“Парчами миллӣбарои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣбуда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мусаллам аст, ки инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ вобаста ба вазъу ҳолатҳои мухталиф ва печида барои ифодаи ҳадафҳои дар пеш гузоштаи худ рамзҳои мухталифро эҷод намудааст. Парчами миллӣ низ барои ҳар як давлату миллат, яке аз муқаддасоти миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамзамон таърихи пайдоиши худро дорад. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчами миллиаш тасаввур ва фарқ карда наметавонем. Зеро парчам ҳамчун рамзи гӯёи истиқлол ва мустақилу пойдор будани давлатро ифода менамояд.
Дар ибтидои пайдоиши худ парчам пештару бештар ҳамчун рамзи нерую қудрат ва тавоноию шуҷоат, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Таърихи инсоният исбот кардааст, ки дар вақти ба вуқуъ пайвастани ҷангу низоъҳо ҳар як лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Бо мақсади дар сафи пеши майдони набард ва ҳарбу зарб қарор доштани ҷанговарон сипоҳии далеру шуҷоъ ва ё худ неруманде ба ҳайси пешвои асосӣ, парчамбардор ё худ парчамдор номида мешуд.
Аз нигоҳи дигар, зарурати таърихӣ кулли инсонҳои рӯйи оламро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкори мондагори худ ҳатман рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Бояд қайд кард, ки мазмуни рангҳои Парчами миллии мо тоҷикон аслан гирем аз китоби муқаддаси “Авесто” сарчашма мегирад. Ранги сурхи парчам рамзи офтоб, ғалаба ва музаффарият, ранги сафед рамзи покии маънавии мардум, барф ва кӯҳҳои сарбаланди кишвар аст, ки 93 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил менамояд. Ҳамзамон ранги сабз нишонаи Наврӯзи оламафрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷой гирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ тасдиқ шуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтаанд.
Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо Фармони худ аз санаи 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро ҳамчун «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуда буданд, ки аз он вақт инҷониб ҳамасола ин рӯз ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ифтихору сарбаландӣ аз доштани чунин Парчами миллӣ ботантана таҷлил мегардад.
Хулоса, дар бораи пайдоиши парчаму парчамдорӣ суханҳои зиёде мавҷуданд. Муҳиммаш он аст, ки меҳру муҳаббат ва арҷ гузоштан ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар як фарди бонангу номус ҳамеша ва ҷовидона маъво дошта бошад ва ҳамзамон ӯро бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва инчунин ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ бояд ҳамчун рисолати таърихӣ, қарзи фарзандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим гуфтааст:
Дирафши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ,
Намои эътиқоду боварӣ, эй Парчами миллӣ!
Файзали ҲАКИМОВ, - ходими калони илмии Институти зоология ва паразитологияи АМИТ