Skip to main content

(дар ҳошияи Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ аз 4 ноябри соли 2025 дар Давлати Қатар)

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба рушди иҷтимоӣ, ки 4 ноябри соли 2025 дар Давлати Қатар баргузор гардид, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва илмӣ арзёбӣ мешавад. Ин суханронӣ на танҳо дастовардҳои миллии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ инъикос мекунад, балки пешниҳодҳои мушаххасро барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди "сабз" матраҳ менамояд.

Яке аз нуқтаҳои марказии дар ин суханронӣ – қабули Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 мебошад. Ин санад ҳамчун "омили калидии ҳифзу таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон" муайян гардида, ба рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ равона шудааст. Дар заминаи он, Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026–2030 қабул мешавад, ки марҳилаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд то соли 2030 буда, бо ҲРУ комилан ҳамоҳанг аст.

Таҳлил нишон медиҳад, ки ин стратегияҳо на танҳо ҳадафҳои миллӣ, балки уҳдадориҳои байналмилалиро иҷро мекунанд. Масалан, таваҷҷуҳи махсус ба таҳкими сармояи инсонӣ тавассути рушди маориф ва тандурустӣ зоҳир мешавад. Дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд. Ин равиш бо 3 ҲРУ (Таъмини ҳаёти солим ва беҳтар кардани некӯаҳволӣ барои ҳама дар ҳама синну сол) ва 4 ҲРУ (Таъмини таҳсилоти босифати фарогир ва одилона ва фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил дар тӯли ҳаёт барои ҳама) мувофиқат мекунад. Ғайр аз ин, ҳамкории Ҳукумат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамчун омили муҳим таъкид гардида, ки дар ду даҳсолаи охир беш аз 4,1 миллион ҷойи корӣ эҷод шудааст. Ин рақамҳо далели эмпирикии пешрафти иҷтимоӣ буда, бо 8 ҲРУ (Мусоидат ба рушди устувори иқтисодӣ, фарогир ва устувор, шуғли пурра ва самаранок ва кори арзанда барои ҳама) алоқаманданд.

Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 аз 29 ноябри соли 2022, № 577 бо дарназардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андухташуда, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқи муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор то соли 2030 таҳия гардида, ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ то соли 2040 муайян менамояд. Ин ҳуҷҷате мебошад, ки дурнамои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва рушди минбаъдаи давлатро инъикос намуда, ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани низоми ҳифзи иҷтимоӣ, аз он ҷумла ислоҳоти институтсионалӣ, таъмини рушди устувори кишвар, таъмини кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон дар марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ ва таҳкими адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа нигаронида шудааст. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии кишвар тамоми тадбирҳои заруриро меандешад. Рисолати таҳия ва амалисозии банақшагирии стратегӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат, идома додани ислоҳоти соҳа бо мақсади коҳиш додани таъсири хавфҳои беруна ва дохилӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебошад. Ҳадаф ва вазифаҳои Стратегия асосан аз самтҳои афзалиятнок ва асосии фаъолият, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд, инчунин аз ҳадафҳои стратегии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бармеоянд, аз ҷумла:

- такмили низом ва тартиби кор, ки барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шахсони алоҳида ва оилаҳои осебпазир дар тамоми ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд;

- таҳкими заминаи моддӣ, тақвиятбахшии захираҳои инсонӣ ва зиёд намудани маблағгузории соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои бартараф намудани осебпазирии иқтисодӣ ва иҷтимоии оилаҳои серфарзанд, одамони дорои маъюбият, пиронсолон ва гурӯҳҳои дигари аҳолӣ, ки бештар мубталои камбизоатӣ мебошанд;

- таъмини дастрасии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва умуман таҳсилоти томактабӣ, инчунин рушду такомули барвақтии кӯдакон, баланд бардоштани шуғлнокии занон ва таъмини хизматрасонии иҷтимоии онҳо;

- таҳияи Консепсияи ислоҳоти низоми таъминоти нафақа барои марҳила ба марҳила гузаштан ба низоми пасандозии таъминоти нафақавӣ ва пай дар пай баланд бардоштани андозаи нафақа;

- ташаккули консепсия ва афзоиши ҳамзамони шумораи шуғли пурмаҳсул ва маҳсулнокии меҳнат, танзими равандҳои стратегии мухоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар ва таъмини ҳифзи иҷтимоии самарабахш;

- таъмини дастрасии васеъ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, даромад ва амнияти озуқаворӣ барои тамоми шахсон ва оилаҳои муҳтоҷ дар давоми марҳилаҳои гуногуни зиндагӣ;

- тақвият додани механизмҳои унвонии низоми расонидани кумакҳои иҷтимоӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти протезию ортопедии ватанӣ ва таъминоти маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ;

- гузаронидани таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа бо мақсади такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, ки ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, механизми мукаммалгардонии онҳо мебошанд. Дар баробари ин, тадриҷан ба низоми мавҷудаи хизматрасонии иҷтимоӣ ворид намудани унсурҳои нави замонавӣ ва инноватсионӣ, пешгирӣ намудани тамоюли афзоиши маъюбшавии аҳолӣ, аз ҷумла бемориҳои рӯҳӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти шабакаи муассисаҳои табобатию пешгирикунанда ва комиссияҳои экспертизаи тиббию иҷтимоии мақомоти ваколатдори давлатӣ, рушди намудҳои гуногуни хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, кордармонӣ ва монанди инҳо дар муассисаҳои давлатии будубоши доимӣ ва марказҳои тавонбахшии маъюбон;

- андешидани тадбирҳои самарабахш барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакони осебпазир ва таъмини шароити арзандаи оиладорӣ, ҳифз ва тавсеаи арзишҳои оила ҳамчун қисми ҷудонашавандаи низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;

- муайян намудани меъёри кормандони мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ.

Самтҳои асосӣ ва нишондиҳандаҳои Стратегия вобаста ба се давраи зиндагӣ (ҳомиладорӣ, кӯдакию наврасӣ, синну соли қобили меҳнат ва давраи пиронсолӣ) тибқи арзёбии хавфҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ) муайян мегарданд. Стратегия бо маблағгузории 333321570 сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва 633310983 сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд таъмин мегардад. Манбаъҳои дар боло номбаргардида аз нуқтаи назари иқтисодӣ ва молиявӣ муайянкунандаи сарчашмаҳои асосӣ ва муҳим барои амалисозии Стратегия ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, амалисозии Стратегия тибқи мақсад ва вазифаҳои рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба вазъи молиявию иқтисодии кишвар дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, аз ҷумла ҷалби сармояи хориҷӣ, грантҳо, фондҳои башардӯстона ва донории созмонҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.

Рушди фарогири иҷтимоӣ "амалҳои муштаракро дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва ҷаҳонӣ тақозо менамояд". Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такид намуданд, ки: “Моро зарур аст, ки бо муттаҳид намудани талошҳо барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон шароити одилонаи рушди иҷтимоиро фароҳам созем. Дар кори Саммити имрӯза, мо бояд якдилона иродаи муштараки худро барои суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуда, ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои калидии он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем”. Ин андеша бо принсипҳои СММ ва 17 ҲРУ мувофиқ буда, таваҷҷуҳро ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун ҳадафи калидӣ ҷалб мекунад.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити СММ намунаи барҷастаи интегратсияи сиёсатҳои миллӣ бо ҳадафҳои ҷаҳонӣ аст. Стратегияҳои ҳифзи иҷтимоӣ далелҳои мушаххаси пешрафти Тоҷикистонро нишон медиҳанд. Ин суханронӣ на танҳо дастовардҳои кишварро таъкид мекунад, балки зарурати ҳамкории ҷаҳониро барои ҳалли мушкилоти умумӣ матраҳ менамояд. Чунин равиш метавонад ҳамчун модел барои татбиқи ҲРУ хидмат кунад, ки дар ниҳоят ба таҳкими сулҳу субот ва рушди иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.

Сангинзода Дониёр Шомаҳмад - муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор