо харида, маблағҳо мегузаронанд. Имрӯзҳо модарони тоҷик кулчаи ширмоли худро ба коргарони НБО-и Роғун мефиристанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат бо кадом роҳе, ки набошад, дастгири ободонии НБО-и Роғун асг.

Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат Эмомалии Раҳмон ба халқ бобати кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ки ин муроҷиати ӯ ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгирӣ намуда истодаанду ҳамагӣ ҷонибдоранд.

Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии Ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. To модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои рӯзгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. To Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад.

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,

Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.

Чун миллатро сарвари фархунда накӯст,

Ҳамфикрӣ зи иттиҳод падид омадааст.

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино карда исгодаанд, ки Худованди мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург бахшида.

Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ cap кашида.

Маркази таҳқиқоти технологияҳои иноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон н.и.т. Наҷибуллоҳи Рӯзӣ н.и.т. Раҳимов Фирӯз