Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар як миллат ва шаҳрванди бонангу ори мамлакат неъмати бебаҳо буда, он дар роҳи расидан ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таърихӣ ҷойгоҳи махсусро касб мекунад. Дар робита ба ин, аз қадимулайём мафҳуми истиқлолият дар озодипарастӣ, озодихоҳӣ, ҳамҷаворӣ ва дӯстии ҳамдигар ифода меёфт ва мардум бо орзу доштанд, ки кишвари мо дар харитаи ҷаҳон ҳамчун кишвари мустақил ва соҳибихтиёр мавқеият дошта бошад.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо амри тақдир ва толеи накӯи миллати тоҷик дар ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ халқи тоҷик баъди ҳазор соли номустақилӣ, аз нав эҳё ва эъмори давлати миллии худро соҳиб гардид.
Соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардидани миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи худ дастоварди беназир буд, вале хурсандии халқи тоҷик дер давом накард. Аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолият монеаҳо дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуҷуд омада, мардум бо мушкилоту таҳаввулоти сангин дучор гардиданд.
Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон раванди гузариш аз як низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба низоми нав нисбат ба кишварҳои дигари ҷаҳон ба маротиб мураккаб буд, зеро он бо сар задани ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ вобастагӣ дошт. Бояд қайд кард, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабуда, ба иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ хисорот ворид намуд.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид зикр намудаанд: “Ҳар як нафар бояд шукрона кунад, ки баъди ҳазорсолаҳо мо соҳиби давлати соҳибистиқлол шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем. Ҳар яки мо вазифадорем, ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолиятро содиқона ҳифз намоем. Кишвари азизу муқаддасамонро ба як сарзамини обод ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳем”.
Вобаста ба рушди иқтисоди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон(23.12.2023) таъкид карданд, ки: «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шудаанд».
Тибқи нишондодҳои оморӣ дар соли 2024 дар соҳаи саноат ҷихати ноилшавӣ ва ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунонии бисуръат зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва таъмини талаботи бозор бо маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ як қатор тадбирҳо амалӣ гарданд. Дар 2024 сол 528 корхонаи саноатӣ бо 5115 ҷойҳои корӣ мавриди истифода қарор дода- шуданд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд 164 корхона, дар шаҳри Душанбе 141 корхона, дар вилояти Хатлон 89 корхона, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 91, дар ВМКБ 43 корхона ба истифода дода шуданд.
Тавре қайд намудем, рушди иқтисоди миллӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, танзими муносибатҳо ва истифодаи самараноки захираҳо дар ин самт имкон медиҳад, ки ба рушди бемайлони иқтисоди миллӣ ноил гардида, дар ин замина сатҳи камбизоатиро коҳиш дода, кишвари худро аз ҳар гуна паёмадҳои номатлуби ҷомеаи чаҳонӣ эмин нигоҳ дорем.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат тайёри ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии мамлакат тайёрӣ идома дорад. Мо олимони Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикикистон низ барои бо дастовардҳои бузурги илмӣ истиқбол гирифтани ҷашни муборак тайёрӣ дида истодаем.
Истиклоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории мо нодиртарин падидаи сарнавиштсозии миллат мебошад. Таҳти роҳбарии Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид ва дар тамоми соҳаҳо мардум ба созандагиву буёдкорӣ машғул шуданд. Дар натиҷа дар замони истиқлол дар кишвар корхонаҳои хурду миёна ва бузург сохта, ба истифода дода шуданд.
Расулов М. Ғ., Сайдалиева А.С. ходимони илмии Маркази таҳқиқоти технологияҳои инноватсионии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикикистон