21 ноябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Шурои олимони Институти омузиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ дар мавзӯи “Парчами давлатӣ - ифодагари ифтихори миллӣ” баргузор гардид.
Дар рафти семинар, ки таҳти мудирияти Раҳмонзода Азимҷон,муовини директори Институт идома ёфт, кормандони илмии муассиса Зиёев С.,Воҳидова С.,Қурбонов Ҳ., Холиқова Ш.,Юсуфӣ Ф. оид ба аҳамияти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд ва қайд намуданд, ки он дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Ҳамчунин таъкид гашт, ки ҳамасола дар кишвари мо 24 ноябр- Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукӯҳ таҷлил мегардад.