Skip to main content
Дар ҷаҳони муосири босуръат рушдёбанда фаъолияти самараноки низомҳои идоракунӣ дар сатҳҳои давлатӣ ва ташкилотӣ бе истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ғайриимкон гардидааст. Имрӯз ин технологияҳо қариб дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва фаъолияти инсон мавқеи калидиро ишғол менамоянд.

Рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши истифодаи онҳо дар идоракунӣ боиси тағйироти куллӣ дар сохтор ва механизми фаъолияти идоракунӣ гардидааст. Дар чунин шароит, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ба сифати яке аз самтҳои муҳимми инноватсионии рушди иқтисоди миллӣ баромад мекунад.

Аз ин рӯ, омӯзиш ва татбиқи амалии технологияҳои муосир дар низоми идоракунӣ аҳаммияти махсус касб намуда, ҳамчун омили муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ арзёбӣ мегардад.

Дар замони муосир рушди иқтисодии шаҳрҳо ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлатҳо арзёбӣ мегардад. Шаҳри Душанбе, ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, на танҳо маркази сиёсиву маъмурӣ, балки муҳаррики асосии рушди иқтисодии кишвар ба шумор меравад.

Хусусияти инноватсионии рушди иқтисод пеш аз ҳама бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ муайян мегардад. Қайд кардан зарур аст, ки ин технологияҳо бояд на танҳо дар бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт, балки дар равандҳои рақамикунонии идоракунии иҷтимоию иқтисодии давлатӣ низ ба таври васеъ татбиқ карда шаванд. Дар самти рушди иқтисодӣ, бахусус иқтисоди рақамӣ, шаҳри Душанбе мавқеи пешсафро ишғол менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст. Аз ҷумла, бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар пойтахт парки технологии муосири инноватсионӣ таъсис дода шудааст, ки дорои стартапҳо ва лоиҳаҳои пешрафтаи технологӣ мебошад.

Ин парки технологӣ барои ширкатҳо ва мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, шароити мусоидро барои рушди озоди иқтисодӣ таъмин менамояд. Дар он ҷавонони боистеъдод метавонанд бо дастгирии ҳамаҷониба — аз ҷумла хизматрасониҳои муҳосибӣ, ҳуқуқӣ, маркетингӣ ва таълимӣ — ғояҳои худро ба лоиҳаҳои муваффақи тиҷоратӣ табдил диҳанд. Ҳадафи асосии технопарк мусоидат ба рушди иқтисоди рақамӣ ва дастгирии фаъолони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ мебошад.

Илова бар ин, бо истифода аз технологияҳои муосир, ин парки технологӣ ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ тақвият дода, ҳамчун пули пайвасткунанда байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ амал мекунад. Ин раванд ба ҷалби сармоягузорӣ ва ташаккули фазои мусоиди соҳибкорӣ, бахусус дар соҳаи андоз, мусоидат менамояд. Ҳамчунин, мутахассисон метавонанд тавассути барномаҳои махсус ба экосистемаи технологии кишвар ҳамгиро шуда, ба бозорҳои байналмилалӣ роҳ ёбанд.

Инчунин, бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ба корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» супориш дода шудааст, ки рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва рушди пардохтҳои ғайринақдиро таъмин намояд. Дар доираи ин ташаббус зиёда аз 20 лоиҳа, аз ҷумла «Иқтисоди рақамӣ», «Нақлиёти ҳушманд», «Тибби ҳушманд», «Маорифи ҳушманд», «Равшании ҳушманд», «Иқтисоди сабз» ва «Харитаи электронӣ» амалӣ гардида истодаанд.

Дар ин раванд, шаҳри Душанбе аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин, истифода мебарад. Таҷрибаи Чин дар татбиқи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии инфрасохтори шаҳрӣ барои Тоҷикистон намунаи арзандаи омӯзиш мебошад.

Шаҳри Душанбе вазифаҳои гуногунро дар самти таъмини шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бар ӯҳда дорад. Барои таъмини рушди устувор ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузор намудани ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар солҳои охир ба ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ ва дастгирии давлатӣ ба рушди иқтисодии шаҳр таъсири мусбат мерасонад.

Рақамикунонии иқтисодиёт ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир низ яке аз самтҳои муҳимми рушди шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад. Ин раванд ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии иқтисодӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмӯъ, рушди иқтисодии шаҳри Душанбе дар замони муосир хусусияти устувор дошта, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои иқтисоди миллӣ равона гардидааст.

Муҳаммадализода П.М. – н.и.и., мудири шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ