Skip to main content

Мусаллам аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъқид менамоянд “Парчами давлатӣ барои мо- тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамонмебошад”.

Тоҷикистон, Парчамат тоҷи сар аст!
Парчами ту аз ҳама болотар аст!

Парчами ту Парчами адл асту дод,
К-ин дирафши Коваи оҳангар аст!

Парчами ту буда аз ҷилди паланг,
Бегазанду маҳкаму тобовар аст!

Аз миёни халқ гардида баланд,
З-ин сабаб дар Парчами ту бовар аст!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми соҳибхиради Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси баланди ифтихор аз давлатдории миллии тоҷикон таҷлил менамоянд.

Мусаллам аст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид низ маҳз бо парчами худ пазируфта шуда, эътироф мегардад.

Яъне Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳамасола, санаи 24-уми ноябр дар кишвари маҳбубу соҳибистиқлоли мо Рӯзи Парчами давлатӣ дар руҳияи баланди ватандӯстонаву садоқат ба арзишҳои миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин муқаддасоти миллӣ рамзи Истиқлолияти давлатӣ буда, бо ифтихор аз ватану давлатдорӣ ва соҳибистиқлолӣ таҷлил мегардад ва боиси ифтихору сарафрозии мост.

Барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик Парчам нишони ҳастӣ, сарчашмаи қудрату тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва ифодагари ғурур ва ифтихори миллӣ мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ Рӯзи Парчами давлатӣ аз 24-уми ноябри соли 2009 ҳамчун яке аз ҷашнҳои миллӣ қайд карда шуда истодааст, ки ин боиси ифтихору сарафрозии мо тоҷикон мебошад.

Пешвои муаззами миллат дар мавриди ҷойгоҳи хоси Парчами давлатӣ таъкид кардаанд: «Ҷойи сарафарозист, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар саросари олам партавафшонӣ карда, нишона аз мардуми сулҳхоҳу тамаддунсоз ва кишвари дар ҳалли масоили глобалӣ муваффақи мо мебошад. Қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба Парчами давлатӣ - ин рамзи истиқлолу озодӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандориву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллӣ арҷ гузорем». Ин таъкиди Сарвари давлат ҳар яки моро вазифадор месозад, ки бо эҳсоси волои худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба Парчами давлатӣ эҳтироми самимӣ дошта бошем.

Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки ин рамзи миллӣ ба сифати омили нангу номуси ватандорӣ мардуми моро борҳо муттаҳид кардааст ва аз вартаи ҳалокат раҳо бахшидааст. Мо баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар давраи ниҳоят вазнину ҳассоси ҳаёти халқамон бо истифода аз таҷрибаи ниёгони шарафмандамон парчами давлати худро интихоб ва қабул кардем, ки он мардуми моро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ сафарбар намуд.

Имрӯз барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик парчам сарчашмаи нерӯву тавонмандӣ дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ мебошад. Яъне Парчами давлатӣ сокинони кишвари моро дар майдони ободониву созандагии Ватан муттаҳид намуда, ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва худшиносиву худогоҳии онҳоро тавсеаву тақвият мебахшад.

Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда менамоем.

Қобилизикр аст, ки солҳои охир бунёди майдони Парчами давлатӣ ва парафшон намудани ин рамзи муқаддас дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад. Парчами давлатӣ, хусусан, барои ҷавонони Тоҷикистони азиз омили сарфарозӣ буда, онҳо дар ҳама ҷабҳаҳо зери ин рамзи давлатӣ муттаҳид мешаванд ва иқдомоти шоистаи ватандӯстонаро, аз ҷумла дар ҳимояи Ватани маҳбуб ва дифои ҳар ваҷаб хоки муқаддаси он бо ҳушёриву зиракӣ амалӣ менамоянд.

Дар ин самт зарур аст, ки илова ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, парчам ҳамчун нишони сарисинагӣ аз ҷониби сокинони мамлакат, инчунин, дар манзилҳои истиқоматӣ ба сифати рамзи ифтихору ватандӯстӣ васеъ истифода гардад.

Бигзор, Парчами давлатии кишвари мо, ки далели пойдор будани сулҳу миллатамон аст, бар фарози Тоҷикистон ва мардуми шарифи он то абад парафшон бошад!

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ тамомии ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, таманнои онро дорем, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои ватани азизамон Тоҷикистон ва берун аз он то абад парафшон бошад.

Боқизода Адлинисо - Ходими илмии МДИ Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ