Skip to main content

Ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад. Ҳар фарди худшиносу худогоҳ ва бонангу номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣкунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Мусаллам аст, ки рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣмебошанд. Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатӣ қабул шудааст. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳадаф аз роҳандозии боз як ҷашнвораи давлатӣ эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии Парчами миллӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи давлат унвон шудааст. Бар асоси ин пешниҳоди Пешвои миллат ба парлумон ба қонуни рӯзҳои ид иловаҳо ворид гардидааст ва тибқи он ҳар сол Рӯзи Парчам 24-уми ноябр таҷлил мегардад. Парчам (байрақ) - и Тоҷикистон ин нишони аввалини давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 24-уми ноябри соли 1992 қабулу расман тасдиқ карда шудааст. Парчами - (байрақи) Тоҷикистон иборат аз рангҳои сурх, сафед ва сабз мебошад. Тоҷ ва нимдавраи ситорадор ба росткунҷа мувофиқ омадаанд, ки дарозиаш ба дарозии ранги сафеди байрақ баробар аст.

Имсол таҷлили рӯзи Парчами Тоҷикистон 24-уми ноябр ба рӯзи истироҳатӣ, яъне якшанбе рост меояд. Бояд тазаккур дод, ки тоҷикону тоҷикистониён истиқболу ҷашн гирифтани идҳои миллиро гиромӣ медоранд. Тоҷикон аз қадим бо фарҳанги меҳмондории худ машҳури олам гардидаанд, бинобар ҳамин ҷашн гирифтани ҷашнвораҳо ва идҳои миллӣ яке аз расму ойинҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин иду маросимҳои фарҳангии ниёгонамон аз нав эҳё гардиданд. Бо шарофати истиқлоли давлатӣ мардуми худшиносу худогоҳу фарҳангсолору хирадпешаи тоҷик ҷашнҳои аҷдодиро бо эҳтирому шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои ид мувофиқи Низомнома «Дар бораи Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Байрақи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад. Ба муносибати таҷлили рӯзи Парчами миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои оммавию сиёсӣ гузаронида мешаванд. Зикр намудан ба мақсад мувофиқ аст, ки Парчами миллӣ муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, рамзи худшиносию худогоҳии миллӣ, разми давлатдорӣ ва ифтихор аз соҳибихтиёрӣ мебошад. Ҳамзамон Парчами давлатии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишварамон азизу муътабар мебошад ва ҳар як фарди дорои ақлу нангу номуси ватандорӣ бояд маҳбубият ва садоқати худро ба миллати тоҷики тоҷбарсар нишон диҳад.

Дар воқеъ рангҳои Парчами миллӣ инъикоскунандаи роҳи тайнамудаи пурмашаққату пурифтихори таърихии халқи тоҷик ва арзиши волои маданияту фарҳанги миллӣ мебошад. Қобили тазаккур аст, ки ранги сурх - рамзи мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед- рамзи хушбахтиву орзуву ормон ва умед, ранги сабз - рамзи гулгулшукуфоӣ, ифтихор ва абадият аст. Дар мобайни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ситора омадааст, ки он нишонаи решаҳои амиқу устувори таърихии истиқлоли Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Чуноне, ки иттилоъ дорем, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-уми ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 май 2007 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Метавон гуфт, ки бо таҷлили чунин ҷашнвораҳои миллӣ дар қалби ҷавонон ҳисси баланди ифтихори миллӣ, манфиатҳои миллӣ, мафкураи миллӣ, идеяи миллӣ, худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ҳувият, ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, Ватан-Модар, Истиқлол, соҳибихтиёрии Тоҷикистонро парварида, онҳоро ҳамчун фарзандони содиқи Ватан тарбия намоем. Дар ҳақиқат ҷавонони саодатманди тоҷик дар фазои амну субот ба сарбурда, ҳомиёни некноми ояндаи миллату давлати тоҷикон мебошанд.

Ҷавонон парчамбардорони миллати сарбаланду тамаддунофари тоҷик буда, Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳон бо сарфарозӣ парафшонӣ мекунанд. Таърих гувоҳ аст, ки қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ, ба Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами давлатии тоҷикон дар замони истиқлоли давлатӣ василаи асосии таҳкими ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст. Тоҷикон аз замонҳои қадимтарини давлатдории худ соҳиби рамзи асосии давлатдорӣ, яъне парчам буданд.

Парчам аз қадимулайём рамзи шуҷоат ба шумор рафта, онро шахсони муътабари давр боло мебардоштанд. Дар даврони муосир низ ин анъана идома ёфта, парчамро мардуми шарифи тоҷик дар кулли музаффариятҳояшон ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар ҳамчун ливои зафар бо ҳисси баланди ғурури миллӣ парафшон менамоянд. Имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки аз давлату давлатдории тоҷиконаи Тоҷикону Тоҷикистон ифтихору қаноатмандӣ намуда, истиқлоли давлатии мамлакат, муқаддасоти миллӣ, арзишҳои миллӣ, пойдории сулҳу субот ва оромии ҷомеаро ҳифзу гиромӣ медорем.

Давлиёрова Сафаргул Тешаевна, н.и.ф., дотсент, ходими пешбари илмии Шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ