Skip to main content

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрик мегӯям.

Ба ҳар як хонадони мардуми шарифу сарбаланди кишвар тандурустиву иқболи нек ва рӯзгори орому осуда орзу менамоям.

Соли мелодие, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони маҳбуби мо боз як соли бобарору таърихӣ ва соли дастоварду пешравиҳои назаррас гардид.

Бо вуҷуди шароити ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ва таъсири манфии омилҳои берунӣ мо дар соли 2025 ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар самти сиёсати хориҷӣ ба як қатор дастоварду нишондиҳандаҳои қобили мулоҳиза ноил гардидем.

Ин дастоварду пешравиҳо чанд рӯз пеш дар паёми Роҳбари давлат ба таври муфассал таҳлилу баррасӣ карда шуданд.

Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид.

Барномаву нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шудаанд, дар соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва мо ба ҳадафҳои гузоштаамон хеле наздик шудем.

Интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, ки бо иштироки фаъолонаи интихобкунандагон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон баргузор гардиданд, рӯйдоди муҳимми сиёсии соли сипаришудаистода мебошад.

Ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ба рушди сиёсати дохилии кишвар мусоидат карда, боиси дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани обрӯи давлати тоҷикон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гардид.

Мардуми кишвар, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони саховатпеша содиқона ва софдилона заҳмат кашида, корҳои созандаву бунёдгаронаро вусъати бесобиқа бахшиданд ва ҳазорҳо иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, роҳу пулҳо, кӯдакистону мактабҳо ва муассисаҳои тиббиву хизматрасонӣ бунёд карданд.

Дар ин лаҳзаҳои идона ба кулли мардуми ватандӯсту шарофатманди кишвар, соҳибкорон ва ҳамаи онҳое, ки дар раванди созандагиву ободонии сарзамини аҷдодӣ саҳм гузоштаанд, самимона сипосу миннатдорӣ баён менамоям.

Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ба мақсади боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ нашр ва ба ҳар як оилаи мамлакат дастрас карда шуд.

«Шоҳнома» сарчашмаи ҷовидонаи арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ва афкору андешаҳои ватандӯстиву истиқлолхоҳии тоҷикон мебошад ва бовар дорам, ки он ба таҳкиму тақвияти ҳисси миллии тамоми қишрҳои ҷомеаи мо такони ҷиддӣ мебахшад.

Тақвияти ҳувият ва ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳимояи истиқлолу озодӣ барои мо амри ниҳоят муҳим мебошад.

Зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ вазъе ба амал омадааст, ки ба арзишҳои миллӣ хатарҳои зиёд таҳдид мекунанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, мо соли 2026-умро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими ҳувият ва худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намудем.

Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, барои мо аз лиҳози дастгирии ташаббусҳои байналмилалии кишварамон низ соли бобарору хотирмон гардид.

Илова ба ибтикороти солҳои қаблӣ имсол низ аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якчанд пешниҳоди Тоҷикистон ва танҳо 12-уми декабр ду ташаббуси он бо қабули қатъномаҳо пазируфта шуданд.

Ҳамватанони азиз!

Дар ин лаҳзаҳои идона мехоҳам бо ифтихору сарфарозӣ изҳор намоям, ки тамоми комёбиҳои то имрӯз бадастомада, пеш аз ҳама, самараи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Ҳамчунин, бо самимият иброз медорам, ки мо ба чунин рӯзҳои орому осуда ва дастоварду пешравиҳо маҳз дар натиҷаи азму талошҳои ватандӯстонаи сокинони кишвар ва пуштибонии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат муяссар гардидем.

Соле, ки фаро мерасад, ҳам аз лиҳози сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодиву иҷтимоӣ соли хеле муҳим – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон мебошад ва мо бояд ба ифтихори ин ҷашни бузург корҳои азимро ба анҷом расонем.

Дар робита ба ин, аз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва тамоми мардуми заҳматқарини кишвар даъват ба амал меоварам, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, яъне ба хотири ватансозиву давлатсозӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити зиндагии ҳар як оилаи мамлакат беш аз ҳар вақти дигар талошу кӯшиш намоянд.

Ҳамватанони азизи мо аз воқеаву рӯйдодҳои ҷаҳони нобасомону пурҳаводиси имрӯза хуб огоҳанд.

Ин равандҳо ҳар фарди ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, худогоҳу хештаншинос ва кулли мардуми кишварро ҳушдор медиҳанд, ки тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи истиқлолу озодӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва рушду тараққиёти давлати соҳибистиқлоли тоҷикон сафарбар созанд.

Дар шароити рушди бесобиқаи илму техника ва технологияҳо мо бояд ба тарбияи фарзандон, яъне наслҳое, ки ояндаи миллат ва Ватан мебошанд, эътибори аввалиндараҷа диҳем ва барои онҳо шароити беҳтарини таълимро муҳайё намоем.

Мо бояд ҳарчи бештар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд карда, барои ҳамватанонамон ҷойҳои корӣ таъсис диҳем.

Бовар дорам, ки дар ин самт соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси ватанӣ минбаъд низ фаъолона саҳм мегузоранд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки ҳамаи мо – хурду бузурги Тоҷикистони биҳиштосо бо иттиҳоду сарҷамъӣ Ватани аҷдодии худро ободу зебо, давлати соҳибихтиёри хешро неруманду пешрафта мегардонем ва нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту ободии боз ҳам бештарро орзу менамоям.

Соли нави мелодии 2026 муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

https://president.tj/event/news/54490