Бинед мо чӣ гуна озод нафас мекашем, мисли шабҳои сокит қалбҳоямон ором аст, қалбҳоямон ҳамеша масрур аст, чеҳраамон медурахшад, мисли оне, ки хуршед аз Машриқ тулӯъ мекунаду равшанӣ медиҳад. Ин ҳама як сӯ гузорем, вақте ки дар хиёбонҳои гулгуни диёр кӯдаконро бо чеҳраи хандону табассуми нотакрораш мебинем, дастархонҳои бозу пур аз нозу неъмат ва дар сари он модарони хушбахтамонро бо дасти дуо мебинем. Ин ҳама хушбахтии нотакрору зеборо маҳз дар ватани азизамон Тоҷикистони ба ҷон баробар мебинем. Дар паси ҳар як хандаи кӯдаки ин диёр, дар паси ҳар як шодиву нишоти мардуми беолоиш маҳз ҷавонони шуҷоъи Ватан меистад. Меарзад, ки худро фидои чунин лаҳзаҳои бебоку осуда намоӣ ва барои ҳифзи он, чун гавҳараки чашм, камари ҳимат бандӣ.
Артиши миллӣ пойдевори асоси ҳифзи марзу буми аҷдодӣ аст. Агар он кишваре, ки парчами сулҳро дар манотиқи кишвараш парафшон нигоҳ медорад, бояд тазакур дод, ки он кишвар орому осуда дар масири созандагӣ қадам мениҳад. Дар ин замина он кишвар дорои Артиши низомии пурирода аст. Тоҷикистони азизи мо имрӯз дорои Қувваҳои Мусаллаҳи худ аст ва дар сафҳои он ҷавонони бедордили меҳан адои хизмат менамоянд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии истиҷлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибору эътимоди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба таъсисёбии Артиши миллӣ нигаронида шуд ва онро бо заҳмату талошҳо аз сифр барпо намуд.
Имрӯз бошад бо шарофати пойдории сулҳу субот Артиши низомии Тоҷикистон 31 сола шуд. Шукронаи сулҳу субот, оромӣ, хандаҳои бекаронаи кӯдакон касро ба шавқу рағбати беандоза мубаддал месозад ва дили касро ба зиндагӣ гарм месозад. Мо имрӯз ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва соҳибэҳтиром дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудаем. Мо бояд ба қадри Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои миллӣ бирасем. Бузургон гуфтаанду фармудаанд: “Қадр қадр талаб мекунад”, пас барои боқадру инсони комили ин диёр будан ба қадри ҳар як қатраҳои оби зулоли Ватан бирасем, ҳар як кафи хоки ватанро ба чашми худ тӯтиё намоем.
Ман ифтихор мекунам, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан – модарро адо намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Пешвои миллатам, кишвари паҳнову биҳиштиям ва модари арҷмандам ба ҷо овардам. Ҳар бор мегӯям, ки мо озодем. Ба пеши чашм меорам, ки моро касе идора намекунад мо давлати озод, демократӣ ва дунявӣ дорем, миллати куҳандиёр дорем. Шабу рӯз да кӯчаҳои кишвар бо қалби пуру шодиву сурур сайру гашт мекунем, дар сари дастархон бо аҳли оилаи худ бахтиёрем, дар Донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил мекунем, кору фаъолият мекунем. Ин ҳама самараи беназири сулҳу оромӣ ва пойдории Артиши милиӣ аст. Мо сарвари оқил чун Пешвои миллат дорем, боиси ифтихори мост ва асосгузори давлати навини соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд, ки барои мо тоҷикон хизматҳои бениҳоят бузургро сомон додаанд. Пас мо насли наврас бо тамоми ҳастии худ барои Ватани азизамон хизмат намоем ва номи кишварамонро дар баландтарин қуллаи само ҷой диҳем, чун кавкаби нурбор дурахшон бимонад.
Ба ҷавонони соҳибдилу соҳибирода гуфтаниям, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар адои хизмат намудан ин шарафу мардонагист. Агар ҳар бор худро фарзанди ин диёр ном мебарем, пас хизмати ин Ватанро кунем, қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан бо сари баланд ба ҷо орем. Ин лаҳза шеъри “Ин ватанро сохтан осон набуд!”-и Бузургмеҳри Баҳодурро мисол меорам, ки дар ҳақиқат таъсирбахшу хонданист: Сўхтан, бигдохтан осон набуд, Ин Ватанро сохтан осон набуд. Ин ҳама ороиш аз хуни дил аст, Хонаро пардохтан осон набуд. Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар, Парчаме афрохтан осон набуд. Сар ба дору пой дар завлона монд, Бе сару по тохтан осон набуд. Баъди хуни панҷаҳои Борбад, Уди нав бинвохтан осон набуд. Сад ҳазор осори фарҳангу ҳунар - Ҳамчу ҷоне бохтан осон набуд. Чун Сиёваш хешро аз баҳри нанг Бар алоб андохтан осон набуд. Хокаш аз ашки ниёгон хуррам аст, Ин Ватанро сохтан осон набуд.
Шаҳзод ҚАЮМОВ - магистри курси 1-уми Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ