Skip to main content

Дар Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ дар ҳамкорӣ бо Институти иқтисод ва демографияи АМИТ дар санаи 12 ноябри 2024 ба муносибати 32 солагии Иҷлосияи XXI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба “16 ноябр-Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари муштараки илмӣ доир гашт. Чорабинии илмиро директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Ҳайдарзода Рустам Ҷӯра ҳусни оғоз бахшид.

Дар раванди семинари илмӣ нақши иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи Тоҷикистони навин, рушди иқтисодии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин ходимони илмии Институт Л.Баротов, К.Камолов суханронӣ намуданд.