Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2024 дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат аз бурду бохти аҳли зиёи кишвар сухан ронда, дар бораи қонеъкунанда набудани нишондиҳандаҳо дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар соҳаи ҳуқуқи байналмилалиро алоҳида таъкид намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар суханронии хеш таъкид намуданд: «вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои зилзилашиносӣ, энергетика, геология, меъморӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, металлургия, биологияи молекулӣ, генетика, селексия, биотехнология, биохимия ва экология ба тақозои замона ҷавобгӯй нест». Ва афзуданд: «Мо, инчунин, ба олимону мутахассисони илмҳои вирусология, иммунология, генетикаи тиббӣ, мантиқ ва методологияи илм, сотсиология, яъне иҷтимоъшиносӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таърих ва назарияи забоншиносӣ, демография, ҷуғрофия ва як қатор илмҳои дигар ниёз дорем».
Мо шукрона мекунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, имрӯз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ аст. Дар тӯли солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист ба узвияти даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ (СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД, ЭКО, МВФ, МБРР ва ѓ.) пазируфта шавад. Cохторҳои сиёсати хориҷӣ, қабл аз ҳама Вазорати корҳои хориҷӣ, сафоратҳо ва намояндагиҳои хориҷии Тоҷикистон бахри иҷрои ин вазифахо ба нафъи кишвар, бахусус ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории судманди иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои афзоиши сармоягузории хориҷӣ ба мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ ниёз доранд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои номувофиқатӣ, мухолифат дар миёни қонунҳои кишвар ва асноди байналмилалии эътирофнамудаи давлатамон яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи қонунгузорӣ мебошад. Ба ин масъала борҳо дар суханронихои Президенти ҶТ ишора шуда буд. Илова бар ин, зарурати ҷиддии ба ҳам мувофиқ сохтани қонунҳои миллӣ бо усулу меъёрҳои умумипазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ эҳсос мегардад. Азбаски мо афзалияти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро нисбат ба қонунҳои миллӣ дар Конститутсия ҶТ эътироф кардаем, аз ин рӯ, бояд оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоем. Ҳалли ин масъала низ ба дӯши мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ гузошта шуда аст.
Парлумони касбӣ ҳар як меъёри баналмилалиро мӯшикофона таҳлил намуда, сипас ба низоми ҳуқуқии кишвар роҳ додани онро иҷозат медиҳад. Зимни ба тасвиб расонидани созишномаҳо, шартномаҳо, конвенсияҳо ё ҳамроҳ шудан ба дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ бояд манфиатҳои миллию давлатӣ ба инобат гирифта шаванд. Қабл аз ҳамроҳшавӣ ба ин ё он санади ҳуқуқии байналмилалӣ бояд вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва хусусиятҳои хоси мардуми кишвар бо назардошти манфиатҳои милливу таърихӣ хуб омӯхта шавад. Инчунин оқибатҳои ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирад, то уҳдадориҳои зиёди байналмилалӣ ба дӯши кишварамон бор нагардад. Барои анҷоми бомуваффақияти ин вазифаҳо низ тайёр кардани мутахассисони соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ аз ҷумлаи вакилони мардумӣ зарур аст
Роҳи ҳалли ин вазифаи муҳим танҳо таъсис додани шӯрои диссертатсионӣ оид ба ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки чӣ дар даврони шуравӣ ва чӣ даврони истиқлолият шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надошт. Сарфи назар аз кӯшишҳои бисёркаратаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ иҷозаи кушодани шурои диссертатсионӣ аз ихтисоси 12.00.10 – ҳуқуқи байналмилалӣ: ҳуқуқи аврупоиро надод ва то имрӯз чунин шуро дар мамлакат вуҷуд надорад. Набудани чунин шуро ба он оварда расонд, ки аспирантон ва унвонҷӯёни соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ баъди омода кардани рисолаҳои худ озими Федератсияи Русия шуда, дар муассисаҳои илмии он (Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Русия, Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавии назди Ҳукумати ФР, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи федералии Қазон ва диг.) худро вобаста намуда, маблаѓи зиёд барои ҳимояи рисолаҳои хеш, роҳкиро ва будубошу зиндагӣ пардохт намуда, баъд ба ҳимояи корҳои илмии худ муяссар мешуданд.
Ҳақ ба ҷониби Сарвари давлат аст, ки мақсад аз таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии миллӣ бартараф намудани мушкилоти ҳимояи корҳои илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар соҳаҳое мебошад, ки камбуди ин гуна мутахассисон барои кишвар ҳис карда мешавад. Инчунин таъсиси КОА ба хотире буд, ки муҳаққиқон имкони ҳимояи диссертатсияҳояшонро дар дохили ҷумҳурӣ дошта бошанд. Мо умедворем, ки баъди ин суханронии таърихии Пешвои муаззами миллат чунин шурои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон аз тарафи КОА иҷозат дода хоҳад шуд ва дар кӯтоҳтарин муддат камбуди мутахассисон дар ин соҳа аз байн бурда хоҳад шуд.
Дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат Пешвои муаззами миллат дуруст қайд намуданд, ки «як камбудии дигари аксари олимони кишвар ин аст, ки онҳо ғайр аз забони русӣ забонҳои дигари илми муосири ҷаҳониро намедонанд ва аз дастовардҳои навтарини олимони дунё сари вақт огоҳ намешаванд. Ҳол он ки дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ донистани забонҳои асосии илми муосири ҷаҳонӣ яке аз шартҳои ба сатҳи байналмилалӣ баромадани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва дастрасӣ ба дастовардҳои илмии кишварҳои пешрафта маҳсуб мешавад».
Дар шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинови АМИТ бо ташаббуси ходимони илмӣ барои магистрон ва докторантони PhD китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз ҳуқуқи байналмилалӣ ба забонҳои англисӣ ва русӣ омода карда шудаанд. Умед аст, ки унвонҷӯёну аспирантон, магистрону докторантони PhD дар соли нави таҳсили 2024-2025 бо ин китобҳои нав дониши худро такмил дода, камбудиҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат зикршуда бо тадбирҳои муассир аз ҷониби масъулини муассисаҳои илмию таълимӣ аз байн бурда хоҳанд шуд.
Мо Сарвари муҳтарами давлатамонро бовар мекунонем, ки олимону донишмандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ бо таҳқиқоти арзишманди илмии худ ва мавқеи созандаи хеш дар рушду пешрафти давлатамон саҳми бештар мегузоранд ва рисолати ватандории худро бо садоқат ба Тоҷикистони маҳбуб ва мардуми шарафманди он иҷро менамоянд.
Саидумар Раҷабов – доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови АМИ