Бахшида ба соли “Маърифати ҳуқуқӣ” дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Дар мизи мудаввар ходими пешбари илмии шуъбаи Аврупо, номзади илмҳои таърих Ашуров Ардамеҳр оид ба корҳои таҳқиқотӣ дар мавзуи “Сиёсати Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ” гузориши илмӣ намуд.
Қайд гардид, ки Иттиҳоди Аврупо дар доираи Стратегия ва барномаҳои худ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон ба рушди бахшҳои мухталиф дар минтақа алалхусус дар самтҳои маориф, тандурустӣ, рушди деҳот, энергетика, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои об, идоракунии сарҳадот, мубориза алайҳи маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва нақлиёту коммуникатсия ҳамкорӣ менамояд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар оид ба мавзуи баррасишаванда саволу ҷавоб ва мулоҳизаҳо перомуни мавзуъ сурат гирифта, аз ҷониби Устодон тавсияву пешниҳодҳо дар самти таҳқиқоти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баён гардид.