Skip to main content
12123

Воситаи таълимии «Пешвои миллат – муаллифи ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон», ки аз ҷониби муаллиф Сангинзода Дониёр Шомаҳмад – муовини директор оид ба илм ва таълими Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессор– таҳия шудааст, асаре мебошад, ки соли 2025 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ба чоп расида, нахустин пажӯҳиши мукаммали илмӣ дар бораи сиёсати ҳуқуқии кишвар аз соли 1991 то 2025 мебошад. Муаллиф бо маҳорати баланди илмӣ, равандҳои ҳуқуқэҷодкунӣ, ислоҳотҳои ҳуқуқӣ ва нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар чор давраи асосӣ (1990–2010, 2011–2017, 2018–2023, 2024–инҷониб) таҳлил намудааст.

Асар бо қарори Шурои олимони Институти мо аз 30 январи соли 2025 (№1) ҳамчун воситаи таълимӣ тавсия шуда, барои донишҷӯён, унвонҷӯён, омӯзгорон ва мутахассисони мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Он на танҳо таърихро тасвир мекунад, балки ҳамчун илҳомбахши арзишҳои ватандӯстӣ ва маводи омӯзиши Мактаби давлатдории Пешвои миллат хизмат мекунад. Чунки ислоҳоти ҳуқуқӣ (ё ислоҳоти қонунӣ) — ин тағйирот ва такмилдиҳии низоми ҳуқуқӣ, қонунгузорӣ, муассисаҳои судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар як кишвар бо мақсади баланд бардоштани адолат, шаффофият, ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бо коррупсия ва мувофиқ кардани қонунҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

Фасли аввал – «Пешвои миллат ва ташаккули сиёсати ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон» – бо тасвири марҳалаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ оғоз меёбад. Муаллиф бо далелҳои муайян нишон медиҳад, ки Эъломияи Истиқлолият (24 августи 1990), Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатӣ (9 сентябри 1991) ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994) заминаи ҳуқуқии давлатдории муосирро гузоштаанд. Таҳлили Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (16 ноябри 1992, Қасри Арбоб) ҳамчун нуқтаи гардиши таърихӣ. Муаллиф бо истинод ба 74 санадҳои ҳуқуқии қабулшуда дар ҳамон иҷлосия, нақши муайянкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ равшан мегардонад.

Дар давраи аввал (1990–2010), муаллиф ба Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим (8 июни 2007, №272) таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Ин қонун, ҳамчун маҳсули ташаббуси Пешвои миллат, ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ, мубориза бо зиёдаравӣ ва ҳифзи фазои маънавии ҷомеа мусоидат кардааст. Суханронии Пешвои миллат дар мулоқоти 10-солагии қонун (11 июли 2017) ҳамчун далели амиқи таъсири он истифода шудааст.

Давраи дуюм (2011–2017), муаллиф бо маҳорат Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузорӣ (19 феврали 2011, №1021) ва Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд (2 августи 2011, №762)-ро таҳлил мекунад. Ин санадҳо ба тарбияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва мубориза бо тақлидҳои бегонапарастона равона шудаанд. Суханронии Пешвои миллат ба муносибати иди Фитр (29 августи 2011) ҳамчун далели аҳамияти ин ислоҳотҳо истифода шудааст.

Давраи сеюм (2018–2023), Консепсияи сиёсати ҳуқуқӣ барои солҳои 2018–2028 (6 феврали 2018, №1005) ҳамчун ҳуҷҷати стратегии рушди ҳуқуқӣ тасвир шудааст. Ислоҳотҳо дар соҳаҳои энергетика, иқтисод, мубориза бо коррупсия ва экстремизм бо таҳлили амиқ пӯшонида шудаанд.

Давраи чорум (аз 2024 инҷониб), муаллиф ба ташаббусҳои инноватсионӣ – Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040, қонунҳо дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва қатъномаи A/79/L.94 (2025) дар бораи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ – таваҷҷуҳ мекунад. Инҳо нишонаи гузариши Тоҷикистон ба сиёсати ҳуқуқии рақамӣ ва устувор мебошанд.

Муаллиф бо ростқавлӣ мушкилоти давраҳои аввал (номувофиқатии қонунҳо, коррупсия, дастрасии нокифояи аҳолӣ ба санадҳо)-ро зикр карда, нишон медиҳад, ки чӣ гуна Пешвои миллат тавассути ислоҳотҳои минбаъда ин мушкилотро ҳал кардааст.

Фасли дуюм – «Ташаббусҳои байналмилалӣ ва саҳми ҷаҳонии Пешвои миллати миллат» – асарро ба сатҳи пажӯҳиши глобалӣ мебардорад. Муаллиф бо далелҳои муайян нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат 15 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ-ро пешниҳод кардааст, аз ҷумла:

- Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» (2018–2028)

- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025)

- Қатъномаи A/79/L.94 дар бораи зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ (2025) ва ғайра.

Муаллиф нақши Пешвои миллат дар таҳкими Созмони Ҳамкории Шанхай (раёсат дар солҳои 2008, 2014, 2021), ҳамкориҳои «Осиёи Марказӣ – Чин» ва эътирофи Наврӯз ҳамчун мероси ҷаҳониро таҳлил мекунад. Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ (6 августи 2021, Туркманистон) ҳамчун эътирофи байналмилалии хизматҳои Пешвои миллат зикр шудааст.

Муаллиф бо маҳорат нишон медиҳад, ки чӣ гуна Пешвои миллат ҳамчун ҳомии иқлим, об ва пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Ин фасл асарро ба як пажӯҳиши муқоисавии ҳуқуқи байналмилалӣ табдил медиҳад.

Асар бо мундариҷаи муфассал, 2 фасл, 35 боб, хулоса, адабиёт (76 адабиёт) ва истинодҳои дақиқ барои омӯзиши ҳуқуқ, сиёсат ва таърих мувофиқ аст. Он барои донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, унвонҷӯёни илмҳои сиёсӣ ва фалсафа, омӯзгорони мактабҳои олӣ, мутахассисони мақомоти давлатӣ ва омӯзандагони Мактаби давлатдории Пешвои миллат пешбинӣ шудааст.

Воситаи таълимии «Пешвои миллат – муаллифи ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон» як пажӯҳиши нодир аст, ки:

1. Нахустин тадқиқоти мукаммал дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ дар даврони истиқлолият мебошад.

2. Саҳми бузурги Пешвои миллатро дар бунёди давлати ҳуқуқбунёд ва мавқеи ҷаҳонии Тоҷикистон нишон медиҳад.

3. Ҳамчун воситаи таълимӣ ва тарбиявӣ барои наслҳои оянда хизмат мекунад.

Тавсия дода мешавад, ки:

1. Ба барномаҳои таълимии донишгоҳҳо (факултетҳои ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ) ворид карда шавад.

2. Дар семинарҳои илмӣ ва тренингҳои мақомоти давлатӣ истифода шавад.

3. Ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума гардида, дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ шавад.

Ин асар на танҳо таърихро тасвир мекунад, балки ҳамчун чароғи роҳи рушди минбаъдаи ҳуқуқ ва сиёсат хизмат мекунад. Бо ифтихор тавсия медиҳем, ки ин воситаи таълимӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ мавриди омӯзиш қарор гирад.

ҲАЙДАРЗОДА РУСТАМ ҶУРА, директори Институти омӯзиши масъалаҳои

давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор