Имруз (20.02.2024) вохурии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимону кормандони Институти геологияи АМИТ доир гашт. Нахуст Президенти АМИТ оид ба Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, самтҳои ба илм нигаронидаи Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, барои дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дақиқ ва риёзӣ”, ки бевосита ба Институти геология тааллуқ дорад, ба олимону кормандони соҳа машваратҳои судманд дода, ҳамзамон оид ба ҷоннок намудани кор дар самтҳои институт, аз он ҷумла омода намудани олимони ҷавон, андухтани таҷрибаи олимони соҳибмактаб, харидории лабараторияҳои наву замонавӣ, таъсиси маҳфилҳои инфиродӣ, ҳамкориҳои судманд бо олимони муассисаҳои олии дохил ва хориҷи кишвар, зиёд намудани шумораи кормандони илм, расонаӣ намудани корҳои баанҷомрасидаи илмӣ, чопи мақолаву манаграфияҳои илмӣ дар журналҳои тақризшавандаи дохил ва хориҷ, баланд бардоштани хирши кормандони илм, дарёфти грантҳои хориҷӣ барои харидории лавозимоти лабараторияҳо, навиштани мақолаҳои идеологӣ, андешидани чораҳои зарӯрӣ барои баланд бардоштани илми тоҷик ба масъулини институт дастурҳои мушаххас доданд.