Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 барои мардуми тоҷик, санаи тақдирсози миллат мебошад, зеро маҳз дар ҳамин рӯз бо роҳи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба стандартҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Чи хеле ба мо маълум аст, санаи 10-уми декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад. Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд: «Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».
Зеро дар моддаи якуми боби аввали Конститутсияи кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ муаррифӣ карда шудааст. Давлат ба тамоми табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, оилаҳои камбизоат, пирони дастнигару бемор, маъюбон ва ғайраро зери парасторӣ ва ғамхории махсус гирифтааст.
Конститутсия ҳамчун шиноснома миллату давлатро дар арсаи дохилӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз мо 31 - солагии қабули онро ҷашн гирифта истодаем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартари дошта, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст. Ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузарондааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва ҳизбҳои гуногуни сиёсӣ, созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин бевосита маром ва ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумӯи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд.
Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5). Конститутсия муносибатҳои байни мақомоти марказии ҳокимияи давлатиро аз рӯи принсипи таҷзияи он муайян кардааст: «Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қуонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад».
Халқ ҳокимияти худро бо роҳи ифодаи иродаи худ дар интихобот ё интихоби мақомҳое, ки халқро намояндагӣ мекунанд, ба амал мебарорад. Яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ интихоби институти президентӣ буд. Дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ба ҷои идоракунии президентӣ тарзи парлумонӣ интихоб гашта буд. Бинобар ин, ҳангоми таҳияи Конститутсия баҳсҳо зиёд гашта, ду лоиҳа таҳия гардид ва дар муҳокимаи гурӯҳи корӣ ва Комиссияи конститутсионӣ аксарият «Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ»-ро тарафдорӣ карданд. Давоми амали Конститутсия дурустӣ ва ба ҳолати кунунии ҷумҳурӣ мувофиқ будани ин роҳ исботи худро ёфт. Конститутсия шакли идоракунии президентиро муқаррар намуд ва тибқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президенти давлатро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб менамоянд.
Боби ҳаштуми Конститутсия ба танзими ҳокимияти судӣ ҳамчун рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ бахшида шуда, принсипҳои асосии фаъолияти он, низоми сохтори судӣ, вазифа, мақсадҳои амалӣ намудани адолати судӣ ва ваколатҳои судяҳоро муқаррар намудааст. Аз ҷумла, тибқи моддаи 87-уми Конститутсия «судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Ин муқаррарот фаъолияти мустақилона ва имкони пурраи баамалбарории адолати судиро таъмин менамояд. Принсипи мустақилияти судяҳо яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, барои таъмини фаъолияти суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда таъсис дода шудааст, равона гардидааст.
Хамин тариқ дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти кишварамон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.
Бо як Ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 31-умин солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамкорон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастовардҳои илмӣ ва пирӯзии Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандам.
Халикова Саодат - ходими пешбари илмии Институти химияи ба номи
В.И. Никитини АМИТ Озмоишгоҳи “Химияи павастагиҳои калонмолекула”
