Skip to main content

ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир ва тағйирёбии геосиёсӣ масъалаи таъмини амнияти миллӣ афзалияти аввалиндараҷа дорад. Қувваҳои Мусаллаҳ воситаи муҳими ҳифзи марзу буми ҳар миллату давлат аз таҳдидҳои берунӣ арзёбӣ гардида, дар низоми амниятиву ҳарбӣ мақом ва аҳамияти хоса доранд.

-Давлатҳои олам барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ, марзу бум ва манфиатҳои миллӣ Қувваҳои Мусаллаҳ таъсис медиҳанд, ки ҳамчун ниҳоди калидии давлатӣ дар муқовимат ба таҳдидҳои муосир ва таъмини амну субот дар сафи пеш меистад. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳо, баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, дар шароити душвору ноороми вазъи сиёсӣ-иҷтимоии солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, дар замоне, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, Қувваҳои Мусаллаҳи худро таъсис дод. Ба давлатҳои пасошуравии соҳибихтиёр, ки дар баробари ба даст овардани истиқлоли давлатӣ инфрасохтори ҳарбии аз собиқ Иттиҳоди Шуравӣ меросмондаро дар ихтиёри худ доштанд, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ нисбатан осон буд. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон барои таъсиси сохтори ҳарбии худ инфрасохтори ҳарбӣ, пойгоҳи моддию техникӣ ва кадрҳои касбии ҳарбӣ надошт.

Боиси ёдоварӣ аст, ки яке аз масъалаҳои асосие, ки дар рӯзномаи Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешуд. Дар шароити буҳрони шадиди сиёсӣ-иҷтимоӣ зарурати таъсиси сохтори ягонаи ҳарбӣ барои ҳифзи тамомияти арзӣ ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба миён омад.

Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди шароити ҷанги шаҳрвандӣ ва буҳрони шадиди молиявию иқтисодии нимаи аввали солҳои 90-ум, 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар заминаи «Фронти халқӣ» ва неруҳои ҳомиёни сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд. Баъди ба тасвиб расидани ин қарор дар муддати кӯтоҳтарин бо ибтикори роҳбарияти олии ҷумҳурӣ 23 феврали соли 1993 аввалин маротиба дар майдони марказӣ — майдони «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Душанбе гузашти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Бо вуҷуди вазъияти пешгӯинашавандаи сиёсӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ дар аснои ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 Қувваҳои Мусаллаҳ ба ислоҳоту таҷдиди зерсохтори ҳарбӣ, таъсиси қисмҳо ва воҳидҳои низомӣ, таъмини онҳо бо техникаи ҳарбӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҳарбӣ зарурат дошт.

Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Сарвари давлат аз аввал ба заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳ, қабули санадҳои вобаста ба мудофиа ва амнияти миллӣ, яъне мақоми қонунӣ бахшидан ба фаъолияти сохторҳои низомӣ равона гардид. Инчунин барои баланд бардоштани сатҳи касбияти хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба омодасозии кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва таъсиси муассисаҳои таълимии ҳарбӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд. Илова бар ин, имрӯз дар бахши сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳким ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки аз омилҳои муҳим дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ, таъмини амнияти миллӣ ва муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ба шумор мераванд, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ бо давлатҳои хориҷӣ, кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, созмонҳои минтақавӣ, аз қабили Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай амалӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти қудратии ҷумҳурӣ ҳамчун воситаи асосии таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи сохти конститутсионӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳодисаҳои солҳои баъдӣ ҳаёту ҷони худро дареғ надошта, далерона сохти конститутсиониро ҳимоя намуда, вазифаву уҳдадории ҳарбӣ ва қарзи шаҳрвандиро бо дарки баланди ватандӯстӣ софдилона иҷро карданд.

Воқеан, имрӯз низ ба хотири таъмини сулҳу субот Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муборизаро бар зидди ҳаракату гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ аз ҷониби ашхоси ҷиноятпеша ва қоҷоқчиёни маводи мухаддир ва ғайра, ки ба марзу бум ва амнияти миллии Тоҷикистон хатару таҳдид эҷод мекунанд, идома медиҳанд.

Бояд гуфт, ки бо шарофати сиёсати сулҳофару сулҳҷӯёнаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтор ва зерсохтори низомии мамлакат навсозӣ гардида, бо таҷҳизоту техникаи муосири ҳарбӣ таъмин шудаанд. Рушд ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ ҳамчун такягоҳи асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад ва диққати махсуси сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба такмилу тақвияти Қувваҳои Мусаллаҳ аз лиҳози таъмин намудани он бо техника ва таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, таълиму бозомӯзӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи ҳарбӣ, инчунин фароҳам овардани шароити арзандаи иҷтимоию маишӣ барои сарбозону афсарон равона гардидааст.

Водор намудани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълиму тарбия арзёбӣ гардида, насли имрӯзаро ба роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ раҳнамоӣ мекунад. Ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон неруи бузург буда, ҳомиёни бебаҳси Ватан ба ҳисоб мераванд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ, таъмини сулҳу суботи ҷомеа гувоҳи равшани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худшиносии миллии сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Ҳамин тавр, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ гардида, аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ ва таъмини амну суботи ҷомеаи ҷумҳурӣ нақши калидӣ доранд. Раванди такмил ва таҳкими иқтидори ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва таъмини амнияти миллӣ, инчунин мутобиқсозии Қувваҳои Мусаллаҳ ба талаботи замони муосир аз таваҷҷуҳи беандоза ва натиҷаи сиёсати пайгиронаи роҳбарияти олии Ҳукумати ҷумҳурӣ шаҳодат медиҳад.

Акбар САЛИМОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти

омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон