Skip to main content

Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии ҳар ҷомеаи мутамаддин ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 роҳи душворе пеш гирифт, тавонист бо сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти кишвар ва дастгирии мардум, ваҳдати миллиро ҳамчун асоси сулҳу субот ва рушди давлатдорӣ барқарор кунад. Ин таҷриба метавонад намунаи хубе барои кишварҳои Ховари Миёна бошад, ки имрӯз дар шароити буҳрон ва ихтилофҳои сиёсиву мазҳабӣ қарор доранд. Дар ин роҳи мураккаб ва пурошӯб, шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат нақши муҳим ва таърихӣ бозид.

Ваҳдати миллӣ дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои калидии рушди давлатҳо ва таъмини амнияту суботи дохилӣ ва байналмилалӣ ба шумор меравад. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки пур аз таҳдидҳо ва нооромиҳои сиёсиву иҷтимоӣ аст, ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми ботинӣ, балки як ояндасоз ва пойдоркунандаи давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ вазъ дар Тоҷикистони муосир ниҳоят ноором гардид. Имкониятҳои беҳтарини рушд аз даст рафт, ниҳодҳои давлатӣ заиф шуд, гурӯҳҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ ба ҳам мухолифат карданд. Пасон, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар ва овора шудани садҳо ҳазор шаҳрвандон гардид. Дар чунин шароит соли 1992 Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Интихоби ӯ оғози марҳалаи нави таърихӣ шуд, ки боиси ҷустуҷӯи сулҳ ва барқарории ваҳдати миллӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки солҳои 90-ум барои мардуми Тоҷикистон давраи имтиҳону озмоиши ҷиддӣ буд. Ҷанги шаҳрвандӣ боиси фурӯпошии сохторҳои давлатӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ гардид. Аммо баъди имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 Тоҷикистон ба давраи нави сулҳу ваҳдат ворид шуд. Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки кишвар суботро барқарор намуда, ба сӯи рушди устувор рӯ орад.

Кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Сурия, Ироқ, Яман, Лубнон ва Либия, солҳои зиёд аст, ки гирифтори ҷангҳои дохилӣ, ихтилофҳои мазҳабӣ ва бӯҳронҳои амиқи сиёсӣ мебошанд. Дар ин замина таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон метавонад чанд паёми муҳим дошта бошад. Зеро омилҳое, ки ваҳдати миллиро дар Ховари Миёна таҳдид мекунанд, мазҳабгароӣ, миллатгароии маҳаллӣ, дахолати манфиатдорони қудратҳои хориҷӣ, ифротгароии мазҳабӣ ва терроризм мебошад.

Аз ҷумла, сулҳи Тоҷикистон исбот кард, ки танҳо бо роҳи гуфтушуниди дохилӣ ва эҳтироми манфиатҳои тарафҳо метавон ба сулҳу субот даст ёфт. Кишварҳои Ховари Миёна низ метавонанд аз ҳамин усули дипломатияи сулҳофаринӣ ва ақлу хиради миллиашон барои созиш миёни тарафҳо истифода баранд.

Бояд таъкид кард, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми давраҳо ба ваҳдати миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар баробари ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чолишҳо ва таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ нигоҳ накарда, ба музокироти сулҳ ҳамчун василаи аввалиндараҷаи ҳалли ҳама мушкилот самимона ташаббус нишон доданд. Тавассути раванди муколама, музокира ва дидор бо чеҳраҳои гуногун дар ниҳоят ба имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ноил гардид. Эмомалӣ Раҳмон пас аз имзои созишнома сиёсати афви умумӣ ва бахшишро пеш гирифт. Ин иқдом барои ба њам наздик шудани мардум мусоидат намуда, барои бозгашти гурезањо ва муттањидшавии миллат фазои мусоид фароњам овард. Ӯ ҳамчунин ба эҳёи таърихи миллӣ, забони давлатӣ, фарҳанг ва суннатҳои миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд. Ин тадбирҳо дар қалби мардум ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллиро бедор кард.

Дар Тоҷикистон, ҳамаи табақаҳои ҷомеа, аз рӯҳониён то зиёиён, барои таҳкими ваҳдат саҳм гузоштанд. Ин таҷриба нишон дод, ки ҳар як фарди ҷомеа метавонад дар сохту пойдори сулҳу субот нақши муҳим дошта бошанд.

Барои беҳтар гардидани зиндагии мардуми сайёра, борҳо аз минбарҳои байналмилалӣ ба сулҳу осоиштагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳаммулгароӣ даъват кард. Зимни суханронии худ дар нишасти ғайринавбатии муштараки арабӣ-исломӣ дар шаҳри ар-Риёзи Арабистони Саудӣ, ки 11 ноябри соли 2024 баргузор шуд, таъкид кард, ки “ҳалли воқеии қазияи Фаластин ва таъмини сулҳи одилонаву пойдор дар минтақа танҳо тавассути иҷрои қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташкили Давлати мустақилу соҳибихтиёри Фаластин имконпазир мебошад. Ин роҳест, ки тавассути он мардуми Фаластин метавонанд ҳаққи аслии миллии худро ҳамчун субъекти мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси усулҳои эътирофшудаи муносибатҳои байнидавлатӣ амалӣ намоянд. Пешниҳоди Тоҷикистон дар ҷаласаи 79-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба қабули қатъномаи махсус дар бораи эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳадафи сулҳофарӣ ва ҳалли мусолиматомези мушкилиҳои ҷаҳонро дорад”.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон ваҳдати миллиро ба маркази сиёсати давлат табдил доданд. Ҳамасола 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад ва дар ин рӯз на танҳо дастовардҳои сулҳ, балки ҳамбастагии тамоми миллатро ҷашн мегиранд. Зеро баъди ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ сохторҳои давлатӣ барқарор гардида, гурезагон ба ватан баргаштанд, сармоягузорӣ ва рушди иқтисодӣ афзоиш ёфта, фазои суботи сиёсӣ барои наслҳои оянда ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз гирдоби ҷанг ба сӯи сулҳу ваҳдат ва пешрафт равона карданд. Ба ин далел, саҳми ӯ дар таърихи муосири Тоҷикистон дастоварди таърихӣ ва бузург арзёбӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти сиёсии хирадманд ва дорои иродаи қавии миллӣ тавонист миллати парешонро муттаҳид созад. Маҳз роҳбарии оқилона ва сиёсати таҳаммулгароёнаи ӯ буд, ки имрӯз Тоҷикистон ҳамчун як кишвари сулҳҷӯй, муттаҳид ва дар ҳоли рушд шинохта шавад, табдил дод. Нақши ӯ дар таъмини ваҳдати миллӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки кишварҳои дигар низ намунаи ибрат аст.

Кишварҳои Ховари Миёна агар масъалаи ваҳдати миллиро нодида гиранд наметавонанд ба сулҳу субот ва пешрафти воқеӣ ноил шаванд. Танҳо тавассути якпорчагӣ, эҳтироми ҳамдигар, адолати иҷтимоӣ ва эҳтироми гуногунандешӣ, метавон ин кишварҳоро аз вартаи ҷанг ва фурӯпошӣ наҷот дод. Ваҳдати миллӣ ҳамчун асоси давлатдорӣ ва кафили амният ва рушди ҷомеа мебошад.

Ба ҳамин тариқ, таҷрибаи Тоҷикистон дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ на танҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои тамоми ҷаҳон, бахусус кишварҳои Ховари Миёна аҳамияти омӯзанда дорад. Ин таљриба собит кардааст, ки бо иродаи қавии сиёсӣ, муҳаббат ба Ватан ва таҳаммулгароии миллӣ метавон сулҳро таъмин кард ва кишварро ба сӯи рушду тараққиёт пеш бурд. Зеро ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон як дастоварди бузург ва арзишманд мебошад, ки бо қурбониҳои зиёд ба даст омадааст. Ҳифз ва таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар мебошад. Барои пойдории ин ваҳдат, зарур аст, ки ҳамеша рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром бо гуногунандешӣ ташвиқ ва ривоҷ дода шавад.

Одинаев Абдуҳалим - ходими пешбари илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ

Маҳмадиев Ғолиб - ходими илмии

шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики

Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои

Осиё ва Аврупои АМИТ